Ҷумъа, 26.04.2024, 22:32
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 22 » Намунае аз аввалинҳо дар бозори илму фарҳанг
Намунае аз аввалинҳо дар бозори илму фарҳанг
23:52

Хидмати мусулмонҳо дар пешрафти илму маърифат танҳо ин набуд, ки илмро аз роҳи таҳқиқу иктишоф тараққӣ диҳанд, балки рўҳи махсусе ба қолаби он дамида ва ба василаи навиштану гуфтан, таҳриру нигориш ва мадрасаҳои олӣ онро дар дунё интишор доданд. Ва аз ин роҳ ба дунёи илму маорифи Аврупо эҳсон намуданд, ки наметавон барои он ҳадде тасаввур кард. Мусулмонон асрҳо устоди илму дониши миллатҳои Аврупо буданд. Густав Ли Бен (G. le Bon) файласуфи аврупоӣ дар китоби худ “Тамаддуни ислом ва араб” мегўяд: “Мо (аврупоиён) дар ин рўзҳо ифтихор мекунем, ки ҳар кадом аз қисматҳои илму фанро ба воситаи кашфи ҳақиқатҳои тоза дурусту равшан намуда онро аз назарияҳои ботилу нодурусти гузаштагон берун рондаем, аммо барои сабабу иллати кашфи ин ҳақиқатҳо ҳеҷ таваҷҷўҳе накардаем, ки аз куҷо ин фикр ва ҳаракати “ислоҳӣ” (дурусту равшан намудан) барои аврупоиён ҳосил гардид? Бояд бо камоли сароҳат гуфт: Ҳақиқат ин аст, ки таърихниго-рони асрҳои гузашта аслан ҳеҷгоҳ ба ин нукта напардохтаанд ва ҳатто то 50 сол пеш касе набуд, ки бар ин ҳақиқат огоҳ бошад, зеро бисёрии нависандагон аз худ таассуби ҷоҳилона нишон медоданд. Ва аввалин касе, ки ин ҳақиқатро шуҷоона баён кард, Вашинкен Оминк буд, ки гуфт: кохи тамаддуни мо (аврупоиҳо)-ро дастҳои тавонои илму фанну дониши мусалмонон бино намуданд ва миллатҳои аврупоию масеҳӣ ҳар куҷо ҳастанд мадюуни мусалмонҳо мебошанд”. (Яке аз шарқшиносон ба номи Джозеф Маккобӣ).

Ба ҳамин ҷиҳат ва барои ошноии бештари ҳамватанони гиромиямон, намунае аз аввалинҳо дар бозори маърифату фарҳангро пешкаш мекунем то бо огоҳӣ бо он, зимни ифтихор, аз нав камари ҳиммат бар фарогирии ҳар чи бештари илму маърифат ва эҷоди навовариҳо дар майдонҳои мухталифи зиндагӣ бубандем:

  1. Аввалин ояте, ки ба пайғамбари гиромии ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нозил шуд он ҳазратро ба хондан амр кард.
  2. Худованди мутаол баъд аз офаридани нахустин инсон; яъне ҳазрати Одам (алайҳис-салом) барои мутақоид кардани малоикаҳо, ки забон ба эътироз кушода буданд, барои аввалин бор тамоми ному нишона-ҳоро ба Одам (а) таълим дод: “ و علم آدم الآسماء كلها...“Ва Худованд тамоми ному нишонаҳоро ба Одам таълим дод.”
  3. Аввалин касоне, ки баъд аз худою фариштагон ба якка ва ягонагии Худованд шаҳодат медиҳанд соҳибони илм ҳастанд. (Эҳёи улуми дин ҷ. 1 с.11)
  4.  Ягона чизе, ки онро дар рўзи қиёмат бо хуни шаҳидон вазн меку-нанд, мидоди уламост, ки дар ин вазнкашӣ мидоди уламо бар хуни шаҳидон сангинӣ мекунад (Канзул-уммол/ 28714).
  5. Аввалин касоне, ки ба дараҷаи нубувват наздиктар ҳастанд, аҳли илманд сипас гурўҳи аҳли ҷиҳод. (Эҳёи улуми дин ҷ. 1 с. 11)
  6. Нахустин омўзгор ва мураббии уммати исломӣ ва аввалин бунёнгузо-ри воқеии фанни таълим ва парваришу омўзиш дар ислом ҳазрати хатми мартабат Муҳаммади Мустафо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳастанд.
  7. Дар аввалин набард байни сипоҳи ислом ва сипоҳи ширк, ки бо пи-рўзии мусалмонон хатм шуд, аввалин тасмими пайғамбари гиромии ислом (с) дар бораи асирони мушрик ин буд, ки ҳар кадом аз асиро-ни босавод баъд аз таълим додани хондану навиштан ба даҳ нафар навҷавони мусалмон озод хоҳанд шуд.
  8. Нахустин маркази илмӣ дар таърихи ислом масҷиди набавӣ дар Ма-дина аст, ки ба василаи пайғамбари гиромӣ (с) пас аз ҳиҷрати он ҳазрат ба Мадина дар соли аввали иқоматашон дар шаҳр сохта шуд.
  9. Аввалин касе, ки навишт ва аз қалам ҳамчун василае барои навиштан истифода кард, пайғамбари илоҳӣ ҳазрати Идрис (а) буд. (Канзул-уммол/32249).
  10. Нахустин китобхонаи умумии исломӣ “Байтул-ҳикма” буд, ки китоб-ҳое дошт арзишманд дар ҳамаи риштаҳои илмӣ ва ба забонҳои гуногун. Ин китобхона конуни бузурге барои густариши андешаман-дии олимони ислом дар асрҳои миёна ба шумор меомад. Ба назари баъзеҳо ин китобхона дар асри Ҳорунар-рашид таъсис шуд. Ин китобхона дар соли 656 ҳ.қ. бо ҳамлаи муғулҳо аз байн рафт.
  11. Дар нимаи дуюми асри чаҳоруми ҳиҷрӣ - қамарӣ як нафар саҳҳоф (варроқ) ба номи Ибни Надим дар сарзамини исломӣ зиндагӣ ме-кард. Ў тамоми номи китобҳоеро, ки барои саҳҳофӣ кардан ба ў мерасид, ҳамроҳ бо номи муаллифаш дар дафтаре ёддошт мекард. Баъд ба ин фикр афтод, ки номи тамоми китобҳоеро, ки дар замони ў дар кишварҳои исломӣ ҳаст, ёддошт кунад. Дар натиҷа маҷмўае аз исми китобҳо бо нависандагонаш ба вуҷуд омад, ки дар ҳоли ҳозир бо номи “Феҳрести Ибни Надим” машҳур аст. Ин аввалин феҳрести китобҳои кишварҳои исломӣ шуд ва баъд аз ҳазор сол, ки аз таърихи навиштани он мегузарад, пажўҳишгарон ҳамчунон аз он истифода мекананд. Яке аз пажўҳишгарони исломӣ ба номи Тарҷумонул-мамолик хост то бидонад аз китобҳое, ки Ибни Надим дар феҳрести худ навиштааст, кадом як имрўз вуҷуд дорад. Ин пажўҳишгар баъд аз чандин сол кўшиш натиҷаи таҳқиқи худро ироа дод ва маълум шуд, ки ба таври куллӣ аз китобҳое, ки Ибни Надим дар феҳрести худ зикр карда, фақат 3 дар садаш боқӣ мондааст. Ва 97 дар сад аз китобҳои мазкур дар феҳрест, ки дар асри чаҳоруми ҳиҷрӣ-қамарӣ мавҷуд буда ва аз онҳо истифода мешудааст, он тавр аз байн рафта, ки ҳатто як нусха аз онҳоро дар ҳеҷ куҷо наметавон ёфт.
  12. Аввалин китобҳои илмие, ки мусалмонон аз дигар забонҳо ба арабӣ тарҷума кардаанд, дар замони умавиён шурў шудааст. Ин кор дар замони хилофати аббосиён - махсусан дар замони Ҳорун ва Маъмун - равнақу ривоҷи бештаре пайдо кардааст. Маъмун - халифаи аббосӣ номае ба подшоҳи Рум навишт ва аз ў хост маҷмўае аз китобҳои қадимиро, ки дар шаҳрҳои Рум буд барои ў фиристад. Подшоҳи Рум пас аз гуфтугўи бисёр ин дархостро пазируфт. Фиристодагони Маъмун ончиро, ки аз шаҳрҳои Рум ёфтанд ва писандиданд ҷамъ-оварӣ карда ба назди халифа бурданд. Маъмун дастур дод, то он китобҳоро тарҷума кунанд. Албатта ин ҳаракати илмӣ дар замони умавиёну аббосиён поягузорӣ нашуда буд, балки ин натиҷаи таъ-лимоти ислом дар заминаи илм буд: “اطلبوا العبم و لو بالصين“Илмро талаб кунед агарчи дар дуртарин нуқтаи олам бошад.”
  13. Сидней Фишер (S.Fisher) дар яке аз мақолаҳояш иқрор мекунад, ки аввалин донишгоҳи исломӣ дар ҷаҳони ислом “донишгоҳи Қуртуба” (дар Испониё) буд, ки ба дасти Абдураҳмони сеюм дар миёнаҳои асри даҳўми мелодӣ кушода шуд. Дар ҳоле, ки қадимтарин дониш-гоҳҳои аврупоӣ дар асри давоздаҳуми мелодӣ таъсис шуда ва аз назари идорӣ - омўзишӣ то ҳадди зиёде пайрави донишгоҳҳои исло-мӣ будааст.
  14. Аввалин касе, ки дар ислом илмро тақсимбандӣ кард, Расули акрам (с) буданд. Ҳазраташон фармуданд: “العلم علمان: علم الاد يان و علم الا بدان“Илм ба ду даста аст: Илми дин, шариат ва маънавият ва дигарӣ илми тану бадану ҷисмоният.” Ҳазрати Алӣ (а) дар тақсимбандии дигаре мефар-моянд: “العلوم اربعة الفقه للا د يان والطب للا بدان والنحو للنسان والنجوم لمعرفة الا زمان“Илмҳо чаҳор дастаанд: дастаи аввал илми фиқҳ аст, ки барои фаҳму дарки дину шарит мебошад, дасти дуюм илми тиб аст, ки барои табобати инсонҳост, дастаи сеюм илмест, ки барои қоидаву қонуни забонҳост ва дастаи чаҳорўм илми нуҷум аст, ки барои шинохти вақту замон ба кор меояд.” Аврупоиён нахустин радабандии илму донишро аз мусалмонон яъне аз радабандии Форобӣ гирифтаанд.
  15. Нахустин илми назарие, ки донишмандони исломӣ ба он таваҷҷўҳ намуданд, илми ҳайъат ва риёзиёт буд. Шукуфоии илми риёзӣ ба дасти мусалмонон ва ривоҷу равнақи он дар ҷаҳони ислом баъзеҳоро ба ин водор кардааст, ки онро мўъҷизаи исломӣ ба ҳисоб оваранд. Ҷино Лория (Gino Loria) як муҳаққиқи итолиёӣ ин воқеиятро дар фасле аз таърихи риёзиёти худ онҷо, ки дар бораи риёзиёти мусалмонон сухан мегўяд, мўъҷизаи арабӣ - исломӣ меномад.
  16. Нахустин риёзидоне, ки дар бораи муодилоти дараҷаҳои аввал, дуюм ва сеюм таҳқиқи муназзам ва илмӣ анҷом дод ва барои он табақабан-дии дақиқе ташкил дод, Умари Хайём буд.
  17. Аввалин касе, ки дар бораи замин назарияҳои дурустро матраҳ кард Абўрайҳони Берунӣ буд. Ў дар бораи замин гуфта буд: Замин дар гирди меҳвари худ мечархад.” Дар ҳоле, ки бисёре аз донишмандони аврупоӣ ба беҳаракат будани замин эътиқод доштанд. Ў ҳамчунин аз пешгомони назарияи “таъйини муҳити замин” ва “андозагириҳои дақиқ дар бораи нисфун-наҳор (нисфи рўз) буд”.
  18. Аввалин касе, ки вожаи “ҷабр”-ро ба кар бурд ва дар бораи илми “ҷабр” мутолеаҳои дақиқ ва муназзам баҷо овард ва онро аз илми “ҳисоб” ҷудо кард, Муҳаммад ибни Мўсои Хоразмӣ риёзидони бу-зурги исломӣ аст. Вай буд, ки аввалин китобро дар боби “ҷабру муқобилатаълиф кард. Номи вай ба шакли Algorism дар Аврупо баробари фанни муҳосиба қарор гирифт, чунончи номи китоб низ ба шакли Algebra ба унвони илми ҷабр боқӣ монд.
  19. Нақши мусалмонон дар ривоҷ ёфтани илмҳои ақлӣ монанди мантиқу фалсафа низ хеле муҳим буд. Мусалмонон аввалин касоне буданд, ки китобҳои дар ин бора навишташударо аз юнонӣ ё сирёнӣ ба арабӣ тарҷума карданд, ки баъдан дар асрҳои миёна мавриди таваҷҷўҳи аврупоиён қарор гирифт. Дуруст аст, ки мусалмонон сармашқи илмии мантиқу фалсафаро аз навиштаҳои олимони юнонӣ гирифтаанд, вале чун аслу асоси он ду илмро пешвоёни дини ислом баён карда буданд лизо мавриди таваҷҷўҳи мусалмонон қарор гирифт. Аз ҷумла фармоишоти бисёр амиқ ва файласуфонаи ҳазрати Алӣ(к) дар бораи зоту сифатҳои илоҳӣ гўёи ин матлаб аст. Ҳазрати Алӣ(к) аввалин тарроҳи баҳсҳои ақлӣ дар маорифи исломӣ ба ҳисоб меоянд. Мусалмонон баъд аз тарҷумаи китобҳои фалсафӣ, дар бораи он мутолеаҳои зиёд ва бисёр дақиқ анҷом доданд ва ба онҳо шарҳҳо ва таълиқаҳо навиштанд. Дар ҳақиқат назарияҳои донишмандони юнониро нақду баррасӣ карда баъд аз бартараф кардани камбуди-ҳояш онро комил намуданд. Аввалин номи дурахшон дар фалсафаи исломӣ иборат буд аз Яъқуб ибни Исҳоқи Киндӣ (вафот 260 ҳ.қ). Баъд аз ў Абўнасри Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Рушд, Умари Хайём ва ғай-раро метавон аз аввалин пешгомони ин илм ба ҳисоб овард. Китоб-ҳои баъзе аз ин олимон ҳанўз дар марказҳои илмии аврупо мавриди истифода қарор дорад. Фалсафаю ҳикмат ончунон дар домани ислом рушду шукуфоӣ намуд, ки баъзе аз муҳаққиқони аврупоӣ монанди Роҷер Бейкн тасреҳ мекарданд, ки фалсафаро бояд аз китобҳои арабӣ (исломӣ) ёд гирифт. Дар донишгоҳи Париж низ муддатҳои дароз фалсафаю ҳикмати исломӣ дарс дода мешуд, чунон чи Guillaume d’Auxerre ва Ph. de Greve раҳбарони ин фаолият буданд.
  20. Аввалин касе, ки барои аввалин бор назарияи пизишикиро дар бораи “айнияи чашм” матраҳ кард, табибу донишманди бузурги ислом Абў Алӣ ибни Сино буд. Қисмати рангинии чашмро “айния” гўянд, ки гавҳараки чашм дар миёнаи он қарор дорад. Ибни Сино дар зимни мутолеоту таҳқиқоти тўлонӣ дар бораи айния фаҳмид, ки баъд аз ба вуҷуд омадани баъзе аз бемориҳо нишонаҳое дар айния зоҳир мешавад. То ҳатто ин донишманди бузург фаҳмида буд, ки баъзе аз бемориҳо пеш аз он, ки зоҳир шавад лаккаҳои сафедеро дар атрофи доираи айния ба вуҷуд меоварад ва замоне, ки беморӣ ошкор шуд лаккаҳои сафед аз байн рафта ҷояшон тирамонанд мешавад. Ин яке аз иктишофоти табиби барҷаста ибни Сино мебошад, ки то поёни асри 19 донишмандони пизишкӣ ба он таваҷҷўҳ накарда буданд.
  21. Имрўзҳо аксарияти мардум тасаввур мекунанд, ки падидаи пайванд кардани узви бадани як нафар ба дигарӣ як падидаи ҷарроҳии асри бистум аст ва ҳол он, ки табибони номдори исломӣ Абулқосим Заҳровӣ ва ибни Сино ҳазор сол пеш ба ин мавзўъ таваҷҷўҳ доштаанд.
  22. Аввалин касе, ки соли 1745 дар Аврупо “оби марворид” (як навъ бемории чашм )-ро ҷарроҳӣ кард шахсе ба номи Давили Фаронсавӣ будааст. Вале 600 сол пеш ин гуна ҷарроҳӣ ба дасти Имод ибни Алии Мувассалӣ анҷом гирифтааст.
  23. Аввалин рисолаи муҳим дар бораи табобати касалиҳои чашмиро мусалмонон тавассути Алӣ ибни Исои Бағдодӣ дар асри чаҳоруми ҳиҷрӣ - қамарӣ навиштаанд ва онро “Тазкиратул-куҳҳолин” номи-данд.
  24. Закариёи Розӣ нахустин бор спиртро ба унвони мойеи зидди чирку бадбўӣ аз қатраҳои қандӣ ва нишостаӣ ба даст овард.
  25. Колбудшикофӣ (ташреҳи бадан) аз навовариҳои пизишкони мусал-мон ба шумор меояд.
  26. Аввалин касе, ки ба робитаи U ва V пай бурд Ибни Ҳайсам физикдон ва нуршиноси бузурги ислом буд. Ин кашфи Ибни Ҳайсам пояи асосӣ барои тарроҳи кардани василаҳои нурӣ монанди микраскоп ва телескоп қарор гирифт. Ибни Ҳайсамро аврупоиён ба сабаби номаш “Ал-Ҳасан” Alhasen мехонанд ва олимони асри миёнаи Аврупо борҳо номи ўро дар китобҳояшон зикр кардаанд. Ў ҳамчунин яке аз бузургтарин муҳаққиқони илми “манозир” Optics ба ҳисоб меояд.
  27. Аввалин касе, ки дар ислом “устурлоб” (аз олатҳои нуҷумии қадим, ки барои баъзе аз андозагириҳои нуҷумӣ истифода мешавад) сохт, олими нуҷум Муҳаммади Фазории Атфонӣ (вафот 161 ҳ.к.) будааст. Бархе сохтани устурлобро ба падари ў Иброҳими Фазорӣ нисбат додаанд.
  28. Абў Маъшари Балхӣ дар бораи илми нуҷум китобе навишт ба номи “Ал-Мадхал-ул-кабир”. Ў дар ин китоб таъсири моҳро дар масъалаи ҷазру мадд баррасӣ кард. Ва аврупоиён дар асрҳои миёна қонунҳои ҷазру маддро аз китоби вай омўхтанд. Волтер (1694-1778) яке аз донишмандони аврупоӣ гўяд: “Дар давраҳои нодонӣ ва ваҳшигарӣ ва пас аз суқути императории Рум масеҳиён ҳамаи чизро монанди ҳайъат, химия, тиб, риёзиёт ва ғайраро аз мусалмонон омўхтанд. Масеҳиён ночор шуданд, ки аз ҳамон асрҳои аввалияи ҳиҷрӣ барои гирифтани илмҳои рўзмарра ба сўи онон (мусалсонон) рўй оваранд.
  29. Ҷобир ибни Ҳайён яке аз шахсиятҳои бузурги илмист, ки дар фанни “химия” маҳорати фавқулода доштааст. Ҷобир дар дунёи илм ба “падари кимиё (химия)” маъруф аст. Ў ҳар мавзўи илмиеро, ки баён мекунад онро ба Имом Содиқ (а) нисбат медиҳад. Дар Аврупо ўро ба номи Gebir мешиносанд.
  30. Абўрайҳони Берунӣ дар масъалаи вазни махсуси ҷисмҳо таҳқиқҳои илмӣ кард ва вазни 16 ҷисмро бо чунон диққате таъйин намуд, ки тақрибан бо илми имрўз мувофиқ аст.
  31. Аввалин соат, ки аз бузургтарин асарҳои санъатӣ ба шумор меояд, дар замони Ҳорун - халифаи аббосӣ ба дасти мусалмонон ихтиро шуд. Ҳорун соати ихтирошударо барои подшоҳи он вақтаи Франсия ба унвони тўҳфа фиристод. Густав Ли Бен (G. Le Bon 1841-1931) гўяд:Аввалин бор мусалмонон буданд, ки “раққосак”-ро дар соат истифода карданд.
  32. Нахустин корхонаи қоғазбарорӣ дар қаламрави ислом, соли 178-ҳиҷрӣ (794 мелодӣ) дар Бағдод ба дасти Фазл ибни Яҳё вазири Ҳорунар–рашид кушода шуд. Онгоҳ мусалмонони араб ин санъатро ба Ситсилия ва Испания бурданд ва аз он ҷо ба Италия ва Франсия расид. Аввалин қоғазсозӣ ба равиши нав ва пешрафта дар асри сеюми ҳиҷрӣ фақат дар Мовароуннаҳр буд ва қоғази самарқандӣ он вақтҳо хеле машҳур буд.
  33. Аввалин осиёбҳои бодӣ - шамолиро мусалмонон ихтиро карданд. Инбиқ низ аз ихтирооти мусалмонон аст.
  34. Аввалин дастгоҳи парвозкунандаи ҷаҳон ба дасти мусалмоне ба номи Аббос ибни Фарнони Қуртубӣ сохта шуд.
  35. Аввалин касе, ки ҷавҳари гўгирдро аз зоҷи сабз ба даст овард, донишманди бузурги ислом Закариёи Розӣ буд.
  36. Аввалин ҷуғрофиянависи бузург, ки дар тамаддуни ислом зуҳур кард Абулқосим Муҳаммад ибни Хурдодбеҳ буд. Ў китоби машҳури худ ба номи “Ал-масоликул-мамолик”-ро дар солҳои 230 – 232 ҳ.қ. таъ-лиф кардааст. Қадимтарин иттилооти ҷуғрофияӣ дар бораи Россия гузориши Ибни Фазлон аст. Ў аз ҷониби Алмуқтадир халифаи аббосӣ ба дарбори шоҳи Булғор рафта буд ва гузоришҳои ҷуғрофиявии ў дар “Мўъҷамул – булдон” – и Ёқут нақл шудааст. Мусалмонон ба илми ҷуғрофия алоқаи хоссе нишон медоданд. Ҷуғрофиянависони исломӣ алоқа доштанд, то иттилооти худро аз рўи мушоҳидаҳо ва таҷрибаҳои шахсии худ ҷамъоварӣ кунанд. Ва ҳамаи ин илҳомгирифта аз фармоишоти Қуръон аст, ки мефармояд:  ثم انظروا...  قل سيروا في الارض   (Анъом/11)  “Бигў эй Муҳаммад (с): Дар ин дунёи паҳновар сайру саёҳат кунед. Онгоҳ нигоҳ кунед ва назар андозед.” Яъне пеш аз изҳори ҳар назаре аввал бояд сайру гашт кунед, ба иборати дигар иттилооти шумо махсусан иттилооти ҷуғрофиёиятон бояд аз рўи мушоҳидаҳою таҷрибаҳои шахсиатон бошад. Масалан Яъқубӣ дар китоби худ ба номи “Ал-Булдон”, ки дар он вазъияти ҷуғрофиявии шаҳрҳо ва кишварҳоро баррасӣ кардааст, таъкид мекунад, ки ў мусофиратҳои бисёре кардааст. Ҳамчунин ба диққати назари Абулҳасани Масъудӣ - таърихшинос ваҷуғрофиядони бузурги ислом – низ метавон аз китоби ў “Муруҷуз-заҳаб” пай бурд.
Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 1278 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 1
15.12.2008
1. Фарход [Материал]
Лутфан, дуруст нависед.
"Мусулмон" навиштн нодуруст аст. Дурусташ "мусалмон".
Саломат бошед.

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz