Ҷумъа, 29.03.2024, 13:19
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 22 » Моҳияти марг
Моҳияти марг
00:01

Марг чист? Оё марг нестӣ ва нобудӣ ва фаност ё таҳаввул ва интиқол аз ҷое ба ҷое ва аз ҷаҳоне ба ҷаҳоне? Ин пурсишест, ки ҳамвора барои башар матраҳ буда ва ҳаст ва ҳар кас моил аст посухи онро мустақиман биёбад ва ё ба посухе, ки дода шуда, имон ва эътиқод пайдо кунад. Мо мусулмонон ба ҳукми ин ки ба Қуръони карим имон ва эътиқод дорем, посухи ин пурсишро аз Қуръони карим мегирем ва ба он чӣ дар ин замина гуфта аст, имон  ва эътиқод дорем.

 

Моҳияти марг дар Қуръон

Қуръони карим посухи вижае бо таъбири хоссе дар бораи моҳияти марг дорад. Қуръон дар ин маврид калимаи “таваффӣ” (ки “вафот” низ аз ҳамон калима аст)-ро ба кор бурда ва маргро таваффӣ хондааст.

 “Таваффӣ” ва “истифо” ҳар ду аз як моддаанд (вафо). Ҳаргоҳ касе чизеро ба камол ва тамом ва бидуни каму каср дарёфт кунад ва ба истилоҳ онро истифо намояд, дар забони арабӣ калимаи таваффиро ба кор мебаранд. “Таваффайтул-мола” яъне тамоми молро бидуни каму каср дарёфт кардам. Дар чаҳордаҳ оят аз оятҳои Қуръони карим ин таъбир дар мавриди марг омадааст. Аз ҳамаи онҳо чунин истинбот мешавад, ки марг аз назари Қуръон таҳвил гирифтан аст. Яъне инсон дар ҳангоми марг, ба тамоми шахсият ва воқеъияташ дар таҳвили маъмурони илоҳӣ қарор мегирад ва онон инсонро дарёфт мекунанд. Аз ин таъбири Қуръон матолиби зерин истифода мешавад:

а) Марг нестӣ ва нобудӣ ва фано нест, интиқол аз оламе ба олами дигар ва аз нашъае ба нашъаи дигар аст ва ҳаёти инсон ба гунае дигар идома меёбад;

б) Он чӣ шахсияти воқеъии инсонро ташкил медиҳад ва “ман”-и воқеъии ў маҳсуб мешавад, бадан ва ҷиҳозоти баданӣ ва ҳар чӣ аз тобеъҳои бадан ба шумор меравад нест. Зеро бадан ва ҷиҳозоти баданӣ ва тобеъҳои онҳо ба ҷое таҳвил намешаванд ва дар ҳамин ҷаҳон тадриҷан аз байн мераванд. Он чизе, ки шахсияти воқеъии моро ташкил медиҳад ва “ман”-и воқеъии мо маҳсуб мешавад, ҳамон аст, ки дар Қуръон аз он ба “нафс” ва аҳёнан ба руҳ таъбир шудааст.

в) Руҳ ё нафси инсон, ки милоки шахсияти воқеъии инсон аст ва ҷовидонагии инсон ба воситаи ҷовидонагии ўст, аз назари мақом ва мартабаи вуҷудӣ дар уфуқе мофавқи модда ва моддиёт қарор гирифтааст. Руҳ ё нафс, ҳарчанд маҳсули такомули ҷавҳарии табиат аст, аммо табиат дар асари такомули ҷавҳарӣ, ки табдил ба руҳ ё нафс мешавад, уфуқи вуҷудиаш ва мартаба ва мақоми воқеъияш иваз мешавад ва дар сатҳи болотаре қарор мегирад, яъне аз ҷинси олами дигаре мешавад, ки олами моварои табиат аст. Бо марг руҳ ё нафс ба нашъае, ки аз синх ва нашъаи руҳ аст мунтақил мешавад ва ба таъбири дигар, ҳангоми марг, он ҳақиқати мофавқи моддӣ бозситонда ва таҳвил гирифта мешавад.

 

Далолати Қуръон бар вуҷуди руҳ

Қуръони карим дар бархе оятҳои дигар, ки дар бораи хилқати инсон баҳс карда ва марбут ба маъод ва ҳаёти охиратӣ нест, ин матлабро гўшзад карда, ки дар инсон ҳақиқате ҳаст аз ҷинс ва синхи моварои ҷинси обу гил. Дар бораи одами аввал мегўяд:

Ва дамидам дар ў (инсон) аз руҳи худ[1]

Масъалаи руҳ ва нафс ва бақои руҳ пас аз марг аз муҳимтарин маорифи исломист. Ниме аз маорифи асили ғайри қобили инкори исломӣ бар асолати руҳ ва истиқлоли он аз бадан ва бақои пас аз марги он устувор аст, ҳамчунон ки инсоният ва арзишҳои воқеъии инсонӣ бар ин ҳақиқат устувор аст ва бидуни он, ҳамаи онҳо мавҳуми маҳз аст.

Тамоми оятҳое, ки сареҳан зиндагии билофосила пас аз маргро баён мекунанд, ки намунаҳое аз онҳо дар ин ҷо оварда ва меоварем, далел аст, ки Қуръони карим руҳро воқеъияте мустақил аз бадан ва боқӣ баъд аз фанои бадан медонад.

Бархе мепиндоранд, ки аз назари Қуръон руҳ ва нафсе дар кор нест. Инсон бо мурдан поён мепазирад, яъне пас аз марг шуъуру идрок ва суруру ранҷе дар кор нест то он гоҳ ки қиёмат бапо шавад ва инсон ҳаёти дигар биёбад. Танҳо он вақт аст, ки инсон бори дигар худ ва ҷаҳонро меёбад. Вале оятҳое, ки сареҳан ҳаёти билофосила пас аз маргро баён мекунад, далели қотеист бар радди ин назария.

Ин гурўҳ мепиндоранд далели қоилин ба руҳ, ояти каримаи “Бигў руҳ аз амри парвардигори ман аст”[2] мебошад ва мегўянд дар Қуръон мукаррар номи руҳ ба миён омада дар ҳоле ки мақсуд чизи дигар аст. Ин оят низ ҳамон маъниро тарҳ карда, ки дар он оятҳо тарҳ шудааст.

Ин гурўҳ намедонанд, ки далели қоилин ба руҳ ин оят нест, дар ҳудуди бист ояти дигар аст. Инро ҳам бигўем, ки ин оят ба кўмаки оятҳои дигаре, ки зикри руҳ дар он оятҳо омада, ки бархе ба сурати мутлақ (руҳ) ва баъзе ба суратҳои муқайяд (руҳи мо, руҳи қудс, руҳи ман, руҳе аз амри мо ва ғайра) омадааст ва аз он ҷумла дар мавриди инсон бо таъбири “Ва дамидам дар ў (инсон) аз руҳи худ” омадааст, нишондиҳандаи ин аст ки аз назари Қуръон ҳақиқате вуҷуд дорад бартар аз малоика ва бартар аз инсон ба номи руҳ. Малоика ва инсонҳо руҳи хешро аз файзи ў ба изни парвардигор доранд. Яъне маҷмўъи оятҳои руҳ ба замимаи ояти “Ва дамидам дар ў (инсон) аз руҳи худ” , ки дар бораи инсон омадааст, нишон медиҳад, ки руҳи инсон воқеъияти ғайри моддӣ дорад.

 

Намунае аз оятҳои “таваффӣ”

Акнун барои ин ки намунаҳое аз оятҳое, ки дар он оятҳо аз марг ба “таваффӣ” (ба тамом ва камол дарёфт кардан) таъбир шудааст ва дар баъзе аз онҳо як силсила амалҳои ҳаётӣ ба инсонҳо билофосила пас аз марг нисбат дода шуда (аз қабили муколима, орзу, тақозо) ба даст диҳем, се оят аз чаҳордаҳ ояте, ки дар онҳо таъбири “таваффӣ” омадааст, меоварем:

1.               “Ҳамоно касоне ки дар ҳоле ки ситамгар бар худ буданд фариштагон (маъмурони Худо) ононро ба тамом ва камол дарёфт карданд, фариштагон ба онҳо гуфтанд: Дар чӣ вазъе ба сар мебурдед? Онон гуфтанд: Мо мардуме забун ва зердаст ва маҳкуми муҳит будем. Фариштагон ба онҳо гуфтанд: Оё замини Худо фарох набуд, ки ба он кўч кунед? Пас ҷойгоҳи онҳо ҷаҳаннам аст ва бад саранҷомест.[3]

Ин оят гузашта аз ин ки аз марг бо калимаи “таваффӣ” (ба тамом ва камол дарёфт кардан) таъбир кардааст, расман аз як ҷараёни муколима миёни фариштагон ва инсон дар лаҳазоти пас аз марг сухан мегўяд. Бадеҳист, ки агар воқеъияти инсон боқӣ набошад ва ҳамаи воқеъияти инсон лошаи беҳис ва бешуъур бошад, муколима маъно надорад. Ин оят мефаҳмонад, ки пас аз он ки инсон аз ин ҷаҳон ва аз ин нашъа меравад, бо чашму гўшу забони дигар бо мавҷудоти диданашаванда ба номи фариштагон ба гуфту шунуд мепардозад.

2.               “Ва гуфтанд оё он гоҳ ки мо гум дар замин шудем, оё мо дар офариниши наве қарор хоҳем гирифт? (Ин суханон баҳона аст) ҳақиқат ин аст ки инҳо (аз рўи якравӣ) мулоқоти парвардигори хешро мункиранд. Бигў ҳамоно фариштаи марг, ки муваккал бар шумост, шуморо дар ҳангоми марг ба тамом ва камол дарёфт мекунад. Сипас ба сўи Худо бозгардонда мешавед.[4]

Дар ин оят Қуръони карим яке аз ишколҳои мункиронро дар мавриди маъод ва ҳаёти пас аз марг зикр мекунад ва посух мегўяд.

Ишкол ин ҷо ин аст ки пас аз марг ҳар зарраи мо нобуд мешавад, ба ҷое меравад ва асаре аз мо нест, чигуна мумкин аст мавриди офариниши наве қарор гирем?

Посухи Қуръон зимни ишора ба ин ки ин шубҳаҳо баҳонаҷўиҳоест, ки дар асари ҳолати саркашӣ ва инкор иброз медоранд, ин аст ки бар хилофи иддиои шумо, шумо (мани воқеъӣ ва шахсияти воқеъии шумо) он чизе нест, ки шумо фикр мекунед гум мешавад. Шумо ба тамоми шахсият ва кулли воқеъият дар ихтиёри фариштаи худо қарор мегиред.

Айни ин шубҳа, ки марбут аст ба пора пора шудан ва гум шудани аҷзои бадан, дар оятҳои дигари Қуръон низ омадааст ва ҷавоби дигаре ба он дода шудааст ва он ки ҳамаи ин “гум шуданҳо” аз назари шумо гум шудан аст. Барои башар душвор ва балки номумкин аст, ки ин зарротро ҷамъоварӣ кунад, аммо барои Худо, ки илм ва қудраташ бепоён аст, ҳеҷ душворие нест.

Дар оятҳои мазкур сухани мункирон мустақиман дар бораи аҷзои бадан аст, ки чигуна ва аз куҷо ҷамъоварӣ мешавад? Вале дар ин ҷо ба гунае дигар ҷавоб додааст, зеро дар ин ҷо сухан танҳо дар ин нест, ки аҷзои бадани ҳар кадом ба ҷое меафтад ва асаре аз онҳо нест, балки дар ин аст ки бо гум шудани аҷзои бадан, мо гум мешавем ва дигар мову ман дар кор нест. Ба иборати дигар, сухани шубҳакунандагон ин аст ки бо пора пора шудани аҷзои бадан шахсияти воқеъии мо несту нобуд мешавад. Қуръон дар ин ҷо ингуна посух мегўяд, ки бар хилофи гумони шумо шахсияти воқеъии шумо ҳеҷ вақт гум намешавад то ниёзе ба пайдо кардан дошта бошад. Аз аввал дар ихтиёри фариштагони мо қарор мегирад.

3. “Худованд нафсҳоро дар ҳангоми мавт ва он ки намурдааст, дар ҳангоми хоб ба тамом ва камол дарёфт мекунад. Пас он касро, ки муқаррар шудааст бимирад нигаҳ медорад ва дигареро то муддати муайяне бозмефиристад.[5]

Ин оят шабоҳат ва синхияти хоб ва марг – ва зимнан шабоҳат ва синхияти бедорӣ ва барангехта шудан дар охират –ро баён мекунад. Хоб, марги заиф ва кучак аст ва марг, хоби шадид ва бузург ва дар ҳар ду марҳала, руҳ ва нафси инсон аз нашъае ба нашъаи дигар интиқол меёбад, бо ин тафовут, ки дар ҳангоми хоб, инсон одатан таваҷҷўҳ надорад ва ҳангоме ки бедор мешавад намедонад, ки дар ҳақиқат аз сафаре бозгаштааст, бар хилофи ҳолати марг, ки ҳама чиз бар ў рўшан аст.
 Аз маҷмўъи ин се оят комилан метавон фаҳмид, ки моҳияти марг аз назари Қуръон несту нобудӣ ва тамом шудан нест, балки интиқол аз нашъае ба нашъаи дигар аст. Зимнан моҳияти хоб аз назари Қуръон рўшан шуд, маълум шуд, ки хоб ҳарчанд аз назари ҷисмӣ ва зоҳирӣ таътили қувваҳои табиист, вале аз назари руҳӣ ва нафсӣ навъе гурез ва руҷўъ ба ботин ва малакут аст. Масъалаи хоб низ монанди масъалаи марг аз назари илм аз маҷҳулот аст. Он чӣ илм дар ин замина мешиносад, қисмате аз ҷараёноти ҷисмонист, ки дар қаламрави бадан сурат мегирад.


[1] - Сураи Ҳиҷр, ояти 29.

[2] - Сураи Исро, ояти 85.

[3] - Сураи Нисо, ояти 97.

[4] - Сураи Саҷда, ояти 10 ва 11.

[5] - Сураи Зумар, ояти 42.

Бахш: Маодшиносӣ | Просмотров: 2107 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz