Ҷумъа, 19.04.2024, 13:46
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Декабр » 21 » “Фаҳмидам”, на “фаҳмидем”
“Фаҳмидам”, на “фаҳмидем”
22:53

Кандукове фалсафӣ перомуни ихтилофи фаҳмҳо

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қисмати аввал

Он тафовут ҳаст дар ақли башар,

Ки миёни шоҳидон андар сувар.

З-ин қибал фармуд Аҳмад дар мақол:

«Дар забон пинҳон бувад ҳусни риҷол».

Ихтилофи ақлҳо дар асл буд,

Бар вифоқи сунниён бояд шунуд.

Бар хилофи қавли аҳли эътизол,

«Ки уқул аз асл доранд эътидол».

(Мавлоно)

Калидвожаҳо: фаҳм, матн, муфассир, равиши саҳеҳи фаҳмидан, мавонеъи фаҳм, ҳерменутик (hermeneutic).[1]

Дар робита бо фаҳми як матн, хоҳ матне динӣ бошад, ё торихӣ ва ё адабӣ, пиндори ҳоким то давроне начандон дур, ин буд, ки агар аз равишҳои дурусти фаҳмидан истифода шавад ва мавонеъ (-и фаҳм) низ аз миён бардошта шавад, башар метавонад ба фаҳме воҳид даст ёбад. Ва аз ин рӯ, донишмандонро гумон бар ин устувор буд, ки агар дида шавад муфассирон, аз як матн (масалан Қуръони Карим) тафсирҳое мутафовит ироа медиҳанд, бад-ин сабаб аст, ки ҳамагӣ ва ё баъзе аз эшон, ё аз равишҳои саҳеҳи фаҳмидан кӯмак нагирифтаанд ва ё мавонеъе боис гардида то ба фаҳме воҳид ноил нагарданд, вагарна маҳол аст, ки аз як матн дидгоҳҳои гуногун ироа шавад.

Бинобар ин, андешмандон, чи ғарбияш ва чи дар ҷаҳони ислом, барои фаҳми як матн, ҳунари муфассирро ин медонистанд, ки "аз равишҳои саҳеҳ кӯмак бигирад ва аз ин тариқ ба мақсад ва ё мақосиди нависандаи он матн бирасад”.[2]

Ва дуруст ба ҳамин иллат, ҳар муфассире, чун хештанро медид, ки барои фаҳми матне, аз равишҳои саҳеҳ кӯмак гирифта ва мавонеъ-ро аз сари роҳ бардоштааст, муддаӣ мешуд тафсир ва бардошти ӯ аз матн дуруст ва бардошти муфассире дигар – агар бо ӯ ихтилоф дорад – нодуруст аст ва бар ин бовар буд, ки худи ӯ ба мақсади муаллифи матн пай бурдааст, вале он дигарӣ ба он нарасида.

Ба унвони намуна, дар ҷаҳони ислом, дар мавриди чигунагии исботи сифоте чанд барои зоти Худо; ҳамон сифоте, ки ба унвони "сифоти хабарӣ” шинохта шудаанд (мисли исботи даст, чеҳра, истиво бар Арш ва аз ин қабил сифот), миёни ҳанобила[3] ва ашоира[4] ихтилофе шадид вуҷуд дошт ва ҳар яке муддаӣ буд дидгоҳи ӯ нишондиҳандаи мақсади Қуръону суннат аст ва дидгоҳи дигарӣ хилофи манзури ин ду манбаъ мебошад.[5]

Барои тамошогари бетараф низ (дар он даврон ва чи басо имрӯз), тавҷеҳи хирадписанди дигаре аз сабаби тафовути бардошти ин ду ҷараёни эътиқодӣ аз як матн пайдо намешуд ҷуз ин ки бигӯяд, ё бовари яке дуруст ва кошиф аз мақсади Қуръону суннат аст ва дигарӣ нодуруст, ё ҳар ду, равиши саҳеҳи фаҳму тафсир ба кор набастаанд ва аз ин рӯ, ду бардошти мутафовит аз як матн ироа медиҳанд.

Чунин буд андешаи ҳоким то давроне начандон дур дар мавриди тафсири мутун ва иллати ихтилофи муфассирон, то ин ки дар поёнҳои қарни 19 ва оғози асри 20 милодӣ, ду файласуфи ғарбӣ: Мортин Ҳойдегер (Martin Heidegger) ва Годомер (Gadamer), андешаҳое навин дар заминаи фаҳм ва иллати тафовути фаҳмҳо ба армуғон оварданд, ки боис гардид раъйи пешин андаке мутазалзил гардад ва қатъияташ зери суол биравад.

Ҳол, ин ду андешманд чӣ дидгоҳе дар ин замина ба армуғон оварданд, ва он чи гуфтанд оё ҳамагӣ дарбаст саҳеҳ мебошад, ё ин ки на, порае аз он дуруст ва пораеҳое ҳам нодуруст аст, иншоаллоҳ дар навиштори баъдӣ ба баррасии он мепардозем.

Идома дорад...


[1] Ҳерменутик (hermeneutic) вожае юнонӣ аст ва ба маънои "ҳунари тафсир” ё "тафсири матн” мебошад.

[2] Ба унвони намуна, Угуст Волф (Wolf) аз андешмандони ғарбӣ, тафсирро ба маънии "илм ба қоидаҳои кашфи андешаи муаллиф ва гӯянда” ба кор бурдааст. Шлейермахер (Schleiermacher) онро ба масобаи "равиш ҷиҳати ҷилавгирӣ аз хатари бадфаҳмӣ ё суифаҳм” муаррифӣ мекунад. Дар ҷаҳони ислом низ, тафсир тақрибан ба ҳамин мазмун, ки аз номбурдагон нақл кардем таъриф шудааст. Аллома Таботабоӣ, соҳиби тафсири гаронмояи "Ал-мизон”, тафсири Қуръонро чунин таъриф мекунад, ки "тафсир, ба маънои баёни маъноҳои оятҳои қуръонӣ ва кашфи мақосид ва мадлулҳои он аст”.

[3] Ҳанобила, ки ба ҷараёни Аҳли ҳадис низ маъруф ҳастанд, дар асл як ҷараёни фиқҳӣ буданд. Онҳо дар истинботи аҳкоми шаръӣ, танҳо ба зоҳири Қуръон ва ҳадис такя мекарданд ва барои ақл дар истинботи аҳком ҳеҷ ҷойгоҳе қоил набуданд. Ин гурӯҳ шеваи фиқҳии худро дар ақоид низ ба кор гирифта ва ақоиди худро танҳо аз зоҳири Қуръон ва аҳодис дарёфт мекарданд.

[4] Ашоира, ба пайравони Имом Абулҳасани Ашъарӣ (260‒324 ҳ.қ) гуфта мешавад. Қабл аз зуҳури Имом Абулҳасан, ду ҷарёни ақоидӣ дар ҷаҳони ислом матраҳ буд: яке, мӯътазила, ки дар бакоргирии равиши ақлӣ дар ақоид зиёдаравӣ мекарданд, ва дигаре, аҳли ҳадис, ки мункири ҳар гуна истифода аз ақл дар маҷоли ақоид буданд. Дар гирудори муборизаи ин ду ҷараёни фикрӣ, мазҳаби ашъарӣ дар авоили садаи чаҳоруми ҳиҷрӣ ба манзури эҷоди эътидол ва нишон додани роҳи миёна ва мувофиқ бо ақлу нақл, по ба майдон гузошт. Имом Абулҳасан, дар оғоз аз пайравони мактаби эътиқодии мӯътазила буд, вале баъдан аз он рӯй бартофта, мактаби ҷадиде барои худ поягузорӣ намуд. Ашъарӣ, аз як сӯ ягона манбаъи ақоидро китобу суннат муаррифӣ кард, ва аз ин ҷиҳат, бо мӯътазила аз дари мухолифат даромад. Аммо бар хилофи аҳли ҳадис, баҳсу истидлоли ақлиро дар табйин ва дифоъ аз ақоиди динӣ ҷоиз шумурд. Дар ҳамин росто, Ашъарӣ китобе ба номи "Рисолатун фи истеҳсонилхавз фи илмилкалом” ба риштаи таҳрир даровард ва дар он, ба дифоъ аз илми калом ва зарурати он пардохт. Ашъарӣ зимни асолат додан ба нақл, барои ақл нақши табйингарӣ ва низ мудофеагариро пазируфт.

[5] Ҳанобила, бар асоси шевае, ки дар баррасии масоили фиқҳӣ ва эътиқодӣ гирифта буданд, сифоти хабариро ба зоҳирашон барои Худо исбот мекарданд. Мегуфтанд, чун Худо дар Қуръон гуфтааст, ки даст дорад, пас даст дорад ва дигар ҷои ҳеҷ таъвилу тафсире надорад. Ва ё мегуфтанд, ки чун Худо дар Қуръон фармудааст, ки ӯ дар Арш аст ва нисбат ба мо (махлуқот) дар фавқ (боло) қарор дорад, пас дар боло ва дар Арш қарор дорад. Аммо ашоира, ки дар табйини масоили эътиқодии ворида дар китобу суннат, барои ақл нақш ва ҷойгоҳ қоил буданд, мегуфтанд намешавад мо ин сифотро ба зоҳирашон барои Худо исбот кунем, чун натиҷааш ташбеҳ ва монанд кардани Худост ба махлуқот ва Худо шадидан моро аз ташбеҳи худ ба махлуқот ва сифоти онҳо (мисли дасту пову чеҳраву ин қабил ашё, ки Худо аз онҳо барӣ аст), наҳй ва боздоштааст. Мегуфтанд, мо дар ин гуна маворид, бояд ба тафсири ин завоҳир рӯ оварем ва ин чунин сифотро барои Худо ба гунае исбот кунем, ки лоиқи мақоми зоти поки ӯ бошад.

Бахш: Фалсафа ва ҳикмат | Просмотров: 794 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Декабр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz