Шанбе, 20.04.2024, 11:00
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 22 » Ракъати дуюм
Ракъати дуюм
19:19

Пас аз ракъати аввали намоз, бе он ки сурати намоз баҳам хӯрад ва ё фосилае эҷод шавад, Аллоҳу акбар гӯён сар аз саҷда бардошта ва бидуни нишастан ва ниҳодани дастҳо бар замин, бо такя ба поҳо, барои раъкати дуюм бармехезӣ.

Гуфт: Ракъати дуюм чӣ гуна аст?

Гуфтам: Ракъати дуюм низ монанди ракъати аввал аст, танҳо бо ин фарқ, ки дар ракъати дуюм дастонатро баланд намекунӣ ва Сано ва Аъузу биллоҳ низ дар он вуҷуд надорад.

Ташаҳҳуд

Гуфт: Баъд аз ракъати дуюм чӣ кор кунам?

Гуфтам: Пас аз тамом шудани саҷдаи дуюм аз ракъати дуюм, пои чапи худро бар замин ҳамвор намуда ва болои он менишинӣ ва пои ростатро дар ҳоле ки ангуштони он ба ҷониби қибла қарор дода мешаванд, рост менамоӣ ва дастони худро дар ҳоле ки миёни ангуштон боз ва ба ҷониби қибла ҳастанд, бар болои ронҳоят мениҳӣ ва сипас ташаҳҳуд мехонӣ.

Гуфт: Ташаҳҳуд чӣ гуна хонда мешавад?

Гуфтам: Ташаҳҳуд ба ин сурат хонда мешавад:

 

التَّحِيَّاتُ للهِ وَالصَّلَوَاتُ وَالطَّيَِبَاتُ. السَّلامُ عَلَيْكَ أَيُّهَا النَّبِيُّ وَرَحْمَةُ اللهِ وَبَرَكَاتُهُ. السَّلامُ عَلَيْنَا وَعَلَى عِبَادِ اللهِ الصَّالِحِينَ. أَشْهَدُ أَلاَّ إِلَهَ إِلاَّ اللهُ وَأَشْهَدُ أَنَّ مُحَمَّداً عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ

 
Аттаҳиёту лиллаҳи вас солавату ват таййибат. Ассаламу алайка айюҳан набийю ва раҳматуллоҳи ба барокатуҳ. Ассаламу алайна ва ала ибадиллаҳис солиҳин. Ашҳаду алла илаҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва росулуҳ.
                                                                       
Бидон, ки занон дар ташаҳҳуд, бар болои думбаи чапи худ поҳояшонро ба ҷониби рост берун кашида менишинанд.

Салавот, дуо ва салом

Гуфт: Баъд аз хондани ташаҳҳуд чӣ кор бояд кунам?

Гуфтам: Агар намоз ду ракъатӣ буд (мисли ду ракъат фарз ва ё суннати бомдод), баъд аз ташаҳҳуд салавот бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва дуо низ мехонӣ, ба ин сурат:

 

أَللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّدٍ كَمَا صَلَّيْتَ عَلَى إِبْرَاهِيمَ وَعَلَى آلِ إِبْرَاهِيمَ إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيدٌ، أَللَّهُمَّ بَارِكْ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّدٍ كَمَا بَارَكْتَ عَلَى إِبْرَاهِيمَ وَعَلَى آلِ إِبْرَاهِيمَ إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيدٌ، أَللَّهُمَّ اغْفِرْ لِي وَلِوَالِدَيَّ وَلِجَمِيعِ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ وَالْمُسْلِمِينَ وَالْمُسْلِمَاتِ، بِرَحْمَتِكَ يَا أَرْحَمَ الرَّاحِمِينَ.

 

Аллоҳумма салли ала Муҳаммадин ва ала Оли Муҳаммад, кама соллайта ала Иброҳима ва ала Оли Иброҳима, иннака ҳамидум маҷид. Аллоҳумма барик ала Муҳаммадин ва ала Оли Муҳаммад, кама барокта ала Иброҳима ва ала Оли Иброҳима, иннака ҳамидум маҷид.

Аллоҳум‒мағфир‒ли ва ли валидайя ва ли ҷамиил муъминина вал муъминот, вал муслимина вал муслимот, бироҳматика ё арҳамар роҳимин.

Баъд аз дуо, бо ду бор салом додан; аввал ба тарафи рост ва сипас ба тарафи чап, аз намоз хориҷ мешавӣ. Салом ба ин сурат аст:

 

السَّلامُ عَلَيْكُمْ وَرَحْمَةُ اللهِ

 

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ.
                                                                            
 
 
 
 
Бахш: Омӯзиши намоз | Просмотров: 1426 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz