Душанбе, 26.10.2020, 10:23
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 22 » Башорат ба Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)
Башорат ба Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)
00:24

Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бар яҳуду насоро чунин эҳтиҷоҷ менамуд, ки башорат ба ў дар китоби Аҳдайн (Таврот ва Инҷил) омадааст ва ҳазрати Мўсо ва Исо (Алайҳимас салом) паёмбарии ўро мужда додаанд ва мегуфт, ки агар аҳли китоб ба китобҳояшон − ҳатто баъд аз таҳриф шуданаш − муроҷеа кунанд, он башоратҳоро пайдо хоҳанд кард. Дар Қуръони Карим омадааст:

 

الَّذِينَ آتَيْنَاهُمُ الْكِتَابَ يَعْرِفُونَهُ كَمَا يَعْرِفُونَ أَبْنَاءهُمْ وَإِنَّ فَرِيقاً مِّنْهُمْ لَيَكْتُمُونَ الْحَقَّ وَهُمْ يَعْلَمُونَ.

 

Гурўҳе, ки Мо бар онҳо китоб фиристодем (яъне аҳли китоб), Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)−ро ба хубӣ мешиносанд ба он гуна, ки фарзандони худро мешиносанд, вале гурўҳе аз онон аз роҳи инод ҳақро пинҳон мекунанд дар сурате, ки илм ба он доранд”.[1]

Ва ҳам омадааст:

 

الَّذِينَ يَتَّبِعُونَ الرَّسُولَ النَّبِيَّ الأُمِّيَّ الَّذِي يَجِدُونَهُ مَكْتُوبًا عِندَهُمْ فِي التَّوْرَاةِ وَالإِنْجِيلِ يَأْمُرُهُم بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَاهُمْ عَنِ الْمُنكَرِ وَيُحِلُّ لَهُمُ الطَّيِّبَاتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبَآئِثَ  ...

 

Онон, ки пайравӣ кунанд аз Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва пайғамбари уммӣ (дарснахонда), ки дар Таврот ва Инҷиле, ки дар дасти онҳост (ному нишонашро ва авсофашро) нигошта мебинанд (ки он Расул) онҳоро амр ба ҳар некӣ ва наҳй аз ҳар зиштӣ хоҳад кард...[2]

Ва ҳам дар Қуръон омадааст:

 

وَإِذْ قَالَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ يَا بَنِي إِسْرَائِيلَ إِنِّي رَسُولُ اللَّهِ إِلَيْكُم مُّصَدِّقًا لِّمَا بَيْنَ يَدَيَّ مِنَ التَّوْرَاةِ وَمُبَشِّرًا بِرَسُولٍ يَأْتِي مِن بَعْدِي اسْمُهُ أَحْمَدُ فَلَمَّا جَاءهُم بِالْبَيِّنَاتِ قَالُوا هَذَا سِحْرٌ مُّبِينٌ.

 

Ва ёд ор ҳангоме, ки Исо ибни Марям ба Бани Исроил гуфт: Ман ҳамоно расули Худо ба сўи шумо ҳастам ва ҳаққонияти китоби Тавротро, ки дар баробари ман аст тасдиқ мекунам ва низ шуморо мужда медиҳам, ки баъд аз ман расули бузургворе, ки номаш Аҳмад аст биёяд...[3]

Инак, нигоҳе меандозем ба китоби Инҷили имрўза, ки оё дар он − ҳарчанд таҳрифшуда аст − метавон чизе пайдо кард, ки башорат ба ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бошад:

1. Агар Маро дўст доред, аҳкоми маро риоят хоҳед кард. Ва Ман аз Падар илтимос хоҳам кард ва Ў ба шумо “Пуштибон”−и дигаре ато хоҳад кард, то ки ҳамеша бо шумо бимонад.[4]

2. Лекин “Пуштибон”, яъне Руҳулқудс, ки Падар Ўро ба исми Ман хоҳад фиристод, ҳама чизро ба шумо таълим хоҳад дод ва ҳар чиро ки ба шумо гуфтам, ба ёди шумо хоҳад овард.[5]

3. Лекин чун “Пуштибон”, ки Ўро аз ҷониби Падар назди шумо мефиристам, биёяд, яъне Руҳи ростӣ, ки аз Падар содир мегардад, Ў бар Ман шаҳодат хоҳад дод ва шумо низ шаҳодат хоҳед дод, Зеро, ки аз ибтидо бо Ман будаед.[6]

4. Лекин ба шумо рост мегўям: рафтани Ман барои шумо беҳтар аст, зеро, ки агар Ман наравам, “Пуштибон” назди шумо нахоҳад омад ва агар биравам, Ўро назди шумо мефиристам. Ва чун Ў ояд, ҷаҳонро бар гуноҳ[7] ва бар адолат ва бар доварӣ мулзам хоҳад кард.[8]

5. Лекин чун Ў, яъне Руҳи ростӣ ояд, шуморо ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ хоҳад кард, зеро, ки аз Худ нахоҳад гуфт, балки ҳар чи мешунавад, онро хоҳад гуфт ва аз воқеоти оянда ба шумо хабар хоҳад дод.[9]

Ҳоло, мо аз куҷо мегўем, ки ин башоратҳо марбут ба ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мебошанд? Тавзеҳ он ки аввалан Масеҳ (Алайҳис салом) бо забони ибрӣ сухан мегуфта ва сониян тамоми муаррихон иттифоқи назар доранд, ки Инҷилҳои сегона (Марқўс, Луқо ва Юҳанно) аз ҳамон рўзҳои аввал ба забони юнонӣ навишта шудаанд ба ҷуз Инҷили Матто, ки ба забони ибрӣ навишта шуда буд.

Бинобар ин, Масеҳ (Алайҳис салом) башорати худро ба забони ибрӣ гуфта буда, вале котиби Инҷил (яъне Юҳанно) онро ба юнонӣ баргардонда. Бар ин котиб воҷиб буд, ки лафзро − ҳарчанд ба забони ибрӣ бошад ҳам − бе ҳеҷ дахлу тасарруф бикўчонад, на ин ки тарҷумааш кунад. Лекин Юҳанно онро тарҷума карда.

Ҳоло бубинем Юҳанно онро ба юнонӣ чӣ тарҷума кардааст? Тарҷумаи ўро метавон ба ду сурат хонд: ё “Параклетос”[10] ва ё “Периклотес”.[11] Аввалӣ ба маънои таслиятбахшанда, пуштибон ва такягоҳ мебошад ва дуюмӣ ба маънои писандида ва маҳмуд аст, ки муродиф аст бо калимаи “аҳмад”. Муфассирон ва мутарҷимони Инҷилҳо исрор доранд, ки мурод, маънои аввалист (ки ба ҳамин хотир тарҷумони тоҷикии Бибилия низ, ки шахсе ба номи Мордехай бен−Ҳиё Бачаев мебошад, онро ба “Пуштибон” тарҷума кардааст). Ва ҳам исрор мекунанд, ки мурод аз “Пуштибон” Руҳул−қудс аст, яъне ҳамон касе, ки баъд аз фуқдони Масеҳ (Алайҳис салом) бар ҳаввориён нозил шуд.

Вале агар дар суханони ҳазрати Масеҳ (Алайҳис салом) бештар диққат ба амал ояд, комилан равшан мешавад, ки муроди ў аз ин шахс, Паёмбари хотам мебошад. Зеро, ки ҷумлаҳое чун “...пуштибоне дигаре ато хоҳад кард то ки ҳамеша бо шумо бимонад” ва “...ҳама чизро ба шумо таълим хоҳад дод ва ҳар чиро ки ба шумо гуфтам, ба ёди шумо хоҳад овард” ва “Ў бар Ман шаҳодат хоҳад дод ва шумо низ шаҳодат хоҳед дод” ва “Ва чун Ў ояд, ҷаҳонро бар гуноҳ[12] ва бар адолат ва бар доварӣ мулзам хоҳад кард” ва “шуморо ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ хоҳад кард, Зеро, ки аз Худ нахоҳад гуфт, балки ҳар чи мешунавад, онро хоҳад гуфт ва аз воқеоти оянда ба шумо хабар хоҳад дод” ба равшанӣ гўёи ин ҳастанд, ки ин башоратшуда инсоне мисли худи Масеҳ (Алайҳис салом) аст, на вуҷуде ғайри инсонӣ. Ва агар гуфта шавад, ки дар ҳамин суханон аз ў ба “Руҳи ростӣ” низ таъбир шуда, гўем: Маънои ин калима он аст, ки ў дорои руҳи ростист, ки бетардид дар мавриди Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дуруст меояд.

Агар мурод, он бошад, ки масеҳиён мегўянд, аз онҳо савол мешавад, ки ин “Руҳул−қудс”, ки мегўед, чӣ касест? Чун худатон дар баъзе маворид худи Масеҳ (Алайҳис салом)−ро ба Руҳул−қудс мехонед. Оё ў худи Масеҳ аст ё шахси дигар?

Ба ҳар ҳол, ҳамаи ин гуфтаҳои мо бо таваҷҷўҳ ба ин аст, ки ин Инҷилҳо таҳрифшуда мебошанд ва мо намедонем, ки дар ин гуфтаҳои Масеҳ (Алайҳис салом) чӣ таҳрифҳое ба амал омада ва чӣ ҷумалот ва чӣ калимоте изофа ва ё аз он кам карда шудааст?

Илова бар ин, Инҷили дигаре ҳам ҳаст, ки масеҳиён онро эътироф намекунанд дар ҳоле ки ҳеҷ далеле бар инкори он надоранд. Ва он Инҷил, Инҷили “Барнобо” мебошад. Барнобо низ яке аз ҳаввориёни машҳур аст. Фарқи ин Инҷил аз Инҷилҳои боқимонда дар ин аст, ки:

1.               Худо будани Масеҳро ва ин ки писари Худо бошад инкор мекунад;

2.               Забеҳро Исмоил медонад, на Исҳоқ;

3.               Масеҳи мунтазарро “Муҳаммад” медонад ва ин исм ба гунаи равшан дар ин Инҷил зикр  гардидааст;
 4.       Дар ин Инҷил гуфта нашудааст, ки Масеҳ ба салиб кашида шуд, балки мегўяд Масеҳ ба осмон бурда шуд.


[1]−Сураи Бақара, ояти 146.

[2]−Сураи Аъроф, ояти 157.

[3]−Сураи Саф, ояти 6.

[4]−Библия, Аҳди ҷадид, Инҷили Юҳанно, боби 14, шумораи 15 ва 16.

[5]−Библия, Аҳди ҷадид, Инҷили Юҳанно, боби 14, шумораи 26.

[6]−Библия, Аҳди ҷадид, Инҷили Юҳанно, боби 15, шумораи 26 ва 27.

[7]Ин ки чаро бар гуноҳ, зеро ки ба Ман имон намеоваранд.

[8]−Библия, Аҳди ҷадид, Инҷили Юҳанно, боби 16, шумораи 7 ва 8.

[9]−Библия, Аҳди ҷадид, Инҷили Юҳанно, боби 16, шумораи 13.

[10]−IIAPAKAHTOE (Paracletos).

[11]−IIEPIKAHOTE (Pericletos)/

[12]−Ин ки чаро бар гуноҳ, зеро ки ба Ман имон намеоваранд.

Бахш: Паёмбаршиносӣ | Просмотров: 1022 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz