Панҷшанбе, 25.04.2024, 23:59
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Феврал » 11 » Давлат Назриев: “Душанбе Теҳронро яке аз муҳимтарин шуракои худ медонад”
Давлат Назриев: “Душанбе Теҳронро яке аз муҳимтарин шуракои худ медонад”
04:09

Мусоҳибаи хабаргузории Форс бо Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, бо ишора ба ин ки ҳеҷ далеле барои ин нигоҳе, ки гӯё рӯйкарди Тоҷикистон дар баробари Эрон тағйир карда бошад вуҷуд надорад, тасреҳ кард: "Душанбе Теҳронро яке аз муҳимтарин шуракои худ медонад ва бо ин шинохт ва нигоҳ, ба истиқболи мароҳили ҷадиде аз басту густариши равобит меравад”.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин гуфтугӯ, зимни арзёбии сатҳи равобити дуҷонибаи кишвараш бо Эрон, ба бархе аз ибҳомоти матраҳ аз сӯи бархе аз расонаҳо дар бораи чигунагии муносиботи Теҳрон-Душанбе низ посух дод, ки дар поён машрӯҳи ин гуфтугӯ пешкаши хонандагони пойгоҳи Кимиёи саодат хоҳад шуд:

Форс: Оқои Назриев, шумо дастовардҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи беш аз 3 даҳаи пирӯзии инқилоби исломиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Давлат Назриев: Тайи давроне, ки аз замони пирӯзии инқилоби исломӣ мегузарад, Эрон тавонистааст дар арсаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ба дастовардҳои бисёр барҷастае ноил шавад, ки мӯҷиби хушҳолии кишварҳои дӯст ва аз ҷумла Тоҷикистон аст. Тавсиаи муносиби иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фанноварии Эрон тайи солҳои ахир, заминаи афзоиши нақш ва ҷойгоҳи ин кишвар дар арсаи ҷаҳониро беш аз пеш фароҳам кардааст. Тоҷикистон ба унвони яке аз шуракои муҳимми Эрон дар минтақа, алоқаманд ба иртиқои сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба дар тамомии арсаҳо бо Эрон аст ва хушбахтона имрӯз ҳузури Эрон дар заминаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари мо чашмгиртар аз гузашта шудааст.

Бидуни тардид, Эрон имрӯз яке аз муҳимтарин кишварҳои минтақа буда ва дар муодилоти ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, наметавон нақши Эронро нодида гирифт.

Форс: Шумо ба равобити ҳасана миёни Душанбе-Теҳрон ишора кардед. Ин равобит тайи солҳои ахир чӣ пешрафтҳое доштаааст?

Давлат Назриев: Бидуни тардид равобити дӯстона ва бародарона миёни Тоҷикистон ва Эрон, аз пешрафту пӯёии бисёр зиёде бархӯрдор буда ва иродаи қотеи мақомоти олии ду кишвар барои густариш ва таъмиқи ҳамкориҳо гувоҳ бар ин муҳим аст.

Давлати Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эронро шарики табиии роҳбурдии худ медонад ва ин ба он маъност, ки миёни ду кишвар на танҳо ҳамкориҳои муҳим дар арсаҳои мухталиф вуҷуд дорад, балки Тоҷикистон ва Эрон, аз иштирокоти фаровони торихӣ, динӣ, забонӣ ва фарҳангӣ бархӯрдор ҳастанд, ки уфуқи ҳамкориҳоро рӯшантар аз гузашта кардааст.

Мардуми ду кишвар дар масири торих бо ҳам буданд ва имрӯз низ иртиботи бисёр наздик ва ҳасанаи онон, ки бар мабнои манофеъ ва арзишҳои муштарак шакл гирифта, дар ҳоли тақвият буда ва дар ҳамин росто масъулони аршади ду кишвар бар онанд, ки дарахти дӯстӣ байни ду кишвар, ки реша дар аъмоқи торих дорад-ро сол ба сол танумандтар ва борвартар кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Эрон чандин тарҳи азим монанди нерӯгоҳи Сангтӯда-2 дар Тоҷикистонро дар дасти эҳдос дорад, ки қарор аст ба муносибати бистумин солгарди эъломи истиқлоли Тоҷикистон, ба баҳрабардорӣ бирасад.

Ин мавзӯъ ҳамчунин аз аҳамияти болои сиёсӣ ва иқтисодӣ бархӯрдор аст, зеро Тоҷикистон таъмини истиқлоли энержиро яке аз аҳдофи роҳбурдии худ эълом кардааст ва бо эҳдоси Сангтӯда-2, гоми муҳимме дар ин масир хоҳад бардошт. Албатта вуҷуди энержӣ ба миқдори кофӣ, заминаи бештаре барои тавсиаи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар фароҳам хоҳад кард, аммо умедворем Ҷумҳурии Исломии Эрон дар таҳаққуқи пружаҳои ҷадиди энержӣ дар Тоҷикистон низ саҳим шавад.

Форс: Оқои Назриев, шумо ба иродаи қотеи руасои ду кишвар барои тақвияти ҳамкорӣ ишора кардед ва ба назар мерасад тайи соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон беш аз соирин бо дуктур Аҳмадинажод дидор доштааст.

Давлат Назриев: Комилан дуруст аст. Тайи соли гузашта, руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Эрон панҷ бор бо ҳам дидор ва гуфтугӯ карданд. Соли 2010-ро Тоҷикистон бо сафари расмии раиси ҷумҳури Эрон дар 2 жонвияи 2010 оғоз кард ва сипас дар моҳи жуан Маҳмуди Аҳмадинажод дар сафари корӣ ба Душанбе дар Конфронси байналмилалии об ҳузур ёфт, ки ин иқдомро Душанбе ба унвони ҳимояти арзишманди кишвари дӯсту бародари Эрон аз Тоҷикистон ва иқдомоти давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мекунад.

Зимнан, Тоҷикистон низ, дар созмонҳои байналмилалӣ ҳамвора аз мавозеи Эрон ҳимоят карда ва дар робита бо баҳси энержии сулҳомези ҳастаӣ, ҳаққи қонунӣ ва табиии Теҳронро мавриди таъкид қарор додааст. Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон низ, дар моҳи фарвардин ва мурдоди соли ҷории шамсӣ аз Эрон боздид карда ва бо раиси ҷумҳур ва соири мақомоти олирутбаи эронӣ, масоили тақвияти ҳамкориҳои ду ва чандҷонибаи минтақаиро бо ҳузури Афғонистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд ва дар меҳрмоҳ низ, дар ҳошияи 65-умин нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Нюйорк, Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод дидор карда ва перомуни масоили мухталифи дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ баҳсу табодули назар карданд.

Дар соли 2010 ҳамчунин соири мақомоти олирутбаи эронӣ аз Душанбе боздид карданд, ки ба унвони мисол метавон ба сафарҳои вазири умури хориҷа, раиси дафтари риёсати ҷумҳурӣ ва вазири дифои Ҷумҳурии Исломии Эрон ишора кард. Зимнан, имсол ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Шероз баргузор хоҳад шуд, яъне дар маконе, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод карда буд ва интизор меравад Эмомалӣ Раҳмон низ дар канори соири меҳмонони хориҷӣ дар ин маросим ҳузур пайдо кунад.

Ба рағми сӯҳбатҳое, ки шуд, зикри ин нукта лозим аст, ки ҳанӯз ду кишвар аз тамоми зарфиятҳои мавҷуди худ барои густариши ҳамкорӣ истифода накардаанд. Манзури ман бештар баҳси равобити иқтисодӣ аст, зеро дар арсаҳои фарҳангӣ ва омӯзишӣ, ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳоли басту густариш аст.

Дар заминаи иқтисодӣ, Тоҷикистон ба кӯмак ва ҳамкории кишварҳои хориҷӣ ва аз ҷумла Эрон ниёз дорад. Сармоягузории Эрон дар ҷиҳати эҷоди зарфиятҳои ҷадиди иқтисодӣ, санъатӣ ва тавлидӣ, мавриди истиқбол ва ҳимояти Душанбе аст, ба вижа ин ки бар хилофи соири сармоягузорон ва туҷҷори хориҷӣ, эрониён дар Тоҷикистон ниёз ба мутарҷим надоранд ва дар ин ҷо ҳаргиз эҳсоси ғурбат низ нахоҳанд кард, ки ин худ ба унвони имтиёзи бузурге барои туҷҷори эронӣ маҳсуб мешавад.

Форс: Дар ин авохир, дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, дар бораи мушкилоти туҷҷор ва сармоягузорони эронӣ дар кишвари шумо матолибе мунташир кардаанд, ки ба сурати табиӣ расидагӣ ба ин масоил таваҷҷӯҳи бештари ду тарафро талаб мекунад.

Давлат Назриев: Бале дар ҷараёни масоили матраҳшуда қарор дорем ва бояд бигӯем, ки мушкилоти ёдшуда тавассути ин расонаҳо, ба фаъолияти бархе аз ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон марбут мешавад, ки ба расидагӣ ниёз дорад. Вале набояд тафсири сиёсӣ аз ин мушкилот дошта бошем, зеро сирфан ба масоили иҷроӣ, тавлидӣ ва ҳуқуқии ширкатҳо ва тарафҳои марбутаи онон муртабит аст.

Ин мушкилот аз тариқи қонунӣ ва бо музокироти ду тараф ва дар чорчӯби тавофуқоти дуҷониба ва ба хусус кумисюни муштараки ду кишвар қобили баррасӣ ва ҳаллу фасл ҳастанд ва ҳамон гуна ки ишора кардам, иродаи сиёсии мақомоти олии Тоҷикистон ва Эрон, густариши равобити бародаронаро ҳадафи аслии худ эълом кардаанд.

Форс: Оқои Назриев, бархе аз коршиносон ва расонаҳои хориҷӣ бар ин боваранд, ки Тоҷикистон дар муносиботи худ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз мавозеи қудратҳои ҷаҳонӣ ва ба хусус Русия ва Амрико табаият мекунад. Назари шумо дар ин хусус чист?

Давлат Назриев: Ин иддао комилан бидуни мантиқ ва далел аст, зеро Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро ба таври комилан мустақил ва бо таваҷҷӯҳ ба манофеи миллии кишвар таъйин мекунад. Тоҷикистон дар чорчӯби стратежии сиёсати дарҳои боз, алоқаманд ба тавсиаи равобит ва ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳост ва ҳамон гуна ки мутазаккир шудам, мабноро ҳифзу таҳаққуқи манофеи миллӣ мешиносад.

Зимни ин ки дар ин навъ ҳамкориҳо, пойбандии Тоҷикистон ба тааҳҳудоти байналмилалӣ комилан лиҳоз шудааст. Бинобар ин, ҳеҷ далеле барои ин нигоҳе, ки гӯё рӯйкарди Тоҷикистон дар баробари Эрон тағйир кардааст, вуҷуд надорад ва Душанбе Теҳронро яке аз муҳимтарин шуракои худ медонад ва бо ин шинохт ва нигоҳ ба истиқболи мароҳили ҷадиде аз басту густариши равобит меравад.

Форс: Албатта бархе аз иттифоқоте, ки дар робита бо сафари гурӯҳҳои омӯзишӣ ва фарҳангии тоҷик ба Эрон ва бозгардондани ҷавонони тоҷик аз мадорис ва муассисаҳои омӯзиши динии Эрон дар чанд моҳи ахир сурат гирифт, мӯҷиби тақвияти ин нигоҳ дар миёни расонаҳо шудааст.

Давлат Назриев: Ҳамон гуна ки қаблан ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон эълом карда буданд ва ин мавзӯъ низ дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоб ёфт, таъхир дар анҷоми сафарҳои баъзе аз ин гурӯҳҳо ба Эрон, ба масоиле муртабит буд, ки онро метавон ба адами ҳамоҳангии лозим барои анҷоми ин навъ сафарҳои дастаҷамъӣ марубт донист. Мавриди ахир, ки ба сафари гурӯҳи бузурге аз устодони хатти Тоҷикистон ба Эрон марбут аст, ба эътирофи намояндагони Вазорати маорифи Тоҷикистон, ба далели адами ҳамоҳангӣ будааст.

Дар хусуси бозгардондани донишомӯзон аз мадориси Эрон, боисте гуфт, ки мо иқдом ба бозгардондани ононе кардем, ки ба таври ғайри расмӣ ва ғайри қонунӣ дар мадориси ношинохтаи Эрон машғули таҳсил буданд.

Ҳатто пеш аз ин низ, Эрон аз таҳсили бархе ҷавонони тоҷик дар чунин мадорисе ибрози нигаронӣ карда буд, ки ба ҳамин ҷиҳат, давлат тасмим ба бозгашти ин афрод аз Эрон гирифт.

Дар айни ҳол, ҷавононе, ки бар асоси тавофуқоти дуҷониба, мехоҳанд дар Эрон таҳсил кунанд, ҳеҷ мушкиле надоранд, ва зимнан, мо бо бо ниҳодҳои марбутаи Ҷумҳурии Исломӣ дар мавриди ҳамкориҳои омӯзишӣ ва мубодилаи донишҷӯ, тавофуқоти хубе дорем, ки ҳатман иҷроӣ шуда ва хоҳанд шуд.

Форс: Оқои Назриев, масъалаи дигаре, ки бо таваҷҷӯҳ ба нишастҳои сегонаи мақомоти Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон, аз тарафи расонаҳои хориҷӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст, баҳси эҳтимоли талоши Теҳрон барои эҷоди "Эрони Бузург” матраҳ мешавад, ки дар ин робита, ҳассосиятҳои қудратҳо ва бархе аз кишварҳои минтақа қобили пешбинӣ хоҳад буд.

Давлат Назриев: Нишастҳои сеҷонибаи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, ки аз муштаракоти бисёре дар хусуси масоили торихӣ ва фарҳангӣ бархӯрдор ҳастанд, қабл аз ҳар чиз ба дунболи ҳаллу фасли бархе аз мушкилоти мавҷуд дар арсаҳои мухталиф аст ва дар ҳамин хусус, мабоҳиси иқтисодӣ ва ба хусус эҳдоси ҷода ва роҳи оҳан, хутути интиқоли барқ, аз авлавиятҳои бештаре бархӯрдор будааст.

Ба эътиқоди мо, ҳамкориҳои сеҷониба дар арсаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, саноеъ, ҳамлу нақл, энержӣ, эҷоди зарфиятҳои ҷадиди зербиноӣ, беҳдошт, фарҳанг ва омӯзишу парвариш, натоиҷи матлубе ба бор хоҳад овард. Мо дар ҳақиқат машғули ислоҳи муносиботи иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ ҳастем, ки дар масири торих вуҷуд дошта ва ба нафъи ҳамаи тарафҳо низ будааст.

Бидуни тардид, бо эҷоди зербиноҳои ҷадиди ҳамлу нақл миёни се кишвар, назири ҷода ва пул, сатҳи равобити бозаргонии Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, ба таври чашмгире афзоиш хоҳад ёфт, ки бо эҳдоси пул бар рӯи рӯдхонаи Панҷи поён шоҳиди афзоиши чандбаробарии мубодилоти тиҷорӣ бо Афғонистон шудаем.

Дигар ин ки мавзӯи Афғонистон ва таъмини сулҳу сабот дар ин кишвар, ҳамвора яке аз меҳварҳои муҳимми музокироти сеҷонибаи сарон буда ва Тоҷикистон ва Эрон ба унвони ду кишвари ҳамреша, ҳамзабон ва ҳамсояи Афғонистон, хостори истиқрори сулҳу амният дар ин кишвар ҳастанд. Аз тарафи дигар, ҳамсояҳои Афғонистон беш аз гузашта шоҳиди бесуботӣ дар атрофи марзҳои ин кишвар ҳастанд, ки ба муъзали амниятии бисёр бузурге барои минтақа табдил шудааст.

Дар ҳамин хусус, Тоҷикистон пайваста аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозои кӯмак дар ҳаллу фасли бӯҳрони Афғонистон аз роҳи фароҳам кардани зарфиятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардуми ин кишвар карда, ки дар ин замина аз ҳимоятҳои ҳамешагии Эрон бархӯрдор будааст. Бидуни иттихози чунин равише дар амри мубориза бо чолишҳои мавҷуд дар Афғонистон ва ба вижа теруризм, ифротгаройӣ ва қочоқи маводди мухаддир, наметавон ба натоиҷи матлубе даст ёфт.

Таваҷҷӯҳ ва расидагӣ ба ин масоил, яке аз аҳдофи нишастҳои сеҷониба аст ва чунончи пружаҳое, ки дар назар гирифта шуда, вориди марҳилаи иҷроӣ шаванд, бахше аз мушкилоти Афғонистон, роҳи ҳалли мантиқии худро хоҳад ёфт. Ин мавзӯъ на танҳо барои ин се кишвар, балки барои кулли минтақа аз аҳамияти бисёр зиёде бархӯрдор аст. Ҳамкориҳои сеҷонибаи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, ба таври шаффоф ва бар мабнои усул пазируфташудаи байналмилалӣ ва ба хусус асли ҳуқуқи баробар ва эҳтироми мутақобили тарафҳо дунбол мешавад ва шойеоти марбут ба тарҳи эҷоди "Эрони Бузург” ва ё аҳдофи дигар ҳеҷ поя ва асосе надоранд.

Кимиёи саодат

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 779 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz