Панҷшанбе, 25.04.2024, 05:24
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Феврал » 2 » Нигоҳе ба Имом Таҳовӣ ва китоби Ақидаи Таҳовия
Нигоҳе ба Имом Таҳовӣ ва китоби Ақидаи Таҳовия
15:42

Аз муқаддимаи Аллома Ҳасан ибни Алии Саққоф бар китоби Ақидаи Таҳовия

Имом Таҳовӣ

Ҳофиз Заҳабӣ дар китоби "Сияру аълом ан−нубало”−и худ (15/27) дар бораи Имом Таҳовӣ мегӯяд: "Имом, аллома, ҳофизи бузург, ҳадиспажӯҳ ва фақеҳи диёри Миср Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Салома ибни Салама ибни Абулмалики Аздии Ҳаҷрии Мисрии Таҳовии Ҳанафӣ, муаллифи як чанд китоб, аз қаряи Таҳо (яке аз вилоятҳои Миср) буда ва соли таваллудаш 239 ҳиҷрии қамарист.

Имом Таҳовӣ аз афроди мазкур (ҳадис) шунидааст: Абдулғанӣ ибни Рафоа, Ҳорун ибни Саиди Айлӣ, Юнус ибни Абдулаъло, Баҳр ибни Нусраи Хулонӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулҳакам, Исо ибни Масруд, Иброҳим ибни Мунқиз, Рабеъ ибни Сулаймони Муродӣ, тағояш Абӯиброҳими Мазанӣ, Баккор ибни Қутайба ва ғайра.

Вай дар илми ҳадис ва дар фиқҳ барҷаста гардида ва дар дасти Қозӣ Аҳмад ибни Имрони ҳанафӣ илми фиқҳ омӯхта ва ҳадис ҷамъ карда ва китобҳое дар ин замина нигоштааст.

Афроди зерин аз ӯ ҳадис нақл кардаанд: Юсуф ибни Қосими Миёнаҷӣ, Абулқосими Табаронӣ, Муҳаммад ибни Бакр ибни Матруҳ, Аҳмад ибни Қосими Хашшоб, Абӯбакр ибни Муқрӣ, Аҳмад ибни Абдулвориси Заҷҷоҷ, Абдулазиз ибни Муҳаммади Ҷавҳарӣ қозии Саид, Абулҳасан Муҳаммад ибни Аҳмади Ахмимӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Умари Танухӣ, Муҳаммад ибни Музаффари Ҳофиз ва ғайра аз димишқиён, мисриён ва сафаркунандагон аз барои ҷамъи ҳадис.

Имом Таҳовӣ дар Шом низ дар дасти қозӣ Абӯхозим илми фиқҳ омӯхтааст.

Абӯсаид ибни Юнус дар бораи Таҳовӣ гуфтааст: Ӯ шахси сиқа[1] ва фақеҳи оқиле буда”.

Ақидаи Таҳовӣ

Шахси муҳаққиқ вақте дар матни Ақидаи Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) назар меафканад, нуқоти зеринро дар он мулоҳиза менамояд:

1. Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) дар китоби ақидаи хеш собит карда, ки ӯ (дар баъзе маворид) мӯътақид ба ақидаи аҳли ҳақ мебошад, ки бар пояи танзеҳи зоти Худои Таоло ва сифатҳояш аз ташбеҳ ва таҷсим ва аз монандӣ ба халқ устувор аст.[2] Масалан мегӯяд: "Худо волотар ва бузургтар аст аз ҳадду (ниҳоятҳо) доштан, аз ғоят ва ҳадафҳое доштан, рукнҳо ва аъзо ва васоил доштан. Ӯро ҷиҳатҳои шашгона иҳота накарда, чӣ хеле ки дигар мавҷудотро иҳота намуда”, ва низ мегӯяд: "Ҳар он касе ки Худоро ба маъное аз маъноҳои башарӣ васф намояд, кофир шудааст”;

2. Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) дар ин ақида муҳимтарин масоили ақоидиро зикр намуда, вале баъзе аз умурро ёдоварӣ накардааст. Ва ҳамчунин баъзе аз масоили фиқҳиро низ, ки аз ҷумлаи эътиқодот намебошад зикр намуда, мисли "масҳ бар мӯза” ва монанди он. Ва ҳамчунин бар масоиле таъкид варзида, ки ба назар чунин мерасад, ки он масоил фақат дар назди Таҳовӣ ва дар ҳамон рӯзҳо дорои аҳамият буда, мисли масъалаи "қазо ва қадар”.

Иснод[3] ба Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) ва ақидаи ӯ

Нақл кардааст ба ман сарварам Имоми ҳадиспажӯҳ ва судманд Абулфазл Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Сиддиқи Ғумории[4] Танҷӣ аз Шайх Муаммар Муҳаммади Давидори Таловӣ аз Шайх Иброҳими Боҷурӣ аз Амири Кабир аз Бадри Ҳанафӣ аз Аллома Будайрӣ аз Иброҳими Курдӣ аз Сафиюддини Қашошӣ аз Шамси Рамлӣ аз Имом Аллома Шайх Закариёи Ансорӣ аз Ҳофиз Абӯнаими Мустамлӣ аз Шараф Абӯтоҳир ибни Кувайк аз Иброҳим ибни Баракоти Баълии маъруф ба Ибни Қурайша аз Ҳофиз Юнинӣ аз Ҳофиз Абӯмӯсо Муҳаммад ибни Абӯбакри Мадинӣ аз Абулфатҳ Исмоил ибни Фазл ибни Аҳмади Сарроҷ ибни Ахшид аз Абулфатҳ Мансур ибни Ҳусайни Толӣ аз Ҳофиз Абӯбакр Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Алии Миқрӣ аз Имом Ҳофиз Абӯҷаъфари Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи).

Фасл: Имом Ҳофиз Субкӣ дар китоби худ "Муид ан−ниам ва мубид ан−ниқам” (с. 62) гуфтааст: "Ҳанафиҳо, шофеиҳо, моликиҳо ва фозилоне аз ҳанбалиҳо, Худоро шукр, ки ҳамагӣ дар ақоид якдаст бар раъйи аҳли суннат ва ҷамоат буда ва Худои Таолоро ба тариқи шайхи аҳли суннат Абулҳасани Ашъарӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) мегараванд. Ва аз онҳо касе − ҷуз андак касоне, ки ба аҳли таҷсим[5] гароиш пайдо намуданд − аз равиши шайх Абулҳасан берун нарафтаанд. Ва моликиҳоро низ Худо барӣ (аз аҳли таҷсим) намуда ва мо ҳеҷ моликимазҳаберо надидем магар дар ақида ашъаримазҳаб буд. Ва хулоса, ақидаи Ашъарӣ ҳамон аст, ки Абӯҷаъфари Таҳовӣ баён намуда ва донишмандони мазоҳиб онро пазируфта ва қабул намудаанд”.

Муаллиф[6] гӯяд: Баъзе аз муҷассима ва мушаббиҳаи[7] асри мо[8] ба ин каломи Субкӣ чанг зада ва ҳамин сухани ӯро зикр намудаанд, вале ситоиши Субкӣ аз Ашъариро ёдовар нашуда, балки онро ҳазф намудаанд. Онҳо ин суханро дар муқаддимаи шарҳи Ибни Абулиз бар Ақидаи Таҳовӣ зикр намуда ва хостанд бо ин кор ин шарҳро тарвиҷ диҳанд, дар ҳоле ки дар шарҳи Абулиз хилофҳои возеҳе бо Қуръон, суннат ва ақидаи ҳақ дида мешавад.

Аммо ин ки Субкӣ мегӯяд, ки ҳанафиҳо ба тариқи Ашъарӣ Худоро мегараванд, дуруст нест, балки дуруст он аст, ки онҳо Худоро ба тариқи Абӯмансури Мотуридӣ, ки аз Имом Абӯҳанифа (Раҳматуллоҳи алайҳи) ақида баргирифтааст мегараванд. Агар Субкӣ мегуфт, ки ҳанафиҳо дар танзеҳи Худо ва инкори ташбеҳ ва таҷсим, бо Ашъарӣ ҳамфикр ва ҳамсӯ ҳастанд, сухани дурусте буд.

Ва аммо ин ки мегӯяд: "Ва моликиҳоро низ Худо барӣ (аз аҳли таҷсим) намуда ва мо ҳеҷ моликимазҳаберо надидем магар дар ақида ашъаримазҳаб буд”, агар муроди Шайх ин бошад, ки ӯ дар ҳаёти худ бо касе аз донишмандони дар қайди ҳаёт будаи моликиҳо вонахӯрда магар ӯро ашъарӣ дар ақида дидааст, суханаш ба зоҳир дуруст аст, вале раванди каломаш далолат бар ин надорад, ки муродаш ин бошад. Аммо агар муродаш ин аст, ки дар миёни моликиҳо − ба хилофи дигар мазоҳиб − муҷассима ва мушаббиҳа вуҷуд надорад, чунин сухан қатъан дуруст нест. Зеро Таламанкии Моликӣ аз мушаббиҳа ва муҷассима ба ҳисоб мерафт ва барои Худо паҳлӯ қоил буд, чӣ хеле ки Ҳофиз Заҳабӣ дар тарҷумаи ҳоли ӯ нақл карда (17/569). Ва ҳамчунин аст Ибни Абӯзимнин ва набераи файласуфи машҳур Ибни Рушд ва ғайра, ки ҳарчанд ададашон андак аст.

Ва аммо ин ки мегӯяд: "Ва хулоса, ақидаи Ашъарӣ ҳамон аст, ки Абӯҷаъфари Таҳовӣ баён намуда ва донишмандони мазоҳиб онро пазируфта ва қабул намудаанд” мунофот бо ин надорад, ки дар байни ақоиди Таҳовӣ аҳёнан хато ва ё он чи мухолифи раъйи дуруст аст вуҷуд дошта бошад, зеро ин китоб на Қуръон аст ва на сухани паёмбари маъсум.[9]

Муҷассима ва мушаббиҳаи асри мо ба ҳамин каломи Субкӣ часпида, чунин пиндоштанд, ки шарҳи ин ақида, ки аз ҷониби Абулиз шарҳ гардида, ҳамон ақидаи салаф[10] аст, ҳол он ки худашон дар баъзе аз он чи Имом Таҳовӣ гуфта ӯро мухолифат намудаанд. Масалан он ҷо ки Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гуфта: "Худо волотар ва бузургтар аст аз ҳадду (ниҳоятҳо) доштан, аз ғоят ва ҳадафҳое доштан, рукнҳо ва аъзо ва васоил доштан. Ӯро ҷиҳатҳои шашгона иҳота накарда, чӣ хеле ки дигар мавҷудотро иҳота намуда”, сареҳан ӯро мухолифат намуда ва қоил ба ҷиҳат ва ҳад доштани Худо шудаанд.

Ва мо мегӯем: Ин сухани Имом Субкӣ чунин мерасонад, ки чун Ақидаи Таҳовӣ мавриди иттифоқ буда, бинобар ин бар ҳар ҳарф ва ё иборати ӯ иҷмоъ[11] сурат гирифта. Ва аммо воқеият ғайр аз ин аст, чун ки дар ин китоб ибороте ҳам ёфт мешавад, ки дар бораи онҳо метавон гуфт, ки ё мавриди ихтилоф ҳастанд, ки бояд дар чунин мавриде саҳеҳи онро баргирифт, ва ё дар он чи ӯ гуфтааст гоҳе хато кардааст.

Бинобар ин мо метавонем бигӯем, ки Ақидаи Таҳовӣ ақидаи яке аз салаф (ки ҳамоно худи Имом Таҳовист)−ро бароямон нишон медиҳад ва низ инро ҳам бароямон хабар медиҳад, ки салаф дорои як мазҳаби воҳиде набудаанд; на дар фиқҳ, на дар ақида, на дар амали ҷурҳу таъдил[12] ва на дар ғайри онҳо аз улум...

Ва ин нуқтаи хеле муҳиммест, ки дастандаркорони улуми ақоидӣ ва ҳатто тамоми уммат бояд онро хуб бидонанд. Ва он, ин аст, ки салаф дар тамоми масоили шаръӣ дорои як мазҳаби воҳиде, ки бигӯем ҳамин аст мазҳаби салаф, набудаанд, магар он чи иҷмоъ бар он миёни эшон сурат пазируфта ва мо ба он иҷмоъ воқеан дастрасӣ пайдо карда бошем. Чун гоҳе чунин мешавад, ки баъзеҳо дар бархе масоили ақоидӣ иддаои иҷмоъ мекунанд, вале баъд аз он ки дар он масъала таҳқиқ ба амал оварем равшан мешавад, ки он масъала, аз масоили хилофӣ буда ва ё ҳатто бар хилофаш иҷмоъ сурат гирифта будааст. Масалан, баъзеҳо чунин иддао кардаанд, ки иҷмоъ ҳаст бар исботи ҳад барои Худо ва ё ин ки иҷмоъ ҳаст бар ин ки каломи Худои Субҳон ташкилёфта аз ҳарфҳо ва садоҳост, вале баъд аз баррасӣ, маълум гардид, ки иҷмоъ бар зидди чунин иддаое сурат пазируфта будааст.

Бинобар ин мегӯем: Барои касе дуруст нест, ки ба ақидае гаравида, сипас бигӯяд, ки чунин ақидае мазҳаби салаф аст. Зеро салаф дорои мазҳаби воҳиде набуданд, балки (бояд инро донист, ки) мурод аз салаф, ҳамон имомони муҷтаҳид мебошанд, ки ҳар яке дорои раъй ва мазҳаби муайяне дар баъзе аз масоили ақоидӣ ҳастанд...

Ва ҳамчунин ҳар як аз ин муҷтаҳидон дорои иҷтиҳоди хосси худ дар фиқҳ будаанд, чӣ хеле ки худат барои он мисолҳоеро дар монанди китобҳои ҳофизоне чун Абдурраззоқ ва Ибни Абӯшайба пайдо хоҳӣ намуд.

Гузашта аз ин, худи китобҳои мазоҳиби чаҳоргона беҳтарин гувоҳ бар ин матлаб аст, чун имомон бешак аз донишмандони салаф ба шумор мераванд. Ва ҳамчунин аҳли ҳадис аз салаф ва халаф[13] низ дорои як мазҳаби воҳиде дар ҷурҳу таъдил намебошанд, балки дар ин бора бо ҳам ихтилоф доранд. Масалан яке Зайдро сиқа медонад, он дигарӣ ӯро заиф мешуморад ва сеюмӣ вайро на сиқа ва на заиф, балки чизе байни он ду васф мекунад ва ҳоказо.


 

[1]−Сиқа, шахси мавриди эътимод.

[2]−Танзеҳ, Худоро пок аз сифоти махлуқот донистан аст, ва ташбеҳ, монанд кардани Худост ба махлуқот, ва таҷсим, барои Худо ҷисм қоил шудан аст.

[3]−Иснод дар луғат ба маънои такя додан буда ва дар истилоҳ ба он амале гуфта мешавад, ки ноқил нақли худро ба касе ки аз ӯ нақл мекунад, нисбат диҳад. Масалан агар касе бигӯяд: Исноди ман дар ин нақл Фалонӣ мебошад, ба ин маъност, ки ман ин нақлро ба ӯ нисбат медиҳам. Ва ба иборати дигар, аз ӯ нақл мекунам ва ӯст, ки ба ман чунин чизеро нақл кардааст.

[4]−Ғуморӣ (р) дар моҳи Раҷаби соли 1328 ҳ. дар Ғурра ба дунё омада ва 20 Шаъбони соли 1413 ҳ. аз дунё чашм пӯшидааст.

[5]−Аҳли таҷсим ба касоне гуфта мешавад, ки барои Худо ҷисм қоил ҳастанд.

[6]−Мурод аз муаллиф, соҳиби ин китоб, яъне Ҳасан ибни Алии Саққоф мебошад.

[7]−Муҷассима ҳамон аҳли таҷсим ҳастанд, ки барои Худо ҷисм қоил ҳастанд ва мушаббиҳа аҳли ташбеҳ мебошанд, ки Худоро ба махлуқоташ монанд мекунанд.

[8]−Муроди Ҳасан ибни Саққоф аз муҷассима ва мушаббиҳаи асри мо, касоне ҳастанд, ки ҳанӯз мӯътақид ба ҷисмонияти Худо ва монанд будани Худо ба махлуқоташ ҳастанд, ҳарчанд худашон инро аз худ инкор мекунанд. Агар ба китобҳои ақоидии ваҳҳобиён руҷӯ кунед, ба равшанӣ хоҳед дид, ки чӣ гуна онҳо барои Худо ҷисм қоил мешаванд (мисли ин ки мӯътақид ҳастанд, ки Худо бар болои Арш усутувор аст) ва ё ин ки барои Худо сифатҳои махлуқотро исбот мекунанд (мисли ин ки мӯътақид ҳастанд, ки Худо дасту по дорад, чашмон ва гӯшон дорад ва монанди инҳо). Ҳарчанд худашон мегӯянд, ки мо на муҷассима ҳастем ва на мушаббиҳа ва ин тӯҳмате беш нест, вале ғофил аз он ҳастанд, ки гуфтаҳояшон ҷуз ба он чӣ арз кардем тафсири дигаре надоред.

[9]−Маъсум, яъне пок аз гуноҳон ва анҷоми афъоли зишт ва нолоиқ.

[10]−Мурод аз салаф, гузаштагон буда ва одатан дар истилоҳ ба касоне гуфта мешавад, ки дар оғози ислом мезистаанд, ки шомили саҳоба, тобеин ва аҳёнан тобеи тобеин аст.

[11]−Иҷмоъ, ҳамон иттифоқ аст. Масалан агар дар мавриди масъалае ҷамии уламои уммат иттифоқ намоянд, он масъаларо масъалаи иҷмоӣ гӯянд.

[12]−Ҷурҳу таъдил, истилоҳест дар илми ҳадис ва илми риҷол ва ба амале гуфта мешавад, ки ҳадиспажӯҳ ва ё риҷолшинос ба воситаи он ноқили ҳадисро аз ҷиҳатҳои мухталиф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода ва ӯро арзёбӣ мекунад. Маслан мегӯяд: Вақте ман дар тарҷумаи ҳоли Фалон ибни Фалон таҳқиқ анҷом додам, ба чунин натиҷа расидам, ки ӯ як шахси дурӯғгӯ будааст, ки наметавон ба суханонаш эътимод намуд.

[13]−Халаф дар забони арабӣ ба ҷомонда гуфта мешавад ва мурод аз он дар ин ҷо касоне ҳастанд, ки баъд аз салаф омадаанд.

Бахш: Фалсафа ва ҳикмат | Просмотров: 1476 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Феврал 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz