Шанбе, 20.04.2024, 16:24
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Апрел » 23 » Иқбол ва файласуфони ғарбӣ
Иқбол ва файласуфони ғарбӣ
02:15

Бархе аз мунтақидони осори Иқбол, саъй намудаанд то ӯро сирфан таъсирпазир аз фалсафаи ғарб дониста, чунин илқо намоянд, ки гӯйи Аллома Иқболи Лоҳурӣ, коре ҷуз тақлид аз андешаҳои фалосифаи ғарбӣ анҷом надодааст, ҳол он ки чунин тасаввуре, бо таваҷҷӯҳ ба пояҳои андешаҳои фалсафии Иқбол, ба шиддат номунсифона аст. 

Аллома Иқболи Лоҳурӣ, бе шак яке аз поярезони бозсозии андешаи динӣ дар дунёи ислом ва аз фалосифаи барҷастаи олам ба шумор меравад. Ӯ аз фалосифаи авоили қарни бистум маҳсуб мегардад, ки бархе, андешаҳои фалсафии вайро мулҳам аз орои файласуфони ғарбӣ, ба хусус Фихте, Шопенҳаур, Ницше, Бергсон, Уильям Ҷемс ва Мак-Таггарт донистаанд, вале чунин назаре ба ақидаи бисёре аз иқболшиносон сиҳҳат надорад.

Аз ҷумла, доктор Муҳаммади Бақоӣ (Мокон), иқболшиноси соҳибноми эронӣ, барандаи лавҳи заррини иқболшиносӣ дар ҳамойиши ҷаҳонии 2003 Лоҳур, ва муаллифи маҷмӯаи 20 ҷилдии "Бознигарии осор ва афкори Иқбол”, назароте дар ин хусус дорад, ки хулосае аз онро пешкаши хонандаи азиз мекунем.

Бархе аз мунтақидони осори Иқбол саъй намудаанд то ӯро, ки дар фалсафаҳои ҳиндӣ, исломӣ ва ғарбӣ мутолеоти жарф анҷом дода, сирфан мутаассир аз фалсафаи ғарб, ба хусус таҳти таъсири мутафаккирони барҷастае назири Ҳегел, навконтиҳо, Ницше, Фихте, Бергсон ва дигарон бидонанд.

Инон фақат тавонистаанд ин назарро илқо намоянд, ки Аллома Иқбол, дар иртибот бо фалосифаи мазкур, коре ҷуз тақлид анҷом надода, ҳол он ки чунин тасаввуре ба шиддат номунсифона аст.

Яке аз ин маворид барои мисол, инсони ормонии Иқбол аст, ки ӯ вижагиҳояшро таҳти унвони "Марди мӯъмин” матраҳ менамояд, ки маъмулан ӯро бо "Абармард”-и Ницше қиёс мекунанд ва ҳукм мекунанд, ки Иқбол дар тарсими чеҳраи ормонии худ, ба Ницше назар доштааст.

Акнун бояд дид, ки ин мунтақидон то чӣ мизон дуруст мегӯянд? Иқбол мутафаккирест, ки аз мероси фарҳангии ислом, дониши ҷадид ва фалсафаҳои шарқу ғарб иттилои дақиқ дорад. Ҷои инкор нест, ки метавон миёни андешаи вай бо дигар файласуфон мушобиҳате ёфт, вале ин мушобиҳат нопойдор аст ва баёнгари ҳамонандии андешаашон нест.

Иқбол дар мавриди густариш ва такомули андешаи башарӣ, дидгоҳи наққодона ва мустақил дорад ва дар ҳар файласуфе, ки марвориди ҳикмат биёбад, гар чи бедаранг аз он тамҷид мекунад, вале барои пазируфтанаш худро комилан мутааҳҳид мебинад ва то онро бо меъёрҳои қобили қабул маҳак назанад, дар зеҳн ва қалбаш ҷой намедиҳад.

Меъёри ӯ аз мафоҳими қуръонӣ, ақоиди исломӣ, андешаҳои асили мутафаккирон ва орифони барҷастаи дунёи ислом, ба хусус Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ шакл гирифта, ки ӯро "муршиди рӯшанзамир” мехонад ва Маснавияшро "Қуръони паҳлавӣ”.

Бинобар ин, ба содагӣ метавон дарёфт, ки дидгоҳҳои Иқбол ба лиҳози кайфӣ, мутафовит аз файласуфони ғарбӣ аст. Маъмулан, фалсафаи ӯро, ки мубтанӣ бар "худӣ” аст, баргирифта аз орои Фихте медонанд, ки ҳеҷ чизро ба ҷуз "ман” ҳақиқат намедонист ва ақида дошт, ки ҳама чиз "намод” аст ва он чи "буд” аст ва ҳақиқат ба шумор меояд, "ман” аст.

Вале вақте Фихте сухан аз "ман” мегӯяд, мақсудаш "мани маҳз” (PURE EGO) аст, ки аз чизе муштақ нашуда ва дар пеш аз марҳилаи айният аст. Ӯ тавзеҳ намедиҳад, ки "мани фардӣ” (INDIVIDUAL EGO) чист?

Иқбол ҳам аз "ман” сухан мегӯяд, вале тавзеҳ медиҳад, ки ман "бар асоси организми моддӣ баст меёбад ва ин яъне иҷтимои манҳои фаръӣ, ки мани жарфтар ба ин васила мудом бар вуҷудам амал мекунад ва ин имконро бароям фароҳам меоварад то ваҳдате усулӣ ва равишманд бар асоси таҷруба бунёд кунам”. Ин яъне ваҳдати ношӣ аз ҳолатҳои зеҳнӣ.

Ба ақидаи вай, "ҳар ҳаёте мунфарид аст ва чизе ба номи ҳаёти куллӣ вуҷуд надорад”, ҳол он ки Фихте чунин намеандешад.

Файласуфи дигаре, ки бархе Иқболро ба далели порае мушобиҳатҳои ҷузъӣ таъсирпазир аз вай медонанд, Шопенҳауер аст. Ин файласуфи "бадбин”, оламро яксара дар "ирода” хулоса мекунад ва мӯътақид аст, ки олами одам, яъне коинот, таҷаллӣ ва мазҳари ирода ҳастанд. Ӯ ин иродаро комилан фарогир ва ҷаҳоншумул медонад, ки дар суратҳои ақлӣ (IDEAS) мутаҷаллӣ шуда ва дар ашёи мунфарид айният меёбад. Бинобар ин, як инсон ҷилваест ё рӯнавиштест аз мафҳуми куллии инсон ба сурати як "навъ”, вале Иқбол инсонро рӯгирифте аз мафҳуми куллӣ ё мисоли абадӣ намедонад. Ӯ мани башариро "амр”-и Худо медонад.

Дигар ин ки иродаи мавриди назари Шопенҳауер, бе ҳадаф, кӯр ва орӣ аз ихтиёр аст, ҳол он ки "худӣ”-и Иқбол ғоятманд аст. Ба баёни дигар, ӯ ғоятро ҳастаи марказии ҳаёт мешуморад. Иқбол, ба далели он ки фалсафа ва таърихи шарқу ғарбро ба диққат баркобида, табиатан бо соҳибони андешаҳои бузург унсу улфат ёфта, вале ин бад-он маъно нест, ки ҳамаи умрро дӯш ба дӯши онон раҳ супурда бошад.

Қотеона метавон гуфт, ки ӯ муддатеро бо ҳар як аз андешмандон шона ба шона дар кӯчабоғҳои тафаккур гом зада, вале баъд раҳояшон карда ва ниҳоятан он чиро, ки бардошт намуда, дар зеҳни хеш ба ҳам омехта ва усораи хосси худ падид овардааст.

Яке аз ин мутафаккирон Ницше аст. Асоси фалсафаи Ницше, майл ба қудрат аст. Ба ақидаи вай, дар ҳамаи махлуқот, дар ҳар навъ тафаккуре ва ҳатто дар ҳар асари ҳунарӣ, ҳадафи аслӣ касби қудрати бештарест.

Аз ҳамин рӯст, ки мегӯяд, "ҳар мавҷуди зинда дар пайи он аст то қудраташро бартар аз ҳама ба намойиш бигузорад ва зиндагӣ аслан майл ба қудрат аст”.

Иқбол ҳам албатта аз қудрат сӯҳбат мекунад, ҳатто яке аз ҷанбаҳои мафҳуми ишқ, аз назари вай, "қудрат доштан” аст. Вале ӯ ба хилофи Ницше, қудрати сирфро амри ҳаваснок медонад. Ба ақидаи вай, қудрат омезаест аз зебоӣ, зарофат, меҳрубонӣ ва қадосат; ҳамон қудрате, ки баёнгари таркиби ду мафҳуми исломии "ҷалол” ва "ҷамол” аст. Абармарди ӯ касе нест, ки фақат дорои қудрат бошад, балки "марди мӯъмин – чунон ки дар байте ба урду мегӯяд – аз чаҳор унсур падид меояд, ки иборатанд аз: "қаҳҳориву ғаффориву қуддусиву ҷабарут”.

Иқболро ба эътиборе метавон аз поярезони андешаи прагматизм дар шарқ донист. Бисёре аз ақоиди вай дар хусуси амалгаройӣ, бо назароти Чарлз Пирс ва Уилям Ҷемс қобили татбиқ аст. Ӯ чандон шефтаи амал аст, ки гуноҳ бо тааққули ношӣ аз ихтиёр ва амалро, ба зуҳд ва итоати орӣ аз тааққул ва ирода тарҷеҳ медиҳад. Ӯ низ ҳамонанди Ҷемс ва Пирс инсонро худмухтор мехоҳад ва мӯътақид ба адами ҷабрият аст.

Мунтаҳо, бо ин тафовут, ки он ду, озодӣ ва ихтиёри башариро ғайри қобили қабул медонанд, вале Иқбол на ҷабргаройии томму тамомро таъйид мекунад ва на адами ҷабриятро. Ӯ барои инсон дар маҳдудае, ки фаъолият дорад, озодӣ ва ихтиёр қоил аст, ки роҳест миёни он ду қутб. Аз ҳамин рӯ, дар Гулшани рози ҷадид мегӯяд, ки "имон дар миёни ҷабру қудрат аст”.

Яке дигар аз фалосифае, ки афкори Иқболро мулҳам аз вай донистаанд, Бергсон аст. Ин файласуфи фаронсавӣ фақат хезиши ҳаётӣ (LAN VITAL)-ро воқеият медонад, ки ба ақидаи вай ҳамон истимрор (DURATION) ё замони мустамир (TIME CONTINUOUS) аст. Аз ин рӯ, "худ” наметавонад ба маҳалли пешинаш бозгардад, чун ҳама чиз дар истимрор аст.

Ба баёни рӯшантар, Бергсон истимрорро муқаддам бар "худ” медонад, чунон ки Фихте "худ”-ро муқаддам бар айният медонист. Ба ақидаи Бергсон, худӣ зотан ҳадафи ниҳойӣ нест, ҳол он ки Иқболи Лоҳурӣ худиро муқаддам бар замон мешуморад. Ӯ ҳамчунин замонро аслан бидуни вуҷуди "ман” қобили фаҳм намедонад. Яъне то мане набошад, замон нест. Аз ин рӯ, дар Асрори худӣ мегӯяд:

Пайкари ҳастӣ зи осори худист

Ҳар чи мебинӣ зи асрори худист

Иқбол аз соли 1905 то 1908 дар Аврупо ба таҳсил иштиғол дошта ва ҳамзамон, фалсафа ва ҳуқуқ мехонда. Дар фалсафа устоде дошта ба номи Мак-Таггарт, ки аз файласуфони ҳегелӣ дар шохаи идеализми шахсӣ (PERSONAL IDEALISM) буда.

Яъне эътиқод ба вуҷуди мутлақ дошта, ки онро маҷмӯае аз афрод ё худиҳо медониста. Ба баёни дигар, Худои диниро, ки бартар аз манҳои фардӣ бошад, қабул надоштааст. Ҳол он ки Иқбол ба мани мутлақ (Худо) бовар дорад ва онро воқеият ва ҳақиқати ғойӣ медонад, ки як "худ”-и дорои шахсият аст ва қадиру алиму номутаноҳӣ. Ин "худи бартар” иртиботе муайян бо иҷтимои худҳо дорад, вале худаш муташаккил аз маҷмӯи ин худҳо нест. Яъне Худо дар айни комин (IMMANENT) будан, мутаолӣ (TRANSCENDENTAL) низ ҳаст.

Албатта, чунон ки ёдовар гардид, тардиде нест, ки мушобиҳатҳое низ дар афкори Иқбол бо файласуфони ёдшуда вуҷуд дорад, аммо онҳоро наметавон далеле бар тақлид ва пайравии ӯ аз онон гирифт, балки сирфан мушобиҳоте ҳастанд, ки дар афкори бисёре аз файласуфон, шоирон ва нависандагон ёфт мешавад.

Ҳар баррасии татбиқӣ, ки ба таври саҳеҳ анҷом бигирад, бар ду асл устувор аст: яке ёфтани таъсироти мустақим аз сӯйи таъсиргузор бар таъсирпазир, назири таъсире, ки барои мисол Огустин аз Афлотун пазируфт, Окинус аз Арасту пазируфт, ва Эспинозо аз Декарт. Асли дуюм, ироаи мушобиҳатҳои ғолибан иттифоқӣ байни ду зеҳн аст, ки дар ин маврид мисолҳои бисёр дар заминаи адабиёт, фалсафа ва дин вуҷуд дорад.

Аз ҷумла дар заминаи фалсафа метавон ишора кард ба мушобиҳати томму тамоме, ки дар мазмуни як ҳадис бо моҳасали фалсафаи Фихте вуҷуд дорад. Гӯйи он чиро, ки Фихте хостааст дар дастгоҳи фалсафии худ матраҳ созад, дар чанд калимаи ин ҳадис ҷамъ омада.

Ба назари ин ҳакими олмонӣ, мани номутаноҳӣ барои он ки битавонад фаҳм шавад ва нисбат ба худ огоҳӣ падид оварад, лозим аст то маҳдуд ва муайян шавад ва як "ғайри ман” ё "мани маҳдуд” аз худ биёфаринад, ки битавонад ӯро фаҳм кунад то ӯ шинохта шавад, зеро номутаноҳӣ қобили фаҳму шинохт нест ва замоне қобили шинохт мешавад, ки маҳдуд ва муайян шавад.

Ҳамин андеша ба баёни сода, дар ҳадиси қудсӣ омадааст. Соинуддини Хуҷандӣ (вафотёфтаи 835 ҳ.қ), ки метавон ӯро ҳалқаи иттисол миёни Суҳравардӣ ва Мулло Садро донист, дар рисолаи "Завъул ламаот”-и худ нақл мекунад, ки: "Довуди набӣ аз Худованд (мани номутаноҳӣ) пурсид, ки оламу одам (мани мутаноҳӣ)-ро барои чӣ офаридӣ? Гуфт: ганҷе пинҳон будам, мехостам шинохта шавам, пас коинотро офаридам”.

Вале моён, хусусан чор-панҷ то бо саводи ба ном рӯшанфикр, имрӯз чунон гирифтори уқдаи худкамбинӣ ҳастем, ки ҳаргиз намеандешем осмонхароши дониши ғарб бар пояи маърифати шарқ бино шуд, зеро ба хештани хеш бовар надорем ва ҳамеша мурғи ҳамсояро ғоз мепиндорем. Тасаввури нодурусте, ки Иқбол барои зудудани он аз зеҳни шарқ, фалсафаи "худӣ”-ро афганд то ба инсони шарқии аз худ бегона, ноумед, ба кунҷи йаъс хазида, ки фақат чашми умед ба алтофи осмонӣ дорад ва дар интизори ин аст, ки дасте аз ғайб бурун ояд ва коре бикунад, итминон диҳад, ки то худ дасте барнаёварад, ба аҳдофаш нахоҳад расид, то аз фарҳанги ғании хеш баҳра нагирад, роҳ ба ҷое нахоҳад бурд. Ӯ тардиде надошт, ки агар шарқ ба худии хеш рӯ кунад, ба далели таҷрубаи таърихӣ, боз ҳам хоҳад дурахшид.

Поёни навиштор

Кимиёи саодат

Бахш: Фалсафа ва ҳикмат | Просмотров: 732 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Апрел 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz