Панҷшанбе, 25.04.2024, 09:11
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2009 » Сентябр » 17 » Баҳрабардории сиёсӣ аз дин
Баҳрабардории сиёсӣ аз дин
01:53

Баҳрабардории сиёсӣ аз дин

Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси аршади фалсафа ва ҳикмати исломӣ

Оё дин аз сиёсат ҷудост? Посухи чунин пурсише, ҳам “на” аст ва ҳам “оре”. Албатта, он ҷо ки мегўем “на”, муроди мо чизест ва он ҷо ки мегўем “оре”, муродамон чизе дигар аст. Таваҷҷўҳ ба ин нукта, ки дин (албатта ин ҷо муродамон ислом аст), аз як нигоҳ бо сиёсат бегона нест, вале аз нигоҳи дигар, бояд аз он фосила гирад, хеле муҳим аст. Таваҷҷўҳ ба ин нукта, барои ҷўяндаи ҳақиқат хеле аз масоилро ҳал намуда ва ба анбўҳе аз пурсишҳояш, ки зеҳни ўро ба худ машғул кардаанд, посух медиҳад.

Пас, он ҷо ки мегўем: “Дин аз сиёсат ҷудо нест” ва ё “Сиёсат айни диёнат, ва диёнат айни сиёсат аст”, муродамон ин аст, ки маорифи исломӣ, чи эътиқодоташ ва чи аҳкомаш ва чи ахлоқиёташ, ба гунае мебошад, ки маҳол аст исломро аз масоили иҷтимоӣ ва сиёсӣ дур ангорем. Ба иборати дигар, барои шахси ошно бо ислом ва маорифи он, тасаввури исломи бегона аз сиёсат, тасаввури шери бе ёлу думро монад, ки дар воқеъ чунин шере, дигар шер нест. Дине, ки дар заминаи иқтисодиёт назар дорад, дине, ки ҷиҳати муҷозоти ҷинояткороне чун дузду ғосибу зинокору ғайраву золик муқаррароти муайяне гузоштааст, дине, ки қавонине мушаххас дар ҷиҳоду сулҳу созишу ғайра вазъ кардааст, чигуна метавонем чунин динеро дине ангорем, ки бо сиёсат сару кор надошта бошад? Ҳатто агар касе, ки алоқае ба диёнати исломӣ надорад, балки фақат як диншинос буда ва бихоҳад исломро барои дигарон муаррифӣ кунад, исломеро муаррифӣ хоҳад кард, ки сиёсат аз он ҷудонопазир аст.

Дар ин навиштор, камина қасди исботи он муддао ва овардани далелҳое барои онро надорам. Дар як мақолаи ҷудогонае (ки дар Гоҳномаи “Андеша” таҳти унвони “Ислом ва сиёсат” мундараҷ шудааст) роҷеъ ба ин масъала ба тафсил баҳс намудаам ва хонандаи азиз метавонад ба он муроҷеа кунад.

Ҳадафи ман дар ин мақол, тавзеҳи ҷониби “оре”-и қазия аст. Дурусттар гўям: Дар мавориде бояд саъй кунем ислом аз сиёсат фосила гирад. Яъне дар мавориде, динмадор (мулло, муфтӣ, қозӣ ва хулоса ҳар фарде, ки мансаби диние дорост) вазифа дорад исломро олуда бо сиёсат насозад. Шаръан вазифа дорад, на ин ки барояш “беҳтар бошад, ки чунин кунад”. Барояш як таклиф аст, на як чизе, ки фақат ҷанбаи арзишӣ дошта бошад.

Оре, дар мавориде бояд чунин кунад; мавориде, ки сиёсатмадороне, ки худ пойбанд ба анҷоми вазоиф ва таколифи шаръӣ нестанд, бихоҳанд ба ин баҳона, ки ислом як дини сиёсист (ки шакке ҳам дар он нест), аз он барои манофеи сирфи сиёсии хеш баҳрабардорӣ кунанд.

Фарз кунед, ки як ҳизби сиёсӣ, ки ҳадафе ҷуз ба сари қудрат расидан надорад, аз он ҷо ки медонад мардум мусалмонанд ва ба ҳар чи марбут ба ислому мусалмонист эҳтиром ва навъе қадосат қоиланд, унвони “исломият”-ро унвони ҳизби сиёсии хеш қарор дода ва он гоҳ ба ҳар иқдоме, ки мекунад рангу бўи динӣ бидиҳад ва мухолифат бо онро, навъе мухолифат бо ислом қаламдод кунад. Албатта агар “исломият” ва “исломӣ будан”, на танҳо унвон, балки моҳияти он ҳизбро низ ташкил диҳад, мо сухане надорем. Сухани мо дар мавриди аҳзобест, ки танҳо ба зоҳир худро исломӣ нишон медиҳанд. Ва ё ҳатто агар унвони “исломият” ба ҳизби сиёсияш набахшад, балки дар тавҷеҳи барномаҳои сиёсии худ дар баробари мардум, ба ин хотир, ки мавриди писанди онон қарор гирад, биёяд ва барои яко-яки барномаҳояш далеле аз Қуръон ва ё суннати набавӣ зикр кунад. Ҳадафи ў ин нест, ки воқеан дилаш ба дин месўзад, балки ҳадафаш ҷуз таъмини ҳамон манофеи сиёсӣ намебошад. Ва ё фарз кунед, як сиёсатпеша ва ё давлатмадор, аз он ҷо ки медонад мардум ба муллоён эҳтиром қоиланд ва сухани эшонро, ба қавли мардум “ду то намекунанд”, муллои мавриди эҳтиромеро дар бари худ ниҳода ва дар баробари мардум ҳамеша ҳамроҳи он мулло зоҳир шавад, ё аз ин мулло бихоҳад, ки барои ҳар иқдоме, ки ин сиёсатпеша ва ё давлатмадор мекунад, рангу бўи динӣ дода, бо далоили қуръонӣ ва ё ҳадиси набавӣ онро таъкид кунад.

Як чунин баҳрабардориҳое, бадтарин навъи баҳрабардорӣ ва суистифода аз дин аст. Дар чунин мавориде, мулло вазифадор аст рў ба он сиёсатмадор ва ё давлатпеша оварда бигўяд: Коре ба дин надошта бош, ҳар чи мехоҳӣ анҷом бидеҳ (саҳеҳ ё ғалат), аммо лутфан дигар динро олуда масоз.

Хатари чунин суистифодаҳое, ҷое буруз мекунад, ки агар барномаи он сиёсатпеша ва ё давлатмадор дуруст аз об берун наояд, аз он ҷо ки рангу бўи исломӣ ба он дода буд, чи басо ин нодурустӣ ва иштибоҳ, ба ҳисоби дин тамом шавад. Чи басо химояту пуштибонии муллоҳо аз сиёсатмадорон дар ҷиҳати таъмини манофеи сиёсии маҳзи онон, дар сурати хато ва иштибоҳ, номи ҳамаи муллоҳо ва арбоби дин ва бадтар аз ҳама, номи динро сиёҳ намояд.

Ин ҷост, ки бояд мулло истиқлолияти худро ҳифз кунад. Ҳаргиз мапиндорад, ки бақои ў дар мансаби динияш (муфтӣ ё қозӣ будани ў, ва ё хатиби масҷиде буданаш), марҳуни хидмат дар дарбори давлатмадор буда ва ҳар чиро, ки он давлатмадор мегўяд тавҷеҳи динияш намояд. Ва ё мапиндорад, ки мехоҳад бо истифода аз фурсате, ки давлатмадор барои ў фароҳам овардааст, дар роҳи дин хидмат хоҳад кард. Ин камоли содагист агар чунин бипиндорад. Чун зиёну зарари тақаррубу наздикии ў ба дарбор, аз фоидае, ки ба хаёли худаш барои дин мадди назар қарор медиҳад, ба маротиб бузургтару хатарноктар аст. Агар исломи мо то имрўз боқист ва маорифи поку беолоиши он бе ҳеҷ каму косте аз насле ба насли дигар мунтақил шуда омадааст, марҳуни хидмати уламоест, ки ҳамвора мустақил буда ва ҳаргиз хидматгузори дарбор набуданд.

Албатта камина гуфтанӣ нестам, ки тамоми сиёсатпешагон ва ё давлатмадорон, касони олудае ҳастанд ва ба ҳамин хотир, муллоҳо бояд аз муошират бо онон бипарҳезанд. На, ҳаргиз. Шояд давлатмадор одами хубе ҳам бошад. Манзури ман, ҷойгоҳи муллост. Яъне мулло набояд мавозеи диниро тибқи хостаҳои сиёсатмадорон мушаххас кунад, ҳатто агар давлатмадор одами хубу поке ҳам бошад. Оре, ҳатто дар чунин маврид низ мулло бояд мустақил бошад, ва ҳаргиз динро аз равзанаи хостаҳои сиёсат баён накунад.

Вақте мулло мустақил аст, вақте ў аз касе ва ё чизе хавфу ҳаросе надорад, вақте аз варои мавзеъгирияш тамаъе мадди назари ў нахобида, дар он сурат, ў дар баёну тавзеҳи маорифи динӣ комилан озод аст. Ў ҳар он чиро, ки дин мегўяд, баён хоҳад намуд. Пояш ҷое банд нест. Ин ҷост, ки ташнаи маоорифи исломӣ, аз забони мулло ва ё олими динӣ, чизе хоҳад шунид, ки матни дин баён мекунад, на он чи бар дин таҳмил шуда.

Албатта дар ин маҷол, сиёсатпеша ва давлатмадор низ вазоифе дорад. Ҳатто агар пойбанд ба дин нест, лоақалл вазифаи ахлоқӣ дорад. Вазифаи ахлоқии ў ин аст, ки набояд ҳар ҷо аз номи дин суистифода кунад. Набояд аз ҷойгоҳи муллоён дар миёни ҷомеа, дар ҷиҳати таъмини манофеи сиёсияш баҳрабардорӣ намояд. Агар мехоҳад бо як чунин кирдоре, барои худ обрў бахшад, агар мехоҳад бо як чунин рафторе, пояҳои давлаташро мустаҳкам кунад, шояд муваффақ ба ин кор шавад, аммо бидонад, ки чунин обрўе ба ҷуз чанд сабоҳ давоме нахоҳад дошт. Бидонад, ки чунин истеҳкоме мар давлати ўро, ҷуз рўзгороне чанд идома пайдо нахоҳад кард.

Дар поён беҳикмат нест қатаоте аз Бўстони Шайхи Шероз нақл кунам, ки то ҳам барои олимони дин панде бошад ва ҳам барои давлатмадорон:

Як марди доно ва хирадманд дар кишвари Шом тарки дунё кард ва дар кунҷи ғоре гўшанишиниро ихтиёр намуд. Ў дар он кунҷи ғори торик бо сабру қаноат истиқомат мекард. Исмаш ҳам Худодўст буд, фариштахў ва одамсурат буд. Аз ҳар гўшаву канор, бузургон ба зиёрат ва остонабўсӣ меомаданд, вале ў парво ва таваҷҷўҳ намекард ва ба назди онҳо намеомад.

Ориф ва сўфии пок ва покбоз бо нафси ҳариси худ ин гуна мубориза мекунад, ки ҳирсашро бо гадоӣ кардан аз байн мебарад. Ҳар гоҳ ки нафсаш аз ў чизеро талаб кунад, тўрбаи гадоиро мегирад ва нафсашро аз ин деҳа ба ин деҳа мегардонад.

Худодўст низ аз ин орифон буд ва дар қаламраве, ки ў зиндагӣ мекард, як подшоҳи золиму ситамгар буд, ки заифу нотавон ва беваю бечорагонро озор медод, бераҳму ҷаҳонсўз буд ва бо ҷавру зулмаш рўи заминро талх карда буд. Мардуми зиёде аз дасти ҷавру зулми ў тарки ватан карда ва ба кишварҳо муҳоҷират намуданд ва номи бадашро ба шаҳрҳо мунташир карданд. Вале як гурўҳ мардуми бечора ва мискин натавонистанд муҳоҷират кунанд, балки пушти чархи карбосбофӣ монданд ва машғули нафрину лаънат гуфтан ба он золим шуданд. Ҳар куҷо дасти зулм дароз бошад, дар он ҷо лаби мардумро хандон набинӣ.

Ин шоҳи золим гоҳ-гоҳе ба дидан ва зиёрати Худодўст меомад, вале шайх ба ў нигоҳ намекард.

Рўзе шоҳ ба ў гуфт: «Эй шайхи некбахт, чаро бо нафрат аз ман рўй мегардонӣ? Ман дўсти ту ҳастам ва туро дўст медорам, вале ман намедонам, ки ту чаро бо ман мисли душман бархўрд мекунӣ? Ту метавонӣ маро фармондеҳи кишвар надонӣ, вале набояд аз дарвешон камтар бидонӣ ва ба андозаи онон нисбат ба ман эҳтиром қоил набошӣ. Ман намегўям, ки маро аз дигарон болотар бидон, вале аз ту мехоҳам, ки бо ман низ мисли дигарон муомила кунӣ ва бархўрди ту бо ман мисли бархўрди ту бо дигарон бошад».

Чун он шайхи ҳушёр ва доно ин суханҳоро аз даҳони шоҳ шунид, ошуфта шуд ва хунаш ба ҷўш омада гуфт: «Эй шоҳ, ақлатро ба даст биёр ва ҳушатро ба кор гир! Вуҷуди ту сабаби парешонии халқ аст ва ман парешонии халқро дўст надорам. Ту бо ҳар касе, ки дўсти ман аст душман ҳастӣ, бинобар ин ман гумон намекунам, ки ту дўст ва дўстдори ман бошӣ. Ман наметавонам бо роҳи нодуруст туро дўст дорам, зеро медонам, ки Худо туро душмани худ медонад. Ту мисли дўстон дасти маро бўса макун, балки бирав ва бо касоне, ки дўстдори ман ҳастанд дўстӣ кун. Агар пўсти Худодўстро аз танаш ҷудо кунанд ҳам душмани дўсташро дўст нахоҳад дошт. Ман аз хоб рафтани инсони сангиндил тааҷҷуб мекунам, ки чӣ гуна метавонад роҳат бихобад дар ҳоле, ки халқ аз ў нороҳатанд.

http://www.kemyaesaadat.com/

 

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 920 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Сентябр 2009  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz