Чоршанбе, 12.08.2020, 21:25
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Маълумоти мухтасар дар бораи Қуръони карим (2)
Маълумоти мухтасар дар бораи Қуръони карим (2)
12:58

Мавзўъҳои қуръонӣ

Мавзўъҳое, ки дар Қуръон тарҳ шуда зиёд аст ва наметавон ба таври ҷузъӣ баршумурд, вале дар як нигоҳи мухтасар масоили зерин ба чашм мехўрад:

1. Худо, зот, сифатҳо, ягонагии ў ва он чӣ бояд Худоро аз онҳо пок бидонем ва он чӣ бояд Худоро ба онҳо муттасиф бидонем (сифатҳои салбӣ ва исботӣ);

2. Маъод, растохез ва ҳашри амвот, мароҳили байни марг то қиёмат (барзах);

3. Малоика, воситаҳои файз ва нерўҳои огоҳ ба худ ва ба офаринандаи худ ва муҷрии дастурҳои илоҳӣ;

4. паёмбарон, ё инсонҳое, ки ваҳйи илоҳиро дар замири худ дарёфт карда ва ба инсонҳои дигар иблоғ кардаанд;

5. Тарғиб ва ташвиқ барои имон ба Худо, ба маъод, ба малоика, паёмбарон ва китобҳои осмонӣ;

6. Хилқати осмонҳо, замин, кўҳҳо, дарёҳо, гиёҳон, ҳайвонот, абр, бод, борон, шаҳобҳо ва ғайра;

7. Даъват ба парастиши Худои ягона ва ихлос варзидан дар парастиш, касе ва чизеро дар ибодат шарики Худо қарор надодан, манъи шадид аз парастиши ғайри Худо - чӣ инсон бошад, ё фаришта, ё хуршед, ё ситора ва ё бут;

8. Ёдоварии неъматҳои Худо дар ин ҷаҳон;

9. Неъматҳои ҷовидони он ҷаҳон барои солеҳон ва некўкорон, азобҳои сахт ва аҳёнан ҷовидони он ҷаҳон барои бадкорон;

10. Эҳтиҷоҷот ва истидлолот дар мавриди Худо, қиёмат, паёмбарон ва ғайра ва порае хабарҳои ғайбӣ зимни ин эҳтиҷоҷот;

11. Таърих ва қиссаҳо ба унвони озмойишгоҳи инсонӣ, ки сидқи даъвати паёмбаронро рўшан мекунад ва оқибати неки мардуме, ки бар роҳҳои паёмбарон рафтаанд ва оқибати бади бардурўғбаровардагони онҳо;

12. Тақво, порсоӣ ва тазкияи нафс;

13. Таваҷҷўҳ ба нафси аммора ва хатари васвосҳо ва васвасаҳои нафсонӣ ва шайтонӣ;

14. Ахлоқи хуби фардӣ аз қабили шуҷоат, истиқомат, сабр, адолат, эҳсон, муҳаббат, зикри Худо, муҳаббати Худо, тарс аз Худо, таваккал ба Худо, ризо ба ризои Худо ва таслим дар муқобили фармони Худо, тааққул ва тафаккур, илм ва огоҳӣ, нуронияти қалб ба воситаи тақво, сидқ, амонат ва ғайра;

15. Ахлоқи иҷтимоӣ аз қабили иттиҳод, якдигарро бар ҳақ насиҳат намудан, ҳамдигарро бар сабру шикебоӣ тавсия намудан, ҳамкорӣ бар корҳои нек ва тақво, тарки адоват, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, ҷиҳод ба мол ва нафс дар роҳи Худо;

16. Аҳком аз қабили намоз, рўза, закот, хумс, ҳаҷ, ҷиҳод, назр, ямин (қасам), хариду фурўш, раҳн, иҷора, бахшиш, никоҳ, ҳуқуқи заношўӣ, ҳуқуқи волидайн ва фарзандон, талоқ, лиъон, зиҳор, васият, мерос, қасос, ҳудуд, қарз, қазо, шаҳодат, сарват, моликият, ҳукумат, шўро, ҳаққи фуқаро, ҳаққи иҷтимоъ ва ғайра;

17. Ҳодисаҳо ва воқеаҳои даврони бистусе солаи паёмбарии расули акрам (с);

18. Хусусиятҳо ва аҳволи расули акрам (с), сифатҳои ҳамидаи он ҳазрат (с), сарзанишҳо нисбат ба он ҳазрат (с);

19. Тавсифи куллӣ аз се гурўҳ дар ҳамаи замонҳо: мўъминон, кофирон ва мунофиқон;

20. Сифатҳои мўъминон, кофирон ва мунофиқони давраи паёмбар (с);

21. Махлуқоти диданошудании дигар ғайр аз фариштагон, ҷин ва шайтон;

22. Тасбеҳ ва ҳамдхонии мавҷудоти ҷаҳон ва навъи огоҳӣ дар даруни ҳамаи мавҷудот нисбат ба холиқ ва офаринандаашон;

23. Тавсифи худи Қуръон (дар ҳудуди панҷоҳ васф);

24. Ҷаҳон ва қонунҳои ҳоким бар он, нопойдории зиндагонии дунё ва адами салоҳияти он барои ин ки идеал ва камоли матлуби инсон қарор бигирад ва ин ки Худо ва охират ва ҷаҳони ҷовидон шоистаи ин аст ки матлуби ниҳоии инсон қарор бигирад;

25. Мўъҷизаҳо ва корҳои хориқулодаи паёмбарон;

26. Таъйиди китобҳои осмонии пешин, хусусан Таврот ва Инҷил ва тасҳеҳи ғалатҳо ва таҳрифҳои ин ду китоб.

 

Густардагии маъноҳо

Инҳо, ки гуфта шуд, мухтасаре буд аз он чӣ дар Қуръон омадааст ва албатта ҳатто наметавон иддио кард, ки аз лиҳози иҷмолӣ низ кофӣ бошад.

Агар танҳо ҳамин мавзўъҳои гуногунро дар бораи инсон, Худо, ҷаҳон ва вазифаҳои инсон дар назар бигирем ва онро бо ҳар китоби башарӣ дар бораи инсон бисанҷем, мебинем ҳеҷ китобе тарафи қиёс бо Қуръон нест, хусусан бо таваҷҷўҳ ба ин ки Қуръон ба василаи фарде нозил шуда, ки “уммӣ” яъне дарснахонда буда ва бо афкори ҳеҷ донишманде ошно набудааст ва махсусан агар дар назар бигирем, ки муҳити зуҳури чунин фарде аз ҷоҳилитарин муҳитҳои башарӣ будааст ва мардуми он муҳит умуман бо тамаддун ва фарҳанг бегона будаанд.

Қуръон матолиб ва маъноҳои густардае овард ва ба тавре тарҳ кард, ки баъдҳо сарчашмаи илҳом шуд, ҳам барои файласуфон, ҳам барои уламои ҳуқуқ, фиқҳ, ахлоқ, таърих ва ғайра.

Маҳол аст, ки як фарди башар ҳар андоза нобиға бошад, битавонад аз пеши худ ин ҳама маъноҳое дар сатҳе, ки афкори андешамандони бузурги ҷаҳонро ҷалб кунад, биёварад. Ин дар суратест, ки ончиро Қуръон овардааст, ҳамсатҳ бо овардаҳои уламои башар фарз кунем, вале муҳим он аст ки Қуръон дар бисёре аз ин масоил уфуқҳои ҷадид гушудааст.

 

Худо дар Қуръон

Дар ин ҷо фақат ба як мавзўъ аз мавзўъҳои боло ишора мекунем ва он мавзўи Худо ва робитаи ў бо ҷаҳон ва бо инсон аст.

Мо агар танҳо чигунагии тарҳи ҳамин як масъаларо дар назар бигирем ва онро бо андешаҳои башарӣ муқоиса кунем, фавқулодагӣ ва мўъҷиза будани Қуръон рўшан мешавад.

Қуръон, Худоро тавсиф кардааст ва дар тавсифи худ аз тарафе ўро “танзеҳ” кардааст, яъне сифатҳоеро, ки шоистаи ў нест, аз ў салб карда ва ўро пок аз он сифатҳо дониста ва аз тарафи дигар сифатҳои камол ва исмҳои некў (асмои ҳусно)-ро барои зоти ҳақ исбот кардааст. Дар ҳудуди понздаҳ оят дар танзеҳи худованд омадааст ва дар ҳудуди беш аз панҷоҳ оят дар тавсифи Худованд ба сифатҳои олӣ ва асмои ҳусно омадааст.

Қуръон дар ин тавсифҳои худ, он чунон дақиқ аст, ки жирафандештарин уламои илоҳиро ба ҳайрат андохтааст ва ин худ рўшантарин мўъҷиза аз як фарди “уммӣ” ва дарснахонда аст.

Қуръон дар нишон додани роҳҳои худошиносӣ аз ҳамаи роҳҳои мавҷуд истифода кардааст: роҳи мутолеъаи оятҳои офоқӣ ва анфусӣ, роҳи тазкия ва тасфияи нафс, роҳи тааммуқ ва тафаккур дар ҳастӣ ва вуҷуд ба таври куллӣ. Зубдатарин файласуфони исломӣ муҳкамтарин бурҳонҳои хешро ба иқрор ва эътирофи худ аз Қуръони маҷид илҳом гирифтаанд.

Қуръон робитаи Худоро бо ҷаҳон ва махлуқот, бар тавҳиди сирф қарор додааст, яъне Худованд дар фоъилият ва нуфузи машиат ва иродааш рақибе надорад, ҳамаи фоъилиятҳо ва ҳамаи иродаҳо ва ихтиёрҳо ба ҳукми Худо ва қазо ва қадари Худост.

 

Пайванди инсон бо Худо

Қуръон дар пайванди инсон бо Худо зеботарин баёнҳоро овардааст. Худои Қуръон бар хилофи худои файласуфон як мавҷуди хушк ва беруҳ ва бегона бо башар нест. Худои Қуръон аз раги гардани инсон ба инсон наздиктар аст, бо инсон дар доду ситад аст, бо ў хушнудии мутақобил дорад, ўро ба худ ҷазб мекунад ва мояи оромиши дили ўст: “Огоҳ бошед, фақат бо зикру ёди Худованд қалбҳо оромиш пайдо мекунад.[1]Башар бо ў унс ва улфат дорад, балки ҳамаи ашё ўро мехоҳанд ва ўро мехонанд. Тамоми мавҷудот аз умқ ва даруни вуҷуди худ бо ў роз доранд, ўро сано мегўянд ва тасбеҳ мекунанд: “Чизе нест магар Худоро ба ҳамдаш тасбеҳ мекунанд, вале тасбеҳи онҳоро шумо намефаҳмед.[2]Худои файласуфон, ки ўро фақат ба номи “муҳаррики аввал” ё “воҷибул-вуҷуд” мешиносанду бас, мавҷудест бегона бо башар ва фақат ўро офаридааст ва ба ин ҷаҳон овардааст. Аммо Худои Қуръон як “матлуб” аст, мояи дилбастагии башар аст, башарро шўълавар ва омодаи фидокорӣ мекунад, аҳёнан хоби шабу оромиши рўзи ўро мегирад, зеро ба сурати як “идея”-и фавқулода муқаддас дармеояд.

Файласуфони исломӣ дар асари ошноӣ бо Қуръон ва ворид кардани мафҳумҳои қуръонӣ, илоҳиётро ба авҷи олии худ расонданд.

Оё мумкин аст як фарди “уммӣ” ва дарснахонда, муаллим нодида, мактаб норафта, аз пеши худ то ин ҳад дар илоҳиёт пеш биравад, ки ҳазорҳо сол аз афкори файласуфоне монанди Афлотун ва Арасту пештар бошад?

 

Қуръон, Таврот ва Инҷил

Қуръон Таврот ва Инҷилро тасдиқ кард, вале гуфт дар ин китобҳо таҳриф сурат гирифта ва дасти хиёнаткори башар дар он ворид шудааст. Қуръон ғалатҳои ин ду китобро дар илоҳиёт, дар қиссаҳои паёмбарон ва дар порае муқаррарот тасҳеҳ кард.

Қуръон Худоро аз чизҳое назири кўштӣ гирифтан, паёмбаронро аз нисбатҳои норавое, ки дар китобҳои пешин омада буд, танзеҳ кард ва ин худ далели дигарест бар ҳаққонияти ин китоб.

 

Таърихҳо ва қиссаҳо

Қуръон таърихҳо ва қиссаҳое овард, ки мардуми он аср чизе аз онҳо намедонистанд ва худи паёмбар(с) низ аз онҳо бехабар буд (“...на ту ва на қавмат онҳоро намедонистед.”) ва дар ҳамаи мардуми араб як нафар муддаӣ нашуд, ки ин достонҳоро мо медонистаем. Қуръон дар ин достонҳо аз Таврот ва Инҷил пайравӣ накард ва балки онҳоро ислоҳ кард. Таҳқиқоти муаррихони асри ҷадид дар бораи қавми Сабо, қавми Самуд ва ғайра назари Қуръонро таъйид карданд.

 

Қуръон ва хабар аз оянда

Қуръон ҳангоме ки Ирон Румро дар соли 615 милодӣ шикаст дод ва мўҷиби хушҳолии Қурайш шуд, бо қотеияти комил гуфт дар камтар аз даҳ соли дигар Рум Иронро шикаст хоҳад дод. Бар рўи ин қазия миёни баъзе аз мусулмонон ва баъзе аз кофирон шартбандӣ шуд ва баъд ҳамон тавр шуд, ки Қуръон хабар дода буд. Қуръон ҳамчунин бо қотеияти комил хабар дод, ки он кас, ки паёмбарро “абтар” (бенасл) мехонад, худаш “абтар” аст ва он шахс, ки дар он рўз фарзандоне дошт ба тадриҷ дар тўли ду се насл аз байн рафтанд.
Ҳамаи инҳо мўъҷиза будани ин китобро мерасонад. Қуръон мўъҷизаҳои илмӣ ва маънавии дигар ҳам дорад, ки ба улуми фалсафӣ, табиӣ ва таърихӣ марбут аст.


[1]- Сураи Раъд, ояти 28.

[2]- Сураи Исро, ояти 44.

Бахш: Қуръони карим | Просмотров: 1991 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/2 |
Всего комментариев: 2
28.09.2009
2. Шахло (Soleha) [Материал]
Қуръон бузургтарин китоби осмонӣ аст, ки дар он тамоми ҷузъиёти зиндагии инсон ифода ёфтааст. Сар то сар он аз панду ҳикмат, насиҳат, ҳидоят ба роҳи рост, парҳез аз дурӯғ, ҳимояи бечорагон, дастгирии хешу табори нодор, вафо ба аҳду паймон, сарфакорӣ, ҳурмати падару модарон, гуфтани ҳақиқат, баланд бардоштани қадру қиммати занон ва нигоҳ доштани ҳуқуқи онҳо, маҳкум намуданит ҷабру зулм ва мубориза бар муқобили золимон, адолату одамгарӣ некӯкорӣ ва дигар мавзӯъҳо иборат аст.

13.12.2008
1. Ходиев Дадахон [Материал]
Ба фикрам ин акида нодурст аст: "4. паёмбарон, ё инсонҳое, ки ваҳйи илоҳиро дар замири худ дарёфт карда ва ба инсонҳои дигар иблоғ кардаанд; Агар ин чунин аст пас хар кас метавонад паёмбар шавад агар бо кушиши зиёд дар замири худ чизеро дарк кунад, ки масалан шайтон васваса карда бошад. Домани ин бахс дароз аст, вале ман аз ягон мадрак нахондаам он чиро ки шумо навиштаед. Агар бемалол бошед инро аз кучо хондед, нависед. Дурусташ "Паймбарон, инсонхое, ки Худованд ба онхо вайх нозил кардааст, дар бедори ва дар хоб".

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz