Душанбе, 26.10.2020, 10:58
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 8 » Чаро ошиқи Ҳусайнам?
Чаро ошиқи Ҳусайнам?
01:09

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ошиқу дилбохтаи Ҳусайнам. Аммо на бад-ин ҷиҳат, ки чун шайдои Паёмбараму Ҳусайн пораи тани он ҷаноб (с), ва ҳатто на бад-ин сабаб, ки чун мусалмонаму Ҳусайн яке аз пешвоёни ойини рӯшангари ислом, балки танҳо бад-ин хотир, ки чун инсон ҳастаму Ҳусайнро ойинаи тамомнумои як инсони комил меёбам. Заррае тардид надорам, ки ҳар инсоне, агар Ҳусайнро бишносад, бе шак шайдою дилбохтаи ин фарзона хоҳад шуд.

Оре, хеле баид аст инсоне дар ин кураи хокӣ ёфт шавад, ки Имом Ҳусайнро бишносаду ошиқу дилбохтаи ӯ нагардад. Хеле баид аст. Шояд мепурсед, чаро?

Розаш дар ин нуҳуфта, ки одамӣ, ҳар кӣ ҳаст, чи диндору чи бедин, чи мусалмону чи ғайри мусалмон, чи шиаву чи суннӣ, агар аз фитрати солиму беолойише бархӯрдор бошад; ҳамон фитрате, ки Худояш бад-он ӯро сириштааст, ошиқу дилдодаи арзишҳои волои инсонист; арзишҳое чун ростӣ, дурустӣ, садоқат, вафодорӣ, гузашт, адолат, зулмситезӣ, ҳақгӯӣ, барои ҳақ қиём кардан ва аз барои барпоии адолат дар ҷомеа аз ҳама чизи хеш гузаштан ва ғайра...

Оё касе ёфт мешавад, ки бигӯяд ман аз адолат хушам намеояд, ва ё бигӯяд, ман вафодориро намеписандам, ё бигӯяд, зулму ситам мавриди писанди ман аст?...

Ҳатто золиму ситамгар, дӯст надорад касе ӯро ситампеша хитоб кунад, ё ба хотири зулмҳояш мавриди накӯҳиши касе қарор бигирад. Арзишҳои волои инсонӣ то бад-он ҷо дар сиришти одамӣ реша доранд, ки сиёсатпешагони табаҳкору худхоҳе, ки нек медонанд фосиду табаҳкоранд, дӯст надоранд бо ҳамин хасоиси дунашон бар мардумон шинохта шаванд ва касе эшонро фосиду фоҷирашон бихонад. Ҳаргиз бар мардумон бармало намесозанд, ки мо табаҳкорему худхоҳ, балки ҷор мезананд, ки мо ҷуз хайрхоҳи мардумон нестем, гарчи яқин доранд дурӯғ мегӯянд.

Ва чун одамӣ ошиқи арзишҳову камолоти волои инсонист, табиатан ошиқу дилбохтаи касоне ҳам ҳаст, ки ин камолот дар вуҷудашон таҷассум ёфта. Агар касеро мебинед, ки ошиқи амсоли Суқроти Ҳакиму Гандии муборизу Чегевараи зулмситез аст, на бад-ин ҷиҳат аст, ки ошиқи чашму абрӯи инон бошад, балки иллаташ он аст, ки эшонро муҷассамаи зиндаи арзишҳои волои инсонӣ меёбад.

Ҳатто писарону духтарони ҷавонеро, ки мебинем муриду дилбохтаи бархе аз бозигарони саҳнаи синамо мешаванд, бад-ин хотир аст, ки дар пардаи синамо онҳоро касоне меёбанд, ки дорандаи арзишҳои волои инсонӣ ва кӯшо дар роҳи пиёда сохтани ин камолот ҳастанд. Аммо аз зиндагии шахсӣ ва сирати воқеии онҳо хабаре надоранд, ки агар огоҳ гарданд, чи басо аз бештарашон мутанаффир ҳам шаванд.

Мизони дилбохтагиву шайдоӣ ба инчунин афрод ҳам, ба мизони таҷассуми арзишҳои воло дар вуҷуди эшон аст. Масалан, агар касеро дидем, ки кораш танҳо ба қаламу забони худ расондани паёми ҳақ аст ва аз рӯдаррӯии амалӣ бо поймолкунандагони ҳақ сарфи назар мекунад, ва дар баробари вай, касеро ҳам бибинем, ки бо ҳақситезон на танҳо бо қаламу забон, балки амалан бо вуҷуди хеш ба пайкор бархостааст, қатъан, ба ин дуюмӣ бештар дил медиҳему ошиқаш мешавем. Зеро вай, илова бар доро будан аз арзиши огоҳиву бедорӣ, бархӯрдор аз як камол ва арзиши дигарест ба номи шуҷоат.

Имом Ҳусайн, аз касонест, ки дар таҷассуми камолоти инсонӣ дар вуҷудашон, камназир, балки беназиранд. Барои беҳтар огоҳ гардидан аз шахсияти волои ин пешвои беназир ва иллати қиёми ӯ алайҳи зулму ситам, лозим аст бидонем рӯзгори ӯ, чӣ рӯзгоре буд?

Рӯзгори Ҳусайн, рӯзгорест, ки зулму ситаму беадолативу бедодгарии дастгоҳи ҳукумат дар ҷомеаи навбунёди исломӣ, ба авҷи худ расида буд. Абулқосими Шофеӣ машҳур ба Ибни Асокир, рисолае дорад таҳти унвони Райҳонату Расулилллоҳ Ал-имомул Ҳусайн. Дар ҷое аз ин рисола, ба шарҳу тавзеҳи вазъи дастгоҳи ҳукумати он рӯзгор ба вижа ҳокими "исломӣ” Язид ибни Муовия мепардозад ва аз ҷумла мегӯяд, Язид кораш ба ҷое расида буд, ки баъд аз фоҷеаи Карбало вақте сари мубораки Имом Ҳусайн пеши ӯ оварда шуд, чунин шеъре суруд:

Лаибат Ҳошиму бил мулки, фа ло

Хабарун ҷоа ва ло ваҳйун назал.

Яъне "Бани Ҳошим бо ҳукумат бозӣ карданд. На хабаре омадааст ва на ваҳйе нозил шудааст». Ин ҳам вазъи ҳокими "исломӣ”.

Аз он сӯ, нухбагони ҷомеа низ, ки интизор мерафт дар баробари ситам биистанд, ҳама лаб фурӯ баста, сукут ихтиёр карда буданд. Осоиштахоҳиву ғарқ дар дунёи фонӣ ва гузаро шудану тарс аз ҷону мол, ононро ба ҷое расонда буд, ки касе аз эшон ҷуръат намекард ба Язиди хуношом бигӯяд, дигар кофист, дигар бас аст, даст бардор...

Дар як чунин вазъе буд, ки Имом Ҳусайн тасмим гирифт коре бикунад, ки ҳам дастгоҳи ҳукумат ба ҷояш биншинад ва ҳам мардум аз хоби ғафлат бархезанд ва ба худ оянд. Тасмим гирифт алайҳи ҳукумати худкомаи Язиду язидиён қиём кунад. Ӯ медонист теъдоди кофӣ барои бархӯрд бо сипоҳи то ба дандон мусаллаҳи Язид надорад ва кушта хоҳад шуд, аммо тарҷеҳ дод қиём кунад ва хуни ӯ боиси бедории уммат ва тазалзули арши қудрат шавад.

Вай дар мавриди иллати қиёми худ аз ҷумла мегӯяд: Эй мардум! Расули Худо (с) фармуд: Ҳар кас султони ситамгареро, ки ҳаромҳои илоҳиро ҳалол ва паймони Худовандро мешиканад ва бо суннати ман мухолифат мекунад ва ситам бар бандагони Худо раво медорад таъйид кунад ва ба инкори ӯ барнахезад, ҳақ аст бар Худо, ки ӯро вориди оташи ҷаҳаннам кунад. Инон (Язиду язидиён) мутеи фармони шайтон шуданд, аз итоати Худо сарпечӣ намуданд ва фасод карданд, ҳудуди илоҳиро иҷро накарданд, байтулмолро махсуси худ сохтанд, ҳароми Худоро ҳалол ва ҳалоли Худоро ҳаром карданд. Ман (Ҳусайн ибни Алӣ) сазовортарини мардум ҳастам ба наҳй кардан ва боздоштани онҳо аз ин гуна аъмоли нописанду накӯҳида...

Ҳамчунин дар посухи бародараш Муҳаммади Ҳанафия, ки хост Ҳусайнро аз рӯдаррӯӣ бо ситампешае чун Язид мунсариф кунад, фармуд: Қиёми ман бар Язид, барои эҷоди фитнаву фасод ё барои саргармӣ ва худнамоӣ нест, балки хуруҷи ман барои ислоҳи уммати ҷаддам Расули Худо (с) аст. Ман ирода кардаам, ки амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар намуда ва аз сираи ҷаддам (Расули Акрам) ва падарам Алӣ ибни Абӯтолиб пайравӣ кунам...

Бо як чунин ҳадафе инсонӣ, ин ошиқи роҳи ҳаққу шефтаи доду адолат, ҳамроҳи ёроне андак, аммо бовафо ва азхудгузаштааш, бар зидди зулму ситам бапо хост. Дар вафодорӣ ба ҳадаф ва ҷоннисорӣ дар роҳи ҳаққу ҳақиқат, Ҳусайн то бад-он ҷо буд, ки ҳатто занону фарзандону хешовандони наздики худро низ ба сӯи майдони ҷонбозӣ ба ҳамроҳ бурд, то бар одамиён ин ҳақиқат бармало созад, ки агар ҳақиқат дар хатар аст, сазовор аст инсон барои дифоъ аз он, аз ҳеҷ чизе нагзарад, ҳатто аз занону фарзандонаш.

Аз зеботарин арзишҳо ва хислатҳое, ки дар рӯзи Ошуро таҷаллӣ намуд, иззату озодманешии Ҳусайн буд. Язиду язидиён мехостанд зиллати байъат бо хешро бар Ҳусайни озода таҳмил кунанд. Аммо руҳи баланди Ҳусайн, ин зиллату фурӯмоягиро таҳаммул нанамуд ва фарёд баровард: Ҳеҷ гоҳ ҳамонанди инсонҳои пасту залил, дасти байъату тоат бо шумо нахоҳам дод.

Ӯ дар яке аз суханонаш дар Карбало фармуд: Язид ибни Муовия маро миёни кушта шудан ва зиллат, соҳибихтиёр намуд, вале ман ҳаргиз ҷониби зиллату хориро барнамегузинам... Инро Худо, Расул, домони поки итрат ва нуфуси боиззат намепазиранд. Ман ҳаргиз итоат аз ситамгаронро бар шаҳодати иззатбахш тарҷеҳ нахоҳам дод. Ба Худо қасам, он чиро аз ман мехоҳанд (яъне зиллату хориро), нахоҳам пазируфт то ин ки Худоро оғушта ба хуни хеш дидор намоям.

Оре, ин танҳо Имом Ҳусайн аст, ки барои одамиён меомӯзад, агар дастёбӣ ба иззат, роҳе ҷуз маргу кушта шудан надошта бошад, бояд ин роҳро паймуд то ба соҳили шарофату иззату сарбаландӣ бирасанд. Ӯ мегӯяд: Ман аз марг боке надорам. Марг роҳаттарин роҳ барои расидан ба иззат аст. Марги боиззат, ҳаёти абадист, ва зиндагии зиллатбор, марги воқеист. Оё маро аз марг метарсонед? Чӣ хаёли ботил! Ҳаргиз аз тарси марг, зулму зиллатро таҳаммул намекунам. Дуруд бар марг дар роҳи Худо! Шумо бо куштани ман, наметавонед шукӯҳу иззату шарофати маро аз байн бибаред. Ҳеҷ ҳаросе аз мурдан надорам.

Бо ин ҳама, оё метавон ошиқу дилбохтаи Ҳусайн нашуд?

Кимиёи саодат

Бахш: Машоҳири исломӣ | Просмотров: 894 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz