Ҷумъа, 26.04.2024, 12:08
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 10 » Меир Даган: “90 дар сади кишварҳои ҷаҳон қудрати Ҳизбуллоҳро надоранд”
Меир Даган: “90 дар сади кишварҳои ҷаҳон қудрати Ҳизбуллоҳро надоранд”
21:26

Раиси созмони ҷосусии режими саҳюнистӣ, ки ҳафтае пеш маъмурияти худро ба поён расонд, дар охирин гузориши худ, ба тавонмандии Ҳизбуллоҳи Лубнон эътироф кард ва гуфт, қудрате, ки Ҳизбуллоҳ дорад, беш аз 90 дар сади кишварҳои ҷаҳон надоранд.

Рӯзномаи Едиот Аҳронот (рӯзномаи шибҳи расмии давлати худхондаи "Исроил”) бо эъломи ин матлаб ба нақл аз Меир Даган (Meir Dagan) раиси созмони ҷосусии режими саҳюнистӣ, тасреҳ кард: "Даган мӯътақид аст, ки 90 дар сади кишварҳои дунё қудрати оташие, ки Ҳизбуллоҳ дорад, дар ихтиёр надоранд”.

Даган дар идомаи мавзӯи Лубнон, ба террори Имод Муғния фармондеҳи аршади Ҳизбуллоҳ изъон кард ва дар баёни қудрати вай таъкид кард, ки барои пур кардани ҷои холии вай, чаҳор нафар бояд масъулиятҳои вайро бар ӯҳда бигиранд.

Даган ин амрро нишонаи мизони қудрат ва тавоноиҳои Имод Муғния эълом кард ва тасреҳ намуд, ки яке аз чаҳор нафаре, ки бахше аз масъулиятҳои вайро бар ӯҳда гирифтааст, шахси Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон аст.

Аз ҳамла ба Эрон бипарҳезед

Аз сӯи дигар, Меир Даган дар охирин ҷаласаи даврони раёсати худ, бо баёни ин ки Амрико тавони ҳамла ба Эронро надорад, ба Моссад (созмони ҷосусии режими саҳюнистӣ) тавсия кард, ки Тел-Авив набояд ба Эрон ҳамла кунад.

Даган, ки ҳафтаи пеш ҷои худро ба Тамир Пардо (Tamir Pardo) супурд, дар ҷаласаи охирини худ, рӯшантар аз ҳамеша сухан гуфт.

Вай дар ин ҷаласа охирин гузориши худро низ ба кобинаи режими саҳюнистӣ таҳвил дод ва нуктаи муҳим дар ин гузориш, тавсияи охири вай ба Тел-Авив барои дурӣ аз ҳамла ба Эрон аст.

Рӯзномаи Едиот Аҳронот бо эъломи ин хабар ба нақл аз Даган, навишт: "Исроил” набояд дар ҳамла ба Эрон аҷала кунад, набояд ин корро бикунад, магар ин ки лабаи шамшер рӯи гулӯяш қарор бигирад”.

Дар гузориши ин рӯзнома ҳамчунин омадааст, ки Меир Даган пеш аз ин дар моҳи июни соли 2009 ба кумитаи порлумонии "Исроил” эълом карда буд, ки Эрон то соли 2014 ба силоҳи атомӣ даст пайдо намекунад, вале дар гузориши охири худ, ин замонро як сол ба таъхир андохтааст.

Дар гузориши Даган омадааст, ҳарчанд коршиносон ҳамлаи низомиро сабаби таъхир дар барномаи ҳастаии Эрон медонанд, аммо чунин чизе арзиши пардохти чунин баҳоеро надорад. Эрон метавонад ин амрро баҳонае қарор диҳад барои хуруҷ аз паймони манъи густариши силоҳҳои атомӣ ва ба ин тартиб мардуми Эрон бо ҳокимони Эрон муттаҳид мешаванд.

Бино бар ин гузориш, Меир Даган дар даврони раёсати худ дар Моссад, барномаи ҳастаии Эронро дар авлавияти корҳои худ қарор дод ва онро таҳдиде барои мавҷудияти "Исроил” медонист. Садҳо соат кор ва миллиардҳо доллар барои пай бурдан ба дороии ҳастаии Эрон масраф шуд. Бархе муваффақиятҳо дар ин даврон ба Даган нисбат дода шуд, дар ҳоле ки ҳудуди як сол пеш дар кумитаи хориҷӣ ва амниятии "Исроил” иддао шуд, ки Эрон қодир аст то соли 2014 мушаке бо кулоҳаки атомӣ ба "Исроил” патоб кунад ва гуфта шуд, ки то он замон мешавад кори сиррии бисёре алайҳи Эрон кард, ки ниёзе ба ҳамла ва бомбборони таъсисоти атомии Эрон набошад; ҳамлае, ки муваффақияташ ҷузъӣ ва натоиҷаш бисёр дарднок хоҳад буд.

Едиот Аҳронот навишт: "Даган ахиран замони таъйиншудаи худро тағйир дод ва имрӯз муддаист, ки Эрон ҳадди ақал дар соли 2015 ба ин тавоноӣ хоҳад расид”.

Дар идома омадааст: "Арзёбии иттилоотии Амрико ва "Исроил” аз барномаи ҳастаии Эрон, чандон тафовуте бо ҳам надорад. Ихтилофи аслии он ин аст, ки "Исроил” онро таҳдиде барои мавҷудияти худ медонад, вале Амрико чунин таҳдиде барои худ эҳсос намекунад”.

Даган дар идома, бо ишора ба ин ки Амрико нигаронии "Исроил”–ро ҷиддӣ мегирад тасреҳ кард: "Амрико акнун дар чанд ҷабҳа дар нуқоти мухталифи дунё даргир аст ва илова бар будҷаи маъмулии худ, имрӯз миллиардҳо доллар сарфи ин даргириҳо мекунад. Чунин будҷаи зиёде (будҷа барои ҳамла ба Эрон) бар дӯши қудратмандтарин кишвар дар ҷаҳон сангинӣ мекунад ва чунин тавоне барои вуруд ба даргирии ҷадид надорад; он ҳам ин бор бо Эрон”.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 550 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz