Шанбе, 20.04.2024, 13:23
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Апрел » 8 » Роза Отунбаева кист?
Роза Отунбаева кист?
18:04

Хонум Роза Отунбаева, ки аз рӯзи чоршанбе ва пас аз сарнагун шудани давлати Қирғизистон, риёсати давлати муваққатро бар ӯҳда гирифта аст, аз сиёсатмадорони кӯҳнакори ин кишвар ба шумор меояд, ки аз замони истиқлоли Қирғизистон, дар маносиби мухталифе фаъолият карда аст.

Роза Отунбаева, раиси давлати муваққати Қирғизистон, ки аз рӯзи гузашта назорати авзои ин кишварро дар даст гирифт, 23 августи соли 1950 дар шаҳри Ош ба дунё омад ва дар соли 1972 дар риштаи фалсафа аз Донишгоҳи Маскав фориғуттаҳсил шуд ва пас аз он ба унвони устод ва раиси деканати фалсафа дар Донишгоҳи миллии Қирғизистон барои 6 сол ба тадрис пардохт. Вай хонадор буда ва дар ҳоли ҳозир дорои 2 фарзанд аст.

Отунбаева аз соли 1980 (пеш аз фурӯпошии Шӯравӣ) зиндагии сиёсии худро дар ҳизби коммунист оғоз кард ва дар авохири соли 1980 ба унвони раиси намояндагони Шӯравӣ дар ЮНЕСКО мансуб шуд. Дар солҳои охири Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, ба унвони сафири Шӯравӣ дар Малайзия фаъолият кард. Пас аз он ки Қирғизистон аз Шӯравии собиқ истиқлол пайдо кард ва Асқар Оқоев низ раиси ҷумҳури ин кишвар шуд, Отунбаева ҳамзамон ба унвони вазири умури хориҷа ва муовини нахуствазири ин кишвар интихоб шуд. Ӯ то ҳангоме ки ба унвони нахустин сафири Қирғизистон дар Амрико ва Канада интихоб шавад, ҳамчунон дар симати худ боқӣ монда буд.

Отунбаева бори дигар дар соли 1994, барои 3 соли дигар ба унвони вазири умури хориҷаи Қирғизистон фаъолият кард. Аз соли 1998 то 2001 ба унвони нахустин сафири Қирғизистон дар Англис мансуб шуд. Аз соли 2002 то 2004 ба унвони муовини раиси гурӯҳи вижаи Созмони милал дар Гурҷистон мансуб гардид.

Вай авохири соли 2004 ба Қирғизистон бозгашт ва дар арсаи сиёсӣ фаъол шуд. Дар декабри соли 2004, Отунбаева ва 3 нафари дигар дар порлумони Қирғизистон, ҳизби Отоҷурт (Миҳан)-ро таъсис карданд ва худро барои интихоботи порлумонии феврали соли 2005 дар Қирғизистон омода карданд.

Аммо натавонист ба унвони намоянда дар интихоботи порлумонӣ ширкат кунад, чун бар асоси қавонини Қирғизистон, касе ки ба унвони намоянда фаъолият мекунад, бояд дасти кам 5 сол дар Қирғизистон иқомат дошта бошад ва бо таваҷҷӯҳ ба маъмуриятҳои хориҷ аз кишвар, Отунбаева наметавонист дар интихоботи порлумонӣ кондид шавад.

Отунбаева ба забони англисӣ мусаллат буда ва яке аз аносири аслӣ дар муваффақияти инқилоби рангӣ мавсум ба "лолаӣ” дар соли 2005 буда аст, ки ба сарнагунии Аскар Оқоев мунтаҳӣ шуд. Пас аз инқилоби рангӣ, ба муддати чанд моҳ ба унвони вазири умури хориҷа дар давлати муваққат ва сипас давлати Қурбонбек Боқиев, ки дар он замон нахуствазир буд фаъолият кард.

Пас аз он ки Боқиев ба унвони раиси ҷумҳур интихоб ва Феликс Қулов нахуствазир шуд, Отунбаева натавонист раъйи лозимро аз Маҷлис барои тасаддии пости вазорати умури хориҷа касб кунад.

Вай сипас низ натавонист дар интихоботи Маҷлиси ин кишвар раъйи лозимро ба даст оварад.

Саранҷом соли 2007 Отунбаева дар интихоботи порлумонии ин кившар ва дар листи ҳизби сотсиал-демократ вориди порлумони Қирғизистон шуд. Дар октябри соли 2009 ба унвони раҳбари мухолифон дар порлумони ин кишвар фаъолият кард.

Аз рӯзи чоршанбе ва пас аз сарнагунии давлати Қурбонбек Боқиев, Отунбаева идораи давлати муваққати ин кишварро бар ӯҳда гирифта аст.

Таҳлилгарони сиёсӣ мӯътақиданд, ки хонаводагӣ кунонидани постҳои давлатӣ дар Қирғизистон, дар канори тамдиди ҳузури низомии Амрико дар пойгоҳи Манас-и ин кишвар, ва низ имзои қарордоди эҳдоси маркази зидди террористӣ дар ҷануби Қирғизистон аз сӯйи давлат бо Амрико ва ҳамчунин гаройишҳои нисбии Максим Боқиев, фарзанди раиси ҷумҳури Қирғизистон ба Ғарб ба вижа Амрико ва нигаронии Русия аз ин таҳаввулот, дар суқути давлати Қурбонбек Боқиев бисёр муассир буда аст.

Охирин таҳаввулот:

Ба гуфтаи К+, Владимир Путин, нахуствазир Русия, субҳи имрӯз (08.04.2010) дар як тамоси телефонӣ бо Роза Отунбаева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, заминаҳои ҳамкории ду кишварро мавриди баҳс ва баррасӣ қарор дода ва ба раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон ваъда дод, ки ин кишварро дар бартараф кардани мушкилот ва паёмадҳои ношӣ аз ҳаводиси ахир ва тағйири давлат, ки мӯҷиби густариши нооромиҳо ва бесаботӣ дар авзои иқтисодии Қирғизистон шуда аст, кӯмак хоҳад кард.

Пойгоҳи интернетии Газета.ру, афзуда аст: Путин ва Отунбаева дар хусуси сафари Олмоз Отунбаев назуствазири асбақи Қирғизистон ва узви кобинаи давлати муваққат ба Маскав ба тавофуқ расиданд. Отунбаев бо ҳадафи музокира бо мақомоти Русия, озими Маскав хоҳад шуд.

Ҳамчунин, бино ба гузоришҳои расида, Роза Отунбаева, аз ботил кардани қарордоди фурӯши ду ширкати маъруфи қирғизӣ, ки дар заминаи барқ ва мухобирот фаъолият мекунад, аз ҷумла ширкати Қирғизтелеком, хабар дода ва эълом кард, ки ба зудӣ ин ширкатҳо миллӣ эълом хоҳанд шуд.

Низ, ба гузориши хабаргузории Фаронса, раиси ситоди муштаркаи артиши Русия хабар дод, ки артиши ин кишвар 150 нафар аз нерӯҳои чатрбози худро ба Қирғизистон эъзом карда аст.

Поёни матлаб

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 593 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz