Чоршанбе, 17.04.2024, 02:03
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2010 » Ноябр » 10 » Асрори ҳаҷ
Асрори ҳаҷ
21:21

Ибодоте, ки банда анҷом медиҳад, ҷудо аз як сурати зоҳирӣ, дорои асрори шигифтангезест. Дар ривоят аст, ки пурсиданд, манзур аз "қувват” дар ояти шарифаи "Он чиро ба шумо (аз дастурот ва фаромини илоҳӣ) додаем, бо итминон ва қувват бигиред” (Бақара, ояти 63) чист? Оё мурод қуввати ҷисмӣ аст ё қуввати қалбӣ? Ҳазрат посух фармуд: "Қувват дар ҳар ду қаламрав манзур аст”.

Он чи дар қаламрави ҷисму бадани банда аст, ҳамон аҳкому одоби як фариза аст, ки баёни он ба ӯҳдаи фиқҳ аст, ва он чи дар қаламрави қалби ӯст, ҳамон асрор ва бутуни як фариза аст, ки баёни он ба ӯҳдаи фиқҳи фиқҳ аст.

Аз ин рӯ, ин қалби одамист, ки ба шуҳуди айнии як фариза ва асрори ниҳонии як ибодат мерасад ва ба дарки он чи ки чашмони зоҳирӣ аз назораи он оҷизанд ноил мешавад.

Ҳаҷ низ, ки аз бузургтарин ва муҳимтарин ибодоти илоҳӣ ба шумор меравад, аз ин асли асил мустасно нест. Зиёрати Хонаи Худо сурат ва қишри зоҳире дорад, ки ҳамон маносики ҳаҷ аст ва илми фиқҳ онро баён намудааст, ва сират ва мағзи ботиние дорад, ки ҳамон сайр ба сӯи Худо буда ва фиқи акбар онро ташреҳ кардааст.

Ин сайр ба ҷониби дӯст ва сафари ирфонӣ-илоҳӣ, дорои манозилест, ки ҳар манзил худ дарбардорандаи мақомот ва маротибест, ки порае аз онҳо ҷуз барои аҳли маорифи илоҳӣ ва авлиёи даргоҳи дӯст муяссар ва ҳосил намешавад.

Он чи дар ин навиштор хоҳад омад, баёнест мухтасар аз он асрор ва розҳои шигифти нуҳуфта дар фаризаи инсонсози ҳаҷ, ки дар зимни баёни манозили ҳаҷ ба он хоҳем пардохт, бошад то Худованди Қодири Мутаол порае аз оташи ин асрор дар дилҳоямон биафканад, то аз он раҳгузар, ҷазбае ҳосил ояд ва ҳиҷобҳои захими қалбҳоямон ба камоли инқитои илаллоҳ, яксара харқ гардад.

Манозили ҳаҷ

Сафари ҳаҷ сафарест ирфонӣ ва дорои се манозил:

Манзили аввал: сайр аз халқ ба сӯи Ҳақ, ва ба иборати дигар, буридан аз ғайри Худо барои пайванд бо Худо;

Манзили дуюм: идома ва истимрори пайванд бо Худо ва саъй дар таҳкими он пайванд;

Манзили сеюм: бозгашт ба миёни халқ ва иҷтимоъ ба манзури ҳидоят пас аз комил шудан ва расидан ба мақоми убудият.

Манзили аввал: Сайр аз халқ ба сӯи Ҳақ:

Ин манзил худ дорои маротиб ва мақомотест:

- Тавба: Муҳимтар аз ҳамаи маротиб тавба аст ва маънои тавба, ки манзили аввали сулук аст, руҷӯъ аз шаётин ва тоғутҳо ба сӯи илоҳ, руҷӯъ аз хӯи инсонӣ ба нафси руҳонӣ, руҷӯъ аз табиат ба сӯи руҳонияти нафс, руҷӯъ аз ҳавою ҳавас ва нафси аммора ба маънавият ва фазоил ва тадоруки гузаштаҳо аст, ки ҳеҷ ҳаққе аз Худо ва аз ҳалқ бар зиммаи ӯ боқӣ намонад ва аз миёни мардум берун равад ва аҳаде аз ӯ норозӣ набошад, ҷуз шайтон. Ба ин тартиб, ҳақиқати бунёдини мақоми тавба, ҷизе ҷуз "рӯй гардондан” ва "рӯй овардан” нест. Солики роҳи Худо, аз мавонеи вусул ба маҳбуб убур карда ва рӯйгардон мешавад ва рӯйи тавваҷҷӯҳ ба ҷониби ҳазрати Ҳақ меоварад ва тамоми фикр ва назари хешро ба сӯи ӯ маътуф медорад.

Нуқтаи оғоз дар ин руҷӯъ, тафаккур дар осори ваҳшатангези гуноҳон ва ба ин васила рӯшан кардани оташи надомат дар сина ва қалб аст. Ва ҳамин оташи пушаймонӣ ва дар пайи он эҳсоси нақс ва костиву фурӯ рехтан аст, ки барангезонандаи солик бар сулук ва нуқтаи атфи ҳаракати соликонаи ӯ ба сӯи камол ва мояи таҳавввул ва дардмандии ӯст. Ин аст, ки тавбаро бидуни тардид бояд оғози зиндагонии ҷадид ба шумор овард.

- Яқза: Маънои яқза тавваҷҷӯҳ, огоҳӣ ва бедорӣ аст ва дар ин сафари ирфонӣ яқза ба маънои тавваҷҷӯҳ ба қадру манзалати хонаи Худо ва ҳарими поки ӯст; тавваҷҷӯҳ ба тавфиқе, ки парвардигори олам ба бандаи хеш иноят кардааст. Тавваҷҷӯҳ ба ин ки дар ин мусофират набояд касе ё чизе ӯро машғул кунад. Огоҳӣ аз ин ки агар ҳаҷҷи мақбул анҷом диҳад, ба ҳадаф ва мақсуд аз ҳилқати инсон (мақоми лиқо ва убудият) хоҳад расид. Тавваҷҷӯҳ ба анҷоми "боядҳо” ва "арзишҳо” (яъне воҷибот) ва дурӣ ҷустан аз "набоядҳо” ва зидди арзишҳо (яъне гуноҳон) ва ин ки Худованд амали гунаҳкоронро намепазирад ва қабули тамоми аъмол вобаста ба тақво аст: "Ҳамоно, фақат ва фақат, Худованд аз парвопешагон мепазирад” (Моида, 27).

Ҳамчунин, тавваҷҷӯҳ ва эҳтимом ба мустаҳаббот, ба хусус хидмат ба ҳамнавъон, ва хулоса, огоҳӣ ва тавваҷӯҳ ба ин ки дар ин мусофирати руҳонӣ, монанди ҳар ҳоли дигаре, дар маҳзари Худованд, пайғамбари акрам (с) аст. Аз ин рӯ, бунёди яқза, бар меҳвари тавваҷӯҳ ва огоҳист: "Бигӯ: амал кунед, Худованд ва фиристодаи ӯ ва мӯъминон аъмоли шуморо мебинанд”, ва ин бедорӣ ҳаётофарин аст, ки солик ва мусофири кӯйи дӯстро барои маротиб ва мақомоти пасин омода мегардонад.

- Тахлия: Пас аз мақоми тавба ва яқза, бояд ба мартабаи "тахлия” сууд кунад. Мақоми тахлия он аст, ки дилро яксара аз сифоти зишт ва нописанд ва разоили ахлоқӣ холӣ кунад ва решаҳои сифоти разила назири ҳасад, бухл, кибр, риё, тамаллуқ, шақоват, ҷоҳталабӣ ва ғайраро, ки мояи бадбахтӣ ва сияҳрӯзии одамист, ба оташи ирода ва азм бар тарки ин разоил бисӯзонад ва заққуми разилатҳои зиштро аз сарзамини қалби худ ба дасти ҳиммат барканад ва онро арсаи кишти гулҳои ботаровати фазилатҳои инсонӣ гардонад ва ба ин тартиб аз ин мартаба ба мақоми "таҳлия” по бигузорад.

- Таҳлия: Бунёди мартабаи "таҳлия”, оростани дил ба хасоиси зебо ва фазоили олия назири хайрхоҳӣ, саховат, кушодадастӣ, тавозӯъ, ихлос, садоқат, раъфат, зуҳд ва озодагӣ аз ҳамаи таллуқот аст. Солики роҳи дӯст бояд бикӯшад то хештанро ба фазоили ахлоқӣ биорояд. Муҳимтар аз ҳар фазилате, малакаи хулус ва ихлос дар амал аст ва дар ин сурат аст, ки ҳаҷҷи вай, ҳаҷҷи иброҳимӣ хоҳад буд.

Агар ҳоҷиён ва соликон дар ин сафари ирфонӣ, нияти хешро холис гардонанд ва ҳеҷ як аз ағрози пасти моддӣ ва дунявӣ ва ҳатто ағрози ухравиро дар ин амали шариф дахолат надиҳанд, балки тавваҷҷӯҳи худро яксара ба ҷониби мизбон ва соҳибулбайт маътуф доранд ва ҷуз ризояти ӯро дар назар наёваранд, он гоҳ маҳсули талоши худро дар хушнудии дӯст назора хоҳанд кард.

Солик, пас аз мақоми тахлия ва таҳлия ва мудовимат ва истимрор бар ду унсури адолат ва ихлос, мебояд ба василаи риёзати диния, ба хусус тадовум дар тиловати Қуръон (ҳамроҳ бо тафаккур дар он), дуо ва тазаррӯъ ба даргоҳи Худованди Мутаол ва тавассул ва таваҷҷӯҳ ба пешгоҳи Расули Акрам (с), ба мақоми таҷлия сууд кунад.

- Таҷлия: Ҳақиқати ин мақом болотар аз он аст, ки дар тасаввури ҳар кас ояд ва ин мартабае аст, ки насиби баъзе аз авлиёи илоҳӣ мешавад. Дар ин мақом, қалби солик ба нури Худо мунаввар мешавад, то дар ин сафари муборак дар соябони алтофи Ҳақ битавонад ба мақоми убудият ноил гардад ва ба ин тартиб арзишҳоро аз зидди арзишҳо ва арзишмандонро аз дунқиматон ва поконро аз нопокон ва хостаҳои таолибахши Худоро аз хоҳишҳои зиллатофарини нафс ва ҳавову ҳавас, тамйиз диҳад: "Агар аз мухолифати фармони Ҳақ бипарҳезед, барои шумо василае барои ҷудоии ҳақ аз ботил қарор медиҳад” (Анфол, ояти 29).

Таҷаллии анвори илоҳӣ бо қалби солик, на он мекунад, ки дар гуфтушунуд оварем, танҳо бояд ба он мартаба расид то таъми ширин ва руҳафзои онро чашид.

Маҷмӯи ин мақомоти панҷгонаи манзили аввал, дар ин ривоят ҷилвагар ва намоён аст, ки мефармояд: "Ҳар гоҳ хостӣ ҳаҷ ба ҷой оварӣ, қалби худро пеш аз оғози амал, аз ҳар гуна машғулкунанда ва монеу ҳоҷиб, барои Худои Мутаол холис кун ва ҷараёни умури хешро ба Худованд вогузор ва дар тамоми ҳаракот ва саканоти худ, холиқи хешро вакил қарор деҳ ва дар баробари фармон ва ҳукми тақдири ӯ мутеъ ва таслим бош ва дунё ва осудагӣ ва мардумонро раҳо кун ва худро аз ҳуқуқи мардум хориҷ кун то мардум аз ту талабгор ва норозӣ набошанд, ва (дар ин роҳ) ба зоду тӯша ва ёрон ва тавоноии ҷавонӣ ва сарвати худ эътимод макун. Зеро он касе, ки даъвии мақоми ризо ва таслими илоҳӣ кунад ва бо ин ҳол ба чизи дигаре эътимод кунад, Худованд ҳамон чизро душман ва мӯҷиби зарар ва ваболи ӯ мегардонад то ӯ бифаҳмад ва бидонад, ки на ӯ ва на ҳеҷ касро қудрат ва тадбире нест магар ба исмат ва тавфиқи эътошуда аз ҷониби Худованд. Ва (дар ин сафар) ба андозае худро омода ва мустаид кун, ки гӯё умеди муроҷиат барои ту нест ва дар мусоҳибат ва рафоқат ва ҳамроҳӣ бо дигарон, хушрафтор ва некӯкирдор бош ва пайваста воҷиботи илоҳӣ ва сунани Расули Муҳаммадӣ (с) ва он чиро бар ту воҷиб аст; аз одоби урфӣ ва таҳаммул ва бурдборӣ дар баробари нороҳатиҳо ва ибтилоот ва шукри неъматҳои Худованд ва кушодадастӣ ва бахшиш, муроот намо”.

Манзили дуюм: Сайр аз Ҳақ дар Ҳақ (яъне идома ва истимрори пайванд бо Худо ва саъй дар таҳкими он пайванд)

Ин манзил аъмоли зеринро дар бар дорад:

1-Эҳром: Муқаддимаи эҳром, ғусли эҳром аст, ҳақиқати ин ғусл тавба ва руҷӯъ аст. Дар мақоми эҳром бояд маосӣ ва гуноҳони собиқро ба ёд оварад ва онро бо оби тавба шустушӯ диҳад ва он гоҳ либоси садоқат ва сафо ва хузӯу тарсро ба тан кунад.

Эҳром дар ҳаҷ, назири такбиратулэҳром дар намоз аст, ҳамон гуна ки намозгузор ба воситаи гуфтани такбиратулэҳром бояд тамоми таваҷҷӯҳаш ба ҷониби маъшуқ бошад ва аз ибтидои намоз то интиҳои он, чизе ва касе ӯро машғул накунад, ҳамчунин аст эҳроми ҳаҷ.

Эҳром, яъне рӯй гардондан аз дунё ва он чи дар дунёст ва рӯй овардан ба Худо ва ризояти Худо ва иҷобати амри Худост, чунон чи дар ривоят аст, ки: "Маҳрум шав аз ҳар чизе ки туро аз ёди Худо манъ мекунад ва аз бандагии ӯ бозмедорад”.

Даргоҳи эҳром мебояд мутазаккири маргу кафан ва қабр шавад, ки рӯзе бо ин ҳайъат Худойро мулоқот хоҳад кард ва дар мавқеи гуфтани Лаббайк, ки такмилаи мақоми эҳром аст, таваҷҷӯҳ ба ин ки Худованд ӯро даъват кардааст ва ӯ бо ин алфоз, ҳазраташро иҷобат мекунад.

"Ва аз талбиёти худ қасд кунад посух додани Худовандро бо ниҳояти сафои хотир ва хулуси ният, дар ҳоле ки ба урватул вусқои ҳақ ва ба ҳақиқати имон, тамассук меҷӯяд”.

2-Тавоф: Тавоф ташаббӯҳест ба фариштагон, ки пиромуни Арши Худованд доим дар тавофанд: - "Ҳамон гуна ки тавофи он малоика, нишонаи ишқи онҳо ба Худованд аст”, (Зумар, ояти 75).

Тавофи банда низ нишонаи ишқи банда ба Худост: "Он чунон ки ҷисмат пиромуни байти Худо давр мезанад, бо қалби худ гирдогирди Арши Худованд тавоф кун”.

Такрори тавоф ба манзури пайдо шудани мақоми таслим ва убудият аст. Дар он ҳол аст, ки нури Худо дар дили ӯ ҷилвагар мешавад. Мақоми таҷлия ва роҳҳои саломатӣ яке пас аз дигаре барои ӯ кашф мегардад ва аз зулматҳо; зулмати сифоти разила, зулмати нафси аммора, зулмати мутобиат аз тоғутҳои инсӣ ва ҷиннӣ, зулмати ҳавову ҳавас, зулмати ғаму изтироб ба нури мутлақ кашонда мешавад ва мавриди инояти хосси Худованд воқеъ мегардад, ки хоҳ-нохоҳ ба мақоми лиқо ва фано, ки ҳамон интиҳои сироти мустақим аст мерасад.

3-Намози тавоф: Тавофкунанда чун ба воситаи тавоф ба мақоми убудият мерасад, бояд намози шукр ба ҷой оварад. Ва чун ба воситаи расидан ба мақоми бандагӣ ва тазаллул, меъроҷ барои ӯ воҷиб мешавад, бояд ба намоз биистад, зеро меъроҷи мӯъмин ҳамон намоз аст, чун намоз муколимаи байни банда ва Худост. Истилом ва бӯсидани Ҳаҷарул Асвад ба манзалаи таҷдиди мисоқ ва аҳд бо Расули гиромии ислом аст. Дар ривоят аст, ки дар ҳангоми истиломи Ҳаҷар инчунин гуфта шавад: "Амонатеро, ки бар гардани ман буд (яъне ҳаҷ) адо намудам ва паймони худро бар ӯҳда гирифтам, то ту дар рӯзи ҷазо бар вафодории ман гувоҳ бошӣ”.

Пас истиломи Ҳаҷар низ як мисоқи қалбӣ аст, ки ҷойгоҳи он дилҳои ҳоҷиён аст ва низ таҷассуми хузӯъ дар баробари иззати Худованд ва нишонаи ризоят бар тақдири ӯст.

4-Саъй байни Сафову Марва: Ин амал хотираи ширине аст аз паёмбари бузурги Худо, ки Парвардигори Олам дар Қуръон ӯро ба дӯстӣ пазируфта аст: "Худо Иброҳимро ба дӯстии худ интихоб кард” (Нисо, ояти 125). Паёмбаре, ки мақоми убудият ва таслими ӯро Парвардигори Олам имзо кардааст. – "Ва ба хотир овар ҳамномеро ки Парвардигорат ба ӯ гуфт, ислом биёвар ва таслим дар баробари Ҳақ бош, ӯ фармони Парвардигорро аз ҷону дил пазируфт, гуфт: Дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслим шудам” (Бақара, ояти 131).

Саъй байни ин ду кӯҳ таҷассуми умедвории занест, ки бо умед ба раҳмати Худованд дар биёбони бе обу алаф барои ба даст овардани обе барои кӯдакаш дар тараддуд аст ва бо талотуми дарунӣ аз Сафо ба Марва ва аз Марва ба Сафо меравад, ва ба иборати дигар, аз садоқат ба мурувват ва мардонагӣ ва аз мардонагӣ ба садоқат ва сафо меравад ва саранҷом бо хулусаш аз назар берун ба Оби Замзам ва аз ҷанбаи дарун ба оби ҳаёт мерасад ва дар асари сабру таҳаммул ва кӯшишу истиқомат, хонаи Худоро обод ва насли худро ба ваҷоҳат мерасонад. Ин хотирот агарчи талх аст, аммо ширин аст, талхии изтироб ва талотуми мамзуҷ ба ширинии ҷӯшиш ва нузули раҳмат.

Шаъаф, ки мартабае аз ишқ аст, дар ҳоле ки бо сӯзандагӣ ҳамроҳ аст, лаззатовар аст ва дар ҳоле ки лаззатовар аст, дили ошиқро ва сару пои ӯро чун шамъ месӯзонад. Пас ҳоҷиён бояд дар миёни Сафову Марва дарси ишқу исор ва гузашт аз ҳама чиз барои Худоро аз ҳазрати Иброҳим ва ёронаш биомӯзанд.

Аз ин рӯ, он кас, ки саъй байни Сафову Марва кунад ва ҳанӯз руҳи худият ва маният дар ӯ зинда бошад, ба ҳақиқати саъй нарасидааст. "Дар ин макон шайтон бар Иброҳим муҷассам гашта ва ҳазрат бо саъйи худ ӯро таъқиб карда то аз соҳати муқаддаси Байтуллоҳ дур созад. Пас ҳоҷии солик низ бо ин амал ҳаракати Иброҳими Халилро такрор мекунад ва шайтонро аз қалби худ, ки на танҳо хонаи Худо, балки Арши қудси илоҳӣ аст, меронад ва бо ҳарвала кардан, аз ҳавову ҳаваси худ фирор мекунад ва аз қудрату шахсияти худ табаррӣ меҷӯяд ва ба ин васила руҳ ва даруни худро барои лиқо ва дидори ёр, поку покиза ва омода мегардонад ва бо нафйи сифот ва шахсиёти козиб ва маҷозию сохтаи хеш, мардона дар муқобили сифоти ҷалол ва ҷамоли парвардигораш, мақоми бандагӣ ва фақру фано барқарор месозад”.

5-Тақсир: Тақсир, таваҷҷӯҳ аз олами малакут ба олами носут аст. Таваҷҷӯҳ аз лаззоти руҳӣ ба сӯи лаззоти ҷисмӣ ва таваҷҷӯҳ аз ваҳдат ба касрат аст. Тақсир таҳлил баъд аз таҳрим аст; ба ин маъно, ки он чи қабл аз эҳром барои мӯҳрим ҳалол набуд, инак ба воситаи эҳром, тавофи намоз, саъйи байни Сафову Марва ва тақсир ҳалол шудааст. Таҷаллии нури Худо, назар ба олами малакут, лаёқати расидан ба маротиби яқин ва дидаи басират, ки тамоман барои ӯ ҳаром буд, инак ҳалол шудааст.

6-Ҳаркат ба сӯи Арафот: Арафа, яъне эътирофи бандагон дар пешгоҳи ҳақ - "ва дар Арафот бар гуноҳони хеш эътироф кун”. Арафа, яъне диёре, ки инсони солик метавонад бо таваҷҷӯҳ ва тазаррӯъ ва дуо ва тавассул, ба мартабаи болои яқин бирасад.

Арафа, ҷойгоҳи сууд аст ва он касе, ки дар Арафот натавонад ба маърифати он чи гуфта омад, ноил шавад, дар ҳақиқат Арафот нарафатааст.

Касе, ки аз ҷозибаи Худо ва нубувват, ки саросари он сарзамини покро фаро гирифтааст, баҳрае набарад, дар ҳақиқат Арафоти ӯ рафъи таклифе беш набудааст ва ӯ аз маҳдудаи фиқҳӣ ба сӯи қаламрави бекарони фиқҳи фиқҳ хориҷ нагаштааст.

7-Ҳаркат ба ҷониби Машъар: Машъар назди Худованд аз дарҷаи хоссе бархурдор аст, аз ин ҷиҳат дар Қуръон бо сифати ҳаром ва эҳтиром аз он ёд мешавад: "Ва ҳангоме ки аз Арафот кӯч кардед, Худоро назди Машъарул Ҳаром ёд кунед” (Бақара, ояти 198).

Манзил кардан дар он диёр байни тулӯайн, назди ёр бартарин соати шабонарӯз аст ва он чи Худованд дар Қуръон, дар ин макони қудсӣ ва дар ин замони муқаддас хостааст, зикри Худост, бо ёди Худо касби шуур ва киёсат ва фатонат ва диққату зарофат намудан, сироят додани имон аз дил ба тамоми аъзо ва машоир. Машъар ба мо меомӯзад он чи аз Арафа бардошт кардаӣ дар ин ҷо ба воситаи ёди Худо дар дил русух деҳ ва аз дил ба чашму гӯшу забон ва тамоми аъзо ҷорӣ кун то куллияи машоир ҳаёти дубора пайдо кунанд ва ба ин васила аз нардбони руҳ ба сӯи малаъи олӣ сууд кун! – "Ва бо сууд бар кӯҳи Машъар аз нардбони руҳат ба сӯи малаи аъло сууд кун”.

8-Ҳаракат ба сӯи Мино: Мино яъне раҷо. Неко, ки ин ном гӯё дар ҳолае аз нур нуҳуфтааст. Мино, яъне сарзамини умед, мағфират, раҳмат, фазлу каромат, истиҷобати дуо, саодату хайри дунё ва охират. Чаро чунин набошад? Ошиқ аз маъшуқ пас аз васл чӣ мехоҳад? Албатта таваҷҷӯҳ, талаттуф ва иноят.

Солик пас аз гузаштан аз Арафот ва Машъар ва расидан ба мақоми васл, аз мавло чӣ мехоҳад? Албатта он чиро, ки ӯ мустаҳиққи он аст. – "Ва дар ҳангоми вуқуф дар Мино орзу макун он чиро ки бар ту ҳалол нест ва ту истеҳқоқи онро надорӣ”.

Аз ин рӯ метавон гуфт, беҳтарин лаззатҳо дар ҳаҷ, лаззати умеди банда ба Худо дар Мино аст ва шояд ин ки Мино дар байни ҳамаи аъмол муддаташ бештар аст барои ҳамин бошад, ки умед ва раҷои банда назди Худо беҳтарин ибодат ва болотарин мақомот аст.

9-Рамйи ҷамарот: Бандае, ки ба мақоми қурб расидааст, аз он чи бимнок аст ва бояд бимнок бошад ва он чи бояд ҳамеша бо он дар ситез бошад, тоғути дарун, яъне нафси аммора ва тоғути берун, яъне шаётини ҷиннӣ ва шаётини инсӣ аст. Солик аз Қуръон омӯхтааст, ки тоғути дарун нафси аммора, хатарноктарин тоғутҳост, пас "Нафс ба бадиҳо амр мекунад, магар он чиро, ки Парвардагорам раҳм кунад”, (Юсуф, 53).

Чун вориди Мино мешавад, аввалин амале, ки бояд анҷом диҳад, рамйи ҷамараи ақаба аст, ки шояд ишора ба тоғути бузург; яъне нафси аммора бошад. Рамйи ҷамараи ақаба, яъне тарди нафси аммора, яъне пймол кардани ҳавову ҳавас: "Ва ҳангоми рамйи ҷамарот, рамй кун хоҳишҳои нафсонӣ ва хасту пастӣ ва дигар сифоти зиштро”.

Он гоҳ агар бо рамйи ҷамараи ақаба пой бар нафси аммора гузорад, қадами баъдӣ, мақоми васф ва лиқо аст, зеро байни банда ва Худо як қадам бештар фосила нест. Агар банда аз ҳавову ҳавас гузашт ва ин қадамро тай кард, қадами баъдӣ ба сӯи мақоми лиқост. Ҳоҷиён дар он рӯзҳо, ки дар водии Мино раҳли иқомат афкандаанд, бояд рамйи ҷамароти сегона кунанд ва ин яъне тарди тоғути дарун, нафси аммора ва тоғути берун аз шаётини ҷиннӣ; Иблис ва аъвони ӯ ва шаётини инсӣ, душманони динӣ ва инсоният. Аз ин рӯ, рамйи ҷамароти салос, тарди ҳамаи тоғутҳо ва эъломи ҷангу ситези бепоён бо онҳост.

10-Забҳи қурбонӣ: Қурбонӣ суннатест, ки танҳо аз тақовпешагон пазируфта мешавад, "Ҳангоме ки Ҳобил ва Қобил амале барои тақарруб ба Парвардигор анҷом доданд, аммо аз яке пазируфта шуд ва аз дигарӣ пазируфта нашуд”, (Моида, ояти 27).

Қурбонӣ, гузашту фидокорӣ дар роҳи маҳбуб ва рамзи муҳаббат ва ишқ аст, чаро ки ҳангоми қурбонӣ намудан, ҳоҷии солик ҳанҷараи ҳавои хеш ва тамааш ба мардумонро пора мекунад.

Қурбонӣ дар Мино, зинда кардани хотираи бузурги ҳазрати Иброҳим низ ҳаст он гоҳ ки аз сӯи маҳбуб хитоб ба Иброҳим шуд, ки ҷавонатро дар Мино забҳ кун ва он ҳазрат амри маҳбубро ба фарзандаш ҳазрати Исмоил гӯшзад кард ва ӯ бо камоли рағбат пазируфт ва ҳар ду бо камоли шавқу ишқ, то сарҳади забҳ пеш рафтанд ва он гоҳ аз сӯи маҳбуб нидо омад, ки аз имтиҳон пирӯз берун омадед. (Соффот, 102 ва 105).

11-Ҳалқ ё тақсир: Тарошидани сар ё кӯтоҳ кардани мӯй; яъне тарошидани боқимондаи кудуратҳо ва ислоҳи дил аз зангори маниятҳо ва худиятҳо, зеро солик ҳарчи худсозӣ кунад, боз бояд бидонад, ки решаҳи разолат то умқи ҷони вайро фаро гирифтааст. Аз ин рӯ, пас аз тарошидани сар ва ё кӯтоҳ кардани муи сар, ки рамзи решакан кардани сифоти разила аст, агар ҳоҷии солик аз манзили тахлия нагузашта бошад, бояд бидонад, ки дар ин имтиҳони илоҳӣ пирӯз нагаштааст, гарчи рафъи таклиф аз ӯ шуда бошад.

13-Зиёрати Мадина: Пас аз итмоми мукаммили аъмоли соликон, ташриф ба Мадинаи Мунаввара ва зиёрати Паёмбари Акрам (с) аст ва ҳаҷ бидуни зиёрати онҳо ноқис аст, зеро дар ривоёт ворид шудааст, ки зиёрати Мадинаи Мунаввара итмоми ҳаҷ аст.

Манзили сеюм: Сайр аз Ҳақ ба сӯи халқ (бозгашт ба миёни халқ ва иҷтимоъ ба манзури ҳидоят пас аз комил шудан ва расидан ба мақоми убудият)

Ин манзил бо бозгашт аз Макка ва Мадина ба ватан оғоз мегардад ва дар ин манзил масъулият, мушкилтар аз манзили аввалу дуввум аст, зеро дар ин манзил, вазифаи солик, вазифаи паёмбарони илоҳӣ аст, чаро ки ҳоҷиёни солик, инак бояд ба таблиғи рисолатҳои илоҳӣ дар байни дигар мардум бипардозанд ва ин айни вазифаи анбиё аст.

Ин манзил манзили дигарсозӣ аст ва дигарсозӣ гарчи мутаваққиф бар худсозӣ аст, аммо ба андозае мушкил аст, ки Паёмбари гиромӣ фармуд: Сураи Ҳад маро пир кард, чаро ки дар ин сура омадааст: Ту ва ёронат бояд истиқомат кунед.

Он чи ришу маҳосини Паёмбарро сафед кард, дигарсозӣ аст.

Ҳоҷии солик пас аз бозгашт аз Макка ва Мадина, бояд он чи аз он ҷо ба савғот овардааст (худсозӣ), амалан ба дигарон тазриқ кунад, гуфтор ва кирдор ва равишу маниши ӯ сармашқ барои дигарон бошад ва ин беҳтарин ҳадя барои дигарон аст.

Ҳоҷии солик бояд бо эҳтимомаш ба фароизи динӣ ва ба хусус намоз ва он ҳам дар масҷид ва бо ҷамоат, аҳамияти ин ибодати бузургро ба дигарон бифаҳмонад. Он ҳоҷие, ки дар вақти намоз ғафлат аз намоз дорад ва машғули умури дунё аст, қатъан аз ҳаҷ баҳрае набурдааст: "Пас вой бар намозгузороне, ки намози худро ба дасти фаромӯшӣ месупоранд!”, (Моун, 4).

Марду зани ҳоҷӣ бояд ахлоқи исломиро дар хона ва дар миёни мардум амалан таблиғ кунанд ва афву газашт ва исору фидокорӣ шиори онҳо бошад.

Ин манзили сеюм бисёр мушкил аст, вале подоши он ба ҳамон андоза болост, аз ин рӯ солик пас аз тайи манзили аввал ва дуюм, нуктаеро, ки бояд дар манзили сеюм дар назар дошта бошад он аст, ки инак ҳисоби вай дар назди Худо, ғайр аз ҳисоби умуми мардум аст ва бо чашми дигаре нигариста мешавад.

Комёб бошед

Бахш: Сухани ин ҳафта | Просмотров: 991 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2010  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz