Шанбе, 27.04.2024, 02:38
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2009 » Октябр » 1 » Пайравӣ аз як мазҳаби муайян дар ислом ба чӣ маъност?
Пайравӣ аз як мазҳаби муайян дар ислом ба чӣ маъност?
01:22

Пайравӣ аз як мазҳаби муайян дар ислом ба чӣ маъност?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дини ислом, як мактаб аст, як мактаби инсонсоз. Мактабест омада то инсонро ба камолаш бирасонад. Ва аз он ҷо ки камоли инсонӣ, ҳам дар ҷониби андешаву афкори вай мутасаввар аст ва ҳам дар ҷониби рафтору кирдори ў, ва ба иборати дигар, инсони комил, инсонест бо андешаҳои дуруст ва ҳам бо рафтору кирдорҳои неку писандида, аз ин рў, барномаҳои ислом дар робита бо роҳнамоии инсон ба сўи камол, ҳар дуи ин ҷанбаро дар назар гирифтааст. Бинобар ин, маорифи исломӣ, дар маҷмўъ, иборатанд аз: ақоид, ахлоқ ва аҳком.

Ақоиди исломӣ, ўҳдадори баёни ҷанбаи фикрии инсон аст, ва ахлоқу аҳкоми исломӣ, ўҳдадори табйини ҷанбаи рафтории вай. Ислом, касеро мусалмон ва мўъмини ҳақиқӣ медонад, ки аввалан, ақоиди дуруст ва мутобиқ бо воқеъ дошта, ва сониян, ороста ба ахлоқи писандида (мисли ростгўӣ, амонатдорӣ, тақво, дурусткорӣ ва ғайра) ва низ пойбанд ба анҷоми вазоифе бошад, ки шариат дар ҷониби рафтор барои вай таъйин намудааст (мисли намоз, рўза, ҳаҷ, закот ва ғайра).

Бар ин асос, улуми исломӣ низ, аз як назар, ба се даста тақсим мешавад: илми ақоид, илми ахлоқ ва илми аҳком. Илми ақоид (ё худ ҳамон илми калом) мутасаддии табйини андешаҳои исломист, илми ахлоқ баёнкунандаи рафтору кирдорҳои писандида ва илми аҳком (ё худ ҳамон илми фиқҳ) ўҳдадори тавзеҳи вазоифи шаръӣ.

Дар ҳавзаи ислом, ҳам дар ҷониби андешаву ақоиди исломӣ, макотиб ва мазҳабҳо буруз карданд (мисли мўътазила, мотуридия, ашоира, аҳли ҳадис, шиа ва ғайра) ва ҳам дар ҷониби фиқҳу аҳком (мисли ҳанафӣ, шофеӣ, моликӣ, ҳанбалӣ, ҷаъфарӣ ва ғайра).

Бо вуҷуди ин ки тамомии ин макотиб, чи ақоидӣ ва чи фиқҳӣ, дар бештари масоил (мисли ягонагии Худо, паёмбарии паёмбарони илоҳӣ, рўзи охират ва ғайра) бо ҳам ҳамназар ва ҳамраъянд ва ҳамагӣ масоиле чандро ба унвони заруриёти динӣ қабул доранд, вале ихтилофашон дар баъзе аз масоили ҷузъӣ, боис гардидааст онҳоро аз якдигар ҷудо созад ва бо мурури замон, барои ҳар яке пайравон ва ҳаводороне пайдо шуда ва дар ниҳоят, марзҳои муайяне миёни онҳо кашида шавад. Аз ин рўст, ки имрўз мебинем, яке мотуридӣ асту дигаре ашъариву сеюме аҳли ҳадису чаҳоруме шиа. Дар ҷониби фиқҳ низ, якеро ҳанафӣ мебинем, дигареро шофеӣ, сеюмеро ҳанбалӣ, чаҳорумеро моликӣ, панҷумеро ҷаъфарӣ ва ғайра...

Тамомии ин мазоҳиб, дар реша яке беш нестанд. Ҳамагӣ, Қуръону суннати набавиро манбаи аслии ақоиду аҳком мешуморанд. Танҳо ихитилофи онон, дар масоили ҷузъӣ аст, ки ба иттифоқи уламо, ихтилоф бар сари он масоил, дар мусалмонии банда ҳеҷ зараре ворид намесозад.

Қобили ёдоварӣ бошад, ки ихтилофи соҳибназарон дар он масоил, бо таваҷҷўҳ ба хусусияти он масоил, як амри комилан табиӣ будааст. Масалан, дар ҷониби ақоид, яке аз масоиле, ки дар атрофи он миёни соҳибназарон ихтилофи раъй воқеъ шудааст, масъалаи “ихтиёри инсон ва масъалаи қазо ва қадар” буд. Дар ин маҷол, бархе тарафдори ихтиёри комили инсон шуданд, бархе дигар ҷонибдори ҷабр ва гурўҳе ҳам миёни ҷабру ихтиёр, ба ҳадди васат қоил шуданд. Ин ихтилоф буд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо мекард. Аммо бо вуҷуди ин, ҳаргиз ҳеҷ яке аз онҳо мухолифи худ дар ақидаро, аз доираи ислом берун намедонист.

Дар масоили фиқҳӣ низ ҳамин тавр. Масалан, бо ин ки тамоми соҳибназарон иттифоқи назар доранд, ки намоз дар ислом, як амали фарз аст, аммо ихтилофи онҳо дар кайфияти намоз, боис гардид онҳоро аз ҳам ҷудо созад. Яке мўътақид буд намозгузор дар ҳангоми намоз, бояд дастонаш раҳо бошанд, дигаре мўътақид буд бояд дастон бо ҳам баста бошанд, сеюме ба як кайфияти дигар. Ихтилоф дар ин маҷол як амри табиӣ буд, чун ривоятҳо дар ин замина гуногун нақл шудаанд.

Такрор мекунам, ки чунин ихтилофоти ҷузъӣ, ҳаргиз сабаб намешуд, ки пайрави як равия худро сад дар сад ҳақ ва дигариро ботил ангорад. Ҳаргиз чунин набуд ва нест. Ҳатто соҳибони мазоҳиб, чи ақоидӣ ва чи фиқҳӣ, ба хотири ин ихтилофоти ҷузъӣ, якдигарро аз доираи ислом берун намеҳисобиданд.

Аммо мутаассифона, имрўза вазъи мусалмонон комилан ба гунае дигар шудааст. Имрўза, пайрави яке аз ин мазоҳибро мебинем, ки фақат ва фақат хештанро ҳақ дониста ва пайрави соири мазоҳибро ботил меангорад. Ҳанафӣ чунин мепиндорад, ки ў ҳақ аст ва дигарон ботил, шофеӣ чунин меангорад, ки ў бар ҳақ асту дигарон бар ботил, ҳанбалӣ гумон мекунад, ки танҳо равиши ў дуруст асту равиши соири мазоҳиб нодуруст... Ҳатто кор ба ҷое расидааст, ки хештанро мусалмон ва дигаронро кофир ангоранд. Ин бадтарин ҳолатест, ки мусалмонон ба он расидаанд.

Пайравӣ аз як мазҳаби муайян, яъне пойбандӣ ба як равиши хоссе аз иҷтиҳод. Иҷтиҳод яъне ин ки як соҳибназар ниҳояти талошу саъйи худро ба харҷ дода, аз Қуръон ва суннат масъалаеро истинбот намуда ва барои мову шумо пешкаш кардааст, ки Ин аст назари ман дар бораи ин масъала. Дар айни замон, худаш эътироф кардааст, ки шояд иҷтиҳодаш хато бошад. Мову шумо низ назари ўро пазируфтаем. Як инсони дигаре ҳам, назари муҷтаҳид ва соҳибназари дигареро дар он масъала пазируфтааст.

Ин аст маънои саҳеҳи пайравӣ аз як мазҳаби муайян. Ин ки дигар ҷои доду вой надорад. Бояд ҳамдигарро таҳаммул кунем. Ин ки дигар сабаб намешавад гиребони якдигарро бигирему ба сари ҳамдигар санг партоб кунем, ки ман ҳаққаму то ботил. Ислом ҳамон аст, ки ман мефаҳмам...

Ин дуруст нест. На як ҳанафӣ метавонад бо даҳони пур иддао кунад, ки исломи вай ҳамон исломи ҳақиқист ва исломи дигарон ботил, ва на як ҳанбалӣ ё як шофеӣ ва ё як шиа ҳақ дорад хештанро ҳаққи мутлақ ва дигаронро ботили мутлақ ангорад.

Агар мо аз аввал дуруст мефаҳмидем, ки пайрав будан аз як мазҳаб ба чӣ маъност, ҳаргиз ба сари якдигар санг партоб намекардем. Аммо имрўза, мутаасссифона, на як пайрави дурустҳисобӣ аз мазоҳиб пайдо мекунем (магар ангуштшумор) ва на як олими дурустҳисобӣ, ки некў барои пайравон бифаҳмонад, ки пайрави як мазҳаби муайян будан яъне чӣ?

Иншоаллоҳ умедоворам ҷомеаи мо, ҳам пайравони оқил дошта бошад ва ҳам уламои дурандеш, ки ба ҷои давъат ба сўи таассубу лаҷоҷати мазҳабӣ, мардумро ба сўи таҳаммулпазирӣ бихонанд.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ

http://www.kemyaesaadat.com/

 

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 1169 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Октябр 2009  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz