Ҷумъа, 26.04.2024, 21:51
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 3 » Фалсафа ва ҷанг; дидгоҳҳо ва чолишҳо
Фалсафа ва ҷанг; дидгоҳҳо ва чолишҳо
14:55

Доктор Мустафо Буруҷердӣ

Ишора: Матни зер мақолаест аз донишманди вораста доктор Мустафо Буруҷердӣ, сафири собиқи Эрон дар Ватикан ва Созмони Конфронси Исломӣ, ки ба ҳамоиши ҷаҳонии фалсафа ироа шудааст. Гуфтанист, ҳамоиши ҷаҳонии фалсафа, моҳи гузашта дар Теҳрон баргузор шуд.

Муқаддима

Мавзӯи мавриди баҳс дар ин маҷол, фалсафа ва сулҳ аст. Аз ин рӯ, дар ибтидо, зимни муруре фишурда бар мафҳуми сулҳ ва бархе мабоҳиси фалсафии марбут ба он, ба дидгоҳҳои файласуфон дар ин замина ишора намуда ва пас аз мурури талошҳои онон дар ин хусус, ба иқдомоте, ки метавон анҷом дод, пардохта мешавад.

Дар бораи ҷанг

Аз он ҷо ки фаҳми мавзӯи сулҳ, бидуни таваҷҷӯҳ ба падидаи ҷанг ноқис хоҳад буд, бинобар ин, ба унвони муқаддима бояд ёдовар шуд, ки ҷанг ба унвони хушунате созмонёфта ё ба коргирии хушунати ҷисмонӣ барои ҳаллу фасли таорузҳо,[1] яке аз аносири пойдори торих буда ва алорағми гузашти чанд ҳазор сол аз ҳузури башар дар замин, маҷмӯи солҳое, ки ҳеҷ ҷанге дар ин кураи хокӣ рӯй надода, ба камтар аз 300 сол мерасад.[2] Танҳо дар қарни бистум, вуқӯи ду ҷанги ҷаҳонӣ ва инфиҷори ҳастаӣ бар фарози Ҳерушимо ва Ногозокӣ, даҳҳо миллион талафоти ҷонӣ ба ҳамроҳ дошт. Бархе аз муҳаққиқон ҳудуди 250 иллатро ба унвони маншаъ ва ангезаи аслии вуқӯи ин ҳаводис дар торих баршумурданд.[3] Моландӯзӣ, ситезаҷӯӣ, ғурур, майл ба ғизо, моликияти замин, коло, султа ва майл ба бартарӣ, танҳо бархе аз ин авомиланд.

Мутаассифона пешрафти тамаддун, тавсиаи иртиботот, шаклгирии низомҳои сиёсии гуногун ҳатто низомҳои мубтанӣ бар демукросӣ, на танҳо чизе аз ҷанг кам накарда, балки бо ҷуръат метавон гуфт, абъоди фоҷеаи ношӣ аз ҷангро бисёр афзунтар аз даврони таваҳҳуш сохтааст. Агар дар гузашта ҷангҳо маҳдуд ба низомиён буд ва дар майдоне маҳдуд ва мушаххас рӯй медод, имрӯза бо густариши фанновариҳои низомӣ ва ихтирооти ҷадид дар арсаи таслеҳот, иртиботот ва ҳамлу нақл ва низ расонаҳои гурӯҳӣ, вусъате ба паҳнои кураи замин ёфта ва низомӣ ва ғайри низомиро якҷо даргири ин падида сохтааст.

Аммо дар айни ҳол, ду падидаи танзгуна низ иттифоқ афтодааст: нахуст ин ки маъмулан ҷангталабҳо дар айни ин ки тухми нафрат аз дигаронро дар дилҳои мардум пароканда ва дар азҳони онон ҳарос аз дигариро эҷод мекунанд, худро дӯстдори сулҳу оромиш муаррифӣ намуда ва пайваста бар он таъкид мекунанд. Ва дуюм ин ки алорағми фоҷеаҳое, ки ҷангҳо офаридаанд, бахше аз тараққӣ ва рушди илмии ҷавомеъ марҳуни ҳамин падида аст.

Дар ҳар ҳол, наметавон ногуфта гузашт, ки ба ҳамон мизон, ки бисёре аз файласуфон аз ҷанг безор буда ва нафрат доштанд, низомиён ва то ҳудуди зиёде фармонравоён ва бархе аз файласуфон, бар ин нафрат пузханд задаанд. Ба назари онон, ҷанг на фақат вазъи табиӣ, балки амре лозим аст ва ба қавли Вилям Дюран, ҷуз тарсуҳо ва содалавҳҳо, ҳамагӣ онро табиӣ талаққӣ мекунанд.[4] Онон мӯътақиданд фуқдони ҷанг наметавонад лузуман оромишу осойишро ба армуғон биёварад. Теъдоди касоне ки дар асари ҳаводиси табиӣ ҳамчун селу зилзила ё ғайри табиӣ ҳамчун тасодуф мемиранд, камтар аз куштаҳои ҷанг нест. Зимни ин ки фуқдони ҷанг, зиндагиро дучори хушкӣ ва беруҳӣ сохта ва барои фирор аз ин вазъияти табоҳкунанда, чаро набояд аз ҷанг ҳимоят кард? Агар сулҳи мудовим, панҷаҳои низомии миллатеро нарм мекунад, бояд аз омодагии дифоӣ ва руҳияи ҷангии миллатҳо дифоъ кард. Агар мехоҳем тамаддунамон боқӣ бимонад, бояд барои ҳиросат аз он биҷангем ва барои бақои худ, аз ҳар василае, ки зарурӣ аст истифода кунем. Ҳатто агар лозим бошад, бояд бар душмане, ки мумкин аст қасди ҳамла дошта бошад, пешдастӣ намуда ва ӯро аз кор андохт. Агар наҷоти ҷони садҳо миллион инсон, бастагӣ бар кушта шудан ва фидокории садҳо ҳазор нафар бошад, оё боз ҳам метавон гуфт, ҷанг падидаи баде аст?

Мафҳуми сулҳ

Акнун, пас аз ин муқаддима, бояд гуфт, дар иртибот бо сулҳ ду мафҳум ё тафсир қобили мулоҳиза аст: мафҳуме танг аз сулҳ, ки ба маънои фуқдони даргирӣ ва ҷанг ё мутаваққиф сохтан ва поён додан ва қатъи ин ҳолат аст. Ва мафҳуми густарда аз сулҳ, ки ба маънии вуҷуди шароите ҷиҳати таъмини зиндагии ҳамроҳ бо оромишу рафоҳ барои мардум аст.[5]

Расидан ба сулҳ дар як ҷанг ба таври куллӣ аз ду тариқ сурат мегирад: ҷангидан ва водор кардани тарафи мағлуб ба пазириши сулҳ, ки дар истилоҳ аз он ба "сулҳи румӣ” ёд мешавад. Дар ин вазъият тарафи пирӯз ё маҷмӯае аз қудратҳои бетараф шароитеро ба унвони сулҳ танзим мекунанд, ки маъмулан ба нафъи тарафи пирӯз аст. Роҳи дуюм, расидан ба сулҳ аз тариқи музокироти сиёсӣ ё талошҳои фаъолони сулҳ аст.

Ниёз ба сулҳ

Тардиде нест, ки яке аз бузургтарин ниёзҳои асосии инсон ва ҷавомеи башарӣ, ниёз ба оромишу амният аст. Ин ормиш танҳо дар партави сулҳ қобили дастёбӣ аст ва ҳар чи ҷомеа густардатар бошад, ин ниёз афзунтар хоҳад буд. Аз ин рӯст, ки дар арсаи байналмилалӣ таорузи манофеъ миёни қудратҳо ва кишварҳо ҳароси ҷаҳонӣ эҷод намуда ва ҳамаи инсонҳои фаҳим нигарони бурузи даргирӣ миёни қудратҳои ҷаҳониянд.

Бар ин асос, сулҳ шарти зарурии бақои ҷавомеи инсонӣ дар баробари таҳдидот аст. Ҳамчунин дар сурати бурузи ҷанг, таваҷҷӯҳ ба сулҳ бояд фаврӣ буда ва аз ҳар гуна таъхире худдорӣ шавад. Дар айни ҳол, сулҳ ниёзманди муроқибати доимӣ аст. Зеро бо таваҷҷӯҳ ба рушди ҳайратангези дониши башарӣ дар хусуси дастёбӣ ба силоҳҳои ҳастаӣ, микробӣ ва ... ки ҳаёти кулли инсонро таҳдид мекунад, ҳар гуна бетаваҷҷӯҳӣ нисбат ба мавзӯи сулҳ, метавонад фоҷеаофарин талаққӣ шавад.

Шароити дастёбӣ ба сулҳ

Воқеият ин аст, ки сулҳ дар маънои танги он, ҳаргиз ба роҳатӣ қобили ҳусул нест ва дастёбӣ ба он мусталзими эҷоди шароити муносиб барои ҷилавгирӣ аз таниш ва даргирӣ аст. Барои дастёбӣ ба ин шароит аз сӯе бояд равобити сулҳомез ва ҳамкории мусолиматомез миёни миллатҳо ва давлатҳо, бо ҳадафи таъмини рафоҳ, эҳтиром ба афрод ва ҷавомеи инсонӣ шакл гирад ва аз сӯи дигар унсури адолат ва инсоф низ ба унвони яке аз мабонии эҷоди сулҳи пойдор талаққӣ шавад.

Он чи беш аз ҳама дар шароити ҳозир ҳоизи аҳамият аст, бархӯрди решаӣ бо авомили хушунатҳо ва даргириҳост. Ин бархӯрд метавонад ба манзилаи пешгирӣ аз бурузи авомиле бошад, ки сулҳро дучори мухотира месозад. Тардиде нест, ки бахши қобили таваҷҷӯҳе аз даргириҳо, бар асари инзиво, фақр, табъиз, таҳқир ва танаффур буда ва бидуни таваҷҷӯҳ ба ин авомил наметавон аз сулҳи пойдор сухан гуфт.

Ҳамчунин аз он ҷо ки бисёре аз даргириҳо ба хотири ихтилофоти амиқ миёни тарафайни даъвост, бинобар ин, бидуни ҳаллу фасли решаии ихтилофот наметавон ба сулҳ даст ёфт.

Ахлоқӣ будани сулҳ

Агар бипазирем, ки ғояти сулҳ, ишоаи оромиш, некӣ, таовун ва ҳамкорӣ, ошноӣ ва шинохт аст, метавон гуфт, ин ғояҳо ҳамагӣ ахлоқӣ аст ва аз ин рӯ, сулҳро метавон ба унвони фазилат талаққӣ кард. Ин фазилат, дар амал ба пайдоиши ҳаққе мунҷар мешавад, ки метавон аз он ба "ҳаққи сулҳ” ёд кард.

Бад-ин сон, ҳаққи сулҳ, ҳаққи ахлоқӣ аст, ки инсон бояд аз он бархӯрдор бошад. Таҳаққуқи ин ҳақ заминасози инсон барои дастёбӣ ба камол аст. Бар ин асос, аз дидгоҳи ахлоқӣ, ҷанг наметавонад ба таври ом мавриди ташвиқи файласуфон қарор гирад.

Дидгоҳи файласуфон дар хусуси ҷанг ва сулҳ

Бояд ёдоварӣ кард, ки дар миёни файласуфон, ҳам ба афроди барҷастае бармехӯрем, ки рӯйкарди ҷангталабона дошта, ва ҳам ба файласуфоне, ки дар пайи бурузи бӯҳронҳои муҳим, дар андешаи сулҳ будаанд. Ҳегел ва Конт ду намунаи боризи ин ду тарзи тафаккуранд.

а) Дидгоҳи Ҳегел:

Дар миёни файласуфони тарафдори ҷанг, номи Ҳегел (Hegel), беш аз дигарон ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад. Ӯ, ки фалсафаи худро бар асоси мафҳуми диолектик сомон дода буд, эътиқод дошт, ки ҷангу тазодд барои пешрафт зарурӣ аст. Ҳамчунин ӯ бар он буд, ки сулҳ набояд ҳадафи давлат бошад ва онон ки исрор доранд ҳадафи давлат пуштибонӣ аз ҷону моликияти шаҳрвандон аст, ҷиддан иштибоҳ мекунанд. Вазифаи давлат пеш бурдани идея дар торих аст ва ин раванд дар сулҳу оромиш ба пеш намеравад. Ба эътиқоди ӯ, сулҳ рукуд аст ва дар замони сулҳ мардум фосид мешаванд.

Ӯ назари Контро дар мавриди сулҳи байналмилалӣ нақд намуда ва мӯътақид буд, ки ин гуна сулҳ, мусталзими мувофиқати давлатҳо бар асоси заминаҳои ахлоқӣ ва динӣ ё назардоштҳои ҳамонанди дигар аст. Ва чун ин гуна назардоштҳо ба куллӣ ба иродаи ҳукмронҳо марбут аст, бинобар ин, эҳтимоли тавофуқи каме вуҷуд дорад. Тавофуқҳо бояд бо ҳусни нияти давлатҳо ҳамроҳ бошад ва агар чунин набошад, ҷанг ягона роҳи пешрафт аст.[6]

Ҳегел ҷангро омиле медонист, ки метавонад огоҳии иҷтимоии ҳар миллатеро бо ҳиросат аз ваҳдати маънавии он дар баробари ҳар гуна фардгаройӣ истеҳком бахшад. Ҳамчунин ӯ мегуфт, ҷанг метавонад созандаи тамаддуни башарӣ бошад ва аз ҳамин рӯ, Ҳегел аз хасисаи мутамаддинкунандаи хушунат дифоъ мекард. Ӯ ҳатто мӯътақид буд, ҷанг мӯҷиби таолии инсон – шаҳрванд мешавад. Зеро шаҳрванд бо пазириши хатари марг ва истиқбол аз он, худро бар фарози қуллаи баланди озодӣ қарор медиҳад. Илова бар ин, Ҳегел ҷангро сабаби саломати давлатҳо медонист.

Ин суханон ҳамагӣ нишондиҳандаи он аст, ки Ҳегел аз ситоишгарони бузурги ҷанг аст. Дар ҳар ҳол, Ҳегел барои ҷанг як ваҷҳи ахлоқӣ мешиносад ва бар он аст, ки намебояд онро "шарри мутлақ ва як воқеияти эҳтимолии ғайри зотӣ” донист. Ба акс, ҷанг зарурати ақлӣ дорад; аз як сӯ василае аст, ки диолектики торих худро бо он пеш мебарад ва аз сӯи дигар нигаҳбони саломати ахлоқии миллатҳост.[7]

Нақди дидгоҳи Ҳегел

Алорағми ин дидгоҳи ҷангталабона, бояд изъон кард, ки Ҳегел таҷрибае аз ҷанги фарогир надошт. Агар ӯ дар даврони мо мезист, ки хатари ҷанги ҳастаӣ саросари зиндагии башариятро таҳдид мекунад, оё боз ҳам ин гуна аз ҷанг дифоъ мекард? Агар бо густариши силоҳи ҳастаӣ, ҳамаи башарият нобуд шавад, оё боз ҳам метавон ҷангро нигаҳбони саломати ахлоқии миллатҳо талаққӣ кард ва онро омили огоҳкунандаи ҷомеа донист?

б) Дидгоҳи Конт:

Дар миёни файласуфони сулҳталаб, номи Эмануел Конт (Immanuel Kant) файласуфи барҷастаи олмонӣ, аз дурахшиши хоссе бархӯрдор аст. Ӯ, ки дар муқоиса бо файласуфони муосири худ, беш аз дигарон бар рӯи масъалаи сулҳ андешида, дар китоби "Барои сулҳи абадӣ” қоидаҳои фалсафии таъсиси як маҷмаи ҷаҳониро пешшарти зарурии сулҳи пойдор номид ва ҳатто пешниҳод кард, халъи силоҳи умумӣ сурат гирифта ва артишҳои мавҷуд мунҳал шаванд. Тарҳи сулҳи абадии Конт дорои 6 мулоҳиза буд:

1. Ҳеҷ қарордоди сулҳе, агар шарти пинҳонӣ дар бораи ҷанге дар оянда дар он бошад, мӯътабар нахоҳад буд;

2. Аз роҳи ирс, мубодила ё доду ситад ё бахшиш наметавон давлати мустақилли бузург ё кучакеро ба даст овард;

3. Артишҳои мавҷуд бояд ба тадриҷ мунҳал шаванд;

4. Қарзаи миллӣ набояд дар иртибот бо корҳои хориҷии давлат бошад;

5. Ҳеҷ давлате набояд дар қонуни асосӣ ва ҳукумати давлати дигар мудохила кунад;

6. Давлате, ки бо давлати дигар дар ҷанг аст, набояд муҷоз ба анҷоми чунон иқдомоти хусуматомезе бошад, ки эътимоди табиӣ дар замони сулҳи ояндаро номумкин созад.

в) Дидгоҳи умуми файласуфон дар робита бо ҷанг:

Ин воқеиятро наметавон нодида гирифт, ки ғолиби файласуфон назари мусбате нисбат ба ҷанг надошта ва мекӯшиданд бо нишон додани абъоди густардаи фоҷеаи ҷанг барои ҳаёти башарӣ, ҷангталабонро мутаваҷҷеҳи ҳақоиқи дигаре созанд.

Ҳамин ҷо бояд гуфт, аввалан: файласуф ҳаргиз зарурати омодагии дифоиро нодида нагирифта ва ҷангро ба таври куллӣ номашрӯъ ва ғайри ахлоқӣ талаққӣ намекунад. Сониян: файласуф ҳаргиз ихтилофоти воқеӣ ва гоҳ амиқ миёни кишварҳо ва низ афродро нодида намегирад, аммо дарки абъоди ҳайратангези фоҷеаи ҷанг ба вижа бо густариши силоҳҳои атомӣ, ин андешаро тақвият мекунад, ки агар биност башарият бар рӯи кураи замин боқӣ бимонад, чорае ҷуз маҳдуд сохтани ҷанг надорад. Агарчи сулҳи мутлақ имконпазир нест, аммо набояд аз ҷанги мутлақ ҳам дифоъ кард.

Нақши файласуфон дар маҳори ҷанг

Агар ин ҳушдорҳо ва низ назариёти файласуфон набуд, бетардид он чи ба унвони низоми байналмилал шакл гирифта ва созукорҳое барои маҳори ҳисси ҷангталабӣ эҷод намуда, вуҷуд намедошт. Назарияҳое назири мувозанаи қуво, бартарии ҳуқуқи байналмилал ва иқдоми ҷамъии қудратҳои бузург, аз умумитарин намунаҳое ҳастанд, ки тавассути файласуфон барои ҳифозат аз назми байналмилалӣ пешниҳод шудаанд.[8] Албатта ин ба маънии таъйиди мутлақи пешниҳодоти мазкур нест, балки ҳар кадом аз ин назарияҳо, мавриди интиқоди соирин қарор гирифтаанд.[9]

Файласуфон кӯшидаанд то зимни таваҷҷӯҳ ба воқеияте ба номи ҷанг дар зиндагии инсонҳо, қавоиди ахлоқиро, ки бояд дар ҳини бурузи даргириҳо риоят шавад ва доманаи ҷангро ба шиддат маҳдуд мекунад, ёдовар шаванд.

Ҳамчунин бо таваҷҷӯҳ ба абъоди густардаи фоҷеаи бурузи ҷанг барои ҷавомеи инсонӣ ва авоқиби вахими он, онон талош кардаанд то сиёсатмадорон ва низомиёнро ҳамзамон ба ин мавзӯъ мутаваҷҷеҳ созанд, ки коройии ҷанг барои дастёбӣ ба аҳдофи баландмуддат, ба таври ҷиддӣ мавриди тардид аст.

Дар ҳар ҳол, талоши файласуфон дар ин замина, то кунун ба ин натиҷа мунҷар шуда, ки ду мабнои ҷадид дар равобити байналмилал матраҳ шавад: нахуст, "нафйи тавассул ба зӯр” ва дуюм, "ҳалли мусолиматомези ихтилофот”. Аз ин рӯ, ҳарчанд то қарни нуздаҳум ҷанг ба унвони абзоре барои тавозуни қуво дар сатҳи байналмилалӣ ба шумор меомад, аммо пас аз ҷанги ҷаҳонии аввал, бар асари талошҳои файласуфони сулҳталаб ва соири сулҳталабон, ин падида ба иқдоме ғайри ҳанҷорӣ, ғайри ахлоқӣ ва ғайри ҳуқуқӣ мубаддал шуд.

Бар ин асос, дар ҳоли ҳозир, нафйи тавассул ба зӯр, ба унвони як асл дар низоми маншури Милали Муттаҳид шинохта шуда ва танҳо ду маврид аз он истисно шудааст: дифои машрӯъ ва иқдомоти ҷамъии Шӯрои Амният.

Ҳамчунин пешниҳоди дигари сулҳталабон дар мавриди зарурати файсалаи мусолиматомези ихтилофот, мавриди таваҷҷӯҳи ҳуқуқдонон қарор гирифт ва мутаоқиби ҷанги ҷаҳонии дуюм, ин мавзӯъ дар зумраи аҳдофи Созмони Милали Муттаҳид қарор гирифт. Бад-ин тартиб асли ҳалли мусолиматомези ихтилофот, ба тариқе ки сулҳу амнияти байналмилалӣ ва адолат ба хатар наафтад, дар маводди нахустини маншури Милали Муттаҳид қарор гирифт.

Ҳамчунин дар моддаи 33 маншур, барои дастёбӣ ба ин ҳадаф, равишҳои мутааддиде ҳамчун музокира, ҳақиқатёбӣ, миёнҷигарӣ, кӯшишҳо, мусолиҳа, ҳакамият ва доварӣ, расидагии қазоӣ ва тартиботи минтақаӣ пешниҳод шудаанд, ки бетардид ин пешниҳодот маҳсули талоши фикрии файласуфони сулҳталаб талаққӣ мешавад.

Бад-ин тартиб, файласуфон кӯшидаанд бо ироаи ин пешниҳодот, роҳи ҳар гуна баҳонаро барои тавассул ба зӯр сад кунанд.

Чанд пурсиши муҳим:

Дар иртибот бо ҷангу сулҳ, пурсишҳое чанд вуҷуд дорад, ки файласуфон ва сиёсатмадорон бо он рӯбарӯ ҳастанд:

1) Оё воқеан ҳар чизе беҳтар аз ҷанг аст?

Дар ин замина бояд гуфт, сулҳгароён бар онанд, ки сулҳ мутлақан аз ҷанг беҳтар аст ва аз ин рӯ бояд ба ҳар қимате шуда аз ҷанг иҷтиноб кард. Онон мӯътақиданд, сулҳи бад беҳтар аз ҷанги хуб аст.

Бадеҳӣ аст, ки ин дидгоҳ, барои сулҳ арзиши мутлақ қоил буда ва ҷангро комилан рад мекунад. Аммо дар муқобил, файласуфоне, ки барои каромати инсон мақоми вижае қоиланд, мӯътақиданд ҳар сулҳе қобили пазириш нест, балки танҳо сулҳе аз ҷанг беҳтар аст, ки бар мабнои адолат ва инсоф рух дода ва каромати инсонро хадшадор накунад.

2) Оё метавон аз ҷанг парҳез намуд ё онро маҳдуд кард?

Дар посух ба ин пурсиш бояд гуфт, ҳарчанд барқарории сулҳ ва давоми он, ба вижа дар шароити имрӯзи ҷаҳонӣ душвор аст, аммо наметавон ба ин баҳона, аз талош дар ин роҳ иҷтиноб кард. Зеро дар ҳар ҳол, сулҳ, умуман фазилати ахлоқӣ аст ва файласуфе, ки барои ахлоқ арзиш қоил аст, наметавонад нисбат ба он бетафовут бошад. Бадеҳӣ аст, ки таъкиди мудовим бар адолат ва инсоф мӯҷиб хоҳад шуд сулҳи ба дастомада, аз давому бақо бархӯрдор шавад.

3) Оё сулҳ дар ҳар бурҳае аз торих ва дар мавриди ҳар ҷанге яксон аст? Ба таъбири дигар, оё танҳо як шева ба номи сулҳ вуҷуд дорад?

Бархе аз мутафаккирон бар онанд, ки ҳар навъ ҷанге сулҳи хосси худро ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Элвин Тоффлер (Alvin Toffler) мӯътақид аст, мушкили инсон дар қарни 21, созмонҳои террористӣ ва ҷунбишҳои мазҳабӣ ва дигар нерӯҳои ғайри миллӣ аст, ки метавонанд ба роҳатӣ ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбанд. Бинобар ин, дар оянда барои мубориза бо ин ҷаоаёнот, сулҳи ҷаҳонӣ ниёзманди ба коргирии силоҳе ба номи доноӣ аст. Ин доноӣ чизе ҷуз бартарии иттилоотӣ нест.

Ҳамчунин бархе аз мутафаккирони сулҳ, бар онанд, аз он ҷо ки ҷангҳо бо таслеҳоти низомӣ сурат мегирад, барои раҳоии куллӣ аз бӯҳрони ҷанг, роҳе ҷуз халъи силоҳи умумӣ нест.

4) Оё ҷанг ё сулҳ, зарурӣ ва доимӣ аст?

Бо ин ки торих ҷангҳои зиёде миёни инсонҳо, тамаддунҳо, мазоҳиб, давлатҳо ва миллатҳоро сабт карда, оё метавон гуфт, ки ин падида як оризаи табиӣ ва иҷтинобнопазир аст? Дар ин замина миёни файласуфон ду дидгоҳи мутафовит дида мешавад: бархе мутафаккирон мӯътақиданд ҷанг амре абадӣ ва доимӣ аст ва дар тӯли торих миёни ақвому милал ба вуфур рух додааст. Бар ин асос, онон ҷангро падидае табиӣ ё ҳатто зарурӣ дониста ва сулҳро муваққатӣ ва гузаро талаққӣ мекунанд.

Дар муқобил, гурӯҳи дигаре аз онон қоиланд сулҳ амре табиӣ ва оддӣ аст ва ин ҷанг аст, ки монанди микроб саломати ҷомеаро дучори осеб мекунад. Бинобар ин, дар пайи бурузи ҳар ҷанге бояд сулҳе пойдор гардад ва ҷомеа саломати худро бозёбад. Бар ин асос, сулҳ асл ва ҷанг ҳолат ё амре муваққатӣ аст.

5) Файласуфон чӣ иқдомотеро метавонанд барои кӯмак ба сулҳ анҷом диҳанд?

Ҳарчанд иқдомоти анҷомшуда аз сӯи файласуфон, иқдомоти муҳим ва қобили таваҷҷӯҳе будааст, аммо бо таваҷҷӯҳ ба таҳдидоти рӯзафзуни ҷангталабон ва абзорҳои хатарноке, ки дар ихтиёри онон қарор дошта ва кулли башариятро таҳдид мекунад, чӣ метавон анҷом дод?

Тардиде нест, ки ишоаи назариёти зидди ҷанг, ниёзманди табйини назарӣ ва тарвиҷи амалӣ аст. Дар ин замина, файласуфон мебоист аз ҳамаи имконоте, ки рушди фанноварӣ фароҳам оварда истифода кунанд. Баҳрагирӣ аз қудрати расонаҳои навишторӣ, тасвирӣ, савтӣ ва диҷитол, ҳузур дар фазои маҷозӣ, мулоқот ва дидор бо шахсиятҳои сиёсӣ ва низомии таъсиргузор ва тасмимгир, ҳузур дар ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҳушдор дар мавриди авоқиби бурузи ҷанг, талош дар ҷиҳати гунҷондани оро ва назарот дар заминаи хатароти ҷанг ва мазоёи сулҳи пойдор дар китобҳои омӯзишии сутуҳи мухталиф, барпоии конфронсҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ, тарғиби аҳзоби ҳамсӯ бо андешаи зидди ҷанг ҷиҳати барпоии тазоҳурот ва ҳимоят аз сиёсатҳои зидди ҷанги давлатҳо, танҳо гӯшае аз иқдомоте аст, ки метавонад мавриди таваҷҷӯҳи файласуфон қарор гирад. Бетардид маҷмӯаи ин иқдомоти амалӣ, метавонад дар дарозмуддат, ба тақвияти назарияи лузуми сулҳи байналмилалӣ кӯмак кунад.

Taghribnews


[1] Морис Дюверже, Усули илми сиёсат, тарҷумаи Абулфазли Қозӣ, с 254.

[2] Вилям Дюран, Дарсҳои торих, тарҷумаи Аҳмади Батҳоӣ, с 249.

[3] Доктор Сайидалиасғари Козимӣ, Ҳафт сутуни сиёсат, с 159.

[4] Вилям Дюран, Дарсҳои торих, тарҷумаи Аҳмади Батҳоӣ, с 249.

[5] Доктор Муҳаммадҷаводи Зариф ва доктор Сайидмуҳаммадкозими Саҷҷодпур, Дипломосии чандҷониба, ҷ 2, с 551.

[6] Абдурраҳмон Олим, Торихи фалсафаи сиёсии Ғарб, с 485 ва 486.

[7] Фредерик Каилстон, Торихи фалсафа, тарҷумаи Дориюши Ошӯрӣ, ҷ 7, с 217.

[8] Раймонд Куҳен, Қавоиди бозӣ дар сиёсати байналмилал, тарҷумаи Мустафо Шишачизода, с 27.

[9] Ҳамон, с 27 ва 28.

Бахш: Фалсафа ва ҳикмат | Просмотров: 1142 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz