Сешанбе, 16.04.2024, 08:26
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 22 » Ягонагии Худо
Ягонагии Худо
19:38

Қуръони карим мегўяд: Худованд ба ҳамаи сифатҳои камол муттасиф аст: “Некўтарин номҳо ва болотарин сифатҳо аз они ўст.”[1], “Сифатҳои воло дар саросари ҳастӣ хосси ўст.”[2] Аз ин рў Худованд “ҳай” (зинда) аст, “қодир” (тавоно) аст, “алим” (бениҳоят доно) аст, “мурид” (соҳибирода) аст, “раҳим” (бениҳоят бахшанда ва меҳрубон) аст, “ҳодӣ” (роҳнамо) аст, “холиқ” (офаридгор) аст, “ҳаким” (касе, ки ҳамаи корҳо ва феълҳояш аз рўи ҳикмат аст ва кори беҳуда аз ў содир намешавад) аст, “ғафур” (бахшандаи гуноҳон) аст, “одил” (додрас) аст ва хулоса ҳеҷ сифати камолӣ нест, ки дар ў набошад.

Аз тарафи дигар “ҷисм нест, “мураккаб” нест, “миранда” нест, “оҷиз” нест, “маҷбур” нест, “золим” нест.

Дастаи аввал, ки сифатҳои камолист ва Худованд ба онҳо муттасиф аст, “сифатҳои субутӣ” номида мешавад ва дастаи дуввум, ки аз нақс ва костӣ ношӣ мешавад ва Худованд аз иттисоф ба онҳо пок ва муназзаҳ аст, “сифатҳои салбӣ” номида мешавад.

Мо Худоро, ҳам “сано” мегўем ва ҳам “тасбеҳ” мекунем. Он гоҳ ки ўро сано мегўем ва меситоем, асмои ҳусно (некўтарин номҳо) ва сифатҳои камолии ўро ёд мекунем ва он гоҳ ки ўро тасбеҳ мегўем, ўро аз он чӣ лоиқи ў нест, пок ва муназзаҳ ва мубарро мешуморем ва дар ҳар ду сурат, маърифати ўро барои худамон тасбит мекунем ва ба ин васила худро боло мебарем.

 

Ягонагии Худо

Худованди мутаол мисл ва монанд ва шарик надорад. Асосан маҳол аст, ки Худованд мисл ва монанд дошта бошад ва дар натиҷа ба ҷои як Худо, ду Худо ё бештар дошта бошем. Зеро дуто ё сето ва ё бештар будан, аз хоссиятҳои махсуси мавҷудоти маҳдуди нисбӣ аст. Дар бораи мавҷуди номаҳдуд ва мутлақ, якчандтоӣ ва касрат (беш аз яке будан) маъно надорад.

Масалан мо метавонем як фарзанд дошта бошем ва ҳам метавонем ду фарзанд ё бештар дошта бошем, метавонем як дўст дошта бошем ва ҳам метавонем ду дўст ё бештар дошта бошем. Зеро фарзанд ва ё дўст, ҳар кадом як мавҷуди маҳдуд аст ва мавҷуди маҳдуд метавонад дар мартабаи худ мисл ва монанде дошта бошад ва дар натиҷа якчандтоӣ ва касрат бипазирад. Аммо мавҷуди номаҳдуд, якчандтоиро намепазирад. Мисоли зерин ҳарчанд аз як назар кофӣ нест, вале барои тавзеҳи матлаб муфид аст.

Дар бораи ҷанбаҳои ҷаҳони моддӣ ва маҳсус, яъне ҷаҳони ҷисмҳо, ки машҳуд ва малмуси мост, донишмандон ду гуна назар додаанд. Бархе муддаӣ ҳастанд, ки ҷанбаҳои ҷаҳон, маҳдуд аст, яъне ин ҷаҳони маҳсус ба ҷое мерасад, ки дар он ҷо дигар тамом мешавад. Вале бархе дигар муддаӣ ҳастанд, ки ҷанбаҳои ҷаҳони моддӣ, номаҳдуд аст ва аз ҳеҷ тараф поён намепазирад; ҷаҳони модда, аввал ва охир ва васат надорад. Агар мо ҷаҳони модда ва ҷисмро маҳдуд бидонем, як пурсиш барои мо матраҳ мешавад ва он ин ки: Оё ҷаҳони моддии ҷисмонӣ “як” аст ё бештар? Вале агар ҷаҳон, номаҳдуд бошад, дигар фарзи ҷаҳони ҷисмонии дигаре ғайри ин ҷаҳон, номаъқул аст, ҳарчиро, ки ҷаҳони дигар фарз кунем, айни ин ҷаҳон ё ҷузъе аз ин ҷаҳон аст.

Ин мисол марбут аст ба ҷаҳони ҷисмҳо ва вуҷудҳои ҷисмонӣ, ки маҳдуд ва машрут ва махлуқ офарида шудаанд ва ҳеҷ кадом, воқеъияташон воқеъияти мутлақ ва мустақил ва қоим ба зот нест. Ҷаҳони моддӣ дар айни ин ки аз назари ҷанбаҳо номаҳдуд аст, аз назари воқеъият маҳдуд аст. Ва чун бино ба фарз аз назари ҷанбаҳо номаҳдуд аст, дуввум барояш фарз намешавад.

Худованди мутаол вуҷуди номаҳдуд ва воқеъияти мутлақ аст ва бар ҳамаи чизҳо иҳота дорад ва ҳеҷ макон ва замоне аз ў холӣ нест ва (ба таъбири Қуръони карим) аз раги гардани мо ба мо наздиктар аст. Пас маҳол аст, ки мисл ва монанде дошта бошад, балки мислу монанд барояш фарз ҳам намешавад.

Ба илова мо осори иноят ва тадбир ва ҳикмати ўро дар ҳамаи мавҷудот мебинем ва дар саросари ҷаҳон як иродаи воҳид ва машийати (хости) воҳид ва назми воҳид мушоҳида мекунем ва ин худ нишон медиҳад, ки ҷаҳони мо “якконунӣ” аст, на “дуконунӣ” ва “чандконунӣ”.

Гузашта аз инҳо агар ду Худо ва ё бештар мебуд, мебоист ду ирода ва ду машиат ва ё бештар дахолат дошт ва ҳамаи он машиатҳо ба нисбати воҳид дар корҳо муассир мебуд ва ҳар мавҷуде, ки мебоист мавҷуд шавад бояд дар они воҳид ду мавҷуд бошад то битавонад ба ду конун мунтасиб бошад ва боз ҳар як аз он ду мавҷуд низ ба навбати худ ду мавҷуд бошанд ва дар натиҷа ҳеҷ мавҷуде падид наояд ва ҷаҳон несту нобуд бошад. Ин аст ки Қуръони карим мегўяд:
 “Агар Худоёни мутааддид (якчандто) ғайр аз зоти ягонаи ў вуҷуд медошт, осмон ва замин табоҳ  шуда буданд.”[3]


[1] - Сураи Ҳашр, ояти 24.

[2] - Сураи Рум, ояти 27.

[3] - Сураи Анбиё, ояти 22.

Бахш: Худошиносӣ | Просмотров: 1129 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/1 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz