Чоршанбе, 24.04.2024, 22:37
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Ҳуҷҷат будани суннат
Ҳуҷҷат будани суннат
18:41

Савол: Дар ин ки Қуръони Карим такягоҳи маорифи ақоидии мо аст, ҳеҷ шакке нест ва мавриди қабули ҳамаи мусулмонон − қатъи назар аз мазҳаб ва маромашон − мебошад. Аммо дар ин ки суннат низ такягоҳи маорифи ақоидӣ мебошад, оё мавриди қабули ҳамаи мусулмонон аст? Ва агар мавриди қабули ҳамаи онҳо бошад, бо таваҷҷўҳ ба ин ки суннат, ки аз роҳи ҳадисҳои исломӣ ба даст меояд ва ҳамаи ҳадисҳо дар як сатҳ нестанд, балки баъзеяшон мутавотир ва баъзеи дигар ҳадиси оҳод ҳастанд, оё ҳамаи онҳо − чи мутавотир ва чи оҳод − дар ақоид ҳуҷҷат мебошанд ва ё на?

 Ҷавоб: Суннати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳамон гуфтор, кирдор ва тақрири[1] он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мебошад. Ва аз тариқи саҳобагон ва касоне, ки он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)−ро ҳамроҳӣ кардаанд ба мо расида ва имрўза дар китобҳои ҳадисӣ сабт гардидаанд. Мусулмонон ба далели аҳаммияти ҷойгоҳи суннати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар Ислом, аз ҳамон рўзҳои аввал дар гирдоварии он камар бастаанд. Албатта тамоми он чи ба унвони ҳадис дар китобҳои ҳадисӣ дарҷ гардида аст, дар як сатҳ намебошад. Баъзеи он ҳадисҳои мавзўъ (сохташуда, ки бар он ҳазрат бофта шуда аст) мебошад, баъзеяш ҳадисҳои заиф ва порае аз он ҳадисҳои саҳеҳ. Ва алабатта ҳадисҳо тақсимоти дигаре дорад, ки ин ҷо маҷоли ёдоварии яко яки онҳо намебошад, бояд барои огоҳӣ ба китобҳои муфассали ҳадиспажўҳӣ муроҷеа намуд. Аз дидгоҳи Ислом фақат ҳадисҳои саҳеҳ мўътабар мебошад.

Алабатта ҳадисҳои мўътабар низ худ ё мутавотир ҳастанд ва ё оҳод. Ҳадиси мутавотир ҳадисе аст, ки аз назари каммият (адади ривояткунандагон) ва кайфият, ба ҳадде аст, ки барои инсон чунин итмиъноне мебахшад, ки дурўғ будани онро маҳол бидонад. Манзур аз ҳадисҳои оҳод ҳадисҳое аст, ки ба ҳадди тавотур нарасидаанд, яъне ба мартабаи ҳадисҳои мутавотир нарасидаанд. Ба ҳамин хотир аст, ки донишмандони исломӣ мегўянд, ҳадиси мутавотир ифодакунандаи илм аст (яъне инсон дар ҳаққонияти онҳо 100 дар сад қатъ ҳосил менамояд) ва ҳадиси оҳод ифодакунандаи илм ва қатъ нест, балки ифодакунандаи “занн” аст. “Занн” яъне гумон, вале гумони зиёд (яъне аз 51 дар сад то 99 дар сад).
Дар ин ки ҳадисҳои оҳод дар маҷоли фурўи дин (аҳкоми динӣ) дар канори ҳадисҳои мутавотир ҳуҷҷат ҳастанд, дар миёни касе аз донишмандони исломӣ − қатъи назар аз мазҳабу маромашон − ихтилофе нест ва мавриди қабули ҳамаи онҳо аст. Вале дар ин ки ҳадисҳои оҳод дар маҷоли ақоид ва усули дин мисли ҳадисҳои мутавотир ҳуҷҷат ҳастанд ё на, миёни донишмандон ихтилоф ҳаст. Баъзе мўътақид ҳастанд, ки дар маҷоли ақоид фақат ҳадисҳои мутавотир эътибор доранд, зеро он чи дар ақоид аз мо хоста мешавад, ҳосилёбии қатъ ва яқин аст, на занну гумон.


[1]−Мурод аз тақрир ин аст, ки агар дар баробари ҳазрати Паёмбар (с) касе кореро анҷом диҳад ва он ҳазрат онро инкор накунанд. Ва ваҷҳи далел буданаш он аст, ки агар он кор мавриди писанди шариат намебуд, ҳатман он ҷаноб (с) онро инкор мекарданд ва чун чизе нагуфтанд, маънояш дуруст будани он кор аз назари шариат аст.

Бахш: Пурсишу посухҳои ақоидӣ | Просмотров: 899 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 2
17.10.2011
2. Antonc c cc cc c [Материал]
sabol? agar hami 4 rukat namozi sunati peshina dar knona khoni farzro dar masjid meshava yo ne ?

17.10.2011
1. Antonc c cc cc c [Материал]
rahmat

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz