Душанбе, 26.10.2020, 10:58
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 22 » Интихоби ҳамсар - оғози тарбият (1)
Интихоби ҳамсар - оғози тарбият (1)
20:41
                          (Мақолаҳои силсилавор ба қалами устод Сайидамонуллои Бобоӣ, қисмати аввал)
Донишмандони улуми тарбиятӣ ва соҳибназарони парваришу омӯзиш, дар оғози тарбияти фарзандон ихтилофи назар доранд, гурӯҳе эътиқод доранд тарбиятро аз даврони оғози мактабхонӣ ва омӯзишҳои аввалияи кӯдак, бояд оғоз кард, вақте, ки кӯдак навиштану хонданро меомӯзад ва тарбиятро бо омӯзиш оғоз менамояд ва бо кӯмаки омӯзиш, парвариши рӯҳӣ ва тарбиятро низ оғоз мекунад. Ва ин барномаи тарбиятиро барои писару духтар ба таври баробар, ғолибан аз синини шашсолагӣ оғоз менамоянд.

Ногуфта намонад, ки дунёи мутамаддини имрӯз ва коршиносони фарҳангӣ ва омӯзишу парвариш, синни шаш солро барои омӯзишу таълим дар назар гирифтаанд, на тарбияту парвариши рӯҳӣ-равонӣ ва диниву ахлоқӣ!!! Бинобар ин, дар канори калимоти соддаи омӯзишӣ, калимоти тарбиятӣ ва парвариш камтар ғунҷонда шудааст. Ва ин нишон медиҳад, ки коршиносону равоншиносон дар таълиму омӯзиш синни шашсолагиро барои парвариши рӯҳиву тарбиятӣ муносиб намебинанд. Аз ин сабаб камтар дастуруламали омӯзишӣ барои корҳои рӯҳӣ ва тарбиятҳои диниву маънавӣ дар мактабу килоси аввал ба чашм мехӯрад.

Аммо дар Ислом, пайғамбарони илоҳӣ ва пешвоёни дин, махсусан омӯзишу парвариши рӯҳӣ, динӣ ва ибодиро аз синини панҷ то шашсолагӣ тавсия намудаанд.

Ва гурӯҳе аз донишмандон синни тарбияти атфолро аз давраи роҳнамоӣ (аз синфи чаҳорум ба баъд) ё болотар зикр кардаанд.

Ва гурӯҳе аз соҳибназарон эътиқод доранд, ки тарбияти рӯҳӣ, аз ибтидои таваллуд оғоз мегардад.

Вале мо ба лутфи илоҳӣ бо таҳқиқоти васеъ навовариеро ба даст гирифта, масъалаи тарбияти атфолро аз интихоби ҳамсар оғоз намудаем. Дуруст аст, ки ҳанӯз фарзанде вуҷуд надорад, то тарбияташ оғоз гардад, вале агар мо як ҳамсари бофаҳм, олима, мӯъмина ва меҳрубоне, ки шароити тарбияти саҳеҳи фарзандони ояндаи моро дар даст гирад ихтиёр намоем, ба хубӣ метавонем соҳиби як ё чанд фарзанди солеҳ бошем, зеро  бештарин бори тарбиятиву ахлоқӣ, рӯи дӯши модарҳо ниҳода шудааст ва ин модари бокифоят аст, ки муҳимтарин даврони тарбиятии кӯдаконро ба ӯҳда дорад.

Бинобар ин, ба пайравӣ аз қонуни виросат, ҳамсаре интихоб намоем, ки тамомии сифатҳо, саҷоёи ахлоқиву тарбиятии шоиста барои фарзандони ояндаамон дар он хонавода ёфт шавад ва баъд аз тафтиши комилу таҳқиқи густарда, аз он хонавода ҳамсар интихоб намоем, то аз чунин ҳамсар фарзанди шоистаеро интизор барем.

Барои даст ёфтан ба як ҳамсари бокифояту шоиста, ночор бояд илму огоҳӣ аз қонуни виросат дошта бошем ва ё бо машварат ба василаи як донишманд, ки ба илми насабҳо огоҳӣ дошта бошад, битавонем як ҳамсари шоиста ихтиёр кунем. Ҳазрати Алӣ (а) ба воситаи бародараш Ақил, ки ба насабҳои араб огоҳ буд ва ба илми насабҳо низ огоҳӣ дошт, ҳамсари шоистае интихоб кард ва аз он ҳамсар ҳазрати Абулфазли Аббос (а) таваллуд гашт.[1]

Инак ба қонуни виросат мепардозем, то аз ин фасл хостаҳои худро таъмин намуда, аз роҳи виросат гумшудаи худро биёбем.

Амири Мӯъминон Алӣ (а) дар ин бора мефармоянд:

خَيْرُ مَا وَرَّثَ الأبَاءُ أَلأبْنَاءَ ألأدَب

Беҳтарин ирсе, ки падарон метавонанд ба фарзандони худ диҳанд, адабу тарбияти саҳеҳ аст.[2]Сарвату мол танҳо мерос нест, ки падарон барои фарзандон боқӣ мегузоранд, балки асари ҷовидонатар ва ёдгори беҳтару барҷастатар аз адабу тарбият нест, ки волидайн барои фарзандон ба ирс мегузоранд.


[1] Ҳазрати Алӣ (а) пас аз вафоти ҳазрати Фотима (а) бо зане издивоҷ намуданд, ки аз он зан (Уммул-банин) Абулфазл таваллуд гардид.

[2] Ғурар-ул-ҳикам, с 239.

Бахш: Тарбияти фазандон | Просмотров: 1185 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/2 |
Всего комментариев: 1
23.01.2010
1. Гулнора Усмонова [Материал]
Салом. Сайти Шумо бисёр хуб аст ва барои ману дустонам дар хакикат рохнамост. Агар мумкин бошад, маколаи комили "Тарбияи фарзанд"-ро бо почта бароям мефиристодед. mehr-2@mail.ru
Бо сипос-Гулнора Усмонова-Хучанд-рузноманигор-корманди телевизиони "Чахоннамо".

Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz