Панҷшанбе, 25.04.2024, 03:20
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 1 » Нигоҳе ба мавозеи зидди исроилии Туркия дар давраи ахир
Нигоҳе ба мавозеи зидди исроилии Туркия дар давраи ахир
21:09

Туркия нек дарёфтааст, ки агар бихоҳад миёни мусалмонон, ба хусус мусалмонони минтақаи Ховари Миёна ҷойгоҳе барои худ дошта бошад, чорае ҷуз ин надорад, ки амалан муносиботи худ бо режими саҳюнистиро қатъ ва ҳамранги қудрате мисли Эрону то ҳудуде Сурия ва муқовиматҳои мардумие назири Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ҳамоси Фаластин, мавозеи зидди исроилӣ иттихоз бикунад.

Ҳафтаи гузашта, Раҷаб Тайиб Урдуғон нахуствазири Туркия дар як сафари ду рӯзае, ба Лубнон рафт ва бо таваҷҷӯҳ ба мавозеи зидди исроилии чанд моҳи гузашта, нигоҳҳои мухталиф дар минтақаро ба худ ҷалб кард.

Коршиносони минтақа таҳлилҳои мухталифе аз ин сафар ироа карданд ва ҳатто бархе аз таҳлилгарон дар садади муқоисаи сафари вай бо сафари ахири Маҳмуди Аҳмадинажод раиси ҷумҳури Эрон ба Лубнон баромадаанд.

Нигоҳе ба сиёсатҳои ахири давлати Туркия дар давраи ахир, нохудогоҳ инсонро ба муқоисаи сиёсатҳои зидди саҳюнистии Эрон бо мавозеи зидди исроилии ахири Туркия вомедорад.

Дар ин миён бархе коршиносон мавозеи зидди исроилии ахири Туркияро аксуламале медонанд бар радди узвияти Туркия дар Иттиҳодияи Аврупо ва талоши ин кишвар барои ҷалби таваҷҷӯҳ намудан дар минтақа ва муҳим ҷилва додани худ.

Туркия то соли 2002 ҳалқае аз занҷираи муттаҳидони Ғарб ва "Исроил” буд ва аз ин сол буд, ки Аҳмад Довуд Уғлу вазири хориҷаи Туркия сиёсати ҷадиде барои тавсиаи муносибатҳо бо кишварҳои Шарқро дар пеш гирифт.

Тавсиаи муносиботи Туркия ба хусус бо кишварҳои мусалмон монанди Эрон, Арабистони Саудӣ, Миср, Лубнон ва дигар кишварҳои мусалмон, дар дастури кори давлати Туркия қарор гирифт.

Туркия пас аз таҳоҷуми ваҳшиёнаи 22-рӯзаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза, мавозеи зидди исроилии худро тақвият кард ва ба ҳамин далел буд, ки номи ин режимро аз размоиши байналмилалии худ, ки бо ҳузури Амрико низ баргузор мешуд, хат зад то муносиботи ду тараф шоҳиди оғози таниш бошад, ки то кунун идома ёфта ва шояд битавон гуфт то ҳадди бӯҳрон бузург шудааст.

Шояд Туркия тасаввур мекунад, ки яке аз беҳтарин роҳҳои наздик шудан ба кишварҳои исломӣ, дур шудан аз режими саҳюнистӣ бошад ва шояд яке аз далоили тира шудани муносиботи ду тараф ҳамин бошад.

Бо ин ҳама, бархе коршиносон эълом мекунанд, ҳарчанд Туркия ба шиддат мавозеи зидди исроилии худро тақвият кардааст, вале бо ин ҳол ин кишвар аслан хоҳони аз даст додани муносибот бо "Исроил” нест ва ин амр дар мавозеи ин кишвар қобили мушоҳида аст.

Туркия пеш аз ин миёнаравӣ байни Сурия ва "Исроил”-ро барои музокироти сулҳ бар ӯҳда дошт ва баъд аз он ба ҳамроҳи Бразилия баёнияи Теҳронро дар мавозеи ҳастаӣ имзо кард ва амалан худро вориди миёнравӣ байни Эрон ва Ғарб кард.

Талоши Туркия барои боло бурдани нақш ва ҷойгоҳи худ дар минтақа ва муассир нишон додани худ идома ёфт ва акнун замзамаҳое мешавад, ки Туркия мизбони даври ҷадиди гуфтугӯҳои Эрон бо Ғарб бошад.

Бархе таҳлилгарон низ эътиқод доранд, ки Туркия бо ин ҳама талош барои муассир нишон додани худ, илова бар талош барои бозёбии ҷойгоҳи худ дар минтақа, ки Эрон гӯи сибқатро то кунун рабудааст ва худро қудрати минтақавӣ нишон додааст, талош мекунад, ки худро ба Иттиҳодияи Аврупо собит кунад ва талош мекунад нишон диҳад, ки кишваре бо вазни болост.

Шояд битавон гуфт, барои расидан ба чунин аҳдофе, пеш гирифтани сиёсатҳое монанди сиёсатҳои зидди исроилии Эрон, иқдоми хубе бошад; сиёсатҳое, ки ба хусус дар чанд соли ахир шиддат ёфтааст ва режими саҳюнистиро беш аз пеш нигарон кардааст.

Пас аз моҷарои ҳамлаи террористии неруи дарёии режими саҳюнистӣ ба киштиҳои имдодрасони Ғазза ва киштии туркияии Мармара ва кушта шудани 9 нафар шаҳрвандони турк, ки муносиботи Туркия ва ин режимро ба шиддат тира ва ҳатто бӯҳронӣ кард ва Туркия аз он замон то кунун борҳо хостори узрхоҳии Тел-Авив шудааст, Раҷаб Таййиб Урдуғон ҳафтаи гузашта дар Лубнон бори дигар ба ин режим ҳамла намуда ва онро ба аксуламали низомӣ таҳдид кард.

Урдуғон беш аз пеш лаҳни таҳоҷумии худ ба Тел-Авивро ташдид кард, вале дар айни ҳол монанди шаш моҳи гузашта, ки то кунун беҳуда будааст, исрор кард, ки барои оддӣ шудани муносибот, Тел-Авив бояд аз Туркия узрхоҳӣ кунад, зеро дар ғайри ин сурат равобити Анкара ва Тел-Авив ба вазъи собиқ барнамегардад.

Бисёре аз дунболкунандагони авзои минтақа, ба хусус дар Лубнон, мавозеи ахири Урдуғон алайҳи Тел-Авивро, ки дар Лубнон баён кард, шабеҳи мавозеи Аҳмадинажод донистанд, ки вай низ чанде пеш дар Лубнон алайҳи "Исроил” мавозее иттихоз кард, вале бархе мӯътақиданд, ин мавозеъ ихтилофҳое дорад, зеро бисёре ин суолро матраҳ мекунанд, ки Урдуғон тибқи сиёсатҳои кишвари худ мавозеи зидди исроилӣ дар сафари Лубнон итихоз кард ё хост иқдоме шабеҳи иқдоми Аҳмадинажод бикунад; Аҳмадинажоде, ки дар ҷануби Лубнон ва дар наздикии "Исроил” низ ба Тел-Авив ҳамла кард ва аз он ҷо бар ҳимояти Эрон аз муқовимат таъкид кард?

Ба ҳар тартиб, Туркия дарёфтааст, ки агар ҳам дар Иттиҳодияи Аврупо пазируфта шавад, боз ин иштибоҳи бузурге аст, ки муносиботи худ бо ҷаҳони ислом ба хусус меҳвари муқовимат дар минтақа, яъне Эрон, Сурия ва Лубнонро аз назар дур нигаҳ дорад ва барои ин ки кишваре таъсиргузор бо вазни болои сиёсӣ бошад, бояд муносиботи бисёр қавие бо кишварҳои Шарқ, ба хусус бо кишварҳои исломӣ дошта бошад.

Бинобар ин, барои боло рафтани ҷойгоҳи Туркия дар байни миллатҳои мусалмон, яке аз роҳҳо метавонад дар пеш гирифтани сиёсате монанди сиёсати Эрон дар мубориза бо режими саҳюнистӣ бошад.

Бо ин ҳол, бархе таҳлилгарон мӯътақиданд, Туркия дар шаш моҳи ахир, бо такрори чандбора хостаи худро аз Тел-Авив мабнӣ бар узрхоҳӣ аз мардуми Туркия аз забони сарони мухталифи ин кишвар, нишон додааст, ки аслан хостори канор гузоштани "Исроил” аз муносиботи худ нест, ҳарчанд ки "Исроил” то кунун ба ин хоста комилан беэътино будааст ва хабарҳо ҳокӣ аз он аст, ки "Исроил” дар пайи тавсиаи муносиботи худ дар Балкан аст ва қасд дорад тақвияти равобит бо ин ҳавзаро ҷонишини муносиботи худ бо Туркия кунад.

Поёни таҳлил

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 626 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz