Панҷшанбе, 25.04.2024, 15:32
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Июл » 15 » Чаро уламои ваҳҳобӣ сукут ихтиёр кардаанд?
Чаро уламои ваҳҳобӣ сукут ихтиёр кардаанд?
16:03

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Худованди Мутаол ҳарами худро "ҳарами амн” хонда, дохилшавандагон дар он қаламравро эман мешуморад ва мефармояд: "Дар он (хона) нишонаҳои рӯшан ва ҳувайдост: мақоми Иброҳим (дар он аст), ва ҳар кӣ дар он хона дарояд, дар амон аст. Ва Худойрост бар мардумон зиёрати он хона; бар ҳар кӣ тавонад роҳе ба он ёбад...” (Оли Имрон/97).

Муфассирон дар робита бо ин ҷумла аз ояти номбурда, ки мефармояд: "ҳар кӣ дар он хона дарояд, дар амон аст”, мегӯянд: "Ин ҷумла иншоъ ба сурати хабар аст, яъне ҳар кӣ дар он дохил шавад, бояд дар амон бошад ва газанде ба ӯ нарасад”. Ба иборати содатар, таъмини амнияти дохилшавандагон дар қаламрави хонаи худро, як фарз бар ӯҳдаи касоне медонад, ки ӯҳдадори сарпарастии хонаи Худо бошанд. Дар тӯли таърихи ислом, ҳар кӣ вазифаи сарпарастии хонаи Худоро бар дӯш мегирифт, хештанро вазифадор дар таъмини амнияти ҳоҷиён медонист ва сарпечӣ аз ин воҷиби илоҳиро навъе сарпечӣ аз амри Худо мешумурд.

Бар асоси ин дастури сареҳи Худованди Мутаол, имрӯз, таъмини амнияти ҳоҷиён бар ӯҳдаи масъулони кишвари Арабистони Саудӣ ва ба хусус подшаҳи ин малакат ҷаноби Малик Абдуллоҳ аст, ки худро "Ходими Ҳарамайни Шарифайн”, яъне хидматгузори ду ҳарами шарифи Макка ва Мадина, медонад.

Ҳол, агар ин кишвар аз ӯҳдаи ин фарзи илоҳӣ барнаояд, бар уламои он кишвар, ки хештанро "мудофеони ҳарими тавҳид” ва "муборизон бо ширку мушрикон” қаламдод карда ва аз худ як ҳассосияти ба ғоят нодир дар баробари он чи пеши худ "бидъату ширк” меҳисобанд нишон медиҳанд, воҷиб аст масъулони кишвари худро ёдоварӣ ва дар сурати лозим бо онҳо бархӯрди шадид намоянд то ин кишвар дар анҷоми ин воҷиби илоҳӣ кӯтоҳӣ накунад.

Аммо, оё ин уламои дарбор коре дар ин замина мекунанд? Зоҳири ҳолашон нишон медиҳад, ки ин уламои ваҳҳобӣ на танҳо тазаккур намедиҳанд (то чӣ расад ба бархӯрд), балки баръакс, ҳар он чиро, ки масъулони ин малакат дар баробари ҳоҷиён ва зоирони Ҳарамайни Шарифайн анҷом медиҳанд, ҳатто агар коре бар хилофи шариат бошад, тавҷеҳ менамоянд.

Ахиран, як шаҳрванди эронӣ, ҳангоми адоми маросими умра, тавассути ҷосусони Созмони иттилооти Амрико (CIA) ва бо ҳамкории нерӯҳои амниятии Ходими Ҳарамайни Шарифайн рабуда ва аз қаламрави Арабистони Саудӣ ба Амрико бурда шуда ва муддати 14 моҳ дар он ҷо мавриди озору азияти СИА қарор гирифт. Ин шахс Шаҳроми Амирӣ ном дорад. Ҳол, бубинем ӯ худ роҷеъ ба чигунагии рабуда шуданаш чӣ мегӯяд (ба нақл аз пойгоҳи интернетии Алҷазира):

"Нерӯҳои созмонҳои ҷосусии Амрико ва Арабистон манро дар шаҳри Мадина аз муқобили меҳмонхонаам рабуда ва ба макони номаълуме дар кишвари Арабистон мунтақил карданд ва ба ман омпул (укол)-и беҳушӣ тазриқ ва бо як ҳавопаймои ҳарбӣ манро аз Арабистон ба хоки Амрико мунтақил карданд. Дар тайи ду моҳи аввале, ки дар Амрико будам, таҳти шадидтарин шиканҷаҳои руҳӣ ва фишорҳои равонӣ тавассути гурӯҳҳои бозҷӯии СИА қарор гирифтам”.

Вай ҳадафи аслӣ аз анҷоми ин иқдомотро бозии сиёсии ҷадиде унвон кард, ки амрикоиҳо мехостанд алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳ андозанд ва гуфт: "Аз ман мехостанд дар расонаҳои гурӯҳии Амрико эълом кунам, ки ман ба хости худ ба Амрико паноҳанда шудам ва як даста мадорики муҳиммеро ба ҳамроҳи як ноутбук, ки дарбардорандаи асрори маҳрамонаи барномаи ҳастаии Эрон аст, ба Амрико мунтақил кардаам, ва бо ин сенария мехостанд барномаҳои сиёсии худро амалӣ созанд ва соири кишварҳоро бо худ ҳамсӯ кунанд, ки ба хости Худо ман муқовимат кардам”.

Амирӣ бо баёни ин ки давлати Амрико қабл аз хуруҷи ман аз ин кишвар, дар бораи ҳузурам дар хоки Амрико изҳори назари расмӣ накард, аз давлати Амрико пурсид: "Чаро замоне, ки иддао мекардед бо шумо ҳамроҳӣ ва ҳамкорӣ мекунам, як бор ҳозир нашудед ҳузури ман дар Амрикоро таъйид кунед?”

Вай бо баёни ин ки афкори умумӣ дар ин замина қазоват хоҳад кард, гуфт: "Аз ҷумла фишорҳое, ки ба ман ворид мекарданд ин буд, ки мегуфтанд: агар бо мо ҳамкорӣ накунӣ, туро ба "Исроил” таҳвил медиҳем ва дар он ҷо зиндонҳои махфӣ вуҷуд дорад, ки ҳеҷ асаре аз ту боқӣ намемонад ва мо метавонем бо истифода аз ин мавқеият ҳар иддаоеро аз тарафи ту матраҳ кунем ва ҳеҷ кас шакк нахоҳад кард, чун ту вуҷуди хориҷӣ надорӣ, ки аз худ дифоъ кунӣ ва қазияро мункир шавӣ”.

Роқими сутур, дар ин навиштор, роҷеъ ба амалкарди ҷиноятомези амрикоиҳо феълан чизе намегӯям. Ин гуна амалҳо аз сӯйи он ҷиноятпешагон як кори маъмулӣ ва касеро ҳам ба ҳайрат вонамедорад. Ҳатто роҷеъ ба ҳамкории ноҷавонмардонаи нерӯҳои амниятии режими саудӣ дар рабудани ин ҳоҷӣ, ки дар паноҳи ҳарами амни илоҳӣ қарор дошт, чизе намегӯям. Зеро, кӣ ва чӣ будани ин режим ва ҳамдастиҳояш бо Амрико ва "Исроил” дар ҷиноятҳои ин ду кишвари ҷиноятпеша дар минтақа, барои касе махфӣ ва пӯшида нест.

Балки, суханам бо уламои ин кишвар аст. Шумо, ки некӯ медонед, таъмини амнияти ҳоҷиён бар ӯҳдаи дастандаркорони кишвари шумост, ва ин вазифа як фарзи илоҳӣ бар гардани онҳост, чаро дар баробари ин ҷиноят сукут мекунед ва чизе намегӯед? Магар аз Худо наметарсед? Ё ин ки ҳассосияти шумо фақат он ҷо буруз мекунад, ки як мусалмоне вақте бихоҳад ҳарами муқаддаси Расули Акрам (с)-ро зиёрат кунад, ӯро аз бӯсидани ҳарам манъаш кунед, ба ин баҳона, ки "амалест ҳаром”?

Агар як чунин ҳассосияте дар мавриди зиёрат, аз он ҷо барои шумо ҳосил ёбад, ки агар зоирро манъ накунед, дар пешгоҳи Худо мавриди бозхост қарор хоҳед гирифт, пас, магар сукут дар баробари сарпечӣ аз адои як фаризаи илоҳӣ, ки таъмини амнияти ҳоҷиён бошад, амале нест, ки ба хотири он ҳам дар пешгоҳи Худо пурсида хоҳед шуд?

Ё ин ки ҳассосияти шумо фақат он ҷоҳо буруз менамояд, ки масолеҳу манофеи мамлакати Арабистони Саудӣ дар он набошад?

Ба назар мерасад, ҷуз ин набошад. Таърих ҳам гувоҳ аст. Вақте Саддом бо Эрони исломӣ меҷангид, ӯро "қаҳрамон” ва "Саъд ибни Абӯваққос”-и замон мехондед ва ҷиноятҳои ҳизби Баъс дар баробари як кишвари исломиро "ҷиҳод” қаламдод мекардед, аммо дар ҷанги аввали халиҷ, он замон ки Саддом ба сарзамини Кувайт таҷовуз кард ва Амрико ба баҳонаи ҳимоят аз Кувайт, алайҳи давлати Ироқ ҷанг эълом намуд, ҳамин шумоён, ки чанде пеш ба Саддом Ҳусайн номи "Саъд ибни Абӯваққос” ва "Фотеҳи Қодисия”-ро дода будед, як дафъа назаратон иваз шуда ва ӯро "Абраҳа” (ки дар замони падарбузурги ҳазрати Паёмбар (с) ба Макка ҳуҷум кардааст) хондед.

Муфтии собиқи шумо ҷаноби Шайх Ибни Боз фатво содир кард, ки Саддом Ҳусайн душмани Худост,[1] кофир аст ва лаъни ӯ ҷоиз мебошад,[2] ҳатто кофиртар аз яҳуду насоро,[3] ҳамкорӣ бо Амрико алайҳи Ироқ ҷоиз аст,[4] ҷанг алайҳи Саддом "ҷиҳод дар роҳи Худост”,[5] ва аз ин қабил фатвоҳо, ки аз ҷониби ӯ ва дигарон аз уламои ваҳҳобӣ содир гардид.

Рози ин ки як дафъа "Саъд ибни Абӯваққос”-и замон ва "Фотеҳи Қодисия”, пеши шумо ба "Абраҳа” ва душмани Худо ва кофире, ки куфраш аз яҳуду насоро бадтар аст табдил мегардад чист?

Оё ҷуз ин ки сиёсатҳои Мамлакати Арабистони Саудӣ ва дар пушти ӯ Амрико, дар баробари сиёсатҳои ҳокими Ироқ тағйир ёфтанд? Оё ҷуз ин аст, ки ин дӯсти самимӣ, ба душмани сарсахт аз назари сиёсат табдил гардид?

Оре, дар ин гуна маворид, набояд мо ба думболи Қуръон ва ё суннат равем, ки ҷаноби Шайх Ибни Боз чӣ далеле бар куфру илҳоди Саддом доранд? Балки бояд далелро аз манбаи дигаре биҷӯем, ки ҷуз сиёсатҳои Арабистони Саудӣ ва Амрико чизи дигаре намебошад.

Боз, имрӯз, бо ин ки чунин фатвоҳое аз муфтиҳои шумо маъруф аст, бидуни ҳеҷ шарму ҳаёе, мегӯед: ин Эрон аст, ки Амрикоро ба Ироқ овардааст? Магар чунин нест, ки вақте Амрико хост ҳуҷум кунад, аз пойгоҳҳои ҳарбияш, ки дар кишварҳои халиҷ (мисли Баҳрайн, Кувайт, Аморот ва Қатар) қарор дорад, ҳуҷум намуд? Эрон, бо ин ки бо Саддом душман буд, аммо иҷоза надод Амрико ба ин кишвар ҳамла намояд. Оре, коре, ки Эрон баъдан анҷом дод ин буд, ки нагузошт Амрико бар Ироқ тасаллут ёбад, балки коре кард, ки дӯстонаш имрӯза ҳокими Ироқ гаштанд. Ба иборати дигар, коре кард, ки Амрико бо ду дастон худ Ироқро дар ихтиёри дӯстони Эрон қарор дод.

Оре, имрӯз, дигар вақти он аст, ки шумоён ба ҷои фитна ва тафриқаафканӣ ва мусалмононро ба куфру илҳод муттаҳам кардан, биёед ва ба дастандаркорони кишваратон, ақаллан носеҳона, бигӯед, ки амнияти ҳоҷиён ва зоирони хонаи Худоро таъмин кунанд, ки ин кор як фаризаи илоҳист. Нагузоред ҳангоми ҳаҷ ва ё умра, амрикоиҳо ва ё исроилиҳо, вориди хонаи Худо шуда ва ҳар касеро, ки бихоҳанд бирубоянд.

Кимиёи саодат


[1] http://www.binbaz.org.sa/mat/8382

[2] http://www.binbaz.org.sa/mat/259

[3] http://www.binbaz.org.sa/mat/256

[4] http://www.binbaz.org.sa/mat/256

[5] http://www.binbaz.org.sa/mat/257

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 730 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июл 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz