Ҷумъа, 19.04.2024, 07:18
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Бахшҳо
Мои статьи [6]
Аслӣ » Мақолаҳо » Мои статьи

Ифрот ва тафрит (4)

                                           Сухане аз Алӣ

Сазовор аст дар ин ҷо сухане аз имоми сухан биёварем. Яке аз ёрони он ҷаноб дар боби ҳадисҳо ва хабарҳои гуногун ва зидду нақизе, ки дар дасти мардум буд, аз ў савол кард. Имом Алӣ дар посух фармуд:

Дар дасти мардум ҳақ аст ва ботил, дурўғ аст ва рост, носих аст ва мансух, ҳамчунин ом аст ва хос, муҳкам аст ва муташобеҳ, холӣ аз иштибоҳ ва омехта бо он. Дар замони Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) он қадар бар ў дурўғ бастанд, ки бархост ва барои мардум хутбае адо кард ва дар он гуфт: “Ҳар кӣ бар қасд бар ман дурўғ бандад, ҷойгоҳи худро дар оташи ҷаҳаннам ёбад”.

Ҳадисро чаҳор тоифа аз мардум нақл мекунанд ва панҷуме надорад:

Тоифаи якум: мунофиқоне ҳастанд, ки изҳори имон мекунанд ва худро мусулмон менумоянд, вале аз иртикоби ҳеҷ гуноҳе бок надоранд ва бар Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бар қасд дурўғ мебанданд. Агар мардум медонистанд, ки инон мардумони мунофиқу дурўғгўянд, ҳаргиз суханонашонро намепазируфтанд ва тасдиқ намекарданд, вале мегўянд ёрони Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳастанд, он ҷанобро дида ва аз ў шунида ва забт кардаанд...

Тоифаи дуюм: мардуме ҳастанд, ки аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) хабаре шунида, аммо дурусташро ба хотир насупурдаанд ва албатта қасди он ҳам надоранд, ки дурўғ бигўянд. Онон чизеро, ки омехта, инак ривоят мекунанд ва худ низ ба кор мебанданд ва ҳама ҷо мегўянд, ки ин суханро аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) шунидаам. Агар мусулмонон медонистанд, ки онҳо иштибоҳ дарёфтаанд, аз онон намепазируфтанд ва худ низ агар медонистанд, таркаш мегуфтанд...

Тоифаи сеюм: мардуме ҳастанд, ки аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) чизе шунидаанд, ки ба он фармон додааст, вале сипас аз он наҳй кардааст бе он ки ин тоифа огоҳ шуда бошанд. Ё шунидаанд, ки он ҷаноб аз коре наҳй кардааст, аммо сипас ба он фармон додааст бе он ки онон хабардор шуда бошанд. Бинобар ин мансухро шунида, вале носихро нашунидаанд. Инон агар медонистанд он чи мегўянд насх шудааст, ҳаргиз намегуфтанд. Агар мусулмонон ҳангоме ки онро аз онҳо шуниданд, медонистанд, ки насх шудааст, онро тарк мегуфтанд...

Тоифаи ҷаҳорум: мардумоне ҳастанд, ки ҳаргиз ба Худо ва паёмбари Ӯ дурўғ намебанданд ва ба сабаби тарсе, ки аз Худо доранд ва низ ба хотири бузургдошти паёмбари Ӯ, дурўғро душмананд, ба иштибоҳ ҳам наяфтодаанд, балки ҳар суханеро чунон ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) шунидаанд, ба хотир супурда ва инак ривояташ мекунанд. На бар он чизе меафзоянд ва на аз он чизе мекоҳанд. Носихро ба хотир супурда ва ба кор мебанданд ва мансухро ба хотир супурда ва аз он дурӣ меҷўянд. Хосро аз ом тамйиз медиҳанд ва муташобеҳро ба ҷои муҳкам наменишонанд ва ҳар чиро ба ҷои худ мениҳанд...”[1]

Оре, воқеан агар он бадбахти содалавҳ медонист, ки саркардаҳои хавориҷ, ки мехоҳанд ўро ба сафи худ мулҳақ созанд, аз тамассук ба ин ояту ривоятҳо ғаразе ҷуз ин надоштанд, ки амалкарди худ дар баробари Алиро тавҷеҳ кунанд, ҳаргиз ба сафи онҳо мулҳақ шуда ва ин ҳама вафодорӣ дар он роҳ аз худ ба харҷ намедод.

Агар он содаандеши дигар медонист, ки поягузорони мурҷиа, ки мехоҳанд ў дар рикобашон қарор гирад, аз истидлол ба ин ояту ривоятҳо ҳадафе ҷуз ин надоштанд, ки мехоҳанд ба ҳаракату ҷунбиши хеш рангу бўи динӣ бахшанд, маҳол буд дар канори онҳо қарор бигирад.

Агар ин ҷавони нопухта медонист, ки поягузори маслаки салафият, ки аз варои ормону андешаҳои вай медавад ва аз ҳеҷ чизе дар роҳи таҳаққуқи аҳдофи ин маслаки хушк дареғ намеварзад, дар истидлолҳои худ ба ояту ривоятҳо ба хато рафтааст (ва ё ақаллан дар иҷтиҳоди хеш ба иштибоҳ афтодааст), маҳол буд, ки ин ҳама вафодорӣ ва ихлос аз худ ба харҷ диҳад.

Аммо ҳайҳот, ки на он ду медонистанд ва на ин медонад. Он ду чунин меандешиданд ва ин яке чунин фикр мекунад, ки гўянда, ки ба оятҳои Худову ривоятҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) “истидлол” мекунад, пас мухолифат бо ў, мухолифат бо Худову паёмбари Ӯст.

Он кас, ки надонад ва бидонад, ки надонад,

Лангон хараки хеш ба мақсад бирасонад.

Он кас, ки надонад ва надонад, ки надонад,

Дар ҷаҳли мураккаб абадуддаҳр бимонад.

 

                                         Ҷараёни Акрамия

Хонандаи азиз шояд аз ҷараёне ба номи ҷараёни Акрамия, ки ахиран дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон буруз карда ва сару садое ҳам дар байни мардуми Ӯзбекистон эҷод кардааст хабар дошта бошад. Банда аз ҷузъиёти чигунагии шаклгирӣ ва ҳатто шахсеро, ки асосгузори ин ҷараён мебошад, хуб мешиносам. Шояд ҷавононе, ки имрўз ба сафи ин ҷараён пайваста ва дар роҳи таҳаққуқи аҳдофи он аз худ ҳеҷ чизеро дареғ намеварзанд хабаре надошта бошанд, ки чӣ гуна чунин ҷараёне ва ба дасти чӣ касе поягузорӣ гардидааст.

Асосгузори ин ҷараён шахсест ба номи Акрам Юлдошев, ки худи ҷараён ҳам ба номи ў маъруф шудааст. Охирҳои соли 1989 ва авоили соли 1990, он замон ки банда машғули таҳсили улуми динӣ дар шаҳри Тошканд дар маҳзари устоди гиромӣ ҷаноби Домулло Маъруфҷон (Худо эшонро дар сояи алтофаш нигаҳ дорад) будам, ин шахс шурўъ ба даъват ба сўи ҳамин ҷараён намуда буд. Дар қадами аввал ҳам ба суроғи домуллоҳои маъруф ва машҳури Ӯзбекистон мерафт ва барномаи ҳаракати худро барои онон ташреҳ карда ва мехост онро таъйид кунанд.

Хуб ёдам ҳаст, ки рўзе ба ҳуҷраи мо ҳам, ки дар канори манзили ҷаноби Домулло қарор дошт, омад ва дархости мулоқот бо Домуллоро кард ва Домулло ҳам пазируфтанд. Аввал шурўъ кард ба гилаю гилоя кардан, ки вазъи ҷомеа бад шудааст ва шумо домуллоҳо парвои ҳеҷ чиз надоред ва ҳамму ғаматон фақат худоихўрӣ ва ғайра ва ҳоказо мебошад. Сипас гуфт: Ман дар атрофи тамоми масоиб ва гирифториҳои мусулмонони ҷаҳон (на танҳо мусулмонони Ӯзбекистон, балки тамоми мусулмонони гетӣ) ва асбоб ва авомили инҳитот ва ақабрафтагиҳояшон андешида баромада, ба чунин хулоса расидам, ки айби онҳо дар як чиз будааст. Домулло пурсиданд, ки он чӣ будааст? Гуфт: Айби мусулмонон дар ин аст, ки онҳо дар тайи мароҳиле, ки мусулмонони садри Ислом дар сояи Қуръони Карим онро тай карда ва дар охир ба қуллаи маҷду шукўҳ даст ёфтанд пойбанд нестанд.

Домулло пурсиданд: Манзури шумо аз тайи мароҳил чист? Гуфт: Бубинед, аввал замони ҷоҳилият буд ва ҳама дар залолат ва гумроҳӣ буданд, ҳатто Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи). Далелаш ҳам ин ки Худо хитоб ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармудааст: “Ва Худо туро, (эй Муҳаммад) гумроҳ ёфт ва сипас ҳидоятат намуд”.[2] (Аҷиб ин ки барои ҳар матлабе, ки мегуфт, далеле аз Қуръон ҳам ёдовар мешуд). Сипас марҳалаи даъват ба сўи тавҳид фаро расид. Дар ин марҳала сураҳое, ки ба он ҷаноб нозил мешуд, дарбардорандаи ҳеҷ як аз аҳкоми илоҳӣ аз қабили намозу рўзаву таҳрими хамру ғайра набуд, ҳамааш дар атрофи тавҳиди Худо мечархид. Баъд, ки мусулмонон ҳама муваҳҳид шуданд, шурўъ шуд марҳалаи нузули аҳкоми илоҳӣ ва ҷиҳоду кишваркушоӣ ва ҳоказо.

Акнун, ки мо дар марҳалаи аввал қарор дорем, ҳамму ғами мо фақат даъват ба сўи тавҳиди Худо бошад ва ниҳояти талоши худро дар ин росто ба харҷ диҳем, то он вақт ки агар теъдоде аз мусулмононро ба андозаи кофӣ тарбият кардем ва муваҳҳиди воқеӣ шуданд, гузарем ба марҳалаи дуюм ва он гоҳ ҳиммати хешро равона кунем ба тарафи аҳком. Феълан коре надошта бошем, ки чӣ касе намоз мехонад ва чӣ касе бенамоз аст ва чӣ касе арақ мехўрад ва чӣ касе намехўрад, ҳамчунон ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар марҳалаи нахуст коре ба ин чизҳо надоштанд.

Домулло бо шўхӣ пурсиданд: Яъне манзури шумо ин аст, ки дар мавқеи кунунӣ ҳамагӣ намозу рўзаро раҳо карда, биравем ба тарафи майхона ва ресторанҳо ва шурўъ кунем ба арақу пиво хўрдан?

Гуфт: Ман шўхӣ надорам, чиддӣ бо шумо сўҳбат мекунам, агар ишколе доред, бо далелу бурҳон бо ман сўҳбат кунед. Ман ҳар чи то ҳоло гуфтам, аз Қуръон далел бароятон овардам.

Ин ҷо буд, ки Домулло чун диданд тараф саводи дурусте аз дин надорад ва назарияҳое ҳам, ки матраҳ мекунад ношӣ аз камиттилоии ў аз маорифи динист, гуфтанд: Ҳоло, ки шумо мехоҳед бо ман ҷиддӣ сўҳбат кунед, ба чанд саволе, ки аз шумо мепурсам ҷавоб диҳед: Андозаи саводи шумо аз маорифи исломӣ чӣ қадар аст? Гуфт: Сарфу наҳвро то “Кофия” хондам, каме ҳам аз тафсир хондам, сипас машокили рўзгор водорам кард дарси муллобаччагиро раҳо карда, суроғи кору зиндагӣ равам. Пурсиданд: Аз фиқҳу усулу тафсирҳои истидлолӣ ва ҳамчунин аз улуми мусталаҳу риҷолу дироя чизе хондаед? Ҷавоб дод: Чаро умри худро беҳуда дар фарогирии чунин улуме сарф кунам, дар ҳоле ки ҳамаи шумо домуллоҳо тамоми умри худро дар талаби ин улум сарф карда, вале дар мақоми амал коре аз шумо сохта нест? Аслан ман мухолифи ин ҳастам, ки як муллобачча, бо таваҷҷўҳ ба ин ҳама мушкилоте, ки гиребонгири мусулмонон шудааст, худро машғули фарогирии ин улуми беҳуда кунад.

Домулло гуфтанд: Ман дигар бо шумо сухане надорам, танҳо тавсияи ман ба шумо, агар бипазиред, ин аст, ки чанд соле ба худатон заҳмат дода, ақаллан бо муқаддимоти улуми номбурда ошно шавед, вагарна хап шуда гаштанатон беҳтар аст барои маслиҳати Ислом аз тарҳи чунин андешаҳои хом.

Дигар хабаре аз ин шахс ва фаъолиятҳояш надоштам, то ин ки ҳамин ахиран шунидам, ки гурўҳе аз ҷавонони ҷараёни Акрамия дар натиҷаи ошўбе дар Андиҷони Ӯзбекистон мавриди таъқиби ҳукумат қарор гирифта ва теъдоди зиёде аз онҳо ҳаминак дар зиндонҳои Ӯзбекистон басар мебаранд.

Ҳоло ин шахс ба чӣ далел бузург шуда ва то андозае ҳам муваффақ ба пайдо кардани ҳаводороне барои худ шуда ва кораш ба ҷое расида, ки ба гумони худаш ба марҳалаи “ҷиҳод” расида ва бо ҳукумат даст ба гиребон шудааст, барои ман пўшида аст. Аммо ин миқдорро метавонам қотеона ҳадс занам, ки агар ин Акраме, ки дида будам, бо он маҳорате, ки дар тарҳи масоил дошт ва бо он “истидлолҳое”, ки ба Қуръону ҳадис мекард, назарияҳои худро барои чанд ҷавони салаҳшўр ва ошиқи Қуръону суннат, вале беиттилоъ аз маорифи динӣ, тарҳ карда бошад, бешак на яке то ду то, балки садҳо ва ҳазорон ҳаводор барои худ пайдо мекунад.
Ба ҳар ҳол, ҳадаф аз зикри ин воқеа ин буд, ки бубинед агар инсон барои расидан ба ҳар ғаразе, бихоҳад аз Қуръону ҳадис баҳра гирад, барояш муяссар аст. Ин ҷост, ки зарурати иҷтиҳод дар маорифи динӣ барои ҳар он касе, ки мехоҳад ба амали ислоҳ дар дин бипардозад равшан мешавад.


[1]‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Наҳҷ‒ул‒балоға, ҷ.30, саҳ.17).

[2]‒ Сураи Зуҳо, ояти 7.

Бахш: Мои статьи | Изофа кард: istaravshani (19.11.2008) | Автор: Сайидюнуси Истаравшанӣ
Просмотров: 1144 | Комментарии: 1 | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 1
18.02.2009
1. Nasimjon kodirov [Материал]
rfgw

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz