Ҷумъа, 26.04.2024, 13:34
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Ноябр » 26 » Дингурезӣ
Дингурезӣ
12:46

Афзоиши дингурезӣ, осебҳое аз қабили боло рафтани омори талоқ, нашъамандӣ, фасоду фасодгариро дар ҷомеа дар пай дорад ва баръакс, коҳиши он, аз омори ин гуна осебҳо мекоҳад.

Равоншиносон ба қудрати боздорандаи дин дар баробари ноҳанҷориҳо эътироф доранд ва динро омили муҳимме дар барқарории зиндагии солими иҷтимоӣ медонанд.

Густав Юнг динро монанди гуруснагӣ ва тарс аз марг воқеӣ мехонад ва набуди руҳияи динӣ дар инсонро омили бурузи ихтилолот ва ташвишҳои равонӣ муаррифӣ мекунад.[1]

Габриел Тард аз сарнавишти инсонҳо дар ҷомеае, ки дин дар он ҳузур надорад ва тавони истодагии онҳо дар баробари хостаҳои мухарриб бидуни ҳузури дин эҳсоси нигаронӣ мекунад.[2]

Афзун бар ин, таҷриба ва пажӯҳишҳои ҷадид низ нишон аз гирифтории камтари диндорон ба ҳанҷоршинканӣ ва харбкорӣ дорад:

"Ҷавонони католике, ки аз домани модарони мустағрақ дар мазҳаб бархостаанд, нисбати камеро дар байни фасодгарон доро будаанд; дар сурате, ки ҷавононе, ки дар домани модароне тарбият шудаанд, ки ба таври номуназзам ба калисо мерафтанд ё аслан ба калисо намерафтанд, нисбати болотареро доро мебошанд”.[3]

Бинобар ин, дингурезӣ ба унвони як осеби иҷтимоӣ, шоистаи баҳсу баррасӣ аст. Дар ин баррасӣ, нахуст маъношиносии дин анҷом мешавад ва он гоҳ пешина, авомил ва роҳкорҳо барои ин осеби иҷтимоӣ баён мегардад.

Маънои дин дар Қуръон

Дар оятҳое, ки вожаи дин ба кор рафтааст, мафоҳиме чун ҷазо, тоат, бовар, ислом, охират дар шумори маонии дин қарор гирифтаанд.

Ин маонии чандгона, бо баргашти бархе ба баъзе ва идғоми теъдоде дар якдигар, ба ду маъно коҳиш меёбад:

1-Қиёмат ё охират; монанди оёте дар сураҳои Сод, 77; Соффот, 20; Маориҷ, 26.

2-Маҷмӯае аз боварҳо, рафторҳо ва маносик. Ин мафҳум аз дин, ба гурӯҳ, миллат, боварҳо ва рафторҳои хоссе вобаста нест. Дар нигоҳи Қуръон, мушрикон дар шумори диндорон ҳастанд, чунон ки яҳудиён низ бо боварҳо ва рафторҳои мутафовит диндор шинохта мешаванд ва ҳар ду гурӯҳ ҳассосиятҳои хосси худро доранд, аз сарнавишти дини худ меҳаросанд ва ба сахтӣ аз он дифоъ мекунанд. (Кофирун, 6; Анъом, 159; Мӯъминун 26; Оли Имрон, 73).

Қобилияти итлоқи дин бар боварҳо ва рафторҳои гуногун, адёнро ба илоҳӣ ва ғайри илоҳӣ тақсим мекунад. (Оли Имрон, 73).

Ҳамчунин, тамоми адён вобастагӣ ба як мавҷуди бартарро ҳастаи аслии дин нишон медиҳанд. Ҳатто мушрикон, бо вуҷуди тафовутҳои бисёри рафторӣ ва эътиқодӣ бо дигар диндорон, ба як мавҷуди бартар вобастагӣ нишон медиҳанд.

Ҳарчанд дар оёти Қуръони Карим дин ба илоҳӣ ва ғайри илоҳӣ тақсим мешавад, аммо дине, ки ба ҳақ тавсиф шуда ва хости Иброҳим, Яъқуб, Юсуф, Нуҳ ва Муҳаммад (с) дониста шудааст, танҳо дини ислом аст ва дигар адён чунин хусусиёте надоранд.

Натиҷа: Дин ба маънои маҷмӯае аз боварҳо ва рафторҳо бо меҳварияти як мавҷуди бартар аст ва дингурезӣ ба маънои фирори бархе диндорон аз дини хеш. Бинобар ин метавон мутлақи дингурезиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод, чунон ки метавон як дини хос монанди исломро меҳвари баррасӣ қарор дод ва аз гурези иддае аз мусалмонон аз ислом ва авомили ин гурез ва роҳи ҳалҳои он баҳс кард.

Пешинаи дингурезӣ

Дингурезӣ ба тӯли умри дин пешина дорад. Аз замони пайдоиши нахустин дин, бархе, динро барнатофтанд ва гурӯҳе сар бар остони он ниҳоданд, аммо пас аз чанде аз он гурехтанд. Ин гурез ва авомили он дар гузаштаи таърих бисёр маҳдуд ва ангуштшумор буд; ҳам дингурезон дар ақаллият буданд ва ҳам авомили дингурезӣ дар шумори каме буд.

Нигоҳе ба таърихи пур аз фарозу нишеби дин нишон медиҳад, ки динбоварӣ ба тақлил меравад ва дингурезӣ рушд мекунад, то он ҷо ки дар чанд садаи ахир дингурезӣ суръати чашмгире ёфта, аврупои масеҳӣ ғайри масеҳӣ менумояд, дин бар шуъуни зиндагии аврупоиён ҳоким нест, дин як чизи ҷудо аз дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ лиҳоз намешавад ва бисёре аз давлатҳои аврупоӣ тоби таҳаммули вуҷуди вожаи динро дар қонуни асосии Иттиҳодияи Аврупо надоранд ва хоҳони ҳазфи ин вожа ҳастанд.

Дингурезӣ дар оёти Қуръон низ пешинаи дарозу воқеияти инкорнопазир дорад. Барои намуна, шуморе яҳудиён аз дини Мӯсо мегурезанд ва гӯсолапарастӣ пеша мекунанд (Тоҳо, ояти 85-88), бархе аз аҳли китоб бо илм ба дурустии оёти Худо кофир мешаванд (Оли Имрон, ояти 70), чанд нафар аз мусалмонон аз дини худ мегурезанд ва ба аҳли Макка паноҳ мебаранд (Оли Имрон, 76).

Авомили дингурезӣ

Дар партави мутолеоти татбиқӣ миёни Қуръони Карим ва дониши ҷомеашиносӣ, авомили бисёреро метавон барои дингурезӣ ҷустуҷӯ кард. Мо дар ин миён 13 мавридро баршумурдаем, ки аз қарори зеранд:

1-Муҳит:

Яке аз авомили муҳимми дингурезӣ, муҳити хонаводагӣ, корӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ метавонад бошад. Нишонгари ин таъсир ва таъсирпазирӣ, пайдоиш ва рушди дингурезӣ дар бархе муҳитҳо ва коҳиши он дар дигар муҳитҳост. Дингурезон бештар ба хонаводаҳо, донишкадаҳо ва марокизи хоссе вобаста ҳастанд, ба гунае ки баъзе аз онҳо агар дар муҳитҳои мутафовите қарор гиранд, дар шумори дингурезон қарор намегиранд.

Ҳамон тавр ки муҳити носолим дар ин дингурезӣ таъсиргузор аст, дар барнатофтани дин низ бисёр нақшофарин аст. Барои намуна, дар бархе аз оёт, вобастагӣ ба боварҳо ва одоти пешиниён омили аслии напазируфтани дин шумурда шудааст. Дар теъдоде аз ин оёт, нақши муҳит дар гурез аз рафторҳо ва маносики матлуби дин дида мешавад.

Кофирон, ки дар муҳити фарҳангӣ ва иҷтимоии хоссе зистаанд ва одобу русуми хоссе ёфтаанд, дар баробари фарохони паёмбарон, аз боварҳо ва одатҳои пешиниёни худ сухан мегӯянд (Анбиё, 53; Моида, 104; Аъроф, 28).

Дар дастаи дигаре аз оёт, таъсири муҳит бар гурез аз боварҳо ва ақоиди динӣ омадааст (Юнус, 78; Мӯъминун, 24).

2-Дӯстон ва мураббиён:

Омили дигари дингурезӣ, дӯстону мураббиён ҳастанд. Назарсанҷиҳо аз таъсири шигирфи дӯстон бар якдигар, мураббиён бар донишомӯзон ва коҳиши эътимоди фарзандон бар волидайн ва ҳарфшунавӣ аз эшон ҳикоят дорад. Аз сӯе, ҳудуди ҳаштод дар сад аз волидайн, ба навъе фарзандони хешро носозгор мехонанд, ва аз сӯи дигар, навҷавонон бар рафторҳо ва боварҳои волидайн эрод мегиранд ва ҳозир ба пайравӣ аз эшон нестанд.

Қавми Мӯсо бештар таҳти таъсири Сомирӣ қарор гирифтанд ва аз дини Мӯсо гурехтанд (Тоҳо, 85-88).

Дар охират низ дӯзахиён узр ба даргоҳи Худо мебаранд ва дӯстони ншоистаро омили дингурезии худ муаррифӣ мекунанд (Фурқон, 28; Муддасир, 45).

Чунон ки дӯстон ва мураббиён дар гурезон сохтани диндорон аз дини хеш саҳм доранд, дар пазиро нашудани эшон дини ҳақро низ нақшофарин ҳастанд. Барои намуна, фарзанди Нуҳ (а) таҳти таъсири муҳит ва дӯстон, аз дин гурехт ва аз шумори хонадони наҷотёфтагон берун рафт (Ҳуд, 46).

Шуморе аз кофирон ба улгугирӣ аз бузургони худ, ба дингурезӣ кашонда шуданд (Тавба, 31; Аҳзоб, 47).

3-Фишор ва хушунат:

Яке аз авомили муҳими осебҳои иҷтимоӣ, иҷбор ва икроҳ бар анҷоми бархе рафторҳо ва кирдорҳо буда ва ҳаст. Иҷбор, хушунат ва сахтгирӣ, паёмадҳои бисёр ногуворе дорад, ки баҳонаҷӯӣ, пинҳонкорӣ, дурӯғ ва интиқом, танҳо бахше аз натоиҷи бади ин омил ҳастанд.

Хушунатдидагон бештар аз дигарон дигарозорӣ мекунанд, бештар интиқом мегиранд ва бо рағбати бештаре ҳанҷоршиканӣ мекунанд.

Калтакхӯрдаҳо, дар оянда, ё афроди беирода ва суст ба бор меоянд ва ё одамҳои зӯргӯе, ки бо нигоҳ ба гузашта дар пайи интиқомгирӣ ҳастанд.

Ҷомеашиносон низ иҷбор ва лузуми нуҳуфта дар ҳанҷорҳои ояндаро заминасози носозгорӣ ва ҳанҷоршикании иддае медонанд.

Дингурезӣ низ мисли дигар осебҳои иҷтимоӣ, аз ин омил бебаҳра намондааст. Хушунатҳое, ки ба номи дин анҷом мегирад ва илзомҳое, ки дар ҷиҳати диноварӣ сурат мепазирад, гурӯҳеро дар саффи дингурезон овардааст ва дар нигоҳи эшон тасвири дин, тасвири хашин ва ҳамроҳ бо фишор, таҳдид ва ваҳшат мегардад. Бисёре аз кӯдакон дар даврони навҷавонӣ ва ҷавонӣ, таҳдид ва гоҳ танбеҳи волидайн ба анҷоми фароиз ва тарки бархе рафторҳоро шоҳид будаанд ва дар муҳити таҳсилӣ костан аз баҳои инзиботу интизом, таҳқиру таҳдидро таҳаммул карда ва маҷбуран дар намози ҷамоат ва дигар маросими динӣ ширкат кардаанд ва сипас дар муҳити кор ва фаъолият ба номи дин, басту бандҳои бисёрро таҷриба мекунанд.

Дар назаргоҳи Қуръон низ меҳрубонӣ, хештандорӣ ва осонгирӣ бар мардум, омили ҷазби онон ва сахтгирӣ ва фишор, омили гурез аз дин муаррифӣ шудааст (Оли Имрон, 159).

Бо ин нигоҳ, Қуръон аз паёмбарон нармгӯӣ бо сардамдорони куфр ва фасодро металабад ва эшонро аз дуруштгӯӣ бозмедорад (Тоҳо, 44) ва аҳкомро тавре баён мекунад, ки диндорон дар сахтӣ гирифтор нашаванд.

4-Нокоромад дидани дин:

Яке аз авомили дингурезӣ нокормадии дин аст. Инсони асри ҷадид аз танҳоӣ, инзиво, изтироб ва ғайра бисёр озор мебинад.

Стак Силливан мегӯяд: "Дар асри Фрейд дағдағаи аслӣ саркӯби ҷинсӣ буд ва дар асри ҷадид, мушкили аслии инсон танҳоӣ аст”.

Густав Юнг менависад: "Мо дар асри бузургтарин ошӯбҳо ва беқарориҳо ба сар мебарем, дар асри кашмакашҳои асабӣ, иғтишошҳои зеҳнӣ ва сардаргумии дидгоҳҳо ва боварҳо”.

"Зиндагии мо ҳамроҳ бо ошуфтагӣ ва саргардонии руҳӣ аст, ки ба таври хатарноке ба ҳолати девонагӣ наздик шудааст”.

Фишорҳои равонӣ бар инсони муосир ба андозае аст, ки 80 фоизи бемориҳои ҷадид, аз фишорҳои равонӣ сарчашма мегирад.

Ин инсон бо ин дағдағаҳо ва мушкилоти руҳию равонӣ, динро омиле барои наҷоти хеш мебинад ва ба самти дин меравад. Бар ин асос, Юнг барои дин хислати равондармонгарона қоил аст ва динро маънобахши вуҷуди инсон ва раҳоибахши ӯ аз мушкилот мешиносад.

Бо ҳамин тасаввур мушрикон бутпарастӣ мекарданд ва аз бутҳои худ интизори ёрӣ доштанд (сураи Ёсин, 74).

Ин ниёзи инсонро бархе аз тарроҳони дин, шиносоӣ карда бо тарҳи адёни ҷадид, худро раҳоибахши инсон аз мушкилоти руҳию равонӣ муаррифӣ мекунанд. Норман Вит Сант Пил тарроҳи яке аз ин адён мегӯяд: "Бо итминон ба нафс ва ҳарорату нигариши мусбат ва ба кӯмаки Парвардигор, метавонӣ мушкилоти шахсии хешро ҳал кунӣ ва қодири мутаол илоҷи нигаронӣ аст”.

Дар Жопон низ адёни ҷадид, муҳоҷирон ба шаҳрҳоро, ки нисбат ба дигар жопониҳо аз танҳоӣ ва ғаму андӯҳи бештаре ранҷ мебаранд, нишона мегиранд ва дар ҷазбу пазириши онҳо бисёр муваффақ ҷилва мекунанд; онҳо ин итминонро ба пайравони хеш медиҳанд, ки дини пазируфташуда раҳоибахш ва оромишофарин аст.

Вақте инсон бо ин рӯйкард ба самти дин меравад ва дар шумори диндорон қарор мегирад, аз дин оромишу саодат ва раҳоӣ аз танҳоиро металабад. Агар дин натавонад ин хостаро бароварда кунад, гурез аз чунин дине табиист.

Бархе дингурезиҳо дар даврони муосир аз он ҷиҳат аст, ки дингурезон динро фоқиди роҳкорҳои муносиб барои бурунрафт аз ғам, ғусса, андӯҳ ва изтироб медонанд; онҳо тасаввур мекунанд, ки дин на танҳо эшонро аз танҳоӣ ва изтироб намераҳонад, балки бо тавсияҳо ба гиря, бар сару сина задан ва хештанозорӣ, ғаму ғусса ва андӯҳи онҳоро ташдид мекунад.

5-Шакку тардид:

Яке дигар аз авомили дингурезӣ, шакку тардид нисбат ба таълимот ва суннатҳои динӣ аст. Ин омил дар асри ҷадид, ки даврони гирдобҳои саҳмгини шакку тардид аст, бисёр бештар аз гузашта ҷилва мекунад. Гирдоби шакку тардид чунон густарда ва фарогир аст, ки ҳеҷ омӯзае аз он бенасиб намондааст.

Карл Густав Юнг мегӯяд: "Ман дар маҷмӯъ гумон мекунам иғроқ нест вақте ки мегӯем инсони имрӯз аз лиҳози равоншинохтӣ дучори шакки камобеш маргборе шудааст ва дар натиҷа ғариқи шакку тардид гаштааст”.

Инсони имрӯз ба тамоми боварҳо ва эътиқодот ва маносики пешиниён ба дидаи шакку тардид менигарад; ӯ тафовуте байни маорифи муқаддас ва номуқаддас намебинад ва шакку тардиди хешро дар тамоми ҳавзаҳо мегустаронад.

Ин шакку тардидҳо вақте дар қолаби пурсиш дароянд ва ҷавоби шоиста гиранд, бисёр хуҷаста ва арзишманд менамоянд ва диндориро мустаҳкам месозанд, аммо вақте пурсишӣ нашаванд ё посухи бояду шояде нагиранд, бисёр вайронгар мешаванд, ба хусус он гоҳ ки пурсишгар, динро нобурдбор дар баробари пурсишҳои худ бубинад.

Паёмбар талош мекард мабодо бархе аз мусалмонон дар ваҳёнӣ будани Қуръон шакку тардид кунанд ва дингурез шаванд (Анкабут, 48).

Шакку тардиди шуморе аз мусалмонон, онҳоро ба дингурезӣ мекашонад, то ҷое ки ба Худо ва рӯзи қиёмат ба дидаи тарди менигаранд (Тавба, 45).

Чунон ки шакку тардид омили муҳимме дар гурези диндорон аз дин аст, ин шакку тардид омили муҳим дар адами пазириши дини ҳақ аст. Бани Исроил ба ҷиҳати шакку тардид дини Мӯсоро напазируфтанд (Бақара, 55).

Қавми Од дар ҳаққонияти дин шакку тардид доштанд ва хостори нишона буданд ва бидуни нишона пазирои дин намешуданд ва аз худоёни хеш даст намебардоштанд (Ҳуд, 53).

Қавми Солеҳ худро дар шакку тардид медиданд ва аз ин ки Солеҳ онҳоро бо ин шакку тардид ба дини хеш мехонд, шигифтзада буданд (Ҳуд, 62).

Юсуф низ нишонаҳо меовард, аммо гурӯҳе гирифтори шакку тардид ва ё ба баҳонаи шакку тардид, дини ӯро намепазируфтанд (Мӯъминун, 34).

Қавми Нуҳ, Од, Самуд ва... низ ба фарохони паёмбарон ба дидаи шак менигаранд (Иброҳим, 9) ва аз эшон мӯъҷиза мехоҳанд (Иброҳим, 10).

Ва ҳамин шакку тардид омили напазируфтани дини ислом аз сӯи иддае аст (Саҷда, 2).

Кофирон исломро сохта медонистанд ва нисбат ба ваҳй тардид доштанд (Сод, 8), чунон ки ба охират ва дини Паёмбари Ислом тардид доштанд (Намл, 66).

Ин шакку тардид нисбат ба ваҳй, охират, Паёмбар ва... омили аслии гурези иддае аз ислом ва фирорашон аз ҷиҳод аст (Тавба, 35).

6-Носозгорнамоӣ бо ақл:

Ниёзҳои инсон ба ду гурӯҳ тақсим мешавад:

1) Ниёзҳои фитрӣ;

2) Ниёзҳои ғайри фитрӣ.

Ниёзҳои физиологӣ, эминихоҳӣ, тааллуқпазирӣ ва ишқ, эҳтиром ва худшукуфоӣ дар шумори фитриёт ҳастанд.

Аброҳом Мазлу ниёзҳои маърифатиро низ аз ниёзҳои фитрӣ медонад: "Шавоҳиди таърихӣ нишон медиҳад, ки мардум бо ба хатар андохтани зиндагиашон, дар пайи дониш будаанд. Аз ин рӯ, ин ниёзро болотар ва бартар аз ниёзҳои эминии худ қарор додаанд”.

Дар нигоҳи иддае ин ниёзҳои маърифатӣ хостгоҳи дин аст. Барои намуна, Огюст Кант, Ҳерберт Эспенсер, Эдуард Тойли ва Ҷеймз Фризер хостгоҳи динро авотиф намедонанд. Ба бовари онҳо, инсонҳои аввалия донишхоҳ будаанд ва зеҳни онҳо бисёр уқалоӣ.

Ин гурӯҳ решаи фаъолиятҳои динӣ ва маносикро дар боварҳо ва андешаҳо ҷустуҷӯ мекунанд ва решаи динро дар хиради башар меҷӯянд.

Бинобар ин, вақте гурӯҳе динеро пазиро мешаванд, интизори носозгории он дин бо хирадро надоранд, ки агар чунин танише байни ақл ва дин рух намояд, онҳо аз дин ба суди ақл чашм мепӯшанд.

Бархе аз дингурезиҳо дар байни ҷавонон ва дигар ақшори ҷомеа, аз сари носозгор дидани дин бо ақл аст. Иддае дар ҷаҳони ислом, мӯъҷизот, шайтон, ҷин, тафовути марду зан дар дия, ирс ва монанди онро намепазиранд ва онҳоро бо ақл носозгор мехонанд, чунон ки дар байни масеҳиён низ шуморе таслис, рухдодҳои замони таваллуди Масеҳ, ишои раббонӣ ва таъсири қитъаи нони табаррукшуда ва ҷуръае шароб дар хушбахтиро, ки аз боварҳои масеҳиён аст бо ақл носозгор мешиносанд, ва бархе яҳудиён низ бебандубории Сулаймон, куштӣ гирифтани Яъқуб бо Худо, фарёду фиғони Аюб ва ҳавасронии Довудро (он гуна ки Таврот мегӯяд), бо хирад носозгор мешиносанд.

7-Носозгорнамоӣ бо илм:

Дар нигоҳи иддае, илму дин носозгор бо якдигаранд ва талошҳои фаровоне, ки дар ростои оштии ин ду анҷом шуда ноком аст. Дин назариёти навомади илмиро намепазирад. Чунон ки тасаввури ин ки як нафар ҳам диндор бошад ва ҳам донишманд, имконпазир нест. Стивен Винберг, донишманди физик, ба унвони намояндаи барҷастаи ин гурӯҳ мегӯяд: "Ҳар чи илм амиқтар ба сиришти ашё нигоҳ кунад, камтар ба назар мерасад, ки ҷаҳон нишоне аз як худои алоқамандро дар бар дошта бошад”.

Энштейн, ҳамфикри Винберг низ худои шахсии ислом, масеҳият ва яҳудиятро пазируфтанӣ намедонад.

Яке аз намунаҳои барҷастаи носозгории илму дин, назарияи такомули Дарвин аст. Ин низария бо он чи адён ба унвони ҳадафдории ҷаҳон матраҳ мекунанд, комилан дар носозгорӣ аст.

Венберг мегӯяд: "Носозгорие, ки назарияи такомул бо дин меофаринад, аз физика бештар аст, зеро ин назария, ақида ба як худои зулинояро ба чолиш мекашад”.

Бардошти Винберг ба бовари пайравони Дарвин низ саҳеҳ менамояд, чунон ки назарияи Карл Маркс, Ниче, Фрейд ва дигарон низ бо илҳод созгор аст.

Идома дорад


[1] Худоён ва инсони модерн, тарҷумаи Дориюши Меҳрҷӯӣ, с 99.

[2] Мабонии ҷурмшиносӣ, Маҳдии Киниё, 2/243.

[3] Ҳамон манбаъ.

Бахш: Фалсафа ва ҳикмат | Просмотров: 608 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz