Чоршанбе, 24.04.2024, 22:51
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Феврал » 18 » Сирри ихтилоф
Сирри ихтилоф
00:44

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Зайли мақолаи "Суннии воқеӣ ҳамон шиа аст ва шиаи воқеӣ ҳамон суннӣ”, ки чанд рӯз пеш камина ба риштаи таҳрир дароварда ва мавриди мутолеаи хонандагони азиз қарор гирифт, бародари азизе ба номи Сафар, аз рӯи дилсӯзӣ, хитоб ба роқими сутур навиштааст:

"Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,

Бародар Сайидюнус! Ба ин гуфтаҳои шумо ман розӣ шуда наметавонам, зеро аҳли суннат бо шиа муштаракоти зиёд надоранд. Шумо мехоҳед, ки байни мусалмонон иттиҳод барқарор бошад, ва ин кор, ба назари ман, имконнопазир аст, то он даме ки шиаҳо дашном додани беҳтарин башариятро баъд аз анбиё, ки асҳоби киром ҳастанд бас накунанд.

Шумо хеле кӯшиш доред, ки шиаҳоро сафед кунед ва иттиҳомотро аз онҳо дур созед, лекин воқеият ин аст, ки ин тӯҳматҳое, ки ба онҳо зада мешавад, дуруст мебошад. Агар дар ҳақиқат ин гуфтаҳое, ки гӯё ин ақидаи ақаллияти шиа бошад, пас чаро ҳукумати Эрон инҳоро расман манъ намекунад ва эълон намекунад, ки касе асҳоби киромро дашном диҳад, ҷазо дода мешавад? Чаро бародарони аҳли суннати мо дар Эрон аз ҳуқуқҳои худ маҳрум ҳастанд, уламои аҳли суннат кушта мешаванд ва ғайра ва ғайра, ки нишонгари он аст, ки он ақидаи тамоми аҳли шиа ҳаст; аз ҳукумат сар карда то ҳар фард.

Ва як хоҳиши бародарона аз шумо дорам, ки ин маразро ба Тоҷикистони мо наёред. Ин дунё он қадр арзиш надорад, пулу мол ҳама аз сари одам меравад, мағрури фанду фиреби ҳукуматдорони Эрон нашавед. Худованд барои шумо фаҳму заковат додааст, лекин дар фаҳми ҳақиқат иштибоҳ кардаед.

Дуо мекунам, ки Худованд шуморо ҳидоят кунад. Мумкин аст ин суханони ман бароятон хандаовар бошад, лекин инро ман аз сидқи дил мегӯям.

Худо носири ҳама!”

Ва аммо ҷавоби мо:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,

Бародари азиз ва арҷманд Сафар,

Дар оғоз бояд самимона ташаккур ва сипоси хешро аз ин номаатон иброз бидорам. Камина, ба андозаи мӯйе, дар ин ки ин номаро аз рӯйи дилсӯзӣ навиштаед, тардид надорам. Аммо...

Ҳамон гуна ки шумо хитоб ба банда фармудед, ки иштибоҳ мекунам, камина низ бо камоли сароҳат хидмати шумо арз мекунам, ки шумо ва амсоли шумо низ дар ин наҳва аз роҳе, ки дар баробари касоне чун роқими сутури ин навиштаҳо баргузидаед, иштибоҳ мекунед, ва ин иштибоҳи шумо, бархоста аз суитафоҳум аст. Бовар кунед.

Албатта, боз ҳам суитафоҳум нашавад. Манзурам аз иштибоҳи шумо дар роҳе, ки баргузидаед, ҳаргиз дар пайравии шумо аз як мазҳаби хосс аз мазоҳиби исломӣ нест. Шумову бандаву низ ҳар мусалмони дигаре, агар бихоҳем мусалмон бошем, чорае ҷуз ин надорем, ки ё худ муҷтаҳид дар маорифу масоили исломӣ шавем ва ё пайрави яке аз мазоҳиби исломӣ бошем; ҳоло чи дар заминаи аҳкоми амалӣ ва чи дар порае аз эътиқодоти сонавӣ.

Муроди ман аз иштибоҳи шумо, иштибоҳи шумо дар ҷойгоҳест, ки дар баробари касоне ки мехоҳанд уммати исломӣ, бо вуҷуди ихтилофоти фимобайнашон дар мазҳабу маслак, бо ҳам муттаҳид, як даст ва бародар бошанд, бармегиред.

Мавзеи шумо бархоста аз навъе фаҳм дар ислом аст

Албатта, ин ҷойгоҳ ва мавзее, ки шумо ва амсоли шумо, ки андак ҳам нестед, дар баробари мунодиёни ваҳдати исломӣ баргирифта ва бармегиред, бархоста аз навъе фаҳм дар ислом аст, ва чунин фаҳме, албатта мунҳасир дар як мазҳаби хоссе аз мазоҳиби исломӣ нест, балки дар миёни пайравони ҳар мазҳабу маслаке, чи суннӣ бошад ва чи шиа, ёфт мешавад.

Соҳиби чунин фаҳме, дар порае аз маорифи эътиқодӣ ва низ дар қисмате аз масоили амалӣ (фиқҳӣ), ки мусалмонон дар он бо ҳам ихтилоф доранд, мегӯяд: "Ҳақиқат дар ин масоил, ҳамон аст, ки ман мефаҳмам, ва ҳар навъ фаҳму бардоште аз ин масоил ғайри он чи ман мефаҳмам, ғалат ва иштибоҳ аст”.

Аз ҳамин ҷост, ки соҳиби чунин фаҳм, аз дигарон – яъне аз касоне ки фаҳме дигар аз ин масоил дар пеши худ доранд – ду чиз бештар намехоҳад: ё ин ки он дигарон мисли худи ӯ биандешанд ва ин маорифро ҳамон гуна бифаҳманд, ки ӯ мефаҳмад, ки дар ин сурат шоистагии доштани унвони "бародари исломӣ”-ро пеши ӯ касб хоҳанд кард, ва ё ин ки агар чунин нафаҳмиданд, аз пеши чашмонаш дур шаванд, ва аз Худо ҳам мехоҳад инонро ё ба сӯи он фаҳму бардоште, ки ӯ дорад "ҳидоят” кунад, ва ё агар қобили "ҳидоят” нестанд, заминро аз лавси вуҷуди "номуборакашон” пок созад.

Адами таваҷҷӯҳ ба тафовути ду воқеият

Дар назди соҳиби чунин фаҳм, ду чиз бо ҳам омехта аст: воқеияти ин масоил дар лавҳи маҳфуз бо воқеияти он дар фаҳми фаҳмкунандагон. Воқеияти ин маориф ва масоил дар лавҳи маҳфуз ҳамон гуна ки Худованди Мутаол хоста ва мехоҳад, бе тардид воҳид аст ва дар он ихтилофе нест: "Оё дар Қуръон намеандешанд, ки агар аз назди ғайри Худо мебуд, дар он ихтилофу носозгории бисёре меёфтанд?” (Сураи Нисо, ояти 82), аммо воқеияти он дар фаҳми фаҳмкунандагон, метавонад бо он чи дар лавҳи маҳфуз аст мутобиқ бошад, ва ҳам метавонад мутобиқ набошад. Чаро? Чун, дар шаклгирии ин воқеият дар фаҳми инсон, аносире чанд дахолат мекунанд; аносире ба монанди ихтилофи сатҳи дониш, андеша, истеъдод, ва ҳамчунин пешфарзҳое, ки ӯ дар зеҳни хеш аз пеш дорад.

Ҳувайдост, ки бардошти як муфассири ашъаримазҳабе чун Имом Фахри Розӣ аз як ояти қуръонӣ, бо бардошти муфассире чун Ибни Касир, ки дар тафсири оятҳои қуръонӣ ҷуз ба ривоятҳои шаъни нузул такя намекунад мухталиф хоҳад буд. Чаро? Чун, пешфарзҳои ҳар кадом аз ин ду муфассир, дахолати мутафовите дар шаклгирии маънои он ояти қуръонӣ дар фаҳми ӯ дорад.

Тафовути дидгоҳи мӯътазила бо ашоира ва аҳли ҳадис дар порае аз масоили эътиқодӣ, тафовути дидгоҳи сӯфиён бо мутакаллимин дар қисмате аз маорифи исломӣ, тафовути дидгоҳи аҳли суннат ва шиаён дар масоиле чун масъалаи хилофат ва ё дар мавриди адолати қотибаи саҳобагон бидуни истисно ва ғайра, ҳамагӣ реша дар ҳамин нукта доранд.

Аммо шахсе, ки байни ин ду воқеият фарқ намегузорад, чунин мепиндорад, ки он чи ӯ фаҳмидааст, айни ҳамон ҳақиқатест, ки дар лавҳи маҳфуз мавҷуд аст, ва байни фаҳму бардошти худ бо воқеияти он маориф дар лавҳи маҳфуз, ҳеҷ тафовуте намебинад, ки албатта худаш мутаваҷҷеҳи ин қазия нест. Агар мутаваҷҷеҳ мебуд, нисбат ба бардошту фаҳми дигарон то ин андоза аз худ беинсофӣ ба харҷ намедод.

Дар усули "усули дин” ва заруриёти динӣ, ҳама муттафиқул-қавланд

Қобили ёдоварӣ бошад, ки албатта на ҳар навъ маърифат ва на ҳар гуна масъалае дар ислом чунин вижагиро дорост, ки байни воқеияти он дар лавҳи маҳфуз ва воқеияти он дар зеҳни фаҳмкунанда тафовут вуҷуд дошта бошад, балки мо дар ин миён маориф ва масоиле дорем, ки бо камоли итминон метавон иддао намуд, ки мусалмон метавонад он маорифро ҳамон гуна ки дар воқеъ ҳаст фаҳм намояд. Маорифе чун асли ваҳдонияти Худо, асли паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ва куллан масъалаи паёмбарӣ ва ҳаққонияти маод ва зинда шудани пас аз марг ва интиқол ба дунёи дигар, ки дар истилоҳ ба "Усули дин” маъруфанд, ва низ масоиле чун асли вуҷуби намоз, рӯза, закот, ҳаҷ ва ғайра, ки дар истилоҳ ба "Заруриёти дин” шинохта мешаванд-ро метавон аз маорифе донист, ки мусалмон метавонад ба айни он чи дар лавҳи маҳфуз аст дастрасӣ намояд.

Ва хушбахтона, мазоҳиби маъруфи исломӣ, чи суннияш ва чи шиааш, дар ин маворид бо ҳам ҳеҷ гуна ихтилофе надоранд ва ҳамагӣ онҳоро қабул кардаанд; албатта дар асли ин маворид, на ҷузъёташ, ки он ҳам аҳёнан аз мавориди ихтилофист. Ва аз ҳамин ҷост, ки уламо ва фуқаҳои рӯшангари ин мазоҳиб мӯътақиданд, ки марзи ислому куфр, қабул ва инкори асли ин гуна маориф ва масоил мебошад, ва ҳар навъ ихтилоф дар масоиле ғайри инҳо ва ё дар ҷузъиёти ин усул, мусалмонро аз доираи ислом берун намесозад. Марҳуми Абӯҳомиди Ғазолӣ (р), соҳиби китоби Эҳё, рисолае ҷудогона дар ин замина ба унвони "Файсалут-тафриқа байнал-исломи ваз-зандақа” ба риштаи таҳрир дароварда, ки камина онро бо шарҳу тавзеҳ дар пойгоҳи Кимёи саодат ҷой додаам.

Муҷтаҳид дар ҳар сурат, ҳатто он ҷо ки хато мекунад, аҷр дорад

Ва сирри ин ҳам, ки уламо, вуҷуди ихтилоф дар масоиле ғайр аз Усули дин ва Заруриёти динӣ-ро берунсозанда аз доираи исломи азиз намедонанд, ҳамин нуктаест, ки дар боло баён доштем. Ва он ин ки эшон аввалан, байни воқеияти ин масоил дар лавҳи маҳфуз ва байни воқеияти он дар зеҳни фаҳмкунандагон тафовут қоиланд. Ва сониян, аз он ҷо ки ҳусули чунин фаҳмҳои мутафовитро натиҷаи табиии дахолати пешдодҳо ва пешфарзҳои мутафовити фаҳмкунандагон ва хориҷ аз қудрати онон медонанд, аз ин рӯ, мӯътақиданд, агар аҳёнан фаҳми яке аз ин фаҳмкунандагон дуруст (мутобиқ бо воқеъ) ва дигарӣ нодуруст, ва ё ин ки аслан фаҳми ҳар ду нодуруст бошад, ҳамагӣ дар пешгоҳи Худованд мақбул аст, бо ин тафовут, ки соҳиби фаҳми дуруст (мутобиқ бо воқеъ) дорои ду аҷр ва соҳиби фаҳми нодуруст, дорои як аҷру подош хоҳад буд.

Ва мустанади эшон дар ин замина, ин фармудаи ҳазрати паёмбар (с) аст, ки мефармояд: "Ҳар гоҳ ҳукмкунандае иҷтиҳод кард ва дар иҷтиҳоди хеш ба ҳақиқат расид, соҳиби ду аҷр хоҳад буд, аммо агар иҷтиҳод кард ва ба хато рафт (яъне ба ҳақиқат нарасид), барояш як аҷру подош хоҳад буд” (ки Бухорӣ, Муслим ва дигарон аз Амр ибни Ос ва Абӯҳурайра ин ривоятро нақл кардаанд). Чаро? Чун "Ло йукаллифуллоҳу нафсан илла вусъаҳо”, яъне Худованд ба ӯҳдаи инсон ҷуз ба миқдори тавонаш таклиф намегузорад.

Агар чунин аст, пас чаро мо, фақат ва фақат фаҳми хештан аз ин маориф ва масоилро дуруст ва фаҳму бардошти дигаронро нодуруст ангошта, ва эшонро равонаи "дӯзах” менамоем?

Магар вуҷуди мазоҳиби мухталифи исломӣ, чи мазоҳиби суннияш ва чи мазоҳиби шиияш, чи дар маорифи эътиқодӣ ва чи дар масоили фиқҳӣ, ҷуз натиҷаи иҷтиҳоди муҷтаҳидони мухталиф бо пешфарзҳо ва пешдодҳои мутафовит мебошад?

Вуҷуди ихтилоф, мояи хайр аст, на шарр

Инро ҳам хотиррасон намуда бошам, ки аслан вуҷуди ихтилоф аст, ки мояи пешравӣ ва таолии маорифи исломӣ шуда, чун ҳар гоҳ маърака миёни дидгоҳҳои мухталиф барқарор аст, пешрафту таолӣ ҳам мавҷуд аст. Зеро асҳоби маъракаро ҳар чи бештар ба мутолеаву баррасӣ вомедорад.

Магар ҳамин фармудаи ҳазрати паёмбар (с), ки "Ҳар гоҳ ҳукмкунандае иҷтиҳод кард ва дар иҷтиҳоди хеш ба ҳақиқат расид, соҳиби ду аҷр хоҳад буд, аммо агар иҷтиҳод кард ва ба хато рафт (яъне ба ҳақиқат нарасид), барояш як аҷру подош хоҳад буд”, қабули зимнӣ аз сӯйи он ҷаноб (с) мар бурузи ихтилоф дар фаҳми маорифи исломӣ дар миёни уммати исломӣ намебошад?

Агар Худованди Мутаол ва паёмбари азимушшаъни ислом ҳазрати Муҳаммад (с) худ қабул доранд, ки мусалмонон дар бардошти порае аз маорифу масоили исломӣ бо ҳам ихтилоф хоҳанд дошт, вале бо вуҷуди он, ҳамагӣ мавриди қабули даргоҳи Ӯ Таолоянд, пас, чаро мову шумо таҳаммули қабули ин воқеиятро надошта бошем?

Пас, биёед вуҷуди ихтилофро мояи хайр бидонем, на мояи шарр.

Чаро даъват ба сӯйи иттиҳод?

Аслан, ҳаргиз пеши худ ба ин фикр шудед, ки чаро Худованд мусалмононро ба ваҳдату иттиҳод даъват карда он ҷо ки фармуда: "Ҳамагӣ ба ресони Худо чанг бизанед ва пароканда машавед”?

Даъват ба сӯйи ваҳдату ҳамдилӣ, ҷойест, ки миёни иддае ихтилоф мавҷуд бошад, вагарна даъвати муттаҳидон ба сӯйи ваҳдату иттиҳод, корест беҳуда ва абасӣ.

Оё худи ҳамин оят ва назири он аз оёту ривоёти фаровон, пазириши зимнии вуҷуди ихтилоф миёни мусалмонон нест?

Хулоса, камина дигар намехоҳам сухан ба дарозо бикашам. Фикр мекунам посухи хештанро пайдо карда бошед.

Албатта дар поён, дар посух ба ин фармудаатон, ки мегӯйед: "Шумо мехоҳед, ки байни мусалмонон иттиҳод барқарор бошад, ва ин кор, ба назари ман, имконнопазир аст”, гуфтаниям, аввалан, ин кор имконпазир ҳаст, ва дар ин водӣ камина танҳо нестам. Бузургоне чун Шайх Маҳмуди Шалтут (собиқ шайхи Ал-азҳар), Шайх Ҷодул-ҳақ (собиқ шайхи Ал-азҳар), Ҷамолуддини Афғонӣ, Шайх Муҳаммад Абдуҳ, Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ, Муҳаммади Ғазолии муосир, яке аз бузургтарин андешмандони исломӣ дар асри ҳозир, Шайх Ҳасан ул-Банно, муассиси ҷамоати Ихвонул-муслимин, ки аз ӯ маъруф аст, ки гуфта буд: "Бидонед, ки аҳли суннат ва шиа ҳар ду мусалмон ҳастанд ва калимаи "Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадун Расулуллоҳ” ҳар дуи онҳоро як ҷо ҷамъ мекунад. Ин асли ақида аст. Дар баробари он, ҳам сунниҳо ва ҳам шиаён ҳар ду баробаранд ва як ҷо бо ҳам вомехӯранд”. (Зикраёт ло музаккирот, Умар Тилимсонӣ, саҳ. 249 ва 250) ва садҳову ҳазорон бузургони дигар, мунодиёни ваҳдат миёни шиаву суннӣ буданд.

Даъват ба сӯйи ваҳдат, як таклифи шаръист

Сониян, бар фарз, ки ин кор имконнопазир бошад, аммо камина ба унвони як нафар мусалмон, барои худам вазифа медонам, ки ба ин даъватҳои қуръонӣ посух бигӯям ва онро як таклифи шаръӣ мешуморам. Магар ин оятҳои қуръонӣ ба сӯйи чи чизе даъват мекунанд:

1. Ҳамагӣ ба ресмони Худо чанг занед ва пароканда машавед. Неъмати Худоро бар худ ёд кунед он гоҳ ки бо якдигар душман будед, пас миёни дилҳои шумо ҳамдамӣ ва пайванд дод, он гоҳ ба неъмати Вай бо ҳам бародар гаштед. Шумо бар лабаи партгоҳе аз оташ будед, пас шуморо аз он раҳонид. Худо инчунин оятҳои худро барои шумо равшан баён мекунад то роҳ ёбед. (Сураи Оли Имрон, ояти 103);

2. Бо якдигар ситеза ва кашмакаш макунед, ки суст мешавед ва нерӯ ва ҳайбататон меравад. (Сураи Анфол, ояти 46).

Воқеан аз ин фармудаатон мутааҷҷибам! Вақте Худованди Мутаол ҳатто ваҳдати мусалмону китобӣ (масеҳӣ ё яҳудӣ)-ро хостор аст, он ҷо ки мефармояд: «Бигӯ (эй Муҳамад), ки эй Аҳли китоб! Биёед ба сӯйи калимае, ки миёни мову шумо як сон аст: ин ки ҷуз Худои якторо напарстем ва чизеро бо Ӯ шарик масозем...» (Сураи Оли Имрон, ляти 64), аммо шумо ҳозир нестед ҳатто бо як нафар мусалмоне, ки бо шумо ихтилофи назар дар порае аз масоили эътиқодӣ ва ё фиқҳӣ дорад муттаҳид бошед?

Маънои ваҳдати мазоҳиб

Албатта ногуфта намонад, ки маънои ваҳдату иттиҳод байни мазоҳиби исломӣ, ин нест, ки шиа суннӣ шавад ва ё суннӣ шиа шавад. Ҳаргиз чунин нест. Ин ваҳдат нест, ин завабон аст, ки мардуд аст, балки маънои ваҳдат, иттиҳоду якпорчагии амалӣ дар айни ихтилоф дар дидгоҳҳост.

Дар поён инро ҳам фаромӯш накунам, ки банда на "мағрури фанду фиреби ҳукуматдорони Эрон”-ам ва на аз варои талоши худ ҷӯёи "молу мақомам”.

Шумо дониста бошед, ки банда биҳамдиллоҳ ин шуҷоатро дорам, ки агар дидам як нафар шиаи мутаассибе низ мисли шумо мухолифи ваҳдати шиаву суннӣ бошад, ки мутаассифона чунин шиаёне ҳам андак нестанд, ҳамин суханонеро барои ӯ хоҳам гуфт, ки ба шумо инак арз намудам, ва фаҳму бардошти ноқиси ӯ аз маорифи исломро ба ҳамон андоза мавриди интиқод қарор хоҳам дод, ки ҳаминак дар баробари шумо анҷом медиҳам.

Дар поён дуо мекунам, мову шуморо ба сӯйи ваҳдату ҳамдилии бештар ҳидоят кунад. Омин!

Кимёи саодат

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 896 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 1.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz