Панҷшанбе, 28.03.2024, 14:01
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2011 » Январ » 15 » Чӣ касоне хоҳони тира шудани равобити Душанбе ва Теҳрон мебошанд?
Чӣ касоне хоҳони тира шудани равобити Душанбе ва Теҳрон мебошанд?
13:30

Хабаргузории Форс, дар мақолае бо унвони "Амрико монеъи тавсиаи равобити Тоҷикистон бо Эрон”, зимни таҳлил аз чароии лағви сафари устодони тоҷикистонӣ ба Эрон, навишт: "Пайравии Тоҷикистон аз сиёсатҳои зиддиэронии Амрико дар минтақа, ба ҳеҷ ваҷҳ ба суди Тоҷикистон набуда ва фурсати тиллоии монуври сиёсӣ дар баробари бозигарони муҳими минтиқавиро аз дасти Душанбе хоҳад гирифт”.

Дар ин навиштор, машрӯҳи ин таҳлилро ба нақл аз хабаргузории номбурда пешкаши хонандагони пойгоҳи Кимиёи саодат менамоем:

Ду ҳафта пеш, ба таври ғайри мунтазира, сафари як гурӯҳи 71 нафарӣ аз устодони забони форсии Тоҷикистон ба Теҳрон дар ҳоле лағв шуд, ки танҳо чанд соат ба парвози онон боқӣ монда буд.

Абдуҷаббор Раҳмонов вазири маорифи Тоҷикистон ба ҳамроҳи Алиасғари Шеърдӯст сафири Эрон дар ин кишвар, пеш аз сафари ин ҳайати 71 нафара, бо ҳузур дар як конфронси матбуотӣ дар маҳалли Вазорати маорифи Тоҷикистон, баргузории давраи донишафзоии омӯзиши хатти форсӣ дар Теҳронро маҳсули талошҳои муштараки ниҳодҳои марбутаи ду кишвар ва далеле бар тақвияти равобити омӯзишӣ ва фарҳангӣ байни Душанбе ва Теҳрон донистанд.

Дар тӯли баргузории ин нишаст, ҳама чиз тибқи барнома дар ҳоли анҷом буд ва сӯҳбате аз эҳтимоли лағви парвози ин гурӯҳ ба Эрон шунида намешуд ва ё ҳадди ақал Шеърдӯст аз ин ки соате баъд чӣ иттифоқе хоҳад афтод, иттилое надошт. Зеро агар чунин намебуд, сафорати Эрон дар Душанбе, қатъан аз расонаҳои гурӯҳии дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, барои пӯшиши хабарии ин рӯйдоди муҳимми фарҳангӣ даъват ба амал намеовард то худро мавриди иттиҳом қарор диҳад.

Аммо дар пайи тавҷеҳоти ғайри мантиқии намояндагони Вазорати маорифи Тоҷикистон мабнӣ бар вуҷуди мушкили раводид барои бархе аз аъзои ин гурӯҳ, ки билофосила аз тарафи сафорати Эрон такзиб шуд, билохира дар ниҳоят эълом шуд, ки далели аслии лағви сафар, адами анҷоми ҳамоҳангиҳои лозим байни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва давлати ин кишвар будааст, ки ин тавҷеҳ ҳам наметавонад қобили қабул бошад.

Ин ҳодиса, мутаассифона бори нахустин нест. Ба унвони намуна, се моҳ қабл, азимати як гурӯҳи 30 нафара аз донишҷӯёни тоҷик ба Теҳрон ҷиҳати ширкат дар давраи эроншиносӣ дар ҳоле лағв шуд, ки бархе аз аъзои ин гурӯҳ вориди солуни парвози фурудгоҳ шуда буданд. Пеш аз он сафар низ сафири Эрон дар ҷамъи донишҷӯён ва устодони тоҷик, тайи суханоне бо олӣ арзёбӣ кардани сатҳи равобити ду кишвар, масири тавсиъаи ҳамкорӣ байни Теҳрон бо Душанберо дур аз ҳар гуна монеъе дониста буд, бехабар аз он ки соате баъд чӣ иттифоқе рӯй хоҳад дод.

Агар чунин набуд, бояд дар мавориди ёдшуда аз чанд рӯз қабл ниҳодҳои марбутаи тоҷикистонӣ ба сафорати Эрон иттилоъ медоданд, ки ба далоиле ин сафарҳо лағв хоҳад шуд ва ё ба таъвиқ хоҳад афтод. Вале онон пас аз расонаӣ кардани ин мавзӯот, бо коршиканӣ, монеъи сафари мақомоти фарҳангии марбута мешаванд.

Мусалламан чунин равише нишон медиҳад, ки дар баданаи ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон афрод ва ё гурӯҳҳое вуҷуд доранд, ки бо тавассул ба баҳонаҳои воҳӣ ва сохта ва расонаӣ кардани онҳо, дар пайи барангехтани вокунишҳои ҷиддии Теҳрон ҳастанд, то битавонанд равобити ду кишварро ба самти мавриди назари худ бикашонанд.

Албатта ба таври табиӣ ин савол матраҳ мешавад, ки оё чунин ҳаракоти ғайри дӯстона аз сӯи бархе аз намояндагони ниҳодҳои расмии Тоҷикистон аз ҳимояти давлатмардони ин кишвар низ бархурдор аст?

Ошкор аст, ки дар тамоми низомҳои мавҷуд дар Осиёи Миёна, мудирони аршад, ҳар тасмимеро бо таваҷҷӯҳ ба руҳиёти шахси аввали кишвари худ мегиранд ва чунончи бидонанд, чунин ҳаракате мавриди истиқболи онон қарор намегирад, ҳаргиз иқдоме нахоҳанд кард.

Бо ин вазъият, баъид аст, ки давлати Тоҷикистон аз чунин иқдомоте, ки комилан ғайриҳамсӯӣ бо равобити ду кишвар ва бахусус эътимоде, ки байни Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод вуҷуд дорад, пуштибонӣ ба амал оварад.

Чунончи ин натиҷа гирифта шавад, ки чунин иқдоме бо мавзеъи расмии Душанбе дар мавриди равобит бо Теҳрон ҳамсӯӣ надорад, пас воқеият ин хоҳад буд, ки бархе аз қудратҳо ва кишварҳои мухолифи тавсиъаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Эрон, тавонистаанд аз тариқи ҷалби бархе аз афрод дар баданаи ниҳодҳои расмии Тоҷикистон, дар ҷиҳати ба чолиш кашондани равобити ду кишвар қадам бардоранд.

Қатъан чунин ҳаракати хатарноке ба суди манофеъи миллии Тоҷикистон ва Эрон нахоҳад буд ва таъсири комилан манфӣ бар таъмиқи ҳамкориҳои дуҷониба хоҳад гузошт ва асароти манфии он барои тарафи тоҷик бештар хоҳад буд.

Барои ҳар коршиносе, ки ба масоили сиёсии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дорад, мусаллам аст, ки дар матни ташдиди рақобати миёни қудратҳо барои касби шароити муносибтар дар Осиёи Миёна ва эъмоли нуфузи бештар бар кишварҳои минтақа бахусус кишварҳои маҳрум аз захоири нафту газ, назири Тоҷикистон, эҷоди мавонеъи сохта дар масири тавсиъаи равобит бо Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ ба суди манофеъи миллии ин кишвар нахоҳад буд ва қатъан фурсати монуври сиёсӣ, иҷтисодӣ ва амниятиро дар баробари қудратҳо ва дигар бозигарони муҳимми хориҷӣ барои Тоҷикистон башиддат маҳдуд хоҳад кард.

Ҳатто як сол қабл низ ҳангоме ки ҷавонони тоҷики таҳсилкарда дар Эрон бо таваҷҷӯҳ ба ҳаққи қонунӣ ва табиии худ иқдом ба эҷоди анҷуман карданд, ниҳодҳои мабутаи тоҷик вокуниши шадиде нисбат ба он нишон дода ва монеъи шакл гирифтани ин анҷуман шуданд, ки ин ҳаракати давлат ба наҳве ҳатто аз буъди фарҳангӣ низ фаротар буд ва мавзӯоти дигареро нишон гирифтааст.

Баҳонаҳои эҷоди мавонеъ кадом аст?

Ба назар мерасад, мавзӯъе, ки баҳонаро барои фаъол шудани авомили зиддиэронӣ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон фароҳам кардааст, тақвияти раванди эҳёи ҳувияти миллӣ-исломии мардуми ин кишвар аст. Давлати Тоҷикистон бо эъломи соли Имом Абӯҳанифа (р) ва иҷрои бархе аз иқдомоти расмии фарҳангӣ дар арсаҳои динӣ бар ин тасаввур буд, ки бар фазои мазҳабии кишвар тасаллути комил пайдо кардааст, вале масири таҳаввулот нишон дод, ки ҷомеа ва афкори умумии ин кишвар ба ин ҳадд қонеъ нест.

Бинобар ин дар мавриди бархе аз масоил маҳдудиятҳое эҷод шуд, ки ба мамнӯияти ҳиҷоб дар мадорис ва донишгоҳҳо, мамнӯияти рафтани донишомӯзон ба масоҷид, мамнӯияти тадриси улулми исломӣ дар манозил, мамнӯияти гузоштани риш барои афроди камтар аз 40 сол ва... низ ба он афзуда шуд. Акнун низ мавзӯот ва матни суханрониҳои имомони ҷумъаи масоҷид аз тарафи мақомот таъйин мешавад ва ба онон эълом шудааст, ки беш аз он ҳаққи суханронӣ надоранд.

Чанд моҳ пеш бо тавсиъаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон раванди бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз мадорис ва марокизи омӯзишии кишварҳои исломӣ назири Миср, Арабистон, Эрон, Покистон, Судон ва ғайра оғоз шуд. Ва ба ин далел, ки теъдоди зиёде аз ин донишҷӯёни тоҷик ба таври ғайри расмӣ ва бидуни касби мувофиқати Душанбе дар мадориси мухталифи Эрон ҳузур доштанд, Теҳрон аз ин мавзӯъ истиқбол кард ва дар муддати кӯтоҳе теъдоди беш аз 200 нафар аз навҷавонон ва ҷавонони тоҷик ба ватанашон бозгаштанд.

Аммо ин поёни кор набуд, балки аз ду моҳ қабл, Вазорати маорифи Тоҷикистон аз сафорати Эрон хост то идомаи таҳсили донишомӯзони тоҷик дар мактаби вобаста ба ин сафоратро мамнӯъ кунад. Дар ҳамин ҳол, дархости тарафи эронӣ барои идомаи таҳсили ин донишомӯзон то поёни соли таҳсилӣ мавриди қабул қарор нагирифт.

Вазорати маорифи Тоҷикистон дар тавҷеҳи иқдомоти худ эълом кардааст, ки дар мактабҳои марбут ба кишварҳои хориҷӣ, танҳо атбои худи он кишварҳо ҳаққи таҳсил доранд. Ин амр шояд аз назари қавонини Тоҷикистон дуруст бошад, вале нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳ ин ҷост, ки ҷудо аз мактаби вобаста ба сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе, чандин мактабҳои вобаста ба кишварҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд, ки фарзандони тоҷикҳо дар онҳо ба таҳсил машғул буда ҳеҷ ниҳоде дар ин кишвар нисбат ба ин мактабҳо иддаое надорад.

Ин ҳама эъмоли маҳдудиятҳо аз сӯи кишвари дӯст дар ҳоле эҷод мешавад, ки чандин мактаби туркӣ дар шаҳри Душанбе ва манотиқи мухталифи Тоҷикистон фаъолияти густардае дошта ва дар ҷиҳати ниҳодина кардани арзишҳо ва фарҳанги хосси туркӣ дар байни кӯдакон ва навҷавонони тоҷик, ки умдатан фарзандони мақомоти ин кишвар буда ва ҳастаи нухбагони ояндаи тоҷик ҳастанд, нақши меҳварӣ ифо мекунанд, вале ин амр ҳаргиз сабаби нигаронии мақомоти Душанбе нашудааст. Чаро?

Бознигарии авлавиятҳои фаҳангӣ

Тайи чанд моҳи гузашта, бархе аз авлавиятҳои фарҳангӣ, ки дар чанд соли ахир ҳамсӯ бо хости мардуми Тоҷикистон тағйир карда буд, муҷаддадан мавриди бознигарӣ қарор гирифтааст. Ба унвони мисол, чанд сол пеш бо таваҷҷӯҳ ба иқдомоти давлати Тоҷикистон дар мавриди эҳёи ҳувияти миллӣ (эъломи соли тамаддуни ориёӣ) ва исломӣ, (эъломи соли Имом Абӯҳанифа (р)), дар ин кишвар, баҳсҳое бо ҳузури ниҳодҳои давлатӣ ва фарҳангӣ дар робита бо арзишҳо ва идеулужии миллӣ сурат гирифт ва қатъи назар аз дидгоҳҳои сиёсӣ ва фарҳангии мухталиф, ҳамаи тарафҳои даргир бар як мавзӯъ иттифоқи назар доштанд, ки ислом ва фарҳанги исломӣ бояд ҷузъи муҳимме аз идеулужии миллии кишвар дониста шавад.

Ин раванд ба сурати табиӣ бо баҳси бозгашт ба хатти форсӣ, ки дар Тоҷикистон ба хатти ниёгон ном бурда мешавад, идома ёфт, ба тавре ки аксари рӯшанфикрони тоҷик аз ин мавзӯъ ҳимоят карданд.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои русӣ занги хатарро ба садо дароварданд, ки бо бозгашт ба хатти форсӣ, Тоҷикистон аз даст хоҳад рафт. Онҳо ҳифзи алифбои кириллӣ дар Тоҷикистонро ба наҳве тазмине барои ҳифзи низоми секуляр дар ин кишвар дониста ва давлатмардони тоҷикро ба мавзеъгирӣ дар баробари падидаи бозгашт ба эҳёи ҳувияти миллӣ ва динии худ водоштанд. Албатта паёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон мабнӣ бар ин ки чунин барномае дар дастури кори давлати ин кишвар қарор надорад, то ҳудуде фишорҳои хориҷӣ бар ин мавзӯъро коҳиш дод.

Аммо тайи моҳҳои гузашта дар Тоҷикистон иқдомоти дигаре мушоҳида шуд, ки бо мавозеъи собиқи Душанбе дар таноқуз қарор дорад.

Яке аз ин маворид, бозгашт ба номгузориҳои мушобеҳ бо даврони Шӯравӣ аст. Манзур, қарор додани "ов” дар поёни фамилия аст. Дар ҳоле баъзе аз идороти сабти аҳволи Тоҷикистон ба сабки номгузории русӣ бозгаштанд, ки чаҳор сол пеш ба пайравӣ аз раиси ҷумҳури ин кишвар, мардумро ба пойбандӣ ба суннатҳои миллӣ дар номгузорӣ ташвиқ мекарданд.

Аммо тайи ҳафтаҳои ахир, мавзӯъи тозае дар кишвари Тоҷикистон ба вуқӯъ павастааст, ки бар асоси қонуни ҷадид дар мавриди масъулияти падару модар дар тарбияти фарзанд, бар зарурати интихоби номҳои миллӣ барои фарзандон таъкид шудааст, ки коршиносон ин мавзӯъро ба нигарониҳои давлати ин кишвар аз афзоиши номҳои исломӣ дар байни кӯдакони тоҷик муртабит медонанд.

Ин мавзӯъ ҳатто мавриди истиқболи бархе аз расонаҳо ва коршиносони сиёсии режими саҳюнистӣ низ қарор  гирифт. Онон зимни чопи матлабе аз интихоби номи Сумайя ба унвони аввалин шаҳиди зани мусалмон ба унвони пуртарафдортарин исм дар миёни духтарони тоҷик ибрози нигаронӣ карда буданд.

Ҳамон гуна ки ишора шуд, тайи солҳои гузашта низ ҳаракатҳое дар ҷиҳати афзоиши сатҳи исломхоҳии мардум анҷом шуд, аммо муқобила бо ин раванд тайи чанд моҳи гузашта ба ҳадде расид, ки ҳатто дар хиёбонҳои мухталифи Тоҷикистон мардҳо ба далели доштани риш ва зоҳири динӣ боздошт шуда ва мавриди бозпурсӣ қарор мегиранд ва маҷбур ба кӯтоҳ кардани риши худ мешаванд.

Нақши авомили хориҷӣ

Коршиносони тоҷик мӯътақиданд, ки иттифоқоти ёдшуда бидуни дахолати авомили хориҷӣ ва бахусус бозигарони муҳимми минтақаӣ ва фароминтақаӣ нест. Дар ин робита онон ба Русия ва Амрико ишора мекунанд.

Русия

Русия нигарони он аст, ки дар Тоҷикистон ҷойгоҳи мардумии худро аз даст бидиҳад ва дар муқобили ҷомеаи тоҷик ва бахусус қишри рӯшанфикри миллӣ ва мазҳабии тарафдори равобит бо Эрон ҳатто ҳамроҳии давлатмардони ин кишварро бо худ надошта бошад.

Амрико

Ба назар мерасад, ки кишварҳои ғарбӣ ва бахусус Амрико бештарин судро аз эҷоди мавонеъ дар масири тавсиъаи муносиботи Тоҷикистон бо Эрон хоҳад бурд, зеро манофеъи Теҳрон ва Маскав дар масоили калидии минтақаи Осиёи Миёна таорузи умдае бо якдигар надорад, балки ба наҳве тақвияткунандаи ҷойгоҳи ҳамдигар ҳастанд.

Аммо Амрико дар ҳоле ки таҳримҳои ҷадид бар зидди Эрон натоиҷе надошта ва натавонистааст ҷойгоҳи байналмилалӣ ва минтақавии Теҳронро тазъиф кунад, ба бархе аз кишварҳо фишор меоварад то ҳамкориҳои худро бо Эрон маҳдуд кунанд. Яке аз ин кишварҳо Тоҷикистон аст, ки Амрико ба баҳонаи кӯмак ба иҷрои амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон ва тронзити маҳмула аз қаламрави Тоҷикистон, бархе аз имконоти молӣ ва иқтисодиро дар ихтиёри ниҳодҳои ин кишвар гузошта ва ононро тарғиб ба ҳаракат дар масири мавриди назари худ кардааст.

Баъд аз он ки тайи солҳо ва моҳҳои ахир, ҳамкории Амрико аз тариқи барномаҳои омӯзишӣ ва тамриноти муштарак бо бархе аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон афзоиш ёфт, замина барои тақвияти пружаи эронҳаросӣ дар байни ин ниҳодҳо бештар фароҳам шуд, ки дар сурати нодида гирифтани он, чолишҳои ҷиддитаре ба суроғи равобити Душанбе – Теҳрон хоҳад омад; равобите, ки то кунун аз сӯи ду кишвар стратежик ва табиӣ унвон мешавад.

Эрон муҳимтарин муттаҳиди Тоҷикистон дар минтақа

Сӯитафоҳумҳои ёдшуда дар равобити ду кишвар дар ҳоле сурат мегирад, ки то як сол пеш, бархе аз коршиносони тоҷик бо таваҷҷӯҳ ба наздикии равобити кишварашон бо Теҳрон, Эронро наздиктарин дӯст ва шарики хориҷии худ медонистанд ва ба рақобатҳои созандаи иқтисодии он бо Русия, Чин ва дигар кишварҳои хориҷӣ ишора мекарданд.

Дар ҳақиқат баъд аз истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, ки Эрон дар он саҳми бисёр арзишманде дошт, Теҳрон барои кӯмаки иқтисодӣ ба Тоҷикистон иқдомоти муҳимме анҷом дод.

Ба унвони намуна, ин Эрон буд, ки дар соли 2004 бо эъломи омодагӣ барои сохти ниругоҳи "Сангтӯда–1” сабаби таҳрики Русия барои вуруд ба бахши энержии Тоҷикистон шуд ва худ бо таваҷҷӯҳ ба манофеъи миллии Тоҷикистон эҳдоси ниругоҳи "Сангтӯда–2”–ро пазируфт.

Боз ҳам Эрон буд, ки бо иқдом ба ҳафри тунели Истиқол на танҳо баъд аз асрҳо шимолу ҷануби Тоҷикистонро ба ҳам муттасил кард, балки бо ҳузури худ сабаби сармоягузории сареъ ва густардаи Чин барои сохти ҷоддаи байни ин ду минтақаи Тоҷикистонро фароҳам кард.

Бо вуруди сармоя ва таҷҳизоти эронӣ ба Тоҷикистон, дигар тарафҳои хориҷӣ низ дар ин кишвар фаъол шуданд ва ҳамагон бар ин амр воқифанд, ки Эрон, омиле барои ангезаи дигар кишварҳо барои ҳузури бештар дар Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин дар робита бо муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон тавассути Ӯзбекистон дар соли 2010, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари он сукут кард, боз ҳам танҳо кишваре, ки дар мавзеъи ҳимоят аз Душанбе қарор гирифт, Эрон буд.

Пеш аз ин низ Душанбе борҳо паёми дӯстӣ ва эътимоди воқеии худро аз ҳаққи табиӣ ва қонунии Эрон барои истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ эълом карда буд, ба тавре ки ин ҳимоятҳоро коршиносон далеле бар истиқлоли миллии Тоҷикистон ва адами вобастагии ин кишвар ба марокизи қудрати ҷаҳонӣ арзёбӣ мекарданд, вале иттифоқоти ёдшуда бо он чи то ҳол дар равобити Душанбе ва Теҳрон вуҷуд дошт, ҳамхонӣ надорад.

Бархе аз соҳибназарони тоҷик мӯътақиданд, Амрико бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши руҳиёти исломхоҳӣ дар минтақа ва аз ҷумла дарТоҷикистон, талош мекунад Эронро барои давлатҳо ва низомҳои мавҷуди минтақа таҳидиди ҷиддие муаррифӣ кунад ва бо ин тавҷеҳ монеъи тавсиъаи ҳузури сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Теҳрон шавад. Қадам бардоштани бархе аз намояндагони кишварҳои минтақа ва бахусус кишвари ҳамреша ва ҳамзабони Тоҷикистон дар ин масир на танҳо бо манофеъи милии онон созгор нахоҳад буд, балки ин давлатҳоро ба таври ногузир дар муқобили ҷомеаи худ қарор хоҳад дод.

Расонаҳо ва коршиносони ғарбӣ дар пайи нишастҳои сарони се кишвари форсизабони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон ин баҳсро ба миён оварданд, ки гӯё дар Эрон ва Тоҷикистон иддае аз намояндагони сиёсӣ ва фарҳангӣ ба фикри эҳёи Эрони Бузург ҳастанд ва қасд доранд, дар қаламрави феълии Эрон ва Тоҷикистон бахши шимолии Афғонистон чунин тағйиротеро эъмол кунанд.

Ин мавзӯъ баҳонае барои афзоиши ҳассосиятҳои кишварҳои ғарбӣ ва баъзе аз кишварҳои минтақа шуд то аз ҳар тариқе ба Душанбе фишор оваранд. Таъхир дар иҷрои баъзе аз тавофуқоти сеҷониба аз ҷумла эҷоди телевизиони муштараки форсизабон бе иртибот бо ин мавзӯъ нест.

Аммо мусаллам аст, ки идеяи Эрони Бузург, дар долонҳои марокизи мутолиотии ғарбӣ эҷод шудааст ва дар шароити мавҷуди минтақа ба ҳеҷ ваҷҳ қобили таҳаққуқ нест ва душманони Эрон ва ислом, аз он танҳо ба унвони пӯшиши муносибе барои аҳдофи зиддиэронӣ ва тахриби ҳамгароиҳои минтақаӣ истифода мекунанд, ки пардохтан ба ин мавзӯъ фурсати дигаре талаб мекунад.

Кимиёи саодат

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 635 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 3.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2011  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz