Панҷшанбе, 25.04.2024, 09:36
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Апрел » 15 » Шиа ва суннӣ аз дидгоҳи Шайх Алӣ Ҷумъа (муфтии Миср)
Шиа ва суннӣ аз дидгоҳи Шайх Алӣ Ҷумъа (муфтии Миср)
05:59

Қисмати аввал

Ишора: Шайх Алӣ Ҷумъа, фақеҳ, усулӣ, муфассири аср ва муфтии диёри Миср, соли 1952 дар шаҳри Бани Сувайфи Миср чашм ба дунё гушуда аст. Соли 1979 таҳсил дар Донишгоҳи Ал-азҳарро ба поён расонда ва таҳсилоти олии хешро дар тахассуси усули фиқҳ дар Донишкадаи шариат ва қонун идома бахшида ва соли 1985 ба дарёфти мадраки коршиносии аршад дар ҳамин донишкада ноил шуда аст. Соли 1988 низ мақтаи докториро ба поён расонда аст. Ӯ соҳиби беш аз 50 таълиф аст. Инак, мақолаи ӯ перомуни Мазҳаби шиа ва суннӣ (дар ду қисмат) пешкаши хонандаи азиз мешавад:     

Он чи дар Ироқ мегузарад, моро сахт нороҳат мекунад; он фитнаи сиёҳе, ки байни суннӣ ва шиа пайдо шуда аст. Мардуми зиёде аз мо мепурсанд: аҳли суннат чист? Шиа чист? Ихтилоф байни онҳо чист? Оё онҳо якдигарро қабул доранд? Оё ташайюъ ва тасаннун, ду дини комилан ҷудо аз ҳаманд, чунон ки бархе ғарбиён иддао мекунанд?

Донишгоҳи Ал-азҳар, мазоҳиби фиқҳии ҳаштгонаро қабул карда аст; ҳамон мазоҳиберо, ки имрӯз мусалмонони ҷаҳон аз онҳо пайравӣ мекунанд. Чаҳор то аз он, мазоҳиби аҳли суннат аст (ҳанафӣ, шофеӣ, моликӣ ва ҳанбалӣ), ду тои дигар аз мазоҳиби шиа аст (ҷаъфарӣ ва зайдӣ) ва ду тои боқимонда ҳам, мазҳаби ибозӣ ва зоҳирӣ аст.

Ин мазоҳиби ҳаштгона доиратул-маорифи фиқҳи исломиро гирд меоваранд; ҳамон доиратул-маориферо, ки дар соли 1960 дар Маҷлиси аълои масоили исломӣ тадвини он ба ташаббуси марҳум Аллома Муҳаммад Фараҷ Санҳурӣ ҳамроҳ бо як гурӯҳ аз уламои бузурги аҳли суннат дар Миср оғоз гардид.

Пеш аз он, Имоми бузург Шайх Маҳмуд Шалтут қароре мабнӣ бар эътимод ба мазҳаби ҷаъфарӣ ва ҷавози дарёфт аз он барои аҳли суннат, содир фармуд. Ва ин эътимоди мутабодали суннӣ ва шиа ба якдигар, чизест, ки дар тӯли таърих мавҷуд буда ва дар китобҳои ҳар ду мазҳаб навишта шуда аст.

Гоҳе шиа ба назароти аҳли суннат руҷӯъ мекарда аст ва гоҳе аҳли тасаннун ба дидгоҳҳои шиа. Гоҳ ба хотири муноқиша, гоҳ ба ҷиҳати истинод, гоҳ ба хотири ёрӣ ва гоҳе ҳам ба ҷиҳати руҷҳон. Ин худ гувоҳи он аст, ки ҳар ду дорои як дину як қибла ҳастанд, ки ҳамон Каъбаи мушаррафа аст. Ҳар ду дорои манбаъ ва сарчашмаи воҳид ҳастанд, ки ҳамон китоби Худованд ва суннати Расули акрам (с) аст. Ҳар ду моҳи Рамазонро рӯза мегиранд, намозҳои панҷгона мегузоранд, ҳаҷҷи хонаи Худо мекунанд... Пас, ихтилоф байни ин ду дар чист?

1. Аз назари аҳли суннат, он ривояте аз паёмбари акрам (с) қобили эътимод аст, ки аз тариқи яке аз саҳобагон нақл шуда бошад. Нақли ҳамаи саҳобагон – бидуни истисно – қобили эътимод аст.

Теъдоди саҳобагоне, ки паёмбари акрам (с)-ро дидаанд, 114 ҳазор нафар ва теъдоди саҳобаҳое, ки бар пайкари поки он ҷаноб (с) ҷаноза хондаанд, ҳудуди 20 ҳазор нафар ва саҳобагоне ҳам, ки аз паёмбари акрам (с) ривоят нақл кардаанд, ҳудуди 1800 нафар буданд, яъне на беш аз як дар сади теъдоди саҳоба. Теъдоди ровиёни Муснади Аҳмад, ки як китоби бузургест ва тақрибан 30 ҳазор ҳадис дарбар дорад, 990 нафар аст, ки бештари онҳо фақат як ҳадис ривоят кардаанд.

Теъдоди ровиёни Саҳеҳ Бухорӣ, ки ривоятҳои ғайри такрорияш ҳудуди 2000 тост, 254 нафар аст. (Албатта теъдоди ривоятҳои такрории Саҳеҳ Бухорӣ ҳудуди 7500 ҳадис аст, зеро ӯ баъзе аз аҳодисро бар асоси ниёз дар бобҳои гуногун зикр намуда аст).

Теъдоди кулли аҳодисе, ки аҳли суннат аз паёмбари акрам (с) нақл кардаанд, беш аз 50 ҳазор ҳадис нест, ки ҳудудан бо як миллион санад нақл шуда аст, ки бархе аз онҳо саҳеҳ, бархе заиф, бархе мақбул ва баъзеи дигар ҳам мардуд аст.

2. Аз назари шиа, ҳеҷ ривояте қобили эътимод нест магар ин ки аз тариқи Имом Алӣ (р) нақл шуда бошад,[1] ва аз эшон ҳам, насли шарифи ӯ, ки Худованд эшонро аз хато ҳифз карда аст нақл мешавад. Исмат (аз дидгоҳи шиа) пас аз Имом Алӣ (р) барои Имом Ҳасан, сипас бародараш Ҳусайн, сипас ба писари Имом Ҳусайн яъне Алии Зайнулобидин, сипас фарзанди ӯ Муҳаммади Боқир, сипас фарзандаш Ҷаъфари Содиқ, сипас фарзандаш Мӯсои Козим, сипас фарзандаш Алӣ ибни Мӯсо Ризо, сипас фарзандаш Муҳаммад ибни Алии Ҷавод, сипас фарзандаш Алӣ ибни Муҳаммади Ҳодӣ, сипас фарзандаш Ҳасан ибни Алии Аскарӣ, ва дар охир ба фарзандаш Муҳаммад ибни Ҳасан, ки шиаён мӯътақиданд, ӯ ҳамон Маҳдии мунтазар аст собит мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки шиаён дувоздаҳимомӣ номида шудаанд.

Тамоми ривоёти шиаро олими бузург Муҳаммад Боқири Маҷлисӣ дар китобе бузург (Биҳорул-анвор) ҷамъоварӣ намуда аст, ки дар гузашта дар 25 ҷилд ва ахиран дар 120 ҷилд ба чоп расида, ки даҳҳо ҳазор ҳадисро дарбар дорад, ки баъзе аз он саҳеҳ, бархеи дигар заиф, баъзе мақбул ва баъзеи дигар ҳам мардуд аст.

3. Ин миқдори анбӯҳе аз ривоёти ҳар ду фирқа, дар бахшҳои хеле зиёде, бо ҳам мувофиқ ва муштараканд ва дар бахши андаке бо ҳам ихтилоф доранд.

Барои баррасии бахшҳои муштарак ва муттаҳиди ин ривоёт, як чанд кӯшишҳое сурат гирифта аст, то роҳе бошад барои тақриб ва наздикии ин ду мазҳаб ва то барои пайравони ҳар ду мазҳаб эълом намоянд, ки мавориди иттиҳоди шумо беш аз ихтилофи шумо мебошад.

Бинобар ин, нисбати ин ду мазҳаб бо ҳам, монанди нисбати ҳамаи макотиби фикрӣ ва илмӣ мебошад, ки ба як дин ва як асл бармегарданд.

Аввалин гомро дар ин замина як олими ибозӣ Аллома Юсуф Тафиш бардошт. Ӯ дар китоби худ таҳти унвони "Ҷомеуш-шамл” ривоёти муштарак байни мазоҳиби исломиро баррасӣ карда аст. Ин китоб нахустин бор дар қарни 19 дар Миср дар як ҷилд ва баъдан дар Уммон дар ду ҷилд ба чоп расид. Баъд аз эшон, Муҳаммад Ҳусайнии Ҷалолӣ дар Ҷомеул-аҳодис саъй кард то ривоёти муштарак байни шиа ва сунниро баён намояд, ки ҳосили он, як китоби муфиде буд, ки барои бори аввал дар Чикаго чоп шуд ва баъд дар Эрон дар панҷ ҷилд ба чоп расид. Ин китоб як кӯшиши бо арзишест, ки асосу пояҳои муштарак барои тақриб байни ин ду мазҳабро баён менамояд.

4. Вақте инсон аз ин ҳақиқат огоҳ мешавад, хеле тааҷҷуб мекунад ва мепурсад: пас ихтилоф дар чист? Чун ихтилоф дар ривоёт ночор боиси ихтилоф дар фиқҳ мешавад ва ихтилоф дар фиқҳ ҳам, як масъалаи хеле сода аст, чун бештари абвоби фиқҳ, бар занну гумон ниҳода шуда аст ва ҳар он чи бар асоси гумон ниҳода шуда бошад, роҳ барои иҷтиҳод дар он боз аст. Аз ин рӯ, агар масъала, масъалаи иҷтиҳод бошад, барои ҳар кадом аз мо воҷиб аст, ки иҷтиҳоди дигаронро қабул намуда, ба он эҳтиром қоил шавем.

Шиа издивоҷи муваққатро мубоҳ медонад ва он, издивоҷест, ки дар он зану шавҳар бар як замони муайян иттифоқ менамоянд; яъне ақди никоҳи онҳо замони муайяне хоҳад дошт, ки бо поён ёфтани замони таъйиншуда тамом мешавад ва барои мард иҷоза медиҳанд, ки аз роҳи издивоҷи муваққат метавон беш аз чаҳор зан ақд кард. Дар сураи Нисо ба никоҳи муваққат тасреҳ шуда аст.

Вале аҳли суннат издивоҷи муваққат (мутъа)-ро таҳрим менамоянд, ки метавон гуфт, ин масъала аз назари фиқҳӣ, масъалаест, ки дар он бештарин ихтилоф байни шиа ва суннӣ вуҷуд дорад, аммо ҳамон тавр ки мебинед, ин ихтилоф чизе нест, ки боиси ин ҳама дарду ранҷ дар дилҳои мусалмонони шиа ва суннӣ бишавад.

5. Ҳоло бармегардем ба масоили ақидатӣ. Яке аз уламои суннӣ дар (авоили) асри бистум, ба ҳавзаи илмияи шиа рафта, он ҷо муддати як сол таҳсил карда ва 20 суол ҷамъоварӣ намуда аст, ки бо онҳо ба мазҳаби шиа эътироз мекунад. Ин донишманд Аллома Мӯсо Ҷоруллоҳ мебошад, ки дар Қоҳира вафот ёфта аст. Ӯ дар ин бора китобе ба унвони "Ал-вашиа фи радд ало диниш-шиа” нигошта, он суолотро ба унвони эътироз ба шиа дар он оварда гуфта аст: "Ман ин суолотро ба ҳавзаи илмия арза кардам, вале ҷавобе дарёфт накардам”.

Лекин мо дидем, ки иддае аз уламои шиа ба он суолот посух доданд. Шояд кӯтоҳтарин ва рӯшантарин посух, радде аст, ки Аллома Сайид Шарафуддин Мӯсавӣ ба он дода, китобе таҳти уновони "Ар-радд ало асъилати Ҷоруллоҳ” навишта аст.

Ин суолот чист? Посух ва радди он кадом аст? Дар ин бора дар мақолаи баъдӣ хоҳем пардохт.

Қисмати дуюм

Мутарҷим аз арабӣ ба тоҷикӣ: Сайид Маҳмуди Аббосӣ

Матни арабии мақола: http://alimamalallama.com/article.php?id=233


[1] Ин ҳаср дуруст нест, зеро шиа низ ривоятҳои асҳоби паёмбари акрам (с)-ро қабул дорад, вале бо ин фарқ, ки шиа мисли аҳли суннат барои асҳоб адолати мутлақ қоил нест, бинобар ин, онҳоро ҳамчун як ровӣ ҷарҳу таъдил менамояд.

Бахш: Ваҳдати исломӣ | Просмотров: 2223 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz