Душанбе, 26.10.2020, 10:30
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 24 » “Фаҳмидам”, на “фаҳмидем” (3)
“Фаҳмидам”, на “фаҳмидем” (3)
21:32

Кандукове фалсафӣ перомуни ихтилофи фаҳмҳо

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қисмати сеюм

Он тафовут ҳаст дар ақли башар,

Ки миёни шоҳидон андар сувар.

З-ин қибал фармуд Аҳмад дар мақол:

«Дар забон пинҳон бувад ҳусни риҷол».

Ихтилофи ақлҳо дар асл буд,

Бар вифоқи сунниён бояд шунуд.

Бар хилофи қавли аҳли эътизол,

«Ки уқул аз асл доранд эътидол».

(Мавлоно)

Калидвожаҳо: фаҳм, матн, муфассир, равиши саҳеҳи фаҳмидан, мавонеъи фаҳм, пешфарз, ҳерменутик (hermeneutic).

Мо дар пайи парда бардоштан аз чеҳраи ин воқеият будем, ки чаро гоҳе донишмандон, аз як матн (динӣ, торихӣ, адабӣ ва...), бардоштҳо ва тафсирҳои мутафовите ироа медиҳанд? Дар қисмати дуюми навиштори хеш ёдовар шудем, ки яке аз асбоби он, чи басо бофти фарҳангӣ ва шароити ҳоким бар андешманд ва зеҳнияти вижаи ӯ бошад, на лузуман адами истифодаи ӯ аз равишҳои саҳеҳи фаҳми матн. Ва гузашт, ки файласуфоне чун Шлейермахер ва садҳо сол пеш аз ӯ Мавлоно, таъсири муҳит ва шароити маконӣ ва замониро дар чигунагии шаклгирии фаҳм ва бардошти фаҳмкунанда аз матн, мавриди таъкид қарор додаанд.

Дар ин навиштор бар онам то партаве ҳам бар андешаҳои Ҳойдегер ва Годомер дар ин замина бияфканем ва бибинем ин ду файласуф чӣ андешаҳое матраҳ кардаанд, ва оё ҳамаи он чи пешкаш намудаанд дарбаст дурустанд, ё на, порае саҳеҳ ва порае ҳам нодуруст аст?

Дидгоҳҳои Ҳойдегер ва Годомер

Дар назарияи Ҳойдегер ва шогирдаш Годомер, иллати тафовути фаҳму бардошти донишмандон аз як матн-ро, на танҳо дар чигунагии бофти фарҳангӣ ва муҳити ҳоким бар эшон ҷуст, чунон ки Шлейермахер мӯътақид аст, балки муҳимтар аз он, он чи ки мояи фаҳму бардошти мутафовит мешавад, масбуқ будани зеҳни онон ба як ришта пешфарзҳо аст. Ва асосан, фаҳми бидуни пешфарз, тасаввур надорад. Аз ин ҷиҳат, ҳар матне (динӣ, торихӣ, адабӣ ва...), аз равзанаи дидгоҳи хосси хонандаи матн, мавриди фаҳми ӯ қарор мегирад.

Ба дигар сухан: хонанда, бо як силсила пешфарзҳое, ки қаблан дар зеҳни ӯ шакл гирифтаанд ва чи басо худи ӯ мутаваҷҷеҳ нест, ба матн рӯбарӯ мешавад, ва аз ин рӯ, бардошти ӯ аз матн, бо он пешфарзҳо қолабгирӣ мешавад. Бинобар ин, агар пешфарзҳои афрод мутафовит ва мухталиф бошад, ногузир бардоштҳои онон аз матн низ, мутафовит ва гуногун хоҳад буд. Барои нағзтар рӯшан шудани дидгоҳи мавриди назар, ногузирам аз зикри чанд мисол.

Намунае аз дахолати пешфарзҳои Аҳли ҳадис ва Ашоира дар кайфияти фаҳму бардошт

Дар қисмати аввали мақола ёдоварӣ шуд, ки дар ҷаҳони ислом, дар мавриди чигунагии исботи сифоте чанд барои зоти Худо; ҳамон сифоте, ки ба унвони "сифоти хабарӣ” шинохта шудаанд (мисли исботи даст, чеҳра, истиво бар Арш ва аз ин қабил сифот), миёни Аҳли ҳадис ва ҷараёнҳои фикрии дигаре чун Ашъарӣ ва ё Мӯътазилӣ ихтилофоте вуҷуд дошт ва ҳар яке муддаӣ буд дидгоҳи ӯ ҳамон аст, ки Қуръону суннат мегӯяд ва дидгоҳи дигарӣ, бар хилофи манзури ин ду манбаъ мебошад. Ва иттифоқан, ҳар яке, барои исботи муддаои хеш, аз Қуръону суннат далел зикр кардаанд; яъне мустамсаки ҳар яке, воҳид буд, ки ҳамон Қуръону суннат мебошад. Ба сухани дигар, ҳам Аҳли ҳадис ва ҳам Ашоира ва Мӯътазила, фаҳму бардошти хоссе аз ин ду манбаъ менамуданд ва он гоҳ муддаӣ мешуданд, ки он чи ки ман фаҳмидаам, ҳамон аст, ки Қуръону суннат мегӯяд.

Аҳли ҳадис (ки имрӯза ҷараёни салафигарӣ муддаист идомаи ин ҷараёни фикрӣ мебошад) мегуфтанд, чун Худо дар Қуръон фармудааст, ки даст дорад ("Дасти Худо болои дасти онон аст...” (Фатҳ/10)), пас даст дорад ва дигар ҷои ҳеҷ таъвилу тафсире нест. Ва ё мегуфтанд, чун Худо дар Қуръон фармудааст, ки зоти покаш дар Арш аст ("Худои Раҳмон бар Арш истиво дорад” (Тоҳо/5)), пас дар боло ва дар Арш қарор дорад. Албатта, барои он ки домани худро аз тӯҳмати ташбеҳ пок намуда бошанд, мегуфтанд (ва ҳанӯз ҷор мезананд), ки Худо даст дорад, аммо на ба он кайфияте, ки барои махлуқот собит аст, Ӯ дар Арш ва фавқ (боло)-и мо қарор дорад, аммо кайфият ва чигунагии истивои Ӯ бароямон маҷҳул ва ношинохта аст.

Аммо донишмандони ашъаримаслаке чун Имом Фахри Розӣ, бар ин боваранд, ки маҳол аст Худованд бо сифоте чун даст доштану дар боло қарор гирифтану аз ин қабил авсоф, ки махсуси махлуқот аст муттасиф бошад, ва мӯътақиданд, лозимаи васфи Худо бо ин сифот, ташбеҳи Парвардигор ба махлуқот аст ва Худованд шадидан моро аз ташбеҳ ва монанд кардани хеш ба махлуқот бозмедорад. Худованд мефармояд: "Чизе ҳамонанди Худо нест...” (Шӯро/11), ва мефармояд: "Поку муназзаҳ аст Худои якто аз он чи васф мекунанд” (Мӯъминун/92).

Он гоҳ, пайравони ҳар як аз ин ду дидгоҳ, якдигарро ба нафаҳмидани муроди Қуръон ва гоҳе ба такзиби фармудаи Худову Паёмбар (с) муттаҳам мекарданд.

Ҳол, чӣ чизе боис шудааст, ки ин ду тоифа, аз як манбаъ ду гуна бардошти мутафовит намоянд?

Ин ҷост, ки пойи пешфарзҳо ва пешдовариҳо пеш меояд. Пешфарзе, ки Аҳли ҳадис бо он Қуръонро рӯбарӯ мешуданд; пешфарзе, ки дар зеҳни эшон побарҷо буд ва наметавонистанд аз он ҷудо бишаванд, ин буд, ки мо, дар робита бо фаҳми муроди Худованд дар Қуръон ва ё манзури Паёмбар (с) дар аҳодис, муҷоз нестем ақли хештан ба кор гирем. Агар Худо худ мегӯяд, даст дорам, пас бояд чашмбаста бипазирем ва таслим шавем. Агар мегӯяд, дар Арш қарор дорам, бе чуну чаро қабулаш намойем. Ақли башарро дарки ҳақоиқи осмонӣ куҷост? Ҳанӯз натавониста парда аз чеҳраи анбӯҳе аз маҷҳулоти заминӣ бардорад, он гоҳ мо интизор дошта бошем бароямон рози осмонӣ кашф кунад?

Ва аммо пешфарзе, ки ашъариёне чун Имом Фахри Розӣ ва ё Имом Абӯҳомиди Ғаззолиро бар он медошт то мӯътақид шаванд, ки маҳол аст Парвардигор бо чунон сифоте васф гардад, ин буд, ки эшон барои ақл дар фаҳму дарки маорифи қуръонӣ, ҷойгоҳ қоил буданд. Ва он ҳам, ба ҳукми худи Қуръон, ки дар мавориде мутааддид аз оятҳои худ мефармояд: "Оё ақли худ ба кор намегиред?” Хиради одамӣ, ҳукм мекунад, агар Худо худост, маҳол аст бо авсофе, ки вижаи махлуқоти маҳдуд мебошад муттасиф гардад. Чун Худо зоти комил, бениҳоят, мутлақ ва бариву пок аз сифотест, ки ба наҳве нишондиҳандаи ҷанбаи нақс ҳастанд. Даст доштан ва ё дар макон ва ё замоне муайян қарор гирифтан, нишонгари маҳдуд будани касонест, ки бо онҳо васф мешаванд. Ҳатто он тавҷеҳе, ки мегӯяд, даст дорад, аммо на ба он кайфияте, ки барои махлуқот собит аст, ва ё дар Арш аст, аммо кайфияту чигунагии қарор гирифтани Ӯ дар Арш бароямон маҷҳул ва ношинохта мебошад, тавҷеҳкунандаро аз воқеъ шудан дар дараи ҳавлноки ташбеҳу таҷсим наҷот намебахшад. Чун, даст доштан, ҳатто ба он гуна ки кайфияташ билфарз бароямон ношинохта ва маҷҳул бошад, билохира ин маъноро мерасонад, ки Худо даст дорад (дасте, ки мо намедонем чӣ гуна аст) ва ба василаи даст кори худ анҷом медиҳад, ва ба иборати дигар, Худо дар анҷоми кор мӯҳтоҷи василаест ба номи даст. Дар сурате ки ҳам хиради одамӣ ҳукм мекунад ва ҳам Қуръони Карим тасреҳ менамояд, ки зоти поки Парвардигор бениёзи мутлақ аст: Эй мардум! Шумойед ниёзманд ба Худо ва Ӯ бениёз...

Ин буд, ки ин ду ҷараёни фикрӣ ду гуна фаҳм ва бардошт аз як манбаъ ироа медоданд ва матнро аз равзанаи дидгоҳи хосси худ қироат менамуданд.

Намунае дигар

Яке аз мавориди ихтилофи шиа ва суннӣ ин аст, ки сунниён (албатта ба истиснои Мӯътазила, ки ҳарчанд суннӣ маҳсуб мешаванд, аммо дидгоҳҳое наздик ба шиаҳо доранд) мӯътақиданд, саҳобаи ҳазрати Паёмбар (с) ҳамагон одил ҳастанд ва аз ин рӯ, ҳар чи аз эшон нақл мешавад, бидуни ҷарҳу таъдил қобили қабул аст, аммо шиаҳо бар онанд, ки саҳобаи Паёмбар (с) гарчи аз шарафи мусоҳибати он ҷаноб (с) бархӯрдоранд, аммо маҳзи ҳамроҳии ҳазрати хатмимартабат (с) эшонро ба мартаби адолат намерасонад, балки одил будан ва ё одил набудани ононро низ ба ҳамон меъёру милокҳое, ки ислом барои ташхиси одил аз ғайри одил дар Қуръону суннат қарор додааст, хоҳем шинохт. Ба иборати дигар, шиаҳо мӯътақиданд, агар шараф ва мазийяте барои саҳобаи киром собит аст, танҳо мусоҳибат ва ҳамроҳии он ҷаноб (с) аст, на ғайр, ва маҳзи мусоҳибат филтере нест, ки мусалмонро одил бигардонад. Ва бад-ин сабаб аст, ки шиаҳо манқулоти саҳобаро низ мавриди ҷарҳу таъдили санадӣ қарор медиҳанд, он гоҳ агар бо меъёрҳои гузошташуда (барои қабул ва адами қабули ҳадис), дуруст аз об даромад қабулаш менамоянд, вагарна қобили қабул намедонанд.

Ва он гоҳ ҳар як аз ин ду ҷараёни исломӣ, барои исботи муддаои худ, аз ривоёт ва аҳодис далел меоваранд ва дидгоҳи худро дуруст ва мутобиқи муроди ислом ва дидгоҳи дигариро мухолифи хостаи он медонанд.

Ҳол, чӣ чизе боис шудааст, ки ин ду тоифа, аз манбаъе воҳид (ривоёт ва аҳодис) ду гуна бардошти мутафовит намоянд?

Ин ҷо ҳам пойи пешфарзҳо ва пешдовариҳо дар кор аст. Он чи сунниёнро бар ин дошта, ки мӯътақид ба ақидаи мазкур бошанд, ҳарчанд ривоёт ва аҳодис аст, аммо аҳодис ва ривоётест, ки дар манобеи ривоии Аҳли тасаннун манқул аст, ва он чи шиаҳоро ба андешаи номбурда рондааст, гарчи ривоёт мебошад, аммо аҳодис ва ривоётест, ки дар манобеи ривоии Аҳли ташаюъ нақл шудаанд.

Он гоҳ, бидуни таваҷҷӯҳ ба ин пешфарз, бар ҳамдигар метозанд, ки ту ин мегӯиву он ва ҳол он ки ривоят он мегӯяду ин. Мултафит нестанд, ки ривоятеро, ки ҳар яке ба он чанг мезананд ва чи басо назди худашон саҳеҳ маҳсуб гардад, асосан аз реша мавриди қабули тарафи муқобил намебошад.

Хулоса, дахолати пешфарзҳо ва пешдовариҳои одамӣ дар фаҳму бардошти ӯ, инкорпазир нест ва мо бояд фурӯтанона бипазирем, ки порае аз ихтилофот табиист ва гурезе аз онҳо нест.

Дар поён бар онам то нуқоти боризи назарияи Ҳойдегер ва шогирдаш Годомерро феҳрествор ёдовар шавам:

1. Фаҳми матн маҳсули таркиби уфуқи маъноии хонанда бо уфуқи маъноии матн аст ва дахолати зеҳнияти хонанда, як воқеияти иҷтинобнопазир аст;

2. Фаҳми айнӣ ва воқеии матн имконпазир нест, чун пешдовариҳо ё пешфарзҳои хонанда, шарти ҳусули фаҳм аст ва дар ҳар фаҳме пешфарзҳои хонанда, дар фаҳм нақш доранд;

3. Ба теъдоди афрод, ба хотири пешфарзҳои онон, бардоштҳои мухталиф дар мавриди матн дорем;

4. Фаҳми собит ва ниҳоӣ аз матн вуҷуд надорад.

Ҳол, оё тамоми он чи ин ду файласуф гуфтаанд, ҳамагӣ дуруст мебошад, ё на, порае аз андешаҳои онон саҳеҳ аст ва порае нодуруст, иншоаллоҳ агар умер боқӣ буд, дар қисмати баъдӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод.

Ва ҳам ба ин нукта ҳам ишора хоҳем намуд, ки бар хилофи ақидаи Ҳойдегер ва Годомер, мо гарчи мункири дахолати пешфарзҳо ва пешдовариҳо дар фаҳми матн нестем, аммо чунин ҳам нест, ки мӯътақид бошем бардошти ҳеҷ як аз фаҳмкунандаҳо нишондиҳандаи манзури воқеии матн намебошад. Балки эҳтимол дорад фаҳму бардошти ҳеҷ як дуруст ва расонандаи мақсади матн набошад, ва ҳам, эҳтимол дорад фаҳму бардошти яке аз онҳо мутобиқ бо воқеъ ва ҳикояткунандаи муроди ҳақиқии матн бошад. Ин ки Ҳойдегер ва Годомер мегӯянд, ки фаҳми айнӣ ва воқеии матн имконпазир нест, дуруст намебошад. Иншоаллоҳ дар қисмати баъдӣ роҷеъ ба ин матлаб бештар баҳс хоҳем намуд.

Идома дорад...

Қисмати аввал

Қисмати дуюм

Бахш: Фалсафа ва ҳикмат | Просмотров: 517 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz