Ҷумъа, 29.03.2024, 17:05
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Ҳикояте аз Бӯстони Саъдӣ
Ҳикояте аз Бӯстони Саъдӣ
05:21

Ҳикояти зоҳид ва дузд

  Азизе буд дар диёри дурдасти Табрез, ки пайваста шабзиндадор ва машғули ибодат буд. Шабе аз шабҳо дид, ки дузде бар гўшаи боме камандашро андохт. Зоҳиди шабзиндадор зуд мардумро бедор кард ва аз ҳар тараф мардум бо гирифтани чўб ба дасташон, ошўб барпо карданд.
  Дузд бо шунидани сару садои мардум ҷонашро дар хатар дид ва истоданро маслиҳат надид ва фирорро бар қарор тарҷеҳ дод.
   Зоҳид аз кори худаш пушаймон шуд ва ба ҳоли дузд раҳмаш омад, ки бечора ноумедона ва маҳрумона рафт. Зоҳид чорае ҷуз дунбол кардани дузд наёфт ва дар ҳамон зулмати шаб пайи дуздро гирифт ва ба сўе, ки дузд рафта буд рафт. Дид, ки дузд бо тамоми тавонаш фирор мекунад, гуфт: «Эй дўсти ман, биист ва тунд марав, ки ман ошно ва дўсти ту ҳастам ва дар мардонагӣ хоки пои ту ҳастам. Ман дар мардонагӣ мисли туро надидам. Чун ҷанговарӣ ду гуна аст; як навъи он дар баробари душман мардонавор истодан аст ва навъи дуюм аз ҷанг бо ҷони солим берун омадан аст. Ман ба ин ду хислат ғуломи ту ҳастам ва навкари номи туям. Агар мехоҳӣ бо бузургворӣ худат ба ман иҷозат бидеҳ, то хонаеро ба ту нишон диҳам, ки як сарои хуб аст, ки девораш баланд нест, пасту кўтоҳ ва дарҳояш сахт баста аст, ки фикр мекунам соҳибаш ҷое рафтааст. Ду хиштро мегирем ва ба болои ҳамдигар мегузорем ва яке аз мо пои худро болои китфи дигаре мегузорад ва ба осонӣ вориди сарой мешавад. Ҳамин ки рафтӣ дохил, ҳар чӣ ба дастат афтод бигир, моли худи туст ва ин беҳтар аст аз ин ки бо дасти холӣ баргардӣ».
   Зоҳид бо суханҳо ва бо дилдорӣ додан ва хушомад гуфтан билахира дуздро ба сўи хонаи худаш овард. Дар паси девор марди шабрав (дузд) китфашро поин кард ва зоҳид аз болои китфаш ба девор баромад ва аз девор ба сарой фуруд омад ва ҳар чӣ дар тан дошт аз ҷома ва дастор, аз дохил ба домани дузд партофт ва дод ва фарёд кашид, ки эй ҷавонон кўмакам кунед, ки дузд ҳама чизи маро бурд, барои савоб ба ман ёрӣ кунед, вой дод, хонахароб шудам. Мардум ҳама ба сўи ў давиданд ва дузд ҳам бо бағал кардани либосҳои шайх худро аз миёни ошўб бадар бурд. Зоҳид дид, ки дузд ба саломатӣ аз дасти ошўб наҷот ёфт, дилаш ором гирифт ва Худоро шукр кард, ки муроди он саргашта ва саргардонро бароварда кард.
   Оре, инсони бадсириште, ки ба ҳеҷ кас раҳм накард, вале дили некмард ба ў сўхт ва ўро мавриди бахшиш қарор дод. Агар инсонҳои хирадманд омаданд ва ба инсонҳои бадсиришт некӣ карданд, аз ин кори онҳо ҳайратзада машав. Ин хубӣ ва некии некон аст, ки ба бадсириштон имкони зиндагӣ карданро фароҳам мекунад. Агарчӣ инсонҳои бад шоистаи некӣ набошанд ҳам, вале одати некон некӣ кардан аст.
  (Ин ҳикоят дар асл ба сурати назм дар китоби “Бӯстон” омадааст, бо ташаббуси Ҷаноби Устод Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ ба наср гардонида шуда)
Бахш: Достонҳои ибратангез | Просмотров: 2054 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/3 |
Всего комментариев: 2
25.04.2012
2. Абдувосит [Материал]
Гапад дуруст. АФСУЗ!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

01.05.2009
1. Nazir Aminov (majzub) [Материал]
Афсуски аксарияти хамватанони чавон компютерро хамчун манбаи бози мешиносанд ва истифода мекунанд, худ гувох будам.

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz