Ҷумъа, 29.03.2024, 01:13
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Январ » 15 » Ғазолӣ ва масъалаи такфир аз дидгоҳи шариат
Ғазолӣ ва масъалаи такфир аз дидгоҳи шариат
01:05

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Пешдаромад

Аз назари шариат, ба чӣ касе мусалмон мегӯянд ва ва ба чӣ касе кофар? Дар ин навиштор, мехоҳам каме ба тафсил перомуни ин масъала баҳс ба амал оварам, чун хеле муҳим аст.

Имрӯз, Худоро шукр, бештари мардуми мо рӯ ба дин овардаанд, аксари мардум диндоранд; ба ин маъно, ки хештанро пойбанд ба анҷоми вазоифи шаръӣ кардаанд. Пештар чунин набуд.

Пештар, гар чи ҳама мусалмон ҳисобида мешуданд, ҳатто касоне ҳам, ки узви ҳизби коммунист буданд, ҳаргиз намегуфтанд мо мусалмон нестем, аммо бо ин ҳол, касоне ки пойбанд ба анҷоми вазоифи шаръӣ бошанд, яъне намоз хонанд, рӯза гиранд, закоти молашонро бипардозанд ва аз ин қабил корҳои шаръиро анҷом бидиҳанд, хеле андак буданд. Аммо имрӯза чунин нест, мебинем бештари мардум пойбанд ба анҷоми вазоиф ва таколифи шаръияшон ҳастанд. Ин ҷои шукр дорад.

Бо вуҷуди ин, дар ин миён, як "аммо”-е ҳаст. Диндор будан ва пойбанд ба анҷоми таколифи шаръӣ будан, хеле хуб аст. Ин ҳолат, ҳам мавриди ризои офаридгор аст, ва ҳам аз назари иҷтимоӣ хеле некӯст. Билохира, одами диндор ва одами худотарс, аз касе ки парвои Худоро надорад беҳтар аст. Даст ба корҳои нораво намезанад, дуздӣ намекунад, ба номуси мардум таҷовуз намекунад... Ин худ як амнияти равонии матлуберо дар ҷомеа падид меоварад. Ин хеле хуб аст.

Пас, чаро гуфтем, ин ҷо як "аммо”-е дорем? "Аммо”-и мо, дар ноҳияи "чӣ гуна диндор будан”-и шахс аст. Диндор ва инсони пойбанд ба анҷоми вазоифи шаръӣ, диндорияш метавонад бар як огоҳӣ ва басират устувор бошад, ва ҳам метавонад бо як ҷаҳолат ва нодонӣ ҳамроҳ бошад.

Ҳоло, ин "аммо”-е, ки арз шуд аз падидаи диндор шудани ҷомеа дорем, ба ин ҷиҳат аст, ки агар "диндорӣ”-и мардум, бар асоси як биниш ва огоҳӣ аз маорифи исломӣ ва аҳкоми шариат устувор набошад, чи басо чунин диндорие, бар зарари ҷомеа поён ёбад, ва аслан чунин диндорие, мавриди қабули ислом ҳам нест.

Масалан, агар як мусалмоне, ки бар асоси додаҳои мазҳабияш мӯътақид бошад, ки тибқи зоҳири оятҳои қуръонӣ ва ё ривоятҳои саҳеҳа, Худо дар Арш қарор дорад ва ё Худо дорои дасту пост, агар як чунин мусалмоне, ба таври дақиқ огоҳ набошад, ки ҳукми шариат роҷеъ ба мусалмони дигаре, ки дар ин масъала бо ӯ ихтилоф дорад чист, (масалан ин дигарӣ мӯътақид бошад, ки дасти Худо, ки дар Қуръон ворид шудааст, киноя аз қудрати Худост), дар ин сурат, чи басо ба маҳзи ҳамин ихтилофи назар, ӯро кофар дониста ва ҳозир ба қатлу куштори ӯ шавад. Ва ин, хеле хатарнок аст.

Албатта фарқе ҳам надорад, ки мазҳаби ӯ кадом мазҳаб аст ва мазҳаби тарафи муқобил кадом мазҳаб. Як нафар мусалмони ноогоҳ, метавонад салафӣ бошад, метавонад ҳанафӣ бошад, метавонад ҳанбалӣ бошад, метавонад шиа бошад... Чунин нест, ки ҷаҳолат ва нодонӣ, махсуси як мазҳаби хос аз мазоҳиби исломии мавҷуд бошад, ки агар масалан салафӣ буд, пас ӯ ҳатман нодон аст, вале агар ҳанафӣ буд, ҳатман ӯ огоҳ аст. Чунин нест. Ҷаҳолат ва нодонӣ, мазҳаби хоссе надорад.

Ҳоло, бе муносибат нест дар ин ҷо ба ин нукта ҳам ишора бикунам, ки давлати мо, ки соли 2009-ро ба соли Имоми Аъзам (р) номгузорӣ намуда ва талош дорад мардумамон, ки ағлаб ҳанафимазҳабанд, мусалмонияшон бар асоси ҳамин мазҳаб устувор бошад, ин кор ба як ҷиҳат хуб аст, чун тафарруқ дар мазоҳиб, агар ҳамроҳ бо огоҳӣ набошад, мушкилоти гуногунеро дар ҷомеа падид меоварад ва ваҳдати ҷомеаро ба хатар мекашонад.

Аммо агар ин талош, Худой нокарда, худаш сабаби як мушкили дигар шавад, ки хатараш аз хатари аввалӣ бештар аст, дар ин сурат, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Ва он дар суратест, ки дар ҷомеа чунин талқин гардад, ки фақат мо ҳаққем, фақат мо мусалмонем ва бақия ҳама кофаранд. Ба иборати дигар, ҷомеаи мо, ба як ҷомеаи мутаассиб ба як мазҳаб, ки мазҳаби ҳанафист мубаддал гардад.

Он чи матлуб аст, ин аст, ки мардуми мусалмони мо, дар айни ин ки ағлаб ҳанафимазҳаб ҳастанд ва ба мазҳаби худ ифтихор ҳам мекунанд, вале ҳанафимазҳабҳои огоҳ ва бобасират бошанд, на мутаассибу ҷоҳилу нодон. Ҳама бояд бидонанд, ки дар ҷаҳони паҳновари исломӣ, ҳама ҳанафимазҳаб нестанд. Бархе шофеӣ ҳастанд, бархе ҳанбалӣ, бархе моликӣ, бархе ҷаъфарӣ, бархе исмоилӣ, бархе ҳам салафӣ ва ғайра... Инҳо ҳама мусалмонанд, кофар нестанд.

Яке аз беҳтарин роҳҳои пешгирӣ аз бурузи марази такфир, ин аст, ки бояд уламои огоҳ, ба табйину тавзеҳи дидгоҳи шариат роҷеъ ба ин масъала бипардозанд. Барои мардум ва ба вижа ҷавонон, бояд бифаҳмонанд, ки намешавад мусалмонеро фақат ба ин ҷиҳат, ки дар порае аз масоил бо мо ихтилоф доранд, кофарашон хонем.

Албатта, бар уламост, ки бар ҳар он чи мегӯянд, далел биёваранд, бе далел сухан нагӯянд. Агар мо мегӯйем, ки набояд бе ҷиҳат касеро кофар хонд, ба ин хотир нест, ки диламон мехоҳад, ҳавоямон мехоҳад, балки ин худи шариат аст, ки моро аз такфири мусалмонони дигар бозмедорад.

Дар ин миён, мо уламои огоҳ ва бобасирати фаровоне доштем, ки ин масъаларо некӯ тавзеҳ додаанд. Аз миёни ҳамаи онҳо, Абӯҳомиди Ғазолӣ хеле хуб ва олимона масъаларо баён кардааст.

Иллати тасмими Ғазолӣ бар нигориши рисолаи "Файсалут тафриқа” 

Марҳуми Ғазолӣ, ин олим ва донишманди вораста, ки дар ҳақиқат яке аз эҳёгарони тафаккури исломӣ аст, китобе дорад ба номи "Эҳёи улуми динӣ”. Ин китоб воқеан як шоҳкор аст, ки метавон гуфт, шояд назире барои худ надошта бошад.

Ғазолӣ, баъд аз он ки ин китобро нигошт ва китоб ҳам мавриди мутолеаи мусалмонон қарор гирифт, боинсофон онро сутуданд ва аммо беинсофҳо бар Ғазолӣ тохтанд, ки чаро чунину чунон гуфтаӣ? Масалан, ашоира ба ӯ гуфтанд, ту ки худ ашъаримазҳабӣ, пас чаро гоҳ-гоҳе ин мазҳабро мавриди интиқод қарор додаӣ? Ва ё фуқаҳо бар ӯ тохтанд, ки чаро аз эътибори фиқҳ костӣ? Мутакаллимин, яъне касоне ки ба илми калом, ки ҳамон дониши ақоиди исломист машғул буданд, низ бар алайҳи Ғазолӣ бапо хестанд, ки чаро дар бораи ин илм чунину чунон гуфтӣ ва ғайра. Ҳатто кори баъзе ба ҷое расида буд, ки Ғазолиро кофар хонданд, ба ин пиндор, ки ӯ назаре иброз дошта бар хилофи назари мазҳаби ҳоким дар он замон.

Хулоса, Ғазолӣ аз газанди мутаассибҳо дар амон набуд. Он гоҳ, бархе аз муридонаш омаданд пеши Ғазолӣ ва гуфтанд, устод! Дар баробари ин ҳама суханони нораво, ки нисбат ба шумо мезананд, ҳатто кори баъзе ба ҷое расида, ки шуморо ба куфру зандақа нисбат медиҳанд, чӣ кор кунем?

Ин ҷо буд, ки марҳуми Ғазолӣ тасмим гирифт як рисолае ба риштаи таҳрир дароварад дар баёни ҳадди куфру ислом ва ин ки аз назари шариати ислом, чӣ касе мусалмон ҳисобида мешавад ва чӣ касе кофар, ва оё метавон мусалмонеро фақат ба ин хотир, ки дар порае аз масоили эътиқодӣ бо мо ихтилоф дорад кофараш донем?

Ин рисола, ки "Файсалут тафриқа байнал исломи ваз зандақа” ном дорад, бо ин ки ҳаҷми калоне надорад ва чанд сафҳа беш нест, аммо рисолае аст ба ғоят олӣ ва аз назари илмӣ, дорандаи арзиши воло.

Муқаддимаи рисола

Ғазолӣ, баъд аз бисмиллоҳ ва ҳамди Худо ва сано бар Расули акрам (с), хонадони покаш ва саҳобагони гиром, дар пешгуфтори ин рисола мегӯяд:

"Эй бародари дилсӯз ва эй дӯст, ки (барои ман) таассуб ба харҷ медиҳӣ, дидам кинаи хеш (бар зидди касоне ки бар ман тӯҳмат мезананд) барангехтаӣ ва фикрат парешон мебошад аз таъна ва айбҷӯйии гурӯҳе аз ҳасадварзон, ки (таъна ва айб меҷӯянд) бар баъзе китобҳои мо, ки дар мавриди асрори муомилоти дин навиштаем, ва (низ) аз ин пиндорашон (фикрат парешон аст), ки (мегӯянд) дар ин китоб дидгоҳҳое иброз гардидааст, ки мухолифи (дидгоҳи) мазҳаби пешиниён ва бузургони мутакаллимин[1] мебошад, ва (мегӯянд) канорагирӣ аз мазҳаби ашъарӣ, ҳарчанд ба андозаи як ангушт, куфр аст, ва ҷудо шудан он, ҳарчанд дар як чизи андак, гумроҳӣ ва зиёнкорӣ аст.

Бар худ осон бигир, эй бародари дилсӯз ва таассубкунанда бар он чи онон мегӯянд, эшонро некӯ раҳо соз.

Касеро хору ҳақир бишумор, ки (аслан) мавриди ҳасаду тӯҳмат қарор намегирад, ва касеро кучаку хурд бишумор, ки (аслан) ба куфру гумроҳӣ маъруф нест.

Кадом даъваткунандае комилтару оқилтар аз сарвари паёмбарон (ҳазрати Муҳаммад (с)) мебошад, ва ҳол он ки (дар бораи он ҷаноб (с)) гуфтанд, ки ӯ девонае аз девонагон аст?[2]

Кадом сухане бузургтар ва росттар аз сухани парвардигори ҷаҳониён аст, ва ҳол он ки дар бораи он гуфтанд, ки афсонаҳои пешиниён аст?[3]

Мабодо хештанро бо душманӣ бо эшон машғул созӣ ва тамаъ дар фикри шикаст доданашон варзӣ, ки тамаъ дар ғайри ҷояш варзидаӣ, ва овоз дар ғайри маконаш сар додаӣ. Оё нашнидаӣ, ки гуфтаанд:

(Дар мавриди) ҳар душмание, умед карда мешавад, ки беҳбуд гардад

Ҷуз душмании касе ки аз рӯи ҳасад бо ту душманӣ варзида

Агар дар чунин мавриде, ҷои тамае барои касе аз мардум буд, ҳаргиз бар бузургтарини мардумон аз назари мартаба (ки ҳазрати Муҳаммад (с) аст), оятҳои ноумедӣ тиловат намешуд, он ҷо ки (оят) мегӯяд: "Ва агар рӯйгардонии онон (мушрикон) ба ту гарону душвор меояд, агар тавонӣ сурохе (барои фурӯ шудан) дар замин ё нардбоне (барои фаро шудан) дар осмон биҷӯй, то нишонае барояшон биёварӣ, (ки албатта натавонӣ кард). Агар Худо мехост, ононро бар роҳи рост гирд меовард. Пас, аз нодонҳо мабош”.[4]

Ва (низ) ин оят (тиловат намешуд), ки "Ва агар даре аз осмон бар онон бигушойем то пайваста дар он боло раванд (ва қудрату мӯъҷизоти моро бингаранд), ҳар ойина мегӯянд: чашмони моро пӯшише барниҳодаанд (ва моро чашмбандӣ кардаанд), балки мо гурӯҳе ҷодузадаем”.[5]

Ва (ҳам) ин оят (нозил намешуд), ки "Ва агар китобе навишта дар коғазе бар ту фурӯ фиристем ва онро бо дастҳои хеш ламс кунанд, касоне ки кофар шуданд, ҳар ойина мегӯянд: ин нест магар ҷодуе ошкор”.[6]

Ва (низ) ин оят (фурӯ фиристода намешуд), ки "Ва агар мо фариштагонро ба сӯйи эшон мефиристодем ва мурдагон бо онон ба сухан меомаданд ва ҳар чизеро рӯбарӯяшон фароҳам меоваредм, боз ҳам имон намеоварданд магар онон ки Худо хоҳад, ва лекин бештарашон нодонӣ мекунанд”.[7]

Бидон, ки андеша ва имон ва ҳадди ин ду,[8] ҳақ ва гумроҳӣ ва рози ин ду, бар дилҳое, ки ба талаби молу манол ва алоқа ба мақому мансаб олуда аст ошкор намешавад, балки бар дилҳое зоҳир мегардад, ки аввалан аз чиркинии чарбҳои дунё пок шудаанд. Сониян, бо риёзати комил ҷило ёфтаанд. Солисан, бо зикри беолоиш нуронӣ гардидаанд. Робеан, бо андешаи дуруст тағзия шудаанд. Хомисан, бо мулозимат (ва риояти) ҳудуди шариат ороста гардидаанд, то он ҷо, ки бар он дилҳо нуру рӯшанӣ аз мишкоти (чароғдони) паёмбарӣ интишор ёфта ва чунон гардидааст, ки гӯӣ ойинае аст ҷило додашуда. Ва чароғи имон дар шишаи (чароғдони) қалбаш чунон рӯшанӣ медиҳад, ки наздик аст равғанаш ҳам (аз дурахшандагӣ) рӯшанӣ диҳад, гар чи оташе ба он нарасад.

Аз қуҷо асрори малакут барои мардуме ошкор шавад, ки худояшон ҳавову ҳавасҳошон, маъбудашон подшоҳанашон, қиблаашон дирҳаму динорҳошон, шариаташон аҳмақиашон, иродаашон ҷоҳу шаҳватошон, ибодаташон пешхидматӣ барои сарватмандошон, зикрашон васвасаҳошон, ганҷашон сиёсатпешагонашон ва андешаашон ёфтани ҳилаву найранг барои он чи обрӯяшон иқтизо мекунад аст?

Пас, як чунин афроде, аз куҷо барояшон торикии куфр аз рӯшании имон ҷудо мешавад? Оё бо илҳоме илоҳӣ? Ҳол он ки дилҳояшонро аз чиркиниҳои дунё барои пазириши он фориғ насохтаанд. Ва ё бо камоле илмӣ? Ҳол он ки бизоаташон дар илму дониш, фақат донистани масъалаи наҷосату оби заъфарону амсоли инҳост.

Ҳайҳот! Ҳайҳот! Ин матлаб нафистару волотар аз он аст, ки бо ин орзую рифқу мудоро ба даст ояд.

Пас, ту ба худат машғул шав ва боқимондаи умратро дар бораи онҳо беҳуда талаф макун: "Пас рӯй бигардон аз ҳар он ки аз зикри мо рӯй мегардонад ва ҷуз зиндагии ин ҷаҳонро намехоҳад. Ин аст мунтаҳои дастёбии онҳо ба дониш. Ҳамоно парвардигори ту донотар аст ба он касе ки аз роҳи ӯ гумроҳ шуда ва ҳам ӯ донотан аст ба он ки роҳ ёфтааст”.[9] - [10]

Ин, як пешгуфтор ва даромаде буд аз марҳуми Ғазолӣ бар рисолаи хеш, ки фикр мекунам ниёз ба шарҳ надорад.

Ғазолӣ ва масъалаи такфир аз дидгоҳи шариат (2)

Ғазолӣ ва масъалаи такфир аз дидгоҳи шариат (3)

Ғазолӣ ва масъалаи такфир аз дидгоҳи шариат (4)

Ғазолӣ ва масъалаи такфир аз дидгоҳи шариат (5)

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 962 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz