Панҷшанбе, 28.03.2024, 22:09
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2009 » Октябр » 2 » Ишқ
Ишқ
18:18

Ишқ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Миёни соҳибназарон ва андешмандон як чунин баҳсе доир аст, ки наздиктарин ва беҳтарин роҳ ба сўи Худо, ки моро бо Ў ошно созад, кадомин роҳ бошад? Гурўҳе бар онанд, ки беҳтарин роҳ, роҳи ақл аст. Яъне тамошои ҷаҳоне, ки гирду атрофи одамиро печонидааст, андешаву тафаккур дар падидаҳои табиат, тааммуқ дар ҷаҳони ҳастӣ, кофист инсонро ба офаридгори ҷаҳон огоҳ созад.

Ҳарчанд ин роҳ, ба унвони як муқаддима, роҳи некўест ва одамӣ дар роҳи худошиносӣ аз он бениёз нест, аммо ба гуфтаи бархе аз дарёнавардони уқёнуси маърифати худоӣ, роҳи ақл, ба танҳоӣ кофӣ нест фитрати худоҷўии одамиро сероб кунад. Инсони худоҷў фақат бо ошноии маҳзи ақлӣ, ки барояш бигўяд ҷаҳонро Худоест, басанда намекунад, ташнагияш бартараф намегардад.

Аз ин ҷост, ки орифони дилбаста, пойи ақлро дар худоёбӣ ланг мешуморанд. Мавлавӣ гўяд:

Пои истидлолиён чўбин бувад

Пои чўбин сахт бетамкин бувад

Агар бихоҳем роҳи шиносонидани ақл аз Худоро ба чизе ташбеҳ созем, метавон онро ба касе ташбеҳ кард, ки барои ташнае макони оберо нишон медиҳад ва то лаби об ўро мебарад, вале ташна аз об сероб намешавад. Танҳо тамошои об мекунаду аз нўшиданаш маҳрум мемонад.

Одамӣ на танҳо мехоҳад Худоро бишносад, балки мехоҳад бо тамоми вуҷуд Ўро эҳсос кунад.

Чунин эҳсосеро фақат ишқ барояш мебахшад. Дар вуҷуди одамӣ, дар фитрати ў, дар табиаташ ишқи худоӣ ҳаст, фақат онро бояд парвариш дод.

Аз ин ҷост, ки мебинем дар дини мубини ислом, ба тақвияту парвариши фитрати илоҳӣ зиёд таъкид шудааст. Ислом бар он аст, ки конуни эҳсосоти олии илоҳии қалбиро бояд тақвият кард ва монеаҳои рушду густариши онро бояд аз миён бурд, ва ба истилоҳ, бояд қалбро тасфия ва поксозӣ кард, ва он гоҳ бо маркаби нерўманду сабукболи ишқ ба сўи Худо парвоз намуд:

“Ва ба нафс (ҷону равон)-и одамӣ ва Худое, ки онро сомон бахшид ва он гоҳ бадкорию парҳезгорияшро ба вай илҳом кард, ба дурустӣ растгору комёб шуд он касе ки нафсро пок гардонид ва покиза дошт, ва ноумеду бебаҳра гашт он касе ки онро олуда сохт”. (Сураи Шамс, оятҳои 7 то 9).

Роҳи тақвияту поксозии конуни дил ҳам, анҷоми вазоифи шаръист: бояд намоз хонд, рўза гирифт, закоти мол пардохт... аммо бо ихлос. Ва ҳамчунин ба ахлоқу кирдорҳои некўву писандида хештанро ороста намуд: бояд ростгў буд, амонатдор буд, боихлос буд, вафои ба аҳд кард...

Монеаҳои рушди он ҳам, анҷоми аъмоли зишт, саҳлангорӣ дар адои вазоифи шаръӣ, хўрдани моли ҳаром, зулму ситам ба халқи Худо, бадбинӣ, адами эҳтиром ба падару модар, такаббур, ба худ болидан, риё, молу ҷоҳпарастӣ... аст.

Агар инсон битавонад Худоро аз роҳи ишқ биёбад, дар вуҷудаш Ўро эҳсос кунад, ҳамеша Худоро ҳозиру нозир бинад, дар он сурат, ибодаташ ҳам фарқ хоҳад кард.

Тафовути ибодати касе, ки Худоро танҳо аз роҳи ақл шинохтааст, бо ибодати он касе, ки Худоро на танҳо шинохта, балки Ўро эҳсос мекунад, вуҷудаш аз ишқи офаридгор моломол аст, дар ин аст, ки аввалӣ ибодату парстишро, ё аз рўи тамаъ анҷом медиҳад ва ё аз рўи тарс. Ў Худоро мепарастад то ба биҳишт ноил гардад. Ва ё метарсад агар Худоро ибодат накунад, ҷойгоҳаш оташ гардад. Аммо дуюмӣ, барояш биҳишту дўзах матраҳ нест. Ў асири ҷаннату ҷаҳаннам намебошад. Ў озода аст, Худоро барои худи Худо мехоҳад, на барои тарс аз дўзах ё тамаи биҳишташ. Ибодат барои ў ишқ аст, лаззат аст, кайфу сафост.

Дар ривояте ҳаст, ки мегўяд:

“Гурўҳе Худовандро ба ангезаи найл ба подошу даст ёфтан ба неъматҳояш бандагӣ мекунанд. Ин қисм ибодат, шоистаи савдогарони судҷўст. Баъзе Худовандро аз тарси азобаш мепарастанд. Ин қисм ибодат низ, дар хўри бардагони зархарид аст. Касоне ҳастанд, ки Худовандро ба манзури шукргузорӣ ва анҷоми як вазифаи инсонӣ парастиш менамоянд. Ин ибодат, ибодати озодагон аст, ва чунин ибодате, бартарини ибодатҳост”.

Орифе мегўяд:

Не аз Ту ҳаёти ҷовидон мехоҳам

Не айшу танаъуми ҷаҳон мехоҳам

Не коми дилу роҳати ҷон мехоҳам

Ҳар чиз ризои туст он мехоҳам

Ва ё дигаре мегўяд:

Рўзи маҳшар ошиқонро бо қиёмат кор нест

Кори ошиқ ҷуз тамошои висоли ёр нест

Аз даргоҳи Худованди Меҳрубон мехоҳем моро аз бандагони ошиқи худ қарор бидиҳад, ва чунинамон кунад, ки Ўро фақат барои худаш, барои ба дастоварии ризояташ бипарастем.

http://www.kemyaesaadat.com/

 

Бахш: Худошиносӣ | Просмотров: 1079 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Октябр 2009  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz