Ҷумъа, 29.03.2024, 00:19
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Июн » 17 » Ислом ва фарзияи Дорвин
Ислом ва фарзияи Дорвин
06:42

ё, пазириши фарзияи Дорвин, лузуман "маймунпарастӣ” нест

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Гузашта аз дурустӣ ва ё нодурустии фарзияи такомулиДорвин, мавзеи дин бавижа дини мубини ислом, нисбат ба он чист? Дар ин навиштор ба гунае мухтасар дар бораи ин мавзӯъ баҳс хоҳам кард.

Дар оғоз сазовор аст андаке дар бораи ин фарзия баҳс ба амал оварем.

Фарзияи фаргашт (ё такомул) чӣ мегӯяд?

Такомул ё фаргашт, як фарзияи илмӣ аст, ки дар зистшиносӣ матраҳ шудааст. "Фаргашт тавзеҳ медиҳад, ки чӣ гуна ҳайвонот ва гиёҳон тайи замоне тӯлонӣ тағйир ёфтанд ва чӣ гуна ба сурате ки имрӯза ҳастанд, расиданд.”[1]

Бар пояи ин фарзия, "инсони кунунӣ, ки бо номи илмии "инсони хирадманд” шинохта мешавад, аз "инсони ростқомат”[2] такомул ёфта ва инсони ростқомат ҳам аз "инсони моҳир”[3] такомул ёфта буд (ки имрӯза насли ин ду навъ инсон мунқариз шудааст)...”[4]

Бар асоси ин фарзия, гӯи шимпонзе, горил, бонобо ва орангутон "наздиктарин ҷондорони дар ҳоли ҳаёт ба инсонҳоянд. Бо ин ҳол, инсон аз ҳеч як аз онҳо такомул наёфтааст ва масири такомулии мо ва онҳо миллионҳо сол пеш аз ҳам ҷудо шудааст. Аз миёни онҳо, шимпонзе ва бонобо ду гунаи наздиктар ба инсонанд.”[5]

Ин буд мухтасаре аз он чи фарзияи такомули инсон мегӯяд, ки нахустин бор тавассути Чорлз Дорвин матраҳ шудааст.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ин дидгоҳ, гарчи мӯътақидонаш ба он назария мегӯянд, аммо ҳанӯз дар ҳадди як фарзияи илмӣ матраҳ аст ва дурустиаш ба далоили муҳкам ва раднопазир собит нашуда, вале шавоҳид ва қароини илмие дар даст аст, ки нишон медиҳанд, аз миёни тамомии фарзияҳои матраҳ дар илми зистшиносӣ, феълан ҳамин фарзия, мақбултарин дидгоҳ (аз назари илмӣ) дар ин замина ба шумор меравад.

Оё ин фарзия (дар сурати дурустӣ) бо додаҳои динӣ мунофот дорад?

Бархе аз динбоварон (чи масеҳӣ ё яҳудӣ ва ё мусалмон) бар ин боваранд, ки фарзияи такомули Дорвин, бо маориф ва додаҳои динӣ мунофот дорад. Инон, дониста ё нодониста, мӯътақиданд, ки дин (аз ин пас муродам аз дин, фақат ислом аст), дар мавриди пайдоиши инсон, дидгоҳе ҷудогона дорад ва ғайри он чизест, ки ҷаноби Дорвин ва дорвинистҳо дар ин замина матраҳ мекунанд. Ба сухани дигар, мӯътақиданд, инсоне ки ҳаминак мебинем, аз оғоз ба ҳамин сурат офарида шуда ва бар хилофи дидгоҳи Дорвину дорвинистҳо, ҳеч тағйиру таҳаввуле дар навъи инсон рух надодааст. Инсонҳои кунунӣ, ҳамагӣ аз як инсоне ба номи ҳазрати Одам (а) ва Ҳавво (а) падид омадаанд.

На танҳо худи динбоварон, балки хусумашон аз моддигароҳо низ, бо истинод ба гуфтаи динбоварон, мӯътақиданд, ки дин дар заминаи пайдоиши инсон, дидгоҳе хилофи назари Дорвин дорад ва он ҳамон аст, ки ишора шуд.

Ҳол, пурсиш ин аст, ки агар рӯзе дар натиҷаи таҳқиқот ва кандуковҳои илмии бештар, барои одамӣ, сад дар сад собит бишавад, ки фарзияи ҷаноби Дорвин ва дорвинистҳо дуруст будааст, ва ба сухани дигар, агар рӯзе ин фарзия аз ҳадди як фарзия будан хориҷ ва ба як назарияи илмии раднопазир табдил ёбад, таклиф чист?

Оё динбоварон, дар додаҳо ва маорифи илоҳӣ тардид раво дошта ва ба кулли аз он даст бардоранд; ба ин далел, ки дин "сухани нодуруст” гуфта будааст? Ё на, балки сар поин кунанд ва аз ҳар он чи илм ба армуғон меоварад, чашм бибанданд?

Дар торих намунаҳое дорем. Пеш аз инқилоби илмӣ дар Урупо (реннесанс), динбоварони масеҳӣ бо истинод ба порае аз тафсирҳои Аҳди Қадим (на матни он, балки тафосири он), бар ин бовар буданд, ки замин мусаттаҳ аст ва бар шохи гове азимҷусса ва он гов бар пушти наҳанге бузургандом қарор дорад ва ғайра аз ин қабил асотир. Ва аз он ҷо ки ин дидгоҳи ғалат, дар матни кутуби илоҳӣ роҳ ёфта буд (аз тариқи муфассирони китоби муқаддас), вақте касе дидгоҳе хилофи он матраҳ мекард, қатъан дар зумраи "мулҳидон” ва "душманони дин” қарор мегирифт. Ва дар воқеъ чунин ҳам шуд. Вақте донишмандоне чун Коперник, Голилей ва Бруно дидгоҳҳое бар хилофи он чи дар кутуби муқаддас аст, матраҳ карданд, на танҳо "мулҳид” хонда шуданд, балки зинда дар оташ сӯзонда шуданд.

Бар хилофи мусалмонони он замон, ки ҳаргиз назири чунин дидгоҳҳое илмӣ пои ононро налағжонд, ҳарчанд дар порае аз тафосири исломӣ низ, ба ривоятҳое (маъруф ба ривоятҳои исроилӣ) бармехӯрем, ки дар онҳо аз ин навъ чарандиёт оварда шудааст. Ба унвони намуна, дар яке аз тафосир ҳангоми тафсири яке аз оёт, ривояте (исроилӣ) ба ҳамин мазмун (ки гӯи замин мусаттаҳ аст ва бар шохи гове азимҷусса ва он гов бар пушти наҳанге бузургандом қарор дорад) нақл шудааст. Чаро? Зеро ки мусалмонон нек огоҳ буданд, ки тафсир ғайр аз матни худи китоби илоҳӣ мебошад. Муфассир чунон тафсир мекунад, ки худ мепиндорад, на он чунон ки воқеият чунон аст.

Ҳол, дар хусуси пайдоиши навъи инсон, маорифи исломӣ бавижа Қуръони Карим ва ё ривоёти саҳеҳа чӣ мегӯянд? Оё дар Қуръону суннат, дар бораи чигунагии пайдоиши инсон ва мароҳиле, ки инсон тай кардааст, ба сароҳат (на ба ишорат) чизе гуфта шудааст?

Пеш аз посух ба ин пурсиш, лозим аст матлаберо ба унвони муқаддима тавзеҳ бидиҳам, ва он, дар бораи ин аст, ки Қуръони Карим оё як китоби илмӣ аст; масалан китоби фалсафа аст, ё физик аст, ё шимӣ, ё риёзӣ ва ғайра..? Ё на, балки дар айни ин ки шояд дар ин китоб ба матолибе аз ин улум ишора шудааст, аммо китобе нест, ки мо аз вай интизор дошта бошем бароямон фарзиёт ва назарияҳои илмиро матраҳ кунад?

Қуръони Карим, китоби ҳидоят ва роҳнамоист

Посух он ки Қуръони Карим, на китоби фалсафа аст, на физик аст, на китоби шимӣ аст, на китоби риёзӣ ва на китоби зистшиносӣ, ки масалан бароямон дар бораи мароҳили пайдоиши инсон сухан бигӯяд, аммо дар айни ҳол, ба роҳнамоӣ дар заминаи улум (аз ҷумла зистшиносӣ) пардохта.

Агар бихоҳем рисолат ва ҳадафи ниҳоии Қуръони Каримро дар як калом хулоса кунем, бояд бигӯем, Қуръони Карим (ва ҳамчунин суннат), китоби роҳнамост; роҳнамоӣ ба сӯи ҳар он чи мояи саодати башар дар дунё ва охирати ӯст:

"Моҳи Рамазон, ки дар он Қуръон фурӯ фиристода шуда, ки роҳнамое барои мардум ва нишонаҳое рӯшан аз раҳнамунӣ (ба роҳи рост) ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст...” (Бақара/185)

"Ин китоб, ҳеч шакке дар он нест, роҳнамои парҳезгорон аст.” (Бақара/2)

"Ин китобро, ки бовардорандаи китобҳои пешин аст, ба ростӣ ва дурустӣ бар ту фурӯ фиристод, ва Таврот ва Инҷилро пеш аз он фурӯ фиристод, барои роҳнамоии мардум...” (Оли Имрон/3 ва 4)

"Ҳамоно ин Қуръон ба ойине дурусттар ва устувортар роҳ менумояд...” (Исро/9)

Барои наздиксозӣ ба зеҳн, метавон Қуръонро ба қонуни асосии як кишвар ташбеҳ кард (фақат барои наздиксозӣ, на ин ки ташбеҳ карда бошем). Чунон ки қонунии асосии як кишвар муддаист шаҳрвандони ҷомеаро ба сӯи роҳи дуруст роҳнамоӣ мекунад, ҳамин тавр Қуръони Карим низ, вазифааш роҳнамоӣ ва ҳидояти мардумон ба сӯи роҳи рост ва дуруст аст; роҳе, ки ононро ба саодат мерасонад.

Дар заминаи улум низ, чунон ки қонуни асосӣ як китоби баёнкунандаи назарияҳои илмӣ дар улуми мухталиф нест, аммо дар айни ҳол, шаҳрвандонро ба сӯи фарогирии улум ва тасдиқи ҳар он чи улум ба армуғон меоварад, роҳнамоӣ менамояд, ҳамин тавр Қуръони Карим низ, дар айни он ки як китоби илмии хоссе нест, вале мардумонро ба сӯи фарогирии дониш фаро мехонад; чаро ки як китоби роҳнамост; роҳнамоӣ ба сӯи ҳар он чи мояи саодати башар дар дунё ва охират аст, ва фарогирии улум низ, саодатро барои одамӣ дар дунё ва охирати ӯ фароҳам месозад.

Албатта, фарқаш бо қавонини башарӣ дар он аст, ки қавонини башарӣ чун ҳосили талоши худи башар аст ва инсонҳо тавони пайрезии як қонуни ҷомеъ ва барои тамомии замонҳо ва маконҳоро надоранд, аз ин рӯ, ҳамвора дастхуши тағйиру таҳаввуланд, аммо Қуръони Карим (ва ҳамчунин суннат) чун маншаи илоҳӣ дошта ва аз сӯи офаридгори огоҳ фурӯ фиристода шудааст, бинобар ин, ҳамвора салоҳияти иҷро дар ҳар замон ва маконро дорад ва ҳаргиз дастхуши тағйиру таҳаввул намегардад; зеро бар пояи фитрат ва сиришти башарӣ тарҳрезӣ шуда.

Ва ин ки Қуръони Карим нахустин ояти худро бо калимаи "Иқраъ” (Бихон) оғоз мекунад, маънои онро дорад, ки ислом ба фарогирии дониш аҳаммияти фаровоне қоил аст. Ин ки Паёмбари Акрам (с) мефармоянд, "Аз гаҳвора то гӯр дар талаби дониш бошед”, ва ё "Талаби дониш барои ҳар марду зани мусалмон фарзи айн аст”, ва ё ин ки "Дониш биталабед гарчи дар Чин бошад” ва ғайра, мутазаммини ду роҳнамоии муҳим аст: яке он ки аз дидгоҳи ислом, талаби дониш дар саодати башар дахил аст ва бояд ба дунболи дониш буд. Ва дигар он ки ҳар он чи илм бароятон гуфт, бипазиред.

Аммо ин ки аз Қуръону суннат интизор дошта бошем, бароямон ба назарияпардозӣ дар улум бипардозад, ва ба иборати дигар, аз Қуръону суннат интизор дошта бошем "оши тайёр”-ро дар ихтиёри мо бигузорад, ба ин маъност, ки ислом танбалпарвар аст; намехоҳад худи мо ба монанди дигарон талош кунем, балки "оши тайёр” дар ихтиёри мо таҳвил бидиҳад.

Ислом мегӯяд, дониш биёмӯз ва худат заҳмат бикаш, ва чунон ки дигарон заҳмат кашиданд ва бо донишандӯзӣ имрӯза то Миррих рафтанд, ту ҳам заҳмат бикаш, на ин ки биншинем ва аз ислом интизор дошта бошем худаш бароямон назарияҳо ва фарзияҳои улумро баён бидорад.

Хулоса, ислом дар заминаи улум, фақат ба роҳнамоӣ мепардозад, ки илм биёмӯз, на ин ки ба назарияпардозӣ бипардозад ва аз мусалмонон муште одамони танбал ба бор оварад.

Ҳол, бармегардем ба асли мавзӯъ.

Дар хусуси пайдоиши инсон, Қуръони Карим ва ё ривоёти саҳеҳа чӣ мегӯянд?

Ғоят чизе ки дар ин замина дар Қуръони Карим ва ё суннат гуфта шуда яке он аст, ки инсонҳои кунунӣ, ки дар рӯи замин мезиянд, ҳамагӣ аз як нафар ба номи Одам (а) ва Ҳавво (а) падид омадаанд ва Одам (а) халифа ва ҷонишини Худо дар рӯи замин қарор дода шуд ва фариштагон маъмур ба саҷда дар баробари ӯ шуданд ва он гоҳ ҳамагӣ дар муқобили ӯ сар ба саҷда ниҳоданд ҷуз Иблис, ки худдорӣ намуд ва бад-ҷиҳат аз даргоҳи Худованди Мутаол ронда гардид. Ва матлаби дигар он ки инсон, аз хок офарида шудааст.

Аммо ин ки ҳазрати Одам (а) чӣ гуна аз хок офарида шуд ва офариниши ӯ аз назари замонӣ чӣ муддат аз замонро фаро гирифт, ки оё як рӯз буда ё ҳазор сол буда ва ё миллионҳо сол будааст, ва ҳамчунин, ин ки Одам (а) кай ба унвони халифа ва ҷонишини Худо баргузида шуд; оё ба маҳзи офарида шудан ё баъд аз тайи мароҳиле, Қуръони Карим мутаарризи ин масоил нест ва асосан вазифаи Қуръони Карим (ки гуфтем, ҳидоят ва роҳнамоӣ аст) ин нест, ки бароямон ин масоилро баён кунад. Ин дигар ба ӯҳдаи худи башар аст, ки ба таҳқиқ дар ин замина бипардозад ва чунон ки дар Ғарб деринмардумшиносон ба кандуков дар ин маҷол пардохтаанд, мо низ бояд мисли онон камар бибандем ва ба кандукови илмӣ бипардозем ва биравем мисли дигарон устухонҳо ва осори баҷомонда аз дериниёнро мавриди баррасӣ қарор бидиҳем ва бибинем ҳақиқат аз чӣ қарор аст.

Дар куҷои Қуръони Карим ва ё суннат ба сароҳат ишора ба назарияе шудааст, ки хилофи он чиро ки Дорвин ва ё соири зистшиносон мегӯянд, бигӯяд? Балки баръакс, дар Қуръони Карим ва порае аз ривоёт, ишороте ҳаст, ки ба наҳве дидгоҳи амсоли Дорвинро собит мекунад. Масалан, он ҷо ки Худованд барои фариштагон аз таъйини ҳазрати Одам (а) ба унвони халифа ва ҷонишини худ дар рӯи замин хабар медиҳад ва фариштагон арз мекунанд, ки "Оё касеро дар рӯи замин (ҷонишини худ) қарор хоҳӣ дод, ки табоҳкорӣ кунад ва хунҳо бирезад?”, бархе аз муфассирон бо истинод ба бархе ривоёт, гуфтаанд, ки пеш аз ҳазрати Одам навъе аз мавҷудот шабеҳи Одам дар рӯи замин буданд, ки ба фасодкорӣ ва ҳунрезӣ мепардохтанд, бинобар ин, бо тааҷҷуб пурсиданд, ки оё шабеҳи ҳамин мавҷудотро халифа ва ҷонишини худ дар рӯи замин қарор медиҳӣ?

Хуб, суол ин аст, ки он мавҷудот чӣ мавҷудоте буданд, ки фариштагон ҳазрати Одам (а)-ро бад-онҳо ташбеҳ мекунанд? Оё эҳтимол намеравад, ки "инсони ростқомат” ва пеш аз ӯ "инсони моҳир”, ки дорвинистҳо мегӯянд ва мӯътақиданд наслашон мунқариз шудааст, ҳамонон бошанд?

Камина муддаӣ нестам, фарзияи Дорвин як фарзияи сад дар сад дуруст аст. Ҳаргиз. Аммо бутлонаш ҳам ҳанӯз собит нашудааст ва чи басо дуруст бошад. Дорвин як фарди худобехабар ҳам набуд, тарҷумаи ҳолашро бихонед, як одами комилан худобовар буда. Бандаи Худо қасам ҳам нахӯрда буд, ки ҳатман чизе бигӯяд, ки хилофи шариат бошад. Камар баст, заҳмат кашид, таҳқиқ кард ва натиҷаи таҳқиқоташро арза кард; албатта на ин ки аз пеши худаш чизе бофта бошад, балки шавоҳиду қароине барои иддаоҳояш матраҳ мекунад.

Агар мо худ камар бибандем ва таҳқиқ анҷом бидиҳем ва шавоҳиде ба даст оварем, ки бар хилофи фарзияи Дорвин будааст, он гоҳ месазад, ки ба амсоли Дорвину дорвинистҳо бигӯем, ба ин далелу он далели илмӣ шумо иштибоҳ мекунед, на ин ки Қуръони Каримро ба миён гузорем ва бо истинод ба он (ки гуфтем, Қуръони Карим ба сароҳат дар ин замина чизе нагуфтааст) бигӯем, шумо нодуруст мегӯед, чун Қуръон чизе дигар гуфтааст.

Чаро ки агар рӯзгоре фарзияи Дорвин дуруст аз об дарояд ва он гоҳ мардумон бигӯянд, пас - наузу биллоҳ - Қуръон нодуруст гуфта будааст, дар он сурат, ин мову шумоем, ки дар натиҷаи дуруст нафаҳмидани Қуръони Карим, чизеро бар он таҳмил кардаем, ки пиндори азҳони худамон будааст ва гуноҳони он ва низ гуноҳи бадбинии мардумон нисбат ба Қуръони Карим низ бар ӯҳдаи мо хоҳад буд, чунон ки масеҳияти қуруни вусторо чунин сарнавиште домангир шуда буд.

Кимиёи саодат


[1] Mayr, Ernst, What evolution is, Harvard.

[2] Инсони ростқомат бо номи илмии Homo erectus, яке аз гунаҳои сардаи (навъи) инсон буд. Ин инсон дар Африқо такомул ёфт ва сипас ба беруни Африқо муҳоҷират кард. Фасилҳои ӯ дар шарқи Осиё ба даст омадааст. Имрӯза бовари бархе аз деринмардумшиносон ин аст, ки гунаи инсони хирадманд аз инсони ростқомат такомул ёфтааст. Қидмати фасилҳои ба даст омада аз инсони ростқомат бозаи 1,9 миллион то 27,000 солро шомил мешавад.

[3] Инсони моҳир бо номи илмии Homo habilis, яке аз гунаҳои сардаи инсон буд, ки наздик ба 2 миллион сол пеш дар шарқи Африқо мезист.

[4] http://wikipedia.org/

[5] Ҳамон манбаъ.

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 2065 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Июн 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz