Ҷумъа, 19.04.2024, 17:06
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2009 » Январ » 5 » Якҷонибагии расонаҳои хабарии русӣ дар пўшиши фаҷоеи навори Ғазза
Якҷонибагии расонаҳои хабарии русӣ дар пўшиши фаҷоеи навори Ғазза
16:35

Фоҷеаи инсонӣ дар навори Ғазза, ҳафтаи дуюми худро пушти сар мекунад. Бар асоси гузоришҳои хабарӣ, то ба ҳол беш аз 500 тан аз бегуноҳони фаластинӣ шаҳид ва беш аз 3000 тан аз онҳо ба дасти саҳюнистҳои хунхор маҷрўҳ шуданд. Таассуфнок он аст, ки ағлаби инҳо, кўдакон ва занон ҳастанд. Ин фаҷоеъ замоне воқеъ мешавад, ки башарияти ба истилоҳ “мутамаддин” ва “мудофеи ҳуқуқи башар” дар хоби гаронанд. Ҳатто мижаи ин муддаиёни дурўғин намеҷунбад. Маълум мешавад, ҳамаи ин иддаоҳо дурўғ ва аз рўи нифоқ будааст. Ҳамин муддаиёни дурўғин, агар бар ҳайвоне зулм шавад, садо бармедоранд, ки ҳуқуқи ҳайвонот мавриди зулми инсонҳо қарор мегирад. Аммо... ҳазорон аммо, ки барояшон ҷони инсонҳои бегуноҳ ҳатто ба андозаи ҳайвон арзиш надорад. Вой бар ин дурўғ ва вой бар ин нифоқ!!!

Ман ин ҷо фақат ба як гўша аз ин номардиҳо ишора мекунам. Аз он ҷо ки мардуми мо бештари ахбори худро аз тариқи воситаҳои ахбории русӣ ба даст меоваранд, лозим аст парда аз рўи як нифоқи қасдии ин воситаҳои дурўғин бардорам. Тамоми воситаҳои хабарии русӣ, чи шабакаи хабарии “ВЕСТИ” ва чи ахбороти “РТР” ва шабакаи якуми русӣ ва “НТВ” ва ғайра, вақте хабаре аз рухдодҳои навори Ғазза барои бинандагон мерасонанд, қасдан тарафи саҳюнистҳоро мегиранд. Аз “Ҳамос” ва муқовимати бошарафи Фаластин, ба унвони “исламисти” ё “экстримисти” таъбир мекунанд. Аммо вақте навбат ба саҳюнистҳо мерасад, сухан аз “дифоъ” ба миён меоваранд. Кадомин дифоъ? Оё дифоъ, ба ин сурат аст? Оё дифоъ, қатли омми кўдакону занон аст?

Мо тоҷикон, чи ба унвони мусулмонон ва чи ба унвони инсонҳо, аз ин тасарруфи номардонаи воситаҳои хабарии русӣ, наметавонем бетараф бошем. Ҳукумати мо низ наметавонад бетараф бошад. Бояд ба ҳукумати Русия, ба унвони дўсти наздики Тоҷикистон, бо садои баланд бигўем, ки чунин коре шоиста нест. Таърих намебахшад.

Аз сўи дигар, сукути мусулмонони Тоҷикистон ҳам фаҳмида намешавад. Ҳамакнун дар тамоми ҷаҳон, аз Австралия гирифта то Амрикои лотинӣ, ҷамии инсонҳои озода – мусулмон, масеҳӣ, чапӣ, ростӣ, исломгаро, либерал ва ҳатто яҳудиёни озодо - ҷиҳати дифоъ аз ҳуқуқи бегуноҳони фаластинӣ ва инкори ҳаҷамоти саҳюнистҳо тазоҳурот мекунанд ва бо ин кор, ҳадди ақалли вазифаи инсонии худро адо мекунанд. Аммо намедонам, чаро мусулмонони Тоҷикистон сукут ихтиёр кардаанд.

Ман намегўям даст ба ҳарҷу марҷ зананд ва зидди ҳукумат иқдоме кунанд, танҳо сухани ман он аст, ки раъю назари худро ба гўши ҷаҳониён бирасонанд. Бигўянд, ки мо ҳам ба унвони мусулмонҳо ва инсонҳо, чунин иқдомоти ваҳшиёнаро инкор мекунем. Ба ҳукумат фишор оваранд, ки мавзеи лозимро бигирад. Ҳадди ақал бо як баёнияе ҳам, ки бошад, ин ҳаҷамотро мавриди инкор қарор диҳад.

Мо ҳам мусулмонем, мо ҳам инсонем, мо аз ҷомеаи инсонӣ ҷудо нестем, дар Миррих ба сар намебарем, балки дар рўи кураи замин, ки дар гўшае аз он, мардуме мавриди зулму таҷовуз қарор мегиранд, зиндагӣ мекунем!!!

http://www.kemyaesaadat.com/

Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 714 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2009  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz