Якшанбе, 19.01.2020, 19:37
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Август » 24 » Асрори рӯза дар китоби Эҳёи Имом Абӯҳомиди Ғазолӣ (р) - 1
Асрори рӯза дар китоби Эҳёи Имом Абӯҳомиди Ғазолӣ (р) - 1
15:37

Ба номи Худованди бахшоянда ва меҳрубон

Сипос Худовандро, ки бо дафъи макру фиреби шайтон аз бандагонаш, миннати худро бар онон бузург дошта ва шайтонро дар орзуяш ноумед ва дар гумони худ зиёнкор гардонида, чун рӯзаро барои дӯстонаш сипаре устувор қарор дода ва дарҳои биҳиштро ба рӯи онон гушуда ва онҳоро огоҳ фармуда, ки шайтон ба василаи шаҳавоти нуҳуфта дар дилҳои онон роҳ меёбад ва бо саркӯби ин шаҳавот нафси мутмаинна нерӯманд ва дар шикасти душмани худ пирӯз мешавад.

Ва салому дуруди фаровон бод бар сарвари паёмбарон Муҳаммад (с), ки раҳнамои ҳақ ва бунёнгузори суннат аст ва бар хонадон ва ёрони ӯ!

Аммо баъд, бояд донист, ки рӯза чаҳоряки имон аст, ва ин ба муқтазои қавли паёмбари акрам (с) аст, ки фармуда: "Рӯза нисфи сабр аст” ва "Сабр нисфи имон мебошад”, ва дигар ин ки рӯза аз миёни соири аъмолу аркон дорои имтиёз ва вижагиест, ки ба Худованд интисоб дорад, чаро ки паёбар (с) аз сӯйи ӯ баён кардааст: "Ҳар кори неке даҳ то ҳафтсад баробар савоб дорад ҷуз рӯза, ки он барои ман аст ва подоши онро ман медиҳам”.

Худованди Мутаол фармудааст: "Ҳамоно ба сабркунандагон муздашонро тамому бешумор хоҳанд дод”, ва чун рӯза нисфи сабр аст, подоши он аз андозаву ҳисоб берун аст. Дар фазилати он кофист, ки паёмбар (с) фармудааст: "Савганд ба Он ки ҷонам дар дасти ӯст, бӯи даҳони рӯзадор дар назди парвардигор аз бӯи мишк хушбӯтар аст. Худованд мефармояд: ӯ шаҳвату хӯрданиву ошомиданиро ба хотири ман тарк карда, пас рӯза барои ман аст ва ман подоши онро медиҳам”.

Ҳамчунин паёмбар (с) фармудааст: "Биҳиштро дарест, ки ба он Раййон гуфта мешавад, аз он дар ҷуз рӯзадорон ворид намешаванд”.

Ба рӯзадор ваъдаи лиқои парвардигор дода шуда ва ин подоши рӯзаи ӯст. Паёмбар (с) фармудааст: "Рӯзадор ду хушҳолӣ дорад: яке замони ифтор, ва дигаре ба ҳангоми лиқои парвардигор”.

Ва низ фармудааст: "Барои ҳар чизе дарест ва дари ибодат рӯза аст”, ва фармудааст: "Хоби рӯзадор ибодат аст”...

Ҳар ойина рӯза барои Худост ва шарофат дорад, чун ба ӯ мансуб аст, ҳар чанд тамомии ибодатҳо барои ӯст ва хонаи Каъба шариф аст, чун ба ӯ интисоб дорад, ва саросари замин аз они ӯст, аммо нисбати рӯза ба ӯ барои ду мақсуд аст:

Аввал ин ки рӯза муштамил бар боздоштани нафс ва тарки хостаҳост, ва ин амрест пӯшида ва пинҳон, ва амале нест, ки мушоҳада шавад дар ҳоле ки ҳамаи ибодоту тоот қобили ишора мебошанд ва метавонанд дар маърази диди мардум қарор гиранд, ва рӯза тоатест, ки ҷуз Худованд бад-он огоҳ нест, чаро ки ӯ амале ботинӣ ва сабри ноб аст;

Дуюм он ки рӯза душмани Худоро мақҳур мекунад, зеро шаҳавот василаи шайтонанд, ва хӯрдану ошомидан шаҳавотро тақвияту нерӯманд мекунад, аз ин рӯ паёмбар (с) фармудааст: "Шайтон монанди хун дар даруни фарзанди Одам ҷараён дорад, пас гузаргоҳҳои ӯро бо гуруснагӣ танг кунед”.

Бинобар ин, чун рӯза ба хусус мӯҷиби саркӯбии шайтон ва баста шудани рахнаҳо ва танг кардани гузаргоҳҳои ӯст, шоистагии ин ихтисосро ёфтааст, ки ба Худованд интисоб дошта бошад, чаро ки саркӯбии душмани Худо ба манзилаи ёрии Худованд аст, ва Худо замоне бандаро ёрӣ мекунад, ки банда Худоро ёрӣ диҳад, чунон ки фармудааст: "Агар Худоро ёрӣ кунед, ёриятон мекунад ва гомҳои шуморо устувор месозад”, пас банда бояд талоши худро оғоз кунад то Худованд бо ҳидояти худ ӯро пирӯз фармояд. Ба ҳамин муносибат фармудааст: "Ва касоне ки дар (роҳи) мо кӯшиш кунанд, ҳар ойина ҳидояташон хоҳем кард”.

"Ҳамоно Худованд он чиро ки қавме доранд (аз неъматҳо) дигаргун накунад то он гоҳ ки он чиро дар худашон аст дигаргун кунанд”, ва тағйиру дигаргунӣ дар нафс, аз тариқи саркӯб кардани шаҳавот аст, ва шаҳватҳо чарогоҳи шаётин ва марғзори онҳост ва то ин чарогоҳҳо сарсабзу пургиёҳ аст, омду рафту онҳо барқарор хоҳад буд, ва модом ки шаётин тараддуд доранд, ҷалоли кибриёӣ бар банда таҷаллӣ нахоҳад кард ва ӯ пайваста аз лиқои парвардигор маҳҷуб хоҳад буд. Паёмбари Худо (с) фармудааст: "Агар на ин буд, ки шаётин пайваста бар гирди дилҳои одамиён мегарданд, онон малакути осмонҳоро медиданд”.

Аз ин рӯ, рӯза дарвозаи ибодот ва дар ҷанг бо шаётин ба манзилаи сипар аст ва чун фазилаташ то он ҳад аст, ки зикр шуд, ногузир бояд шароит, аркон, одоб ва суннатҳои зоҳирӣ ва ботинии он баён шавад, ва мо онҳоро дар се фасл зикр мекунем:

Асрори рӯза дар китоби Эҳёи Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ (р) - 2

Асрори рӯза дар китоби Эҳёи Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ (р) - 3

Бахш: Аҳкоми рӯза | Просмотров: 1109 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Август 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz