Сешанбе, 16.04.2024, 10:09
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 14 » Дингурезӣ (3)
Дингурезӣ (3)
12:50

Қисмати сеюм ва поёнӣ

Дине, ки танҳо сангсор, шаллоқ ва амру наҳйи он ба гӯш бирасад ва намуд ёбад, ҷуз гурезондани пайравон натиҷае намедиҳад. Бо кӯмаки дин, бояд ишқро дар диндорон ҳаёт бахшид, ба онҳо умед дод... Бояд саодатбахшии динро барҷаста сохт ва оромишбахшии онро нишон дод ва боядҳову набоядҳо ва амру наҳйҳоро дар ростои оромишбахшӣ ва саодатофаринии дин ба баҳс гирифт.

Баҳси мо дар бораи дингурезӣ буд ва дар қисмати аввали мақола перомуни авомили дингурезӣ баҳс шуд, ва аммо дар қисмати дуюм баҳс ба ин ҷо расид, ки дингурезӣ монанди дигар осебҳои иҷтимоӣ, қобили пешгирӣ ва дармон аст. Гуфтем, ки бо роҳкорҳое метавон аз дингурезӣ пешгирӣ кард ва арз шуд, ки дар марҳалаи пешгирӣ, се роҳкори асосӣ вуҷуд дорад ва дар қисмати пешин фақат роҳи нахустро, ки муаррифии шоистаи дин буд баён кардем.

Дар ин қисмат аз мақола, ки қисмати поёнист ба идомаи ҳамон баҳс мепардозем:

2. Пиёдасозӣ ва амалиётӣ кардан:

Амалиётӣ кардани раҳнамудҳои иқтисодӣ, сиёсӣ-иҷтимоии Қуръон ва солимсозии ҷомеа ва афрод бар асоси улгуи ироашуда дар Қуръон, яке аз роҳкорҳои пураҳамият дар ростои пешгирӣ аз дингурезӣ аст, ки худ дар чанд меҳвар мегунҷад:

а) Тавсияҳои иқтисодӣ:

Ин пиёдасозӣ, дингурезии бархоста аз фақру таҳоҷумро аз байн мебарад. Дар ин раҳнамудҳо аз сӯе кору талош ва тавлид бисёр пураҳамият нишон дода шудааст, (Наҷм, 39) ва аз сӯи дигар диндорон бояд бахше аз даромади худро ба унвони закот, садақа ва инфоқ ба мустамандон бипардозанд, (Бақара, 195; Тағобун, 17; Ҳадид, 11; Бақара, 272).

б) Тавсияҳои сиёсӣҷтимоӣ:

Хушунат, иҷбор ва сахтгирӣ дар ислом нописанд аст. Дар тавсияҳои ислом икроҳе дар пазириши дин нест, (Бақара, 285), паёмбар танҳо башир ва назир аст, (Исро, 105), он ҳазрат вазифа ё ҳаққи фишор ва икроҳ надорад, (Тағобун, 12).

Расули ислом (с) набояд сахтгирӣ кунад. Сахтгирӣ мардумро аз эшон мегурезонад, (Оли Имрон, 159). Бар асоси ин раҳнамудҳо, сахтгирӣ бар шаҳрвандон, таҳмили хостаҳо ва эҷоди маҳдудиятҳои фарогир, бо руҳи ҳоким бар оёти Қуръон созгор нест. Дар хонавода низ сахтгирӣ ва фишор бар аъзои хонавода матлуб нест. Вазифаи падару модар, муаррифии дин ва баёни воҷиботу муҳаррамот ва фалсафаи онҳост, на водоштани фарзандон ба намоз, рӯза, ё боздоштани онҳо аз шунидани мусиқӣ, ё ҳаромҳои дигар.

Фарзандоне, ки ҳамвора дар бояду набояд ва амру наҳй зистаанд, пас аз раҳоӣ аз султаи падару модар яксара саркаш менамоянд ва ба воҷибот ва муҳаррамот аҳамияте намедиҳанд ва бештар аз дигарон дингурезӣ доранд.

3. Инсонсозӣ:

Бемориҳои руҳӣ ва равонии гурӯҳе аз диндорон, инҳирофи иддае аз сухангӯёни дин ва олудагии муҳит, дар шумори авомили дингурезӣ қарор доранд. Барои пешгирӣ аз ин шакли дингурезӣ, ногузир аз зудудани заминаҳои беморӣ ҳастем.

Дар нигоҳи Қуръон, боварҳо ва ибодот, дар фароянди пешгирӣ бисёр муваффақ ҷилва мекунад, (Бақара, 183), афзун бар ин, фасод, саркашӣ, ҳасад, такаббур ва... аз сифоти разила хонда шуда ва инсон аз гирифторӣ ба ин сифот парҳез дода шудааст.

Дар ин росто, сухангӯёни дин низ, аз таҳрифи дин, сарпӯш ниҳодан бар ҳақоиқ, дунёмадорӣ, каҷравӣ, рафтору гуфтори ношоиста, аз ғулув дар дин ва хурофасозӣ наҳй шудаанд ва ҳаққи иҷбору икроҳ аз онҳо гирифта шудааст, (Бақара, 79; Нисо, 171; Саф 2; Олим Имрон, 159).

Ба иловаи ин, дар марҳилаи пазириш низ бояд сахтгириҳо бештар бошад. Шоиста нест ҳар инсони нолоиқи аз ҳама ҷо рондашудае бар маснади омӯзгорони динӣ нишинад ва сухан аз дин гӯянд. Муаллимони динӣ бояд аз байни беҳтаринҳо интихоб шаванд, чунон ки сухангӯёне, ки Худо бармегузинад, аз беҳтаринҳо ҳастанд. Паёмбарони илоҳӣ ҳама некрафтор ва хушгуфтор ва аз айбу офатҳои офаринишӣ дур будаанд.

Марҳалаи дармон

Агар марҳалаи пешгирии роҳкорҳо номуваффақ ҷилва кунад ва дингурезӣ шакл гирад, бояд бо роҳкорҳое ба дармони дингурезӣ нишаст. Дармони дингурезие, ки аз фақр сарчашма гирифтааст, мутафовит бо дингурезии сарчашма гирифта аз хушунату фишор аст, чунон ки дар анвои дигари дингурезӣ роҳкорҳо бисёр мутафовит менамояд, бинобар ин ҳар шакли дингурезӣ дармони хоссеро металабад ва ногузир аз баҳсу баррасии анвои дингурезӣ ҳастем.

Дингурезии бархоста аз носозгор дидани ақл ва дин

Ин шакл аз дингурезӣ бо равишҳое қобили дармон аст:

1) Созгор сохтани дин ва ақл:

Дар ин шева ногузир аз арзишгузории дин ва ақл ҳастем. Оё як дарёфти ақлӣ аз ончунон арзишу манзилате бархурдор аст, ки як фаҳм аз динро ба нафъи он канор ниҳем ва дар мавориди носозгорӣ, ҳукми ақлро муқаддам дорем ва фаҳм аз динро тавҷеҳ кунем, ё дарёфтҳои ақлӣ шоистаи чунин иззату эҳтироме нестанд ва бояд фидои фаҳмҳои динӣ гарданд?

Пешинаи фаҳми дин, нишон аз қурбонӣ шудани бархе фаҳмҳои динӣ дар мавориде ва шуморе аз дарёфтҳои ақлӣ дар мавориди дигар дорад. Дар қисмати метафизик ва мақулоти фаромоддӣ, ақл қудрати яккатоз аст ва фаҳми динро дар мавориди носозгорӣ аз саҳна берун мекунад ва дар мақулоти дигар, фаҳми дин ҳоким мегардад ва ақл нотавон муаррифӣ мешавад. Дар баҳси худошиносӣ ва нубувват ва монанди он, ақл ҳоким мегардад ва ба нафъи ҳукми ақл, ислоҳ ва тавҷеҳ мешавад, аммо дар бахши рафторҳо, зиндагӣ, ҳукуматдорӣ ва ғайра, фаҳми динӣ ҳоким мешавад ва ақл нотавон аз дарёфти масолеҳ ва мафосид муаррифӣ мешавад. Ақле, ки дар метафизик пурқудрат менамояд ва дар фаҳми дин низ коро аст, ногаҳон дар соири мавзӯот ва заминаҳо шикаст мехӯрад ва аз нотавонӣ ва заъфи он сухан гуфта мешавад. Дар сурате ки агар ақл заиф аст дар фаҳми ин низ заиф хоҳад буд, дар натиҷа фаҳми мо аз дин низ устувории лозимро нахоҳад дошт ва меъёре барои пешгирӣ аз баёни хато ва инҳирофи бархе аз тафсиргарон намешавад.

Афзун бар ин, агар ақл нотавон аст, ин аҷз дар метафизик бештар аз ҷаҳони физик аст, зеро ки дар ин маҳдуда анҷоми озмун ва хато имконпазир аст ва метавон дар ҷараёни ин барнома аз дурустии шуморе аз дарёфтҳои ақлӣ итминон ёфт ва дар сурати нодурустӣ ба сӯи дарёфтҳои дигаре ҳаракат кард, аммо дар метафизик чунин имконе нест.

Бинобар ин бояд дар ҳадди имкон аз густараи қаламрави носозгорӣ кост ва аҳкоми ақлии озмуншуда ва мубатро муқаддам бар фаҳмҳои хос аз дин дошт.

Вақте як фаҳм натиҷа намедиҳад ва паёмадҳои ногуворе бо худ ба ҳамроҳ меоварад, бояд дубора фаҳми дигаре ба кор зад, бояд фаҳме сохт, ки бо ақл даргир нашавад ва хашми ҳамагонро бо худ наоварад. Чунон ки ҳукми ақл дар мавриди исмати паёмбарон бар фаҳми хоссе аз дин муқаддам мешавад, ҳукми ақл дар сиёсат, иқтисод, ҳукуматдорӣ, ҳуқуқ ва ғайра низ бояд муқаддам гардад.

Бо ин рӯйкард, зан аз замин ирс мебарад, дияи аҳли китоб баробар бо мусалмонон мегардад, бисёре аз дидгоҳҳои фиқҳӣ тағйир мекунад...

Дар тамоми ин маворид бозигари аслӣ ақл аст, аммо вақте ин нақшро намепазиранд бо ановини дигаре бознигарӣ ва навандешӣ ва дуборафаҳмиро анҷом медиҳанд.

Бар ин асос, дар оёти Қуръон дин хурофотзудоӣ мешавад ва боварҳои хирадгурез аз соҳати дин пок мешавад. Хитоб ба Исо (а) мехонем:

Оё ту ба мардумон гуфтӣ, ки ману модарамро худо гиред?...

Ва Исо дар посух мегӯяд:

Пок Худоё! Маро сазовор нест он чиро ҳақ надорам бигӯям... (Моида/116)

Ва дар ростои мубориза бо хирадгурезӣ, дини яҳуд ва масеҳият полоиш мешаванд ва эътиқод ба ин ки Узайр ва Масеҳ писарони Худо ҳастанд, аз соҳати дин пок мешавад ва фарзанд хондан барои Худованд бовари бединон муаррифӣ мешавад, (Тавба, 30).

Дингурезии бархоста аз шакку тардид

Дар дармони ин шакл аз дингурезӣ, роҳкори нахустини Қуръон ташвиқи афрод ба берун рехтани шакку тардид дар қолиби пурсиш аст, (Юнус, 94). Вақте шакку тардид дар қолаби пурсиш дарояд, имкони посухгӯии соҳибназарон фароҳам мешавад, аммо вақте берунрезӣ нашавад ва посух наёбад, русуб мегирад ва бистари муносибе барои дингурезӣ мегардад.

Берунрезии шакку тардид дар асри ҷадид нисбат ба асрҳои гузашта бисёр осонтару камхатартар аст. Дар гузашта ҳароси ангу бадном шудан ва масоиле монанди ин, иҷозати берун рехтанро намедод, аммо имрӯза роёна ва дигар абзори иртиботӣ ва иттилоотӣ, нигарониро аз афрод гирифтааст. Афрод ба осонӣ тамоми шакку тардидҳои хешро дар сайтҳо ва веблогҳо раҳо месозанд, худро аз ин назар холӣ мекунанд ва ҳеҷ нигароние ба худ роҳ намедиҳанд.

Роҳкои дуюм посухгӯӣ, мустанадсозии дубора ва баҳинасозии мустанадот ва бозгӯии пироишшудаи боварҳост.

Паёмбари Ислом (с) ба касоне ки нисбат ба дини он ҳазрат шакку тардид доранд, дарси худошиносӣ медиҳад, (Юнус, 104-106).

Ҳамчунин онҳое, ки дар ваҳёнӣ будани Қуръон шакку тардид доранд, мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегиранд ва посухи кӯбандае дарёфт мекунанд, (Бақара, 23; Юнус, 38; Ҳуд, 13).

Офариниши инсон ва мароҳили зиндагӣ посухи касоне мешавад, ки дар охират шак доранд, (Ҳаҷ, 5).

Ҳазрати Солеҳ ба кӯмаки мӯъҷиза шакзудоӣ ва тардидшиканӣ мекунад, (Ҳуд, 62-64).

Дар марҳалаи посухгӯӣ, интихоби василаи муносиб бисёр таъсиргузор аст. Китобнависӣ ва мақоланависӣ ҳарчанд шеваҳои муносибе барои интиқоли посух ҳастанд, аммо дар муқоиса бо равишҳои иттилоърасонии навин монанди веблогнависӣ чандон судманд нестанд. Муроҷиат ба интернет бештар аз китобу матбуот аст ва расондани посух ба шахси пурсишгар, осонтар.

Афзун бар ин, веблогнависӣ мушкилот ва дардисарҳои чопу интишори китобу маҷалларо надорад ва имкони таомул ва гутугӯро бештар фароҳам мекунад.

Эҳсоси оромишбахш набудани дин

Барои муқобила бо эҳсоси оромишбахш набудани дин, дар марҳалаи нахуст, бояд нигоҳи якбӯъдӣ ба дин шикаста шавад ва дин ба унвони як маҷмӯаи созвор дарояд ва тамоми абъоди он барҷаста гардад. Нигоҳи яксӯ ба дин ва тарҳи яксӯяи бояду набоядҳо, бикуну накунҳо, кайфар, тозиёна, сангсор, табъид ва ғийра динро нокоромад ва носозгор бо умеду ишқ ва саодат нишон медиҳад. Дине, ки танҳо сангсор, шаллоқ ва амру наҳйи он ба гӯш бирасад ва намуд ёбад, ҷуз гурезондани пайравон натиҷае намедиҳад. Бо кӯмаки дин метавон ишқро дар диндорон ҳаёт бахшид, ба онҳо умед дод, саодатбахшии динро барҷаста сохт ва оромишбахшии онро нишон дод ва боядҳову набоядҳо ва амру наҳйҳоро дар ростои оромишбахшӣ ва саодатофаринии дин ба баҳс гирифт.

Шурӯи ҳаракат дар тарҳи дин бисёр муҳим аст. Он чи акнун гоҳе дар арсаи тарҳи дин дида мешавад, натиҷае ҷуз гурез надорад. Дар тарҳи дин улгубардорӣ аз Қуръон бисёр арзишманд ва роҳкушост. Дар Қуръон нахуст боварсозӣ мешавад ва пас аз фароҳам омадани бистари муносиб, таколиф ва амру наҳй оғоз мешавад ва сухан аз муҷозот гуфта мешавад.

Дар марҳалаи дуюм, бояд динро дар баробари мактабҳову идеулужиҳо ва адёни навпайдо тақвият кард, ормишбахшӣ ва саодатофаринии динро дар муқоиса бо дигар муддаиён боло бурд ва равишҳои навомади саодатофариниро мустанадсозӣ кард ва бо он ёфтаҳо нигоҳи дубора ва чандбора ба дин дошт ва дар ҳар рафту баргашт метавон чизҳое аз дин омӯхт ва бар омӯзаҳо ва роҳкорҳо афзуд ва ҳадафи муҳим ва асосии динро таҳаққуқ бахшид; чунон ки дар мавриди соири донишҳо низ нигоҳи дубора даричаҳои ҷадиде фарорӯи мо мекушояд.

Носозгор дидани илм ва дин

Беҳтарин дармони дингурезии бархоста аз носозгорпиндории илму дин, посух аз мавориди нососзгор аст. Дар мавориди носозгор, гоҳе ёфтаҳои илмӣ дар сатҳе нест, ки битавонад дар баробари дин истодагӣ кунад ва носозгорӣ ба вуҷуд оварад ва гоҳе фаҳм аз дин ба гунае нест, ки носозгорӣ рух намояд.

Дар ин гуна маворид тасаввури носозгорӣ ботил менамояд, аммо агар ёфтаҳо қатъӣ ва илмӣ намояд ва фаҳм аз дин низ устувор ҷилва кунад, дар ин сурат, он фаҳми хос аз динро ба кӯмаки ёфтаи илмӣ метавон ислоҳ кард ё нотамом хонд; зеро дар нигоҳи Қуръон тамоми мавҷудот ва махлуқот калимаи Худо ҳастанд ва калимоти илоҳӣ танҳо алфози Қуръон нестанд, (Зухруф, 28; Оли Имрон, 45; Оли Имрон 39; Анфол, 7; Бақара, 124); афзун бар ин, дар нигоҳи Қуръон, оёти илоҳӣ танҳо ба оёти Қуръон маҳдуд намешавад, балки чунон ки бахшҳое аз Қуръон оят номида мешавад, тамоми мавҷудот ва махлуқоти ҳастӣ низ оёти илоҳӣ ба шумор меоянд.

Бинобар ин вақте носозгорӣ рух медиҳад, ин носозгорӣ байни фаҳми мо аз як даста аз алфоз ва дарёфту шинохти мо аз дигар офаридагон (калимот ва оёт) рух медиҳад. Бо ин фарз бояд оёти қуръонии носозгор бо илмро ба кӯмаки ин оёт ва калимот дубора фаҳмо кард.

Ба иборати дигар, нақши ин махлуқот дар тафсири калимоти Қуръон, монанди нақши оёти муҳкам дар муқобили оёти муташобеҳ аст; бо ин нигоҳ, оёти муҳкам бахше аз оёти Қуръон ва тамоми мавҷудот ва махлуқоти Худо хоҳад буд ва дар ин сурат, оёт ва калимоти муҳкаме, ки дар беруни Қуръон қарор доранд, дар ҳар навъ носозгорӣ қавитар аз оёт ва кадимоти Қуръон ҳастанд, зеро абзору олоти мо дар дарёфт ва шинохти мавҷудоти ҳастӣ аз равишҳо ва абзори фаҳми оёт тавони бештаре дорад. Фаҳми мо аз оёт заннӣ аст, вале абзору олот илм ва равишҳои он натиҷаи қатъӣ ё ҳадди ақал натиҷаи мутмаинтаре бо худ меоварад.

Бинобар ин, вақте нишонаҳо ва қароини бисёре аз дурустии такомул ҳикоят дорад, ба кӯмаки ин асл метавон ба тафсир ва тавҷеҳи оёте пардохт, ки носозгор бо такомул менамояд. Агар бархе оёт ба зоҳир ҳаракати заминро намепазирад ва хуршедмарказиро натиҷа медиҳад, метавон ба оят ва калимаи Худо – ҳаракати замин, ки муҳкам менамояд ва ёфтаи илмӣ аст, ба тавҷеҳи оёти носозгор нишаст. Агар аз оёти Қуръон, иддае мусаттаҳ будани заминро натиҷа гирифтаанд, метавон бо оят ва калимаи Худо – куравӣ будани замин, ба тафсири дубораи оёти носозгор нишаст ва куравӣ будани заминро натиҷа гирифт.

Тақаддуми як ёфта бар фаҳми хоссе аз дин ҳарчанд мумкин аст тазалзули шадиде дар худошиносӣ эҷод кунад ва тасаввури мо дар мавриди Худовандро махдуш созад, аммо бо бозсозии боварҳо метавон ҳамчунон диндор монд; чунон ки дар миёни диндорон ихтилофоти шадиде дар мавриди Худо ва сифоти ӯст ва ин ихтилофот онҳоро аз шумори диндорон берун намесозад.

Афзун бар ин, чунон ки ақл дар мавориде лузуми полоиши эътиқодотро ба вуҷуд меоварад, илм низ метавонад чунин нақше дошта бошад ва бархе боварҳоро нодуруст нишон диҳад ва моро ногузир аз таҷдиди назар дар фаҳмондан намояд. Агар назарияи такомул, назми мавриди назари диндоронро зери суол мебарад, метавон ҳамчунон диндориро идома дод ва аз равишҳои дигаре Худоро исбот кард.

Дингурезии бархоста аз хушунат

Дар дармони ин дингурезӣ нахуст бояд чеҳраи хашини динро аз зеҳни дингурезон пок кард ва динро оини меҳру муҳаббат нишон дод. Агар шахси дингурез, хушунат, фишор ва таҳдиду иръобро худсарии волидайн, мутаваллиёни тарбият ва масъулон бинанд ва на хостаи дин, гурези ӯ аз афрод ва бархе ҷараёнот хоҳад буд, на дин.

Дингурезии бархоста аз фақр

Агар раҳнамудҳои иқтисодии Қуръон амалиётӣ нашавад, бекорӣ густарда шавад ва дар сади болое аз нируҳо дар шумори бекорон қарор гиранд ва дар натиҷа роҳкорҳои фақрзудоӣ бо анбӯҳи мустамандон ва ниёзмандон натиҷа надиҳад, дар ин сурат ҳукумати диндорон барои пешгирӣ аз дингурезӣ ва дигар осебҳои иҷтимоӣ ногузир аз эҷоди иштиғол, пардохти мустамиррӣ ба бекорон ва баҳинасозӣ ва навсозии иқтисод аст; чунон ки паёмбарон дар баробари мардум чунин эҳсосе доштанд ва хостори амнияти ҷонӣ ва иқтисодии мардум буданд ва дар ин масир сахтиҳо ва мушкилотро бо ҷону дил мехариданд, (Бақара, 126). Афзун бар ин, ҳукумати диндорон дар баробари мустамандон масъул аст ва бояд ба пардохти мустамиррӣ ва дигар пардохтҳо ва ёронаҳо аз таъсири фақр бар дингурезӣ бикоҳад.

Дингурезии бархоста аз муҳит ва дӯстон

Муҳитҳое, ки маҳсули он дингурезӣ аст, зистан дар онҳо ба осонӣ имконпазир нест. Ин муҳитҳо нохудогоҳ афродро таҳти таъсири шадид қарор медиҳад ва онҳоро нохоста ба самти дингурезӣ мебарад. Дар чунин мавориде нахустин марҳалаи дармон, ҷудосозии дингурезон аз муҳит аст; зеро ки зист дар ин муҳитҳо дармонро номуваффақ месозад ва ҳамеша давру тасалсули дармонӣ бавуҷуд меоварад, аз дармони фард ба беҳсозии муҳит ва аз беҳсозӣ ва дармони муҳит ба дармони фард. Вақте фард дармон шавад, зисти ӯ дар муҳити олуда гирифтории дубора дар доми дингурезӣ меоварад ва дармони муҳит ва беҳсозии муҳит бо зисти дингурезон дар ин муҳит имконпазир нест. Марҳалаи ҷудосозии фард аз муҳит дар оёти Қуръон низ дида мешавад; мусалмонон аз муҳити носолими Макка ҳиҷрат мекунанд ва дингурезон дар охират ба далели ҳиҷрат накардан муҳокима мешаванд ва кайфар мебинанд, (Нисо, 97).

Ҳазрати Нуҳ низ барои раҳоии фарзанди хеш аз дингурезӣ, дар пайи ҷудосозии ӯ аз дӯстони нобоб ва динситез буд, (Ҳуд, 42).

Марҳалаи дуюми дармон, поксозии муҳит аст; дар ин марҳала низ ҷудосозии дингурезоне, ки огоҳона ба ин водӣ рафтаанд, аз дингурезоне, ки нохудогоҳ дар ин осеб гирифтор омадаанд, зарурист. Дастаи нахуст бо роҳи ҳалҳое, ки дар марҳалаи пешгирӣ ва дармон гуфта шуд, дармонпазиранд, аммо дингурезони дастаи дуюм бо ҷудосозӣ аз муҳит ба динбоварӣ бармегарданд.

Поёни матлаб

Фароҳамоваранда Акрамхони Зиёдуллоҳ

Қисмати аввал

Қисмати дуюм
Бахш: Фалсафа ва ҳикмат | Просмотров: 721 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz