Панҷшанбе, 18.04.2024, 17:37
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 6 » Давлат Назриев: “Ҳадафи WikiLeaks ба чолиш кашондани равобит ва муносиботи кишварҳост”
Давлат Назриев: “Ҳадафи WikiLeaks ба чолиш кашондани равобит ва муносиботи кишварҳост”
00:35

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, интишори матолиби бепояву асоси WikiLeaks бо ҳадафи ба чолиш кашондани равобит ва муносиботи байни кишварҳо тарроҳӣ шудааст.

Давлат Назриев дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе, зимни эъломи ин матлаб хотирнишон кард, ки интишори матолибе дар бораи ин кишвар тавассути пойгоҳи интернетии WikiLeaks, бепояву асос ва дурӯғ аст.

Вай таъкид кард, ки он чи ин пойгоҳ дар мавриди иттифоқот ва ҳаводиси марбут ба Тоҷикистон мунташир кардааст, аз воқеият дур буда ва мунташиркунандагони он, аҳдофи хоссеро дунбол мекарданд.

Ба гуфтаи Назриев, кишварҳое, ки бо ҳар баҳонае дар иттилооти маҳрамонаи ин пойгоҳи хабарӣ зикр шудаанд, набояд аз якдигар биранҷанд ва дар пайи интиқомҷӯӣ бароянд.

Вай таъкид кард, ки тарроҳони аслии ин иттилоот қасди ба чолиш кашидани равобит ва муносиботи кишварҳоро дар сар мепарваронанд ва набояд муносиботи оддии кишварҳо таҳтушшуои матолиби кизби ин расона қарор гирад.

Давлат Назриев тасреҳ кард: "Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар интисоб ва ҷобаҷоии афрод аз мақомҳои давлатӣ, ба ҳирфаӣ будани онон ва низ бо таваҷҷӯҳ ба ҳифзи манофеи миллии кишвар диққат мекунад ва ниёзе ба тавсияи мусташорон ва маслиҳатҳои бегонагон надорад”.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо ишора ба таркиби аъзои ҳайъати давлати Тоҷикистон таъкид кард, ки имрӯз дар тими ҳамроҳи раиси ҷумҳур, афроде ҷамъ шудаанд, ки бо якдигар иттифоқи назар доранд ва дар ҷиҳати сиёсатҳои таъйиншуда аз сӯи раиси ҷумҳур фаъолият мекунанд ва ҳадафе ҷуз он надоранд.

Гуфтанист, дар бахше аз иттилооти мунташиршуда дар WikiLeaks, ёддоште дар мавриди дидори Ҳамрохон Зарифӣ, сафири вақти Тоҷикистон дар Вашингтон бо мақомоти баландпояи Вазорати умури хориҷаи Амрико мунташир шуда ва дар он тасреҳ шудааст, ки сафири Тоҷикистон дар пайи гуфтугӯи тӯлонӣ ваъда додааст, тавсияҳои мақомоти амрикоӣ дар мавриди ҷойгузини Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистонро амалӣ созад.

Ба навиштаи ин манбаъ, мақомоти амрикоӣ ваъда кардаанд, ки дар сурати ҳамкории Зарифӣ бо ин кишвар, Вашингтон барои ба қудрат расидани Зарифӣ дар Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

Ба навиштаи ин манбаъ, интисоби Зарифӣ ба мақоми вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ бо мусоидати Амрико сурат гирифтааст, ки бар асоси тавофуқоти дуҷониба, Зарифӣ пас аз интисоб ба ин вазифа, бояд равобити кишварҳои Тоҷикистон ва Русияро тира ва ғайри шаффоф кунад.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти амрикоӣ, Зарифиро мутақоид кардаанд, ки фақат дар сурати барканории Раҳмон аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ, ба Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард.

Ба навиштаи WikiLeaks, ин мақоми сиёсии тоҷики ҳаводори Амрико, ба пешниҳоди мақомоти амрикоӣ тан додааст ва аз онон хостааст, ки ин музокирот маҳрамона бимонад.

Дар бахши дигари ин иттилоот омадааст, ки сафири Амрико дар Душанбе соли 2005 дар иттилоияе навиштааст: "Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар муқобили рақибони худ бисёр бераҳм аст ва бархе аз мухолифонаш низ вақеан барои давлати ӯ хатарнок ҳастанд”.

Дар матолиби ин пойгоҳи интернетӣ бо ишора ба Ғаффор Мирзоев раиси собиқи ниҳоди мубориза бо қочоқи маводди мухаддири Тоҷикистон таъкид шудааст: "Ин фармондеҳи собиқи Ҷабҳаи халқии Тоҷикистон, ки дар соли 1992 барои ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон нақш доштааст, акнун таҳдиде барои қудрати давлат ба шумор меояд”.

Дар идомаи матлаб тасреҳ шудааст, ки Амрико бо таваҷҷӯҳ ба чунин вазъе, аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ки Мирзоевро аз мақомаш барканор кунад ва Раҳмон хеле зуд ин пешниҳоди мақомоти амрикоиро иҷро кард.

Аммо коршиносон интишори аснодро гоме барои айбдор сохтани шахсиятҳои сиёсӣ ва ҳамчунин мақомоти олирутбаи кишварҳо медонанд.

Ба гуфтаи ин коршиносон, интишори 251 ҳазору 288 санади маҳрамона як амали амдӣ ва тарҳи ниҳодҳои иттилоотии Амрико будааст, ки бо ҳадафи таҳти фишор қарор додани мақомоти масъул дар кишварҳои мухталиф сурат пазируфтааст.

Кимиёи саодат

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 476 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz