Шанбе, 20.04.2024, 06:35
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 4 » Дингурезӣ (2)
Дингурезӣ (2)
23:44

Қисмати дуюм

Яке аз авомили дингурезӣ, нишон додани ислом ба унвони дини пуршариат аст. Иддае, исрор доранд дини исломро пуршариаттарин дин муаррифӣ кунанд ва бо тангназарӣ ва сахтгирӣ, бархе аз мубоҳҳоро ҳаром кунанд ва ҳар рӯз қайду банди наверо ба номи дин бар инсон таҳмил кунанд, дар сурате ки ин густариш, на танҳо имтиёзе барои мусалмонон нест, балки бархе аз мусалмононро ба рӯдарӯӣ бо шариат мекашонад.

Баҳси мо дар бораи дингурезӣ буд ва дар қисмати пешин бад-ин ҷо расида будем, ки ҳарчанд барои дингурезӣ авомили зиёдеро метавон пайдо кард, аммо муҳимтарини он иборат аз 13 омил буданд ва 6 тои онро дар қисмати аввали мақола ёдовар шудем. Инак дар ин қисмат аз мақола, бақия мавориди онро ёдрас мешавем:

7-Носозгорнамоӣ бо илм:

Дар нигоҳи иддае аз донишмандон, илму дин носозгор бо якдигаранд ва талошҳои фаровоне, ки дар ростои оштии ин ду анҷом шуда ноком аст.

Дин назариёти навомади илмиро намепазирад, чунон ки тасаввури ин ки як нафар ҳам диндор бошад ва ҳам донишманд, имконпазир нест.

Стивен Винберг, донишманди физик, ба унвони намояндаи барҷастаи ин гурӯҳ мегӯяд: "Ҳар чи илм амиқтар ба сиришти ашё нигоҳ кунад, камтар ба назар мерасад, ки ҷаҳон нишоне аз як худои алоқамандро дар бар дошта бошад”.

Энштейн, ҳамфикри Винберг низ худои шахсии ислом, масеҳият ва яҳудиятро пазируфтанӣ намедонад.

Яке аз намунаҳои барҷастаи носозгории илму дин, назарияи такомули Дарвин аст. Ин назария бо он чи адён ба унвони ҳадафдории ҷаҳон матраҳ мекунанд, комилан дар носозгорӣ аст.

Венберг мегӯяд: "Носозгорие, ки назарияи такомул бо дин меофаринад, аз физика бештар аст; зеро ин назария, ақида ба як худои иноятдорро ба чолиш мекашад”.

Бардошти Винберг ба бовари пайравони Дарвин низ саҳеҳ менамояд, чунон ки назарияи Карл Маркс, Ниче, Фрейд ва дигарон низ бо илҳод созгор аст.

Ҳамчунон ки носозгор дидани дин бо илм аз авомили муҳимми дингурезӣ аст, ҳамин тавр холӣ дидани дин аз илм ва бесамар будани он низ аз авомили дингурезӣ шинохта мешавад. Барои намуна, кофирон аз он ҷиҳат аз ислом мегурехтанд, ки Қуръонро асотир мешинохтанд ва аз илм холӣ медонистанд. Дар нигоҳи онҳо асотир аз воқеият тиҳӣ аст ва самарае ҷуз саргармӣ надорад, аммо илм фавоиди бисёре дорад ва инсонро дар расидан ба хостаҳо ва орзуҳо ёрӣ мекунад. (Анъом, 25).

Ин намуна ва намунаҳои дигар, бо фарзи баҳона будан низ ҳикоят аз он дорад, ки кофирон устураро намепазиранд ва онро бо илм носозгор мешиносанд.

Имрӯза низ бархе аз аҳли китоб ба ҷиҳати носозгории китоби муқаддас бо ёфтаҳои илмӣ, аз он мегурезанд.

Морис Букарӣ менависад: "Дар мавриди Аҳди Атиқ ниёзе буд аз китоби нахусти он яъне Сифри Пайдоиш, ки по фаротар ниҳем, то ба таъкидоти оштинопазир ва ғайри қобили тавҷеҳ бо маълумоти қатъии илмӣ рӯбарӯ шавем”.[1]

Пятигорский мегӯяд: "Дар Инҷилҳо чӣ аз ҷиҳати таърихӣ ва чӣ аз лиҳози ҷуғрофиёӣ, матолиби нодуруст фаровон ба чашм мехӯрад”.[2]

Намунаҳое аз дингурезӣ дар ислом низ дида мешавад. Барои намуна, Кисравӣ бархе аз оётро бо илм носозгор мебинад ва аз ислом мегурезад ва бархе аз ҷомеашиносон ва равоншиносон низ аз он ҷиҳат, ки ваҳй, шайтон, ҷин ва фариштаро дар хӯри озмоиш ва таҳлилу баррасии илмӣ намедонанд, аз дин мегурезанд ва ё ба таҳлили илмии ваҳйу шайтону мавзӯоте аз ин қабил мепардозанд; таҳлиле, ки дар назаргоҳи диндорон айни дингурезӣ аст.

8-Фақр:

Яке аз авомили муҳим ва калидӣ дар бурузи ноҳанҷориҳои иҷтимоӣ, фақр аст. Барои намуна, 85 то 95 дар сади ҷароим дар Итолиё тавассути хонаводаҳои фақир анҷом мешавад, дар сурате ки ин хонаводаҳо 60 % кулли ҷамъиятро ташкил медиҳанд.

Таҳқиқоти доктор Сирил Берт дар китоби Бизеҳкори ҷавон низ ҷароими фуқарои Ланданро 19 дар сад ва ҷамъияти онҳоро 8 % кулли ҷамъияти Ландан мехонад.

Нақши фақр дар падидории осебҳои иҷтимоӣ дар дингурезӣ низ дида мешавад; ба гунае ки бахше аз дингурезиҳо дар хонаводаҳои заиф ё бисёр заиф аст. Таъсиргузории фақр бар падидории осебҳои иҷтимоӣ ва ҳанҷоршиканӣ дар ҷоест, ки фақр манфӣ пиндошта шавад, аммо агар мусбат дида шавад ва имтиҳони илоҳӣ қаламдод гардад, ба дингурезӣ ва ҳанҷоршиканӣ ва осебрасонӣ намеанҷомад.

Афзун бар ин, нақши фард дар падидории фақр низ бисёр муҳим ҷилва мекунад. Фақре, ки аз танбалӣ ва сустии фард падидор меояд, дар муқоиса бо фақре, ки дар як ҳукумати динӣ падид меояд, бисёр камтар ба дингурезӣ меанҷомад. Фақре, ки дар як ҳукумати динӣ падидор мешавад, ба ҳисоби дин гузошта мешавад ва заминаҳои гурез аз динро фароҳам мекунад, аммо агар ҳамин фақр дар як ҳукумати секуляр рух диҳад, дингурезӣ намеоварад.

Таъсири фақр бар дингурезӣ дар оёти Қуръон низ дида мешавад. (Бақара, 268; Нур, 32).

9-Равонпарешӣ:

Ёфтаҳои ҷадиди илмӣ нишон аз бемории шумори зиёде аз осебрасонон ва ҳанҷоршиканон дорад. Ин ёфтаҳо, дастгоҳҳо ва масъулони ниҳодҳоро ногузир ба фарохони равонпизишкон ва мадагорони иҷтимоӣ сохтааст, то он ҷо ки имрӯза бештари зиндонҳо ва надоматгоҳҳо аз хидмати ин гурӯҳҳо баҳра мегиранд ва дар ислоҳи зиндониён ва дармони онҳо мекӯшанд.

Дингурезӣ низ монанди бисёре аз осебҳои иҷтимоӣ, мутаассир аз ин бемориҳо мебошад. Хостгоҳшиносии дингурезии гурӯҳе аз дингурезон нишон аз бемории шадиди онҳо дорад, ба гунае ки эшон дар баробари дин, монанди санг ё шадидтар аз санг менамоянд, (Бақара, 74; Тавба, 125).

Инод, душманӣ, такаббур, ҳасад ва... бархе аз бемориҳои дингурезон аст. Шуморе аз Бани Исроил худбузургбинӣ доштанд, хешро бартар аз Толут медонистанд, раҳбарии ӯро намепазируфтанд ва аз ҷиҳод сар мепечиданд, (Бақара, 247).

10-Сухангӯёни дин:

Рафторҳо ва гуфторҳои ношоистаи бархе аз сухангӯёни дин ва масъулини ҳукуматӣ яке дигар аз авомили дингурезӣ аст. Бархе аз сухангӯёни динӣ вазъияти фарҳангӣ ва иҷтимоии ризоятбахше надоранд. Ин идда дар рӯбарӯӣ бо дигарон нафратофаринӣ мекунанд ва эшонро дингурез месозанд, динро дар қолиби пӯсида ва фарҳангу иҷтимои хосси худ мебаранд ва бо хурофотсозӣ ва ҷаълу таҳрифи дин, чеҳраи номатлуб ва занандае аз дин тарсим мекунанд ва бо ангушт ниҳодан рӯи бархе ривоёт, ки бештар сохта менамояд, тоби таҳаммули мухотабро мерабоянд.

Барои намуна бархе аз дингурезиҳо дар Ғарб, натиҷаи нафрати мардум аз кашишон буд. Мардум имтиёзоти ин гурӯҳ ва тангназарӣ ва қудратталабӣ ва сарвати бархе аз усқуфҳоро намепазируфтанд ва бо дингурезӣ дар баробарашон аксуламал нишон медоданд. Дар оёти Қуръон низ бархе аз нишонаҳои нақши донишмандони аҳли китоб дар дингурезӣ омадааст, (Тавба, 34).

Гурҳе аз уламои аҳли китоб бо дарҳам омехтани сохтаҳои хеш бо дин, бо ҳадафи моддӣ динро бо зиндагӣ ва хирад носозгор нишон медиҳанд ва заминаҳои дингурезиро фароҳам месозанд, (Бақара, 89; Нисо, 171).

Дар ҷаҳони ислом низ бархе сухангӯён чунин нақше доранд; онҳо бо рафтори зишт, дунёталабӣ, гуноҳ, хушунат ва боварҳои хеш мардумро ба асли дин бадбин мекунанд ва эшонро ба водии дингурезӣ мебаранд, дар сурате ки оёти ёдшуда ба уламои аҳли китоб маҳдуд намешавад, балки сухангӯёни ислом низ машмули ин оят ҳастанд ва бояд аз кашондани мардум ба сӯи дингурезӣ бипарҳезанд.

11-Хостаҳои нафсонӣ:

Иддае динро намепазиранд, аз он ҷиҳат ки таълимоти паёмбарон, бо бебандубориву валангории эшон ноҳамхон аст ва бар зиёдахоҳиҳо ва озодиҳои ҷинсии эшон қайду банд мезанад, (Бақара, 78).

Ин гурӯҳ динро барнаметобанд ва ҳавои нафсро маъбуди худ қарор медиҳанд, (Фурқон, 43); шайтонро улгу мегиранд, ҳанҷоршикан мешаванд, фасоду табоҳӣ мекунанд ва аз гумроҳтарини мардум ҳастанд, (Нур, 21; Қисас, 50).

Пайравӣ аз ин асирони ҳавою ҳавас, номатлуб ва нописанд аст ва хатари дингурезиро дар пай дорад, (Моида, 48) ва пайравони ин идда аз сӯи Худо сарпарастӣ ва ёрӣ нахоҳанд шуд, (Бақара, 120).

12-Таҳоҷуми динӣ:

Ҳуҷуми расонаии шадид бар зидди дин ва мутаваллиёни дин, яке дигар аз авомили дингурезӣ аст. Динситезон, бо нокоромад нишон додани дин ва ба чолиш кашондани боварҳо, рафторҳо ва маносики динӣ ва пахши шойеот дар бораи шахсиятҳои динӣ, саҳми зиёде дар дингурезӣ доранд. Барномаҳои телевизионӣ ва моҳвораии ҷаззоб ва дар айни ҳол, ҳадафманди ин гурӯҳ, динро афюни миллатҳо, омили ақиб мондани ҷомеаҳо, инҳитот ва истибдод муаррифӣ мекунад.

Таҳоҷумро низ метавон ба унвони як омили дингурезӣ дар оёти Қуръон радёбӣ кард. Бархе аз шеваҳои динситезон дар Қуръон иборатанд аз:

а) Тахриби шахсиятҳо:

Динситезон барои рондани мардум аз дин, паёмбаронро нобурдбор, қудратталаб, тамомиятхоҳ, маҷнун, соҳир, гумроҳ ва... муаррифӣ мекунанд, (Юнус, 77; Қисас, 48; Мӯъминун, 24; Соффот, 36; Сод, 4).

б) Тахриби китоби осмонӣ:

Равиши дигари динситезон, зери суол бурдани Қуръон буд, (Анъом, 25; Ҳуд, 13).

13-Густардагии безобитаи шариат:

Яке дигар аз авомили дингурезӣ, нишон додани ислом ба унвони дини пуршариат аст. Иддае, исрор доранд дини исломро пуршариаттарин дин муаррифӣ кунанд ва бо тангназарӣ ва сахтгирӣ, бархе аз мубоҳҳоро ҳаром кунанд ва ҳар рӯз қайду банди наверо ба номи дин бар инсон таҳмил кунанд, дар сурате ки ин густариш, на танҳо имтиёзе барои мусалмонон нест, балки бархе аз мусалмононро ба рӯдарӯӣ бо шариат мекашонад.

Аз сӯи дигар, ҷамъияти зиёде мусиқӣ гӯш медиҳанд, пӯшиши комили исломӣ надоранд, завоҳири диниро риоят намекунанд... Ин идда, вақте бисёре аз рафторҳо ва гуфторҳои худро бо дин носозгор мебинанд ва бо бархе аз сахтгириҳои фародинӣ низ рӯбарӯ мешаванд, ба самти дингурезӣ ва раҳоӣ аз диндорӣ мераванд.

Роҳи ҳаллҳои дингурезӣ

Дингурезӣ монанди дигар осебҳои иҷтимоӣ, қобили пешгирӣ ва дармон аст. Бо роҳкорҳое метавон аз дингурезӣ пешгирӣ кард ва дар сурати рухдод ба дармони он пардохт.

Марҳалаи пешгирӣ

Дар ин марҳала, се роҳкори асосӣ вуҷуд дорад:

1. Муаррифии шоистаи дин:

Муаррифии дурусти, дин яке аз роҳҳои муҳимми пешгирӣ аз дингурезӣ аст. Агар динбоварон динро хирадгурез нишон надиҳанд, таълимот ва боварҳои диниро бо шавоҳид ва нишонаҳои бисёр арза кунанд ва шакку тардидро аз мухотабон бигиранд, навидбахшии динро фарёд кунанд ва аз саодатофаринии дин сухан гӯянд ва динро носозгор бо илм нишон надиҳанд, аз ноҳияи асли дин, шоҳиди дингурезии мардум нахоҳем буд.

Дар ин раҳгузар, чаҳор меҳвар муҳим ба назар мерасад, ки иборатанд:

а) Тарҳи хирадмандонаи дин:

Бахше аз дингурезиҳо, аз носозгор дидани дин бо хиради одамӣ падид меояд. Барои пешгирӣ аз ин тасаввур, бояд аз оёти Қуръон дар тарҳи дин улгу гирифт ва динро ҳамон гуна ки Қуръон муаррифӣ мекунад, тарҳу арза дошт.

Вақте ба оёти Қуръон муроҷиат мекунем, хирадмандон ва соҳибони фикру андешаро бисёр пурманзалат мебинем, (Зумар, 9).

Динро бо тааққул ва тадаббур даромехта меёбем ва нишонаҳое чун зинда шудани гови Бани Исроилро дар ҷиҳати водоштани инсон ба андеша мебинем, (Рум, 28; Бақара, 242; Бақара, 73; Юсуф, 2; Сод, 29).

Дар ин росто, падидории дин бо нишонаҳои бисёре ҳамроҳ аст ва тасаввури тааққулгурезӣ аз соҳати дин барчида шудааст, паёмбарон мӯъҷиза меоваранд, боварҳо дар қолиби ақлӣ рехта мешавад, шакли мантиқӣ меёбад ва Паёмбари Ислом (с) соҳиби бурҳон муаррифӣ мешавад, (Иброҳим, 10; АнбиёЮ 22; Анъом, 76-77).

Дар ташреи аҳком низ созгорӣ байни ақл ва ташреъ ба рӯшанӣ дида мешавад ва аҳком бар пояи масолеҳ ва мафосид ва ниёзҳо шакл мегирад, ба гунае ки агар ақл қодир бар фаҳми тамоми ин масолеҳ ва мафосид бошад, ҳеҷ гуна носозгорӣ аз худ буруз намедиҳад ва таслими бе қайду шарти ин аҳком ва муқаррароти иҷтимоии ислом хоҳад шуд.

Дар баробари ин дин, соҳибони хирад ва андеша, таслим ва бехирадон нобурдборанд. Онҳо динро ба ҳеҷ рӯе намепазиранд ва онро ба масхара мегиранд, (Бақара, 170-171; Моида, 58; Аҳзоб, 70).

б) Итминонсозии дин:

Шуморе аз дингурезиҳо, аз шакку тардид дар боварҳо ва рафторҳои динӣ бармехезад. Дар ин маворид, тарҳи дин ҳамроҳ бо нишонаҳо ва далоили итминоновар, беҳтарин роҳкор шинохта мешавад.

Мухотабони паёмбарони илоҳӣ бо шакку тардид ба овардаҳои паёмбар менигаристанд, (Иброҳим, 9-10; Ҳуд, 53); паёмбарон дар баробари ин идда бо мӯъҷизот ва далоилу бароҳини рӯшан, овардаҳои хешро исбот мекарданд ва шакку тардидро аз зеҳни мухолифон мезудуданд. Агар мебинем иддае ҳамчунон аз шакку тардиди худ сухан мегуфтаанд, ба далели он буда, ки алоқае ба раҳоӣ аз шакку тардид надоштанд.

в) Оромишбахшии дин:

Оромишбахшӣ ва саодатофаринии дин дар муқоиса бо дигар коркардҳои дин бисёр камранг ҷилва мекунад. Ин костӣ иддаеро ба ин таваҳҳум кашондааст, ки дин саодатофарин нест ё ормбахшии он аз макотиби дигар камтар аст.

Рӯдаррӯӣ бо ин таваҳҳум, тарҳи фалсафаи дин ба хусус бо ин рӯйкардро металабад. Аз ин раҳгузар, дин дар оёти Қуръон оромишофарин аст, (Раъд, 28; Бақара, 257).

Тарс, изтироб ва андӯҳро аз фазои зиндагии диндорон дур мекунад ва эшонро дар амнияту ормиш қарор медиҳад, (Бақара, 38).

Дар ростои саодатофаринии дин, китобҳои осмонӣ ҳидоятгаранд ва саодатро ба армуғон меоваранд, (Оли Имрон, 4; Юнус, 57).

Оромишофаринии дин, ба боварҳои динӣ маҳдуд намемонад, балки ибодат, маносик ва тамоми шариати ислом низ тавлиди оромиш мекунад, (Моида, 69; Наҳл, 97).

Натиҷа: Илҳомгирӣ аз ин гуна оёт ва баҳраварӣ аз ёфтаҳо ва донишҳои ҷадид дар тавзеҳ ва табйини коркарди боварҳо ва рафторҳои динӣ, чеҳраи ҷадиде барои дин месозад; тасвире, ки дар байни насли пурдағдаға ва пуризтироби имрӯз тарафдорони бисёре дорад. Агар нақши дин ба сурати куллӣ ва коркарди бахшҳои гуногуни он ба сурати ҷузъӣ барои насли имрӯз табйин гардад ва таъсири дин дар ҷиҳати зудудани тарс, дилҳура ва изтироб гуфта шавад, шоҳиди дингурезии ҳадди ақал аз ин ноҳия нахоҳем буд.

г) Тарҳи созгории дин бо илм:

Дар марҳалаи пешгирӣ аз тасаввури носозгории илму дин, нахуст бояд аҳамияти илму дониш дар нигоҳи динро баҳс намуд.

Дар марҳалаи дуюм, қаламрави илму динро аз якдигар бозшинохт. Фаҳме аз дин, ки густараи қаламрави он, тамоми донишҳо ва улум бошад, бо илм бисёр носозгор меафтад. Фаҳме, ки физика, химия, табиатшиносӣ, нуҷум ва улуми дигарро дар қаламрави дин биёварад, чандон мавриди ризоят нест. Донишмандон ин фаҳмро намепазиранд ва аз носозгории густардаи он бо ёфтаҳо ва донистаҳои ҷадид сухан хоҳанд гуфт.

Барои намуна, вақте Тантовӣ Қуръонро дарёи маориф ва донишҳои башарӣ мебинад ва бо ин нигоҳ ба тафсир менишинад, ногузир аз тарҳу арзаи назариёт ва теорияҳое хоҳад шуд, ки ба ҳеҷ рӯй бо ёфтаҳои ҷадиди илмӣ созгор намеафтад. Вақте ӯ аз назарияи инфиҷори бузург мегӯяд ва онро маншаи ҷаҳони ҳастӣ мехонад, бисёре аз донишмандонро ба рӯдаррӯӣ бо худ мекашонад ва онҳоро ба дингурезӣ раҳнамун месозад. Зеро ин донишмандон тасаввуре аз он надоранд ва онро дар ҳолае аз ибҳом медонанд ва Қуръонро носозгор бо илм мебинанд. (Поёни роҳкори аввал).

Идома дорад...

Қисмати аввали мақола


[1] Морис, Қуръон ва аҳдайн, 34

[2] Пятигорский, Мабонии масеҳият, 171

Бахш: Фалсафа ва ҳикмат | Просмотров: 669 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz