Шанбе, 20.04.2024, 00:38
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 19 » Ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) (1)
Ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) (1)
15:51

Паёмбари Акрам ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), ки нубувват ба ў поён ёфт, дар соли 570 баъд аз мелод таваллуд шуд. Дар чиҳилсолагӣ ба нубувват барангехта шуд. Сездаҳ сол дар Макка мардумро ба Ислом даъват кард ва сахтиҳо ва мушкилоти фаровон мутаҳаммил шуд. Ва дар ин муддат гурўҳеро тарбият кард ва пас аз он ба Мадина муҳоҷират намуд ва он ҷоро марказ қарор дод. Даҳ сол дар Мадина озодона даъват ва таблиғ намуд ва бо саркашони араб набард кард ва ҳамаро мақҳур сохт. Пас аз даҳ сол ҳамаи нимҷазираи Арабистон мусулмон шуданд. Оятҳои каримаи Қуръон тадриҷан дар муддати 23 сол бар он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нозил шуд. Мусулмонон шефтагии аҷибе нисбат ба Қуръон ва ҳам нисбат ба шахсияти Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нишон медоданд. Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар соли 11 ҳиҷрӣ, яъне ёздаҳумин соли ҳиҷрат аз Макка ба Мадина, ки 23 соли паёмбарии ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва шасту сеюмин сол аз умраш буд даргузашт, дар ҳоле ки ҷомеаи навбунёд ва пур аз нашоти руҳӣ ва мўъмин ба як идеологияи созанда, ки эҳсоси масъулияти ҷаҳонӣ мекард таъсис карда ва боқӣ гузошта буд.

Он чи ба ин ҷомеаи навбунёд руҳ ва ваҳдат ва нашот дода буд, ду чиз буд: Қуръони Карим, ки ҳамвора тиловат мешуд ва илҳом мебахшид. Ва дигарӣ, шахсияти азим ва нофизи Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), ки хотирҳоро ба худ машғул ва шефта нигаҳ медошт. Акнун дар бораи шахсияти Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) андаке баҳс мекунем:

 

                                    Даврони кўдакӣ

Ҳанўз дар раҳими модар буд, ки падараш дар сафари бозаргонӣ дар Мадина даргузашт. Падарбузургаш Абдулмутталиб кафолати ўро ба ўҳда гирифт. Аз кўдакӣ осори азамат ва фавқулодагӣ аз чеҳра ва рафтор ва гуфтораш пайдо буд. Абдулмутталиб ба фаросат дарёфта буд, ки наберааш ояндаи дурахшон дорад.

Ҳаштсола буд, ки падарбузургаш Абдулмутталиб даргузашт ва тибқи васияти ў Абўтолиб, амуи бузургаш ўҳдадори кафолати ў шуд. Абўтолиб низ аз рафтори аҷиби ин кўдак, ки бо дигар кўдакон шабоҳат надошт, дар шигифт мемонд.

Ҳаргиз дида нашуд, ки ў монанди кўдакони ҳамсолаш нисбат ба ғизо ҳирс ва алоқа нишон бидиҳад; ба ғизои андак иктифо мекард ва аз зиёдаравӣ имтиноъ меварзид. Бар хилофи кўдакони ҳамсолаш ва бар хилофи одат ва тарбияти он рўз, мўйҳои хешро мураттаб мекард ва сару сурати худро тамйиз нигаҳ медошт.

Абўтолиб рўзе аз ў хост, ки дар ҳузури ў ҷомаҳояшро биканад ва ба бистар равад. Ў ин дастурро бо кароҳат талаққӣ кард ва чун намехост аз дастури амуи хеш тамарруд кунад, ба аму гуфт: Рўи хешро баргардон то битавонам ҷомаамро биканам. Абўтолиб аз ин сухани кўдак дар шигифт шуд, зеро дар араби он рўз ҳатто мардони бузург аз урён кардани ҳамаи қисматҳои бадани худ эҳтиёт намекарданд. Абўтолиб мегўяд:

Ман ҳаргиз аз ў дурўғ нашунидам, кори ношоиста ва хандаи беҷо надидам, ба бозиҳои баччаҳо рағбат намекард, танҳоӣ ва хилватро дўст медошт ва дар ҳамаи ҳол фурўтан буд”.
Бахш: Суннат | Просмотров: 1200 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 2
07.12.2011
2. Абдучаббор [Материал]
ХУДОЕ БА ДУШМАНОНИ МУХАММАД ВА ОЛИ МУХАММАД ЛАЬНАТ БИФИРИСТ.

07.12.2011
1. Абдучаббор [Материал]
ХУДОЕ БА ХАККИ МУХАММАД ВА ОЛИ МУХАММАД ДУРУД БИФИРИСТ.

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz