Панҷшанбе, 27.02.2020, 20:02
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Тавба
Тавба
22:23

Бидон, ки тавба, ки дар тоҷикӣ ба маънои бозгаштан аз гуноҳон аст, аз се чиз тартиб ёфтааст: илм, ҳол ва феъл. Аз илм ҳол ба вуҷуд меояд ва аз ҳол феъл.
Аммо илм он аст, ки инсон ба зарари гуноҳоне, ки аз ӯ сар задааст ва ин ки он гуноҳон заҳрҳои қотиле ҳастанд, ки дини одамиро нобуд мекунанд ва ҳиҷобҳое мебошанд, ки байни ӯ ва Худояш қарор мегиранд огоҳӣ пайдо кунад.Сипас аз ин илму огоҳӣ, як ҳолат ба вуҷуд меояд, ки ба воситаи он дар қалби банда дарду алам аз ин ки маҳбубаш ба сабаби гуноҳони ӯ аз вай дур шудааст пайдо мешавад.

Он гоҳ аз ин ҳолат, як ирода ва қасд дар вуҷуди инсон падид меояд, ки ба воситаи он, ӯ қасди тарки гуноҳ ва дигар ҳеҷ гоҳ ба он барнагаштанро мекунад.

Худои Таоло мефармояд:

 

وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعًا أَيُّهَا الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ

 

Эй мӯъминон! Ҳамагӣ ба сӯи Худо тавба намоед, то шояд растгор шавед.[1]

Ва ҳам мефармояд:

 

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا تُوبُوا إِلَى اللَّهِ تَوْبَةً نَّصُوحًا

 

Эй касоне, ки имон овардаед! Ба сӯи Худо тавбаи насӯҳ намоед.[2]

Тавбаи насӯҳ, ба маънои тавбаест, ки холисона барои Худост ва банда ба қасди ҳаргиз ба гуноҳ барнагаштан карда бошад.

Ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:

 

التَّائِبُ حَبِيبُ اللهِ، وَالتَّائِبُ مِنَ الذَّنْبِ كَمَنْ لا ذَنْبَ لَهُ.

 

Тавбакунанда ҳабиб ва дӯсти Худост. Тавбакунанда аз гуноҳ мисли касест, ки гуноҳе аз ӯ сар назадааст.[3]

Ҳамчунин мефармояд:

 

اللهُ أَفْرَحُ بِتَوْبَةِ الْعَبْدِ الْمُؤْمِنِ مِنْ رَجُلٍ نَزَلَ فِي أَرْضٍ دَوِيَّةٍ مُهْلِكَةٍ مَعَهُ رَاحِلَتُهُ عَلَيْهَا طَعَامُهُ وَشَرَابُهُ، فَوَضَعَ رَأْسَهُ فَنَامَ نَوْمَةً فَاسْتَيْقَظَ وَقَدْ ذَهَبَتْ رَاحِلَتُهُ فَطَلَبَهَا حَتَّى إِذَا اشْتَدَّ عَلَيْهِ الْحَرُّ وَالْعَطَشُ أَوْ مَا شَأَ اللهُ قَالَ: أَرْجِعُ إِلَى مَكَانِي الَّذِي كُنْتُ فِيهِ فَأَنَامُ حَتَّى أَمُوتَ. فَوَضَعَ رَاْسَهُ عَلَى سَاعِدِهِ لِيَمُوتَ فَاسْتَيْقَظَ فَإِذَا رَاحِلَتُهُ عِنْدَهُ عَلَيْهَا زَادُهُ وَشَرَابُهُ. فَاللهُ تَعَالَى أَشَدُّ فَرَحاً بِتَوْبَةِ الْعَبْدِ الْمُؤْمِنِ مِنْ هَذَا بِرَاحِلَتِهِ.

 

Худо хушҳолтар аст ба тавбаи бандаи мӯъмин нисбат аз он марде, ки дар як сарзамини хушк ва ҳалокатоваре фуруд омадааст ва ҳамроҳи ӯ маркабест, ки дар он обу таом ҳаст ва ӯ (аз хастагӣ) андак хоб мекунад ва он гоҳ ки бедор мешавад мебинад маркабаш рафтааст. Сипас шурӯъ мекунад ба ҷустуҷӯи маркаби худ то ба ҷое, ки дигар бар ӯ гармо шадид мешавад ва сахт ташна мегардад (ва аз пайдо кардани маркаб ноумед шуда) мегӯяд: Бармегардам ба ҳамон маконе, ки дар он ҷо маркабамро гум кардаам ва мехобам то бимирам. Он гоҳ ба хоб меравад ба ин умед, ки бимирад. Аммо вақте бедор мешавад, баногаҳ мебинад, ки маркабаш баргашта ва бар он обу таоми ӯ вуҷуд дорад. (Бидонед, ки) хушҳолии Худо ба тавбаи бандаи мӯъмин, бештар аст аз хушҳолии ин мард он гоҳ ки маркабашро ҳозир мебинад.[4] 

Бидон, ки тавба бояд фавран сурат гирад. Яъне ҳар гоҳ инсон огоҳӣ ба зарари гуноҳонаш пайдо карда ва бар асари он дарду алам дар қалбаш эҷод гардад, бояд фавран камари ҳиммат барои тарки гуноҳон ва дигар барнагаштан ба онро намояд, на ин ки бар худ замзама кунад, ки ҳанӯз ҷавон ҳастам ва фурсати тавба боқӣ аст. Зеро чунин замзамаҳое аз васвасаи шайтон аст ва бояд шадидан аз он парҳез намуд. Ва сониян, инсон аз куҷо медонад, ки барои вай фурсат ҳанӯз боқӣ аст, ҳатто агар ҷавон бошад? Аз куҷо медонад, ки чанд лаҳзаи дигар чӣ сарнавиште ӯро дар интизор аст? Шояд баъд аз чанд лаҳза бар асари тасодуф ва ё бар асари таваққуфи қалб ва ё ҳар оризаи дигаре аз дунё равад? Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Худо мефармояд:

إِنَّمَا التَّوْبَةُ عَلَى اللّهِ لِلَّذِينَ يَعْمَلُونَ السُّوَءَ بِجَهَالَةٍ ثُمَّ يَتُوبُونَ مِن قَرِيبٍ فَأُوْلَئِكَ يَتُوبُ اللّهُ عَلَيْهِمْ وَكَانَ اللّهُ عَلِيماً حَكِيماً. وَلَيْسَتِ التَّوْبَةُ لِلَّذِينَ يَعْمَلُونَ السَّيِّئَاتِ حَتَّى إِذَا حَضَرَ أَحَدَهُمُ الْمَوْتُ قَالَ إِنِّي تُبْتُ الآنَ وَلاَ الَّذِينَ يَمُوتُونَ وَهُمْ كُفَّارٌ أُوْلَئِكَ أَعْتَدْنَا لَهُمْ عَذَابًا أَلِيمًا.

 (Қабули) тавба бар Худо танҳо барои касонест, ки аз рӯи нодонӣ (яъне надониста) гуноҳ кунанд, сипас фавран тавба намоянд. Ононанд, ки Худо (ба бахшоиши хеш) тавбаи онҳоро мепазирад ва Худованд доно ва боҳикмат аст. Тавба барои касоне нест, ки корҳои бад ва гуноҳ кунанд то вақте ки марги онҳо фаро расад, бигӯянд: “Инак тавба кардам”. Ва на барои касоне, ки бо ҳоли куфр бимиранд. Ононро азобе дарднок омода сохтаем.[5]

Агар гӯянд: Оё Худо ҳамаи гуноҳонро мебахшад, ё ин ки баъзе аз гуноҳон бахшида намешаванд?

Гӯянд: Худованд ба ҷуз ширк, дигар ҳамаи гуноҳонро мебахшад. Дар Қуръони Карим мефармояд:

 

إِنَّ اللّهَ لاَ يَغْفِرُ أَن يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَلِكَ لِمَن يَشَاء

 

Ҳамоно Худо намебахшад, ки ба Ӯ ширк варзанд, аммо ғайр аз он (ҳар гуноҳеро) барои ҳар кӣ худи Худо бихоҳад мебахшад.[6]

 

قُلْ يَا عِبَادِيَ الَّذِينَ أَسْرَفُوا عَلَى أَنفُسِهِمْ لَا تَقْنَطُوا مِن رَّحْمَةِ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ جَمِيعًا إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ.

 

Бигӯ: Эй он бандагони ман, ки (бо зиёд гуноҳ кардан) ба худ ситам кардаед! Аз бахшоиши Худо ноумед мабошед, ки ҳамоно Худованд ҳамаи гуноҳонро мебахшад. Ӯст бахшандаи меҳрубон.[7]

Бинобар ин банда набояд ноумед бошад ва чунин фикр накунад, ки гуноҳе, ки аз ӯ сар задааст, Худо ҳаргиз нахоҳад бахшид. Ин ҳам аз васвасаҳои шайтон аст, ки ҳамеша инсонро ‒ ҳар гоҳ қадаме ба сӯи Худо бардорад ‒ ба ноумедӣ вомедорад.

Ривоят шудааст, ки дар Бани Исроил ҷавоне буд, ки бист сол Худоро ибодат кард, сипас бист сол Ӯро маъсият намуд. Он гоҳ назаре ба оина афканд ва дид, ки дигар ришаш сафед шуда ва пир гаштааст. Ин ҳолат ӯро нороҳат сохт ва гуфт: Парвардигоро! Туро бист сол итоат намудам ва сипас бист сол нофармоният кардам. Агар боз ба сӯят баргардам, оё маро қабул хоҳӣ намуд? Сипас аз гӯяндае, ки бо чашмон дида намешуд чунин садое шунид: Моро дӯст доштӣ, Мо ҳам туро дӯст доштем. Моро тарк гуфтӣ, Мо ҳам туро тарк кардем. Моро маъсият ва нофармонӣ кардӣ, бароят мӯҳлат додем. Агар боз ба сӯи Мо баргардӣ, қабулат хоҳем намуд. [8]

Агар пурсанд: Дар бораи гуноҳон бароям тавзеҳ бидеҳ.

Гӯем: Гуноҳ, ё кабира аст ва ё сағира. Гуноҳи кабира он аст, ки Худо барои анҷомдиҳандаи он оташи дӯзахро ваъда кардааст, ки муҳимтарини он аз инҳо иборатанд:

1.      Ширк ба Худо, ки аз бузургтарини кабираҳост;

2.      Ноумедӣ аз раҳмати Худо (мисли касе, ки бипиндорад Худо ӯро нахоҳад бахшид);

3.      Худро аз макри Худо дар амон донистан (мисли касе, ки ба амалҳои худ такя карда, чунин пиндорад, ки дигар амалҳояш ӯро наҷот бахшанд ва ӯ дигар ба розу ниёз эҳтиёҷ надорад);

4.      Оққи волидайн;

5.      Қатли нафсе, ки Худо рехтани хуни ӯро ҳаром кардааст (мисли куштани мусулмон мусулмони дигареро);

6.      Тӯҳмати зино задан ба зани пок;

7.      Хӯрдани моли ятим;

8.      Фирор аз майдони ҷанг;

9.      Рибохорӣ;

10.  Сеҳру ҷоду;

11.  Зино;

12.  Қасами дурӯғ;

13.  Закот напардохтан;

14.  Шаҳодати дурӯғ додан;

15.  Пинҳон намудани шаҳодат;

16.  Шаробхорӣ;

17.  Тарки намоз;

18.  Паймоншиканӣ;

19.  Қатъи силаи раҳм (яъне кандани робита бо наздикон);

Аммо ғайр аз инҳо дигар гуноҳон, сағира аст, ки ҳарчанд ба анҷомдиҳандаи он ваъдаи оташи дӯзах нашудааст, вале агар касе исрор бар сағира кунад ва онро тарк накунад, рафта‒рафта ба гуноҳи кабира табдил хоҳад шуд.



[1] ‒ Сураи Нур, ояти 31.

[2] ‒ Сураи Таҳрим, ояти 8.

[3] ‒ Эҳёи улуми дин, Ғазолӣ, ҷ.4, саҳ.7.

[4] ‒ Ҳамон манбаъ, ҷ.4, саҳ.7‒8.

[5] ‒ Сураи Нисо, оятҳои 17‒18.

[6] ‒ Сураи Нисо, ояти 116.

[7] ‒ Сураи Зумар, ояти 53.

[8] ‒ Эҳёи улуми дин, Ғазолӣ, ҷ.4, саҳ.23.

Бахш: Ахлоқи исломӣ | Просмотров: 786 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
15.05.2014
1. Krettisuk [Материал]
You really found a way to make this whole prsecos easier.

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz