Ҷумъа, 19.04.2024, 22:10
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 22 » Ракъати аввал (1)
Ракъати аввал (1)
18:52

Гуфт: Баъд аз иқома чӣ кор мекунам?

Гуфтам: Баъд аз иқома вориди намоз мешавӣ ба ин шарҳ:

1. Ният, яъне ҳангоме ки намозро шурӯъ мекунӣ, бояд бидонӣ, ки чӣ намозе мехонӣ, масалан намози бомдод аст ё аср ва бояд онро танҳо барои итоати фармони илоҳӣ баҷо оварӣ. Инро ният мегӯянд.
2. Такбири таҳрима, яъне ангуштони бузурги худро ба нармии гӯшҳоят расонда ва дар ҳоле ки кафҳои дастат ба сӯи қибла ҳастанд, Аллоҳу акбар гӯён вориди намоз мешавӣ. Ба ин кор такбири таҳрима мегӯянд. Маънояш ин аст, ки бо Аллоҳу акбар гуфтан, ҳамаи чизҳои дунё барои ту ҳаром мешавад ва таваҷҷӯҳат бояд фақат ба Худо бошаду бас.
                                                                           

Бояд бидонӣ, ки занон дар такбири таҳрима дастҳояшонро то баробари шонаҳояшон баланд мекунанд.

Инро ҳам бидон, ки аз оғоз то поёни намоз, бояд аз ин корҳо, ки намозро вайрон мекунанд, бипарҳезӣ:

1.      Сухан гуфтан;

2.      Оҳу нола кашидан;

3.      Барои кори дунё гиристан;

4.      Хӯрдан ва ё ошомидан;

5.      Бо қаҳ‒қаҳа хандидан;

6.      Рӯй аз қибла баргардондан;

7.      Баҳам задани сурати намоз, мисли роҳ рафтан.

 

3. Баъд аз такбири таҳрима, дасти ростатро болои дасти чапи худ гузошта, ба зери ноф мениҳӣ ва сано мехонӣ. Сано ба ин тартиб аст:

 

سُبحَانَكَ اللَّهُمَّ وَبِحَمْدِكَ وَتَبَارَكَ اسْمُكَ وَتَعَالَى جَدُّكَ وَلا إِلَهَ غَيْرُكَ

 
Субҳанакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрука
                                                                       
Бидон, ки занон пас аз такбири таҳрима, кафи дасти росташонро болои кафи дасти чап гузошта ва бар синаи худ мениҳанд ва сано мехонанд.
Бахш: Омӯзиши намоз | Просмотров: 1132 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz