Ахиран, созмони навтаъсиси "Ҷавонони Ӯзбакистон” бо ишора ба норизоятии густардаи мардум аз низоми ҳукуматии ин кишвар, хостори канорагирии Ислом Каримов аз симати риёсати ҷумҳурии Ӯзбакистон шуд.
Ба гузориши Uznews.net, то кунун созмонҳо ва ташаккулҳое, ки тавоноӣ ва ҷасорати қад алам кардан дар муқобили режими Ислом Каримов
(ки акнун 22 сол аст, ки бар Ӯзбакистон ҳукумат мекунад)-ро дошта
бошанд, маъдуд ва ангуштшумор буданд, аммо ахиран ҳаракати "Ҷавонони
Ӯзбакистон” мавсум ба "Етар!” (Бас аст!), ба раҳбарони Ӯзбакистон ҳушдор
додааст, ки дар 1 июли соли ҷорӣ таҷаммуъи мусолиматомези густардаеро
дар майдони Истиқлоли ин кишвар бо ҳадафи тақозои истеъфо ва канорагирии
Каримов барпо хоҳад кард.
Uznews.net бо дарҷи матлабе дар
ин бора навишт: "Аъзои ин созмон идомаи риёсати ҷумҳурии Каримов дар
Ӯзбакистонро ғайриқонунӣ дониста ва таъкид кардаанд, ки Каримов бо нақзи
қонуни асосии кишвар, ба таври ғайриқонунӣ 2 давра дар интихоботи
риёсати ҷумҳурӣ ширкат карда ва ин мақоми муҳимро ғасб кардааст.”
Ба навиштаи Uznews.net,
масъулони ин созмон зимни мусолиматомез унвон кардани ин таҷаммуъ, аз
тамомии шаҳрвандони ин кишвар даъват кардаанд, ки дар ин тазоҳурот, ки 1
июли соли ҷорӣ дар соати 9 субҳ ба вақти Тошканд дар майдони Истиқлоли
ин шаҳр баргузор хоҳад шуд, ширкат карда ва озуқаи мавриди ниёз барои
чанд рӯз ва чодари саҳроӣ бо худ ба ҳамроҳ дошта бошанд.”
Ба гузориши ин пойгоҳ, Созмони "Етар!”
дар баёнияи худ афзудааст: "Аз мақомҳои мухталифи давлат, аз ҷумла
мақомот ва маъмурони интизомии ин кишвар дархост мекунем, ки аз истифода
аз аслиҳа барои мутафарриқ кардани таҷаммуъи мусолиматомези мардум
худдорӣ карда ва аз дастуроти мақомоти олирутба барои саркӯби мардум
пайравӣ накунанд.”
Ин созмон дар баёнияи худ тасреҳ
кардааст: "Дар сурате ки мақомот ва маъмурони интизомии давлати
Ӯзбакистон ба суфуи мухолифон бипайванданд, мардум ва аъзои ин созмон
ононро афв хоҳанд кард.”
Ин созмон ҳамчунин аз мақомоти додситонӣ
ва хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон хостааст, то он даста аз мақомҳои
олирутбаи давлати Ӯзбакистонро, ки дар ихроҷи фаъолони созмонҳо ва
гурӯҳҳои мардумӣ мушорикат доштаанд, дастгир ва зиндонӣ кунад.
Намояндагони ин созмон дар гуфтугӯ бо пойгоҳи хабарии Uznews.net
таъкид кардаанд: "Ин тасмими мо ҷиддӣ аст ва аз тамомии имконот ва
шароити мавҷуд барои баргузории ин таҳассуни эътирозии мусолиматомез дар
кишвар истифода хоҳем кард.”
Ин созмон дар соли 2005 таъсис шуд, аммо
ба далели вазъияти ноороми амниятии кишвар дар он замон, ки ба далели
саркӯби мӯътаризони андиҷонӣ тавассути нерӯҳои давлат ба вуҷуд омада
буд, фаъолияти онҳо низ мамнуъ шуда буд.
Ба назар мерасад, аъзои ин созмон акнун
бо муносиб донистани замон ва фазои сиёсӣ, ба дунболи мухолифати ошкор
бо сиёсатҳои Ислом Каримов раиси ҷумҳури Ӯзбакистон ҳастанд.
Мақомоти Созмони "Етар!” бо ишора ба
ҳаводиси Андиҷон дар майи соли 2005 афзуданд: "Афроде, ки дар соли 2005
дастури қатли мӯътаризон дар ин шаҳрро содир карданд, ба шадидтарин ваҷҳ
муҷозот хоҳанд шуд. Ин созмони мухолифи давлати Ӯзбакистон, баргузории
эътирозоти мусолиматомез дар кишварро бар асоси қонуни асосии ин кишвар
муҷоз дониста ва таъкид мекунад, ки масъулони баргузории ин тазоҳурот,
муртакиби ҳеч ҷурм ва тахаллуфе нахоҳанд шуд.”
Масъулони ин созмон таъкид кардаанд:
"Ҳадафи аслии онон аз ин иқдом, канорагирии мусолиматомези Каимов аз
қудрат аст, зеро вай бояд аз ҳамтои тунисии худ, ки 23 сол бар кишвари
Тунис ҳукумат кард, ибрат гирифта ва ба таври мусолиматомез аз қудрат
канорагирӣ кунад.”
Созмони "Етар!” дар ҳоле аз тасмими худ
барои баргузории таҳассун дар майдони Истиқлоли Тошканд хабар дода, ки
қарор аст дар декабри соли 2012 дар Ӯзбакистон интихоботи риёсати
ҷумҳурӣ баргузор шавад ва Каримов низ аз ҳузур ва ё адами ҳузури худ дар
ин интихобот сухане ба миён наовардааст.
Кимиёи саодат
|