Чоршанбе, 24.04.2024, 17:49
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Фалсафа чист?
Фалсафа чист?
03:46
Фалсафа иборат аст аз як силсила баҳсҳо бар асоси бурҳон ва қиёси ақлӣ, ки дар бораи ҳастӣ ва аҳкоми куллии он гуфтугў мекунад. Ба иборати равшантар: фалсафа аз буду набуди чизҳо сухан мегўяд ва аҳкоми мутлақи ҳастиро мавриди диққат қарор медиҳад ва ҳеҷ гоҳ ба аҳком ва осоре, ки махсуси як ё чанд мавзўи махсус аст назар надорад. Бар хилофи дигар илмҳо, ки як ё чанд мавзўъро мавриди назар қарор дода ва ба ҷустуҷўи аҳком ва осори он мепардозанд ва синхи баҳси он илмҳо мутаваҷҷеҳи буду набуди чизҳо нест.

Барои тавзеҳи бештар мисоле меоварем: Масалан, агар дар бораи об ин масъаларо  дар назар бигирем, ки (албатта ин як мисол аст) “Об дар 80% аз гармо бухор мешавад”, ин масъала марбут мешавад ба илми физика. Яъне дар илми физика дар бораи аҳкоми ҷисмҳо (аз ҷумла об) гуфтугў мешавад. Вале дар илми физика (ва ё ҳар илми дигаре) дар бораи асли вуҷуд ва ҳастии ашё (аз ҷумла ҳастии ҳамин об) баҳс намешавад. Ин дар фалсафа аст, ки дар бораи буду набуд ва аҳкоми он баҳс мешавад.

Дар ин ҷо муносиб аст гуфтори Аллома Таботабоиро дар баёни фалсафа ва ғояти он ки дар китоби арзишманди “Усули фалсафа ва равиши реализм” фармудаанд, барои беҳтар огоҳӣ пайдо кардани хонанда аз ин ки фалсафа чист биёварем. Аллома мефармоянд: “Дар ҷаҳони ҳастӣ, ки дорои мавҷудоти бисёр ва падидаҳои бешумор буда ва мо низ ҷузъе аз маҷмўаи онҳо мебошем, бисёр мешавад, ки чизеро рост ва побарҷо пиндошта ва мавҷуд ангорем ва сипас бифаҳмем, ки дурўғ ва бепоя будааст. Ва бисёр мешавад, ки чизеро нобуд ва дурўғ андешида ва пас аз чанде ба мо равшан шавад, ки рост буда ва осор ва хавосси бисёре дар ҷаҳон доштааст.

Аз ин рў мо, ки хоҳ нохоҳ ғаризаи баҳсу ковиш аз ҳар чизе ки дар дастраси мо қарор бигирад ва (низ ғаризаи ковиш) аз иллатҳо (ва сабабҳои) ҳастӣ ва вуҷуди он чиз дорем, бояд мавҷудоти ҳақиқӣ ва воқеӣ (яъне он ки дар воқеъ вуҷуд дорад)−ро аз мавҷудоти пиндорӣ (яъне он ки мо пиндоштем, ки ҳастӣ дошта, вале дар воқеъ вуҷуди воқеӣ надоштааст) ҷудо диҳем...” (то он ҷо ки Аллома мефармоянд:) “Як силсила баҳсҳои бурҳонӣ, ки ғараз ва ормони номбурдаро таъмин намояд ва натиҷаи онҳо, исботи вуҷуди ҳақиқии ашё ва ташхиси иллатҳо ва сабабҳои вуҷуди онҳо мебошад, “фалсафа” номида мешавад.” (Поёни каломи Аллома).

Ин ҷо лозим аст чанд матлаб, ки дар таърифи фалсафа омадааст, баён шавад. Аввал ин ки дар таъриф омад, ки баҳсҳои фалсафӣ бар асоси бурҳон ва қиёси ақлӣ исбот мешавад. Тавзеҳ ин ки ҳар илме масоили худро, бар асоси як равиши хоссе исбот мекунад. Масалан равиши таҳқиқи масоил дар илми кимиё таҷриба аст. Як кимиёидон вақте бихоҳад – масалан – исбот кунад, ки бо таркиби ду ҳидроген ва як оксиген, об ба даст меояд, бояд дар лабараторияҳо ин корро таҷриба карда бошад. Пас, равиши таҳқиқ дар илми номбурда таҷриба аст. Аммо дастае аз масоил ҳастанд, ки ба хотири синхи мавзўе, ки доранд, равиши таҳқиқашон истидлолҳои ақлист, ба монанди риёзиёт (арифметика) ва ё ҳамин фалсафа.

Аммо ин ки равиши истидлоли ақлӣ чист ва чигуна аст, барои фаҳми он, муҳимтарин ва асоситарин равиш дар равишҳои истидлоли ақлиро, ки равиши бурҳон аст, ба гунаи мухтасар тавзеҳ медиҳем (ва албатта барои ба тафсил ошно шудан бо он, бояд ба китобҳои мантиқӣ муроҷеа кард). Бурҳони ақлӣ шакле дорад ва маводде. Мурод аз шакли он, тариқаи чидани муқаддимоти он аст барои расидан ба натиҷа. Масалан, агар ин ду муқаддима: “Дарахт мавҷудест табиӣ” ва “Ҳар мавҷуди табиӣ фанопазир аст”−ро пушти сари ҳам бичинем, метавонем аз ин ду, ин натиҷаро ба даст оварем, ки “Пас дарахт ҳам фанопазир аст”. Яъне мо аз замми он ду муқаддима ба якдигар, як масъалаи ҷадиде, ки қаблан ба он илм надоштем, ба даст овардем. Дар китобҳои мантиқӣ перомуни ҳар як аз ин ду муқаддима, ки аз назари шакл ва сурат чӣ шуруте бояд дошта бошанд, баҳсҳои муфассал шудааст, ки хонанда метавонад ба онҳо муроҷеа кунад.

Аммо мурод аз маводди бурҳон, муҳтавои он муқаддимот аст (на тариқаи чидани онҳо), яъне  масалан ин муҳтаво, ки “Дарахт мавҷудест табиӣ”, аз куҷо ба он илм пайдо кардаем? Оё аз роҳи дидан, шунидан, ё касе онро ба мо нақл карда ва ё аслан ин маълум аз ҷое ба мо нарасида, балки аз маълумоти фитрист?

Ҳол, дар мавриди бурҳони ақлӣ гуфтаанд, ки бояд маводдаш, аз синхи маълумоте бошад, ки ақли одамӣ бидуни такя ба чизе онҳоро тасдиқ намояд, мисли ин масъала, ки “Будани як чиз, бо набуданаш дар як ҷо қобили ҷамъ нест”, ки ақли ҳар одамӣ, бо бадоҳат онро тасдиқ менамояд.

Матлаби дигар ин ки чаро равиши таҳқиқ дар исботи масоили фалсафӣ, равиши бурҳони ақлист. Дар ҷавоб мегўем: Тавзеҳ дода шуд, ки он чи сару кори фалсафа перомуни он аст “ҳастӣ” ва “вуҷуд” аст ва ба иборати дигар, мавзўи илми фалсафа “ҳастӣ” ва “вуҷуд” аст. Ва дар ҷои худаш собит шудааст, ки вуҷуд ва ҳастии ашё, чизе нест, ки қобили ламс ва ё дидан ва ё чашидан ва хулоса қобили эҳсос бошад. Балки он чи аз ашё, ки мо эҳсос мекунем, моҳияти онҳост (аз қабили рангу миқдору шакл ва ғайра). Яъне чизе дар хориҷ ба унвони “вуҷуд” ва “ҳастӣ” нест, ки  қобили ишора кардан ба он бошад. Балки мо аз роҳи ақл ба он пай бурдаем. (Албатта қобили ёдоварӣ бошад, ки фаҳми ин матлаб осон нест). Ҳоло ки чунин аст, ки мафҳуми “вуҷуд” ва ё “мавҷуд”, ки мавзўи аслии масоили фалсафа аст, сирфан ақлонӣ ҳаст, яъне аз мафоҳиме ҳаст, ки зеҳн аз роҳи ҳеҷ ҳисси хориҷӣ, ё дохилӣ, қодир ба дастоварӣ ба он нест, балки бо ақл ба он пай бурдааст, маълум аст, ки баррасӣ ва таҳқиқи мавзўе, ки ақл онро ёфтааст, ҷуз бо равишҳо ва баррасиҳои ақлӣ муяссар нест.
Боқӣ монд баёни матлаби ахир ва он ин ки дар таърифи фалсафа ишора шуд ба ин ки фалсафа аҳкоми куллӣ ва мутлақи ҳастиро мавриди диққат қарор медиҳад. Тавзеҳ он ки ҳар як аз улум (физика, кимиё, табиатшиносӣ ва ғайра), як ё чанд чизро ба унвони “мавзўъ”, заминаи ковиш ва баррасиҳои худ қарор медиҳад ва ба кашфи хоссаҳо, осор ва аҳкоми он мепардозад. Аммо мавзўъ ва заминаи баррасиҳои фалсафа “вуҷуд” ба сурати мутлақ аст, яъне вуҷуд аз он назар ки вуҷуд аст, на ин ки вуҷуд аз он назар, ки вуҷуди инсон аст ва ё вуҷуди ҳайвон аст ва ё вуҷуди кўҳ аст ва ғайра бошад.
Бахш: Фалсафа ва ҳикмат | Просмотров: 4265 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 3.6/7 |
Всего комментариев: 3
08.11.2014
3. Искандар [Материал]
САЛОМ,илтимос фазо ва вакт дар боаш малумот дихед

01.12.2010
2. jora [Материал]
хусусиатхои синфи ва умуминсонии демократия

12.03.2009
1. Акрам [Материал]
Салом! Ман хамчун донишчу, аз Шумо хохиш дорам, ки агар китоби фалсафа барои факултетхои гайри ихтисоси дошта бошед, бисёр хуб мешуд, ки ба имели ман равон мекардед.

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz