Чоршанбе, 08.05.2024, 05:30
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2009 » Январ » 4 » Гуноҳи ман танҳо ин аст, ки ҳозир нестам даст аз ватанам бардорам
Гуноҳи ман танҳо ин аст, ки ҳозир нестам даст аз ватанам бардорам
16:45
(Забони ҳоли як фаластинӣ)
Ман як фаластинӣ ҳастам. Коре ба дину мазҳабам надошта бошед. Дину мазҳаби ман, гароиш ба ватанам аст. Ватанамро дўст дорам. Мо фаластиниён: мусулмон, масеҳӣ ва яҳудӣ тайи ҳазорон сол буд, ки дар канори ҳам, бо сулҳу созиш, дар ин ватан зиндагӣ карда меомадем. То ин ки 60 сол қабл, як идда нажодпарасти яҳудӣ, зимни таъсиси ҳизбе ба номи “саҳюнизм” ва бо ин иддао, ки ин буқъа аз сарзамин, замонҳое мутааллиқ ба миллати “яҳуд” будааст, ба сарзамини мо таҷовуз карданд. Ин нажодпарастон барои расидан ба ҳадафи худ, аз ҳеҷ чиз дастбардор набуданд. Ҳар чи дар сари роҳашон буд, нобуд карданд. На ба пир раҳм доштанд ва на ба ҷавон ва на ба зану кўдак. Аҷдоди ман ҷиҳати дифоъ аз номус ва шарафи худ, муқовимат карданд. Вале нерўи онҳо бо нерўҳои душман баробарӣ намекард. Душман, илова бар нерў, аз пуштибонии абарқудратҳои замона мисли Англис ва Амрико ҳам бархўрдор буд. Аз ин рў, аз аҷдоди ман, касоне ки тавонистанд, ба кишварҳои ҳамсоя кўч карданд ва касоне ки натавонистанд, дар хонаву кошонаи худ боқӣ монданд.

Аҷдоди ман аз касоне буданд, ки боқӣ монданд. Онҳо насл ба насл, маро ба ватандўстӣ ва ватанпарварӣ тарбият карда омаданд. Ба ман меомўхтанд, ки бояд даст аз ватанам барнадорам. Ман ҳам бо чунин руҳия бузург шуда омадам. Аммо баҳои ин ватандўстӣ бароям гарон омад. Рўзе набуд, ки тўпу туфанги душман бар сари хонаамон фуруд наояд. Вале ман таҳаммул кардам.

Инак, беш аз 60 сол аст, ки таҳаммул мекунам. Ва иншоаллоҳ то охирин рўзи умрам ҳам таҳаммул хоҳам намуд.

Чаҳор сол қабл, зимни интихоботи тақрибан озод, ба касе раъйи худамро додам, ки медонам ватандўст, ватанпарвар ва бошараф аст. Душман аз ин бошарафон хост, ки тан ба зиллат ва хорӣ диҳанд ва душманро ба унвони “соҳиби ин сарзамин” бипазиранд. Табиӣ буд, ки ин бошарафон посухи манфӣ ба чунин дархост бидиҳанд. Душман гуфт: ман туро муҳосира хоҳам намуд ва аз обу таом маҳрумат хоҳам намуд. Гуфтам: Гушна мемонам, ташна мемонам, вале тан ба зиллат намедиҳам.

Албатта ногуфта намонад, ки фарёди худро ба ҷаҳониён расондам. Фарёд баровардам, ки маро кўмак кунед. Аммо касе ба фарёди ман намерасид. Кишварҳои ба истилоҳ озод ва демократӣ, ки демократия ва озодиро ҷуз барои худашон намехоҳанд, тарафи ҷаллодро гирифтанд ва маро “террорист” хонданд. Ба Созмони Милал даст ёзидам ва аз ў хостам маро мусоидат кунад. Аммо зоҳиран, ин созмон ҳам асири абарқудратон ва сармоядорон будааст. Ў ба ман гуфт: агар мехоҳӣ зиндагӣ кунӣ, эътироф кун, ки ин ватан тааллуқ ба яҳуд дорад. Ба созмонҳои ба истилоҳ ҳуқуқи башар муроҷеа намудам. Гуфтам: маро бе ҳеҷ гуноҳе сар мебуранд, ба додам бирасед. Онҳо гуфтанд: замоне яҳуд тавассути Ҳитлер қатли ом шудаанд, вазифаи мо ин аст, ки ҳар чи бигўянд, анҷом диҳем, онҳо эркаи моянд. Ту эътироф кун, ки онҳо соҳиби ин сарзаминанд. Аз ў ҳам ноумед шудам.

Пеши худам гуфтам: фақат ба Худо ва иродаи худ ва ҳамватанонам такя хоҳам намуд ва ҳеҷ гоҳ даст аз ватанам барнамедорам ва то охирин қатраи хуне, ки бар тан дорам, барои озодии ватанам муқовимат хоҳам намуд.

Дирўз, душман дар як ҳуҷуми ноҷавонмардонае, тайи чанд соат 270 тан аз ҳамватанонамро ба шаҳодат ва беш аз 800 тани онҳоро ба ҷароҳат расонид. Медонед ба кадом гуноҳ?

Танҳо ба ин ҷурм, ки ман ҳозир нестам даст аз ватанам бардорам. Танҳо ба ин ҷурм, ки ман озодаам. Танҳо ба ин ҷурм, ки ман то охирин нафасе, ки мекашам, фарёд мезанам: Ин ватан мутааллиқ ба тамоми фаластиниён аст, на яҳуди танҳо.

Инак, ман аз шумо, хонандагони азизи тоҷикӣ, чизе ҷуз ин намехоҳам, ки гоҳ гоҳе маро аз дуои хеш фаромўш накунед. Фиреби душман, созмонҳои дурўғини дифоъ аз ҳуқуқи башар ва дигар созмонҳои байналмилалиро хўрда, маро “террорист” нахонед. Ба Худо савганд ман “террорист” нестам. Ман ватанамро дўст дорам ва то охирин қатраи хуни хеш, аз он дифоъ хоҳам намуд.

http://kemyaesaadat.com/



Бахш: Ҷаҳони исломӣ | Просмотров: 772 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Январ 2009  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz