Душанбе, 26.10.2020, 10:47
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 22 » “Фаҳмидам”, на “фаҳмидем” (2)
“Фаҳмидам”, на “фаҳмидем” (2)
19:02

Кандукове фалсафӣ перомуни ихтилофи фаҳмҲо

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қисмати дуюм

Он тафовут ҳаст дар ақли башар,

Ки миёни шоҳидон андар сувар.

З-ин қибал фармуд Аҳмад дар мақол:

«Дар забон пинҳон бувад ҳусни риҷол».

Ихтилофи ақлҳо дар асл буд,

Бар вифоқи сунниён бояд шунуд.

Бар хилофи қавли аҳли эътизол,

«Ки уқул аз асл доранд эътидол».

(Мавлоно)

Калидвожаҳо: фаҳм, матн, муфассир, равиши саҳеҳи фаҳмидан, мавонеъи фаҳм, ҳерменутик (hermeneutic).

Дар ин баҳсҳо, ба дунболи ёфтани посухи хирадписанду қаноатбахш ба ин муаммо ҳастем, ки чаро аҳёнан андешмандон, аз як матн (динӣ, торихӣ, адабӣ ва...), бардоштҳо ва тафсирҳои мутафовите ироа медиҳанд? Дар қисмати пешин ёдовар шудем, ки то давроне начандон дур, донишмандонро ин бовар устувор буд, ки агар аз равишҳои дурусти фаҳмидан истифода гардад ва мавонеъ (-и фаҳм) низ аз миён бардошта шавад, одамӣ тавони дастёбӣ ба фаҳме якнавохт-ро дорад, ва он гоҳ сабаби тафовути тафсирҳо ва бардоштҳоро адами истифода аз равишҳои дуруст ва вуҷуди мавонеъ медонистанд.

Ва ҳам ёдоварӣ шуд, ки дар поёнҳои қарни 19 ва оғози асри 20 милодӣ, ду файласуфи ғарбӣ: Мортин Ҳойдегер (Martin Heidegger) ва Годомер (Gadamer), андешаҳое навин дар заминаи фаҳм ва иллати тафовути фаҳмҳо ба армуғон оварданд, ки боис гардид раъйи пешин андаке мутазалзил гардад ва қатъияташ зери суол биравад.

Ҳол дар ин қисмат ва қисматҳои баъдӣ, ба шарҳи ин дидгоҳ хоҳем пардохт. Пеш аз баррасии дидгоҳҳои Ҳойдегер ва Годомер, лозим медонам партаве ҳам бар орои Фридрих Шлейермахер (Friedrich Schleiermacher) (1768-1834) бияфканем.

Шлейермахер ва фаҳми матн

Шлейермахер бар он аст, ки муфассир, барои дарку фаҳми саҳеҳи як матн, ногузир аз огоҳӣ аз ду ҳақиқат мебошад:

1. Огоҳӣ аз фарҳанг ва шароити ҳоким бар муаллиф ба ҳангоми нигариши китоб;

2. Огоҳӣ аз зеҳнияти хосси муаллиф.

Ин ду меҳвар вомдор будани Шлейермахер ба андешмандони румонтикро нишон медиҳад, ки мегуфтанд: "Шеваи таъбири ҳар фард, ҳарчанд ки ягона ва беҳамто бошад, заруратан руҳия ё эҳсоси фарҳангии васеътареро мунъакис месозад. Як тафсири саҳеҳ на танҳо мӯҳтоҷи фаҳми бофти фарҳангӣ ва торихии хосси муаллиф аст, балки ба дарёфти зеҳнияти вижаи ӯ низ ниёз дорад”.[1]

Масалан, агар дида мешавад андешмандони пешин, чи мағрибзаминиён ва чи машриқзаминиҳо, дар бораи зан ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеа, аҳёнан суханоне ношоиста дар нигоштаҳои хеш ба қалам овардаанд, бад-ин сабаб нест, ки муаллифи матн аз сари душманӣ ва ё беадабӣ нисбат ба занон чунин гуфта бошад, балки фарҳанг ва шароити ҳоким дар замони ӯ чунин буда. Имрӯз агар яке аз мо ин тиккаро, ки мансуб ба яке аз фалосифаи бузург аст бихонад ва шароити замонӣ ва фарҳангии ҳоким дар даврони ӯро мадди назари хеш қарор надиҳад, чӣ қазовате дар бораи ин файласуф хоҳад намуд? Он файласуф дар таърифи зан мегӯяд: "Худованд сурати инсон ба ин ҳайвонот пӯшонда аст то мардон аз мусоҳибат бо онон мутанаффир нашаванд ва дар никоҳ бо онон рағбат биварзанд”.

Дидгоҳи Мавлоно

Мавлоно садҳо сол пеш аз амсоли Шлейермахер, ба ин нукта, ки бояд барои фаҳми муроди гӯянда, фарҳанг ва шароити ҳоким бар ӯро дар назар гирифт, пай бурдааст. Мавлои Рум дар Маснавӣ, он ҷо ки достони ҳазрати Мӯсо ва шубон (чӯпон), ки Худоро муноҷот мекард ва офаридгорро бо сифоте нолоиқ барои мақоми зоти худоӣ месутуд, ва он гоҳ накӯҳиши Мӯсои Калим мар он шубонро ва сипас сарзаниши Парвардигор Мӯсоро ба хотири як чунин бархӯрдаш бо он шубон нақл мекунад, ошкоро ба ҳақиқати мавриди назар ишора менамояд:

Дид Мӯсо як шубонеро ба роҳ,

К-ӯ ҳамегуфт: «Эй Худову эй Илоҳ!
Ту ку
ҷоӣ, то шавам ман чокарат,
Чоруқ
ат дӯзам, кунам шона сарат.
Ҷомаат шӯям, шапушҳоят кушам,
Шир пешат оварам, эй м
ӯҳташам!
Дастакат б
ӯсам, бимолам поякат,
Вақ
ти хоб ояд, бирӯбам ҷоякат.
Эй фидои ту ҳ
ама бузҳои ман,
Эй ба ёдат ҳ
ай-ҳаю ҳайҳои ман».

Ин намат беҳуда мегуфт он шубон,
Гуфт М
ӯсо: «Бо кӣ аст ин, эй фалон?»
Гуфт: «Бо он кас, ки моро офарид,
Ин замину чарх аз
ӯ омад падид».
Гуфт М
ӯсо: «Ҳой, бас мудбир шудӣ,
Худ мусалмон ношуда, кофар шуд
ӣ.
Ин ч
ӣ жож аст? Ин чӣ куфр асту фушор?
Пунбае андар даҳ
они худ фашор.
Ганди куфри ту
ҷаҳонро ганда кард,
Куфри ту дунёи динро жанда кард.
Чоруқ
у потоба лоиқ мар турост,
Офтоберо чунинҳ
о кай равост?
Гар набанд
ӣ з-ин сухан ту ҳалқро,
Оташе ояд, бис
ӯзад халқро»...

То ин ки шубон навмедона мегӯяд:
Гуфт: «Эй Мӯсо, даҳонам дӯхтӣ,
Аз пушаймон
ӣ ту ҷонам сӯхтӣ».
Ҷомаро бидриду оҳе кард тафт,
Сар ниҳ
он андар биёбону бирафт.

Ваҳй омад сӯйи Мӯсо аз Худо:
«Бандаи моро зи мо кард
ӣ ҷудо.
Ту барои васл кардан омад
ӣ,
Ё барои фасл кардан омад
ӣ?
То тавон
ӣ по манеҳ андар фироқ,
«Абғ
азу-л-ашёи инди ат-талоқ».
Байтҳои пасини Мавлоно, маҳалли шоҳиди мост. Мавлоно аз забони Парвардигор месарояд:

Ҳар касеро сирате бинҳодаам,
Ҳ
ар касеро истилоҳе додаам.
Дар ҳ
ақи ӯ мадҳу дар ҳаққи ту зам,
Дар ҳ
ақи ӯ шаҳду дар ҳаққи ту сам...

То ин ки мегӯяд:

Ҳиндувонро истилоҳи ҳинд мадҳ,

Синдиёнро истилоҳи синд мадҳ...

Яъне, агар он шубон барои Худо чоруқе қоил асту аз сари муҳаббат мехоҳад онро бидӯзад, ва саре, ки мехоҳад шонааш кунад, ҷомае, ки бишӯяд, ва болотар аз инҳо, шапушҳое низ барои Парвардигор қоил асту мехоҳад онҳоро бикушад ва ҳозир аст бузҳояшро ҳам фидои Худо намояд, ҳамаи инҳо, бад-ин маъно нест, ки ӯ Худоро ҳамон гуна шинохта, ки паёмбаре чун Мӯсо (а) - ки бо манбаъи ваҳй муттасил аст - мешиносад ва он гоҳ дида ва дониста "куфрийот” мегӯяд. Балки он бечора дар муҳит ва шароите қарор дорад, ки наметавонад Худоро ба гунае дигар бишносад. Сару кораш танҳо бо ҳамин чоруқу ҷомаву мӯйу бузу шапушу инҳост. Шароити замонӣ ва маконӣ ва фарҳанги ҳоким бар ӯ, водораш намуда Худоро чунин бишносад.

Бинобар ин, агар аҳёнан мебинем ду андешманд бар сари як матлаб бо ҳам ихтилоф доранд ва ду бардошти мутафовит аз як матн (масалан) ироа медиҳанд, марҷаи ихтилофи бардошти он ду, ҳамааш адами бакоргирии равиши саҳеҳи фаҳми матн нест, балки чи басо бархоста аз чигунагии фарҳангу шароити замонӣ ва маконии ҳоким бар он ду бошад, чи басо асосан ду гуна меандешанд, дорои ду гуна фарҳанг ҳастанд, ва фарҳанги ҳоким бар эшон, дар гунаи бардошт ва фаҳми он ду таъсир гузошта бошад.

Аз ин рӯ, бархе аз пажӯҳишгарон, ихтилофи Имом Абӯҳанифа бо соири соҳибмазҳабоне чун Имом Аҳмад ибни Ҳанбал ва ё Имом Молик ё Имом Шофеъиро, бархоста аз муҳите донистаанд, ки дар он бузург шуда ва ба воя расидаанд. Имом Абӯҳанифа, ки барои ақл ҷойгоҳи вижае дар истинботи аҳком қоил аст, ба хилофи он дигарон (хусусан Имом Аҳмад), ки чандон нақше барои ақл дар истинбот қоил нестанд, чунин ҳам нест, ки сабабаш адами дастрасии Имом Абӯҳанифа ба аҳодису ривоёт бошад (гарчи ин ҳам қобили инкор нест), балки чи басо ношӣ аз ин ҳам бошад, ки Имом Абӯҳанифа дар муҳите мезиста, ки аз фарҳанги болое нисбат ба он муҳите, ки он дигарон зиндагӣ мекарданд бархӯрдор буд. Куфа, ки зистгоҳи Имом Ҳанифа буд, дар он замон маркази илму маърифат буд. Донишмандон аз ақсо нуқоти гетӣ барои фарогирии дониш ба ин шаҳр кӯч мекарданд. Асосан, Куфа маркази тазоруби афкору андешаҳои мухталиф буд. Мо наметавонем дидгоҳҳои донишмандеро бидуни дар назар гирифтани муҳит ва фарҳанги ҳоким бар он муҳит арзёбӣ кунем.

Иншоаллоҳ агар умре боқӣ буд дар қисматҳои баъдӣ роҷеъ ба андешаҳои Ҳойдегер ва Годомер ва ин ки то чӣ ҳадде он оро дуруст ҳастанд, баҳс ба амал хоҳем овард.

Идома дорад...

Қисмати аввал


[1] Номаи фарҳанг, соли чаҳорум, шумораи 2 ва 3.

Бахш: Фалсафа ва ҳикмат | Просмотров: 814 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz