Сешанбе, 23.04.2024, 09:12
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Иҷтиҳодпазирӣ
Иҷтиҳодпазирӣ
04:27
Яке аз мушаххассоти ислом аз назари идеологӣ, иҷтиҳодпазирии он аст. Куллиёти исломӣ ба гунае танзим шудааст, ки иҷтиҳодпазир аст. Иҷтиҳод, яъне кашф ва татбиқи усули куллӣ ва собит бар мавориди ҷузъӣ ва тағйирёбанда. Дар баҳсҳои қаблӣ гузашт, ки аз асоситарин розу рамзи ҷовидонагӣ ва ҳамаҷониба будани дастурот ва “боядҳо” ва “набоядҳо”-и исломӣ, яке, ба сурати куллӣ баён шудани онҳост, ки қобилияти татбиқ бар мавориди ҷузъиро дорад (ва мисолҳоеро ҳам барои он зикр намудем) ва дигар, доштани усули собит, ки қобили татбиқ шудан бар мавориди тағйирёбанда аст. Дар додаҳо ва маорифи ҳеҷ дине аз динҳои мавҷуди осмонӣ (масеҳият ва яҳудият) ба андозаи маорифи исломӣ, наметавон ба матолибе куллӣ ва собит, ки қобили татбиқ бар мавориди ҷузъӣ ва тағйирёбанда бошад, бархўрд намуд.  Ба ҳамин ҷиҳат маорифи онҳо иҷтиҳодпазир намебошад. Аслан набояд ҳам иҷтиҳодпазир бошад, зеро иҷтиҳодпазирӣ ва дарбар доштани куллиёт ва собитҳое, ки қобили татбиқ бар ҷузъиёт ва мавориди тағйирёбанда бошад, махсуси дини ҷовид аст, ки дастуроташ бояд то поёни ҷаҳон қобили пиёда шудан бошад. Аммо маориф ва дастуроти динҳое мисли масеҳият ва яҳудият барои замони хосс ва макони муайяне будааст.

Инҷо ба ин нукта ишора намоем, ки иҷтиҳод (яъне амалиёти кашф ва татбиқи куллиёт ва собитҳо бар мавориди ҷузъӣ ва тағйирёбанда) кори осоне намебошад ва аз дасти ҳар касе сохта нест. Бинобарин, ин амал аз дидгоҳи Ислом, фақат махсуси гурўҳи хоссе аз уммат аст, ки ба онҳо “муҷтаҳидон” ва ё “фуқаҳо” итлоқ мешавад. Қуръони карим дастур мефармояд, ки бояд гурўҳе аз уммат барои фаҳм ва маърифати амиқ ҳосил пайдо кардан ба маорифи исломӣ, камари ҳиммат бибанданд ва “фақеҳ” дар дин гарданд то мардумро ба маорифи динӣ ва вазоифи шаръияшон огоҳ созанд:

...Пас чаро аз ҳар фирқае аз онон, гурўҳе кўч намекунанд то дар дин “фиқҳ” (огоҳӣ ва фаҳми амиқ) пайдо кунанд ва қавми худро – вақте, ки ба сўи онон бозгаштанд – бим диҳанд, бошад, ки онон (аз кайфари илоҳӣ) битарсанд?[1]

Муҷтаҳид ва фақеҳ бояд мароҳили тўлониеро барои фарогирии улум ва маорифи исломӣ тай бикунад то бирасад ба марҳалаи иҷтиҳод ва фақоҳат. Аз сар гузаронидани ин мароҳил ниёз ба гузаронидани солҳое умр пушти мизи дарсӣ дорад.  Аввалин марҳала, марҳалаи муқаддимот аст, ки талаба дар он, бояд ба фарогирии улуме, ки ба “улуми муқаддимотӣ” маъруф ҳаст, бипардозад, аз қабили илми сарф ва наҳви арабӣ, илми маонӣ, баён ва бадеъ, илми мантиқ, улуми қуръонӣ (таҷвид, тафсири Қуръон, муҳкам ва муташобеҳ дар Қуръон ва ғайра), илми усули фиқҳ ва чигунагии истинбот (мутаносиб бо марҳалаи муқаддимотӣ), улуми ҳадисшиносӣ (риҷол ва дироя), таърихи ислом ба таври умум ва таърихи паёмбари акрам(с) ба таври хусус, ошноӣ бо мутуни фиқҳӣ ва ғайра. Баъд аз таййи мароҳили муқаддимотӣ, марҳалаи сатҳ фаро мерасад, ки талаба дар он, бо илми фиқҳ ва усули фиқҳ ва чигунагии истинботи аҳкоми шаръӣ ба таври васеътар ошно шуда ва ба оро ва назароти фуқаҳо ва уламои илми усул ба тафсил огоҳӣ пайдо мекунад. Илова бар он бояд илми риҷол ва дирояро ба таври густардатаре фаро бигирад. Бо пушти сар намудани марҳалаи сатҳ, ворид мешавад ба марҳалаи охир, ки дар истилоҳи мадориси динӣ ба “дарси хориҷ” маъруф аст ва талаба дар муддати он, бояд малакаи иҷтиҳод пайдо намояд, ба иборати дигар, бояд малакаи соҳибназарӣ дар масоили шаръиро ба даст оварад то битавонад ба марҳалаи иҷтиҳод бирасад.

Лозим ба ёдоварист, ки фарогирии ҳамаи он чӣ баён гардид, барои муҷтаҳид гардидан, шарти кофӣ нест, балки шарти лозим аст. Ду шарти муҳимми дигаре низ вуҷуд дорад. Ва он ду шарт, яке риояти тақво ва адолат дар сулук ва рафтори фардӣ ва иҷтимоист “...аммо он касоне аз фуқаҳо, ки нигаҳдорандаи нафси хеш, посдори дини худ, мухолифи ҳавоҳои нафсонӣ ва итоаткунандаи фармони худои хеш ҳастанд, мардум метавонанд аз онҳо (дар дарёфти масоили шаръияшон) тақлид намоянд...[2] ва дигар, ошноӣ бо замон, талабот ва эҳтиёҷоти он аст. Дар ҳадис аст, ки “Олими огоҳ ба замони хеш мавриди ҳуҷуми шароит ва авзои гуногун ва мухталиф қарор намегирад.

Сирри ин ки олими дин шудан дар шариъати ислом машрут бар ин шартҳои сахт ва аҳёнан машаққатовар мебошад, он аст ки қисмати асосии вазифаҳое, ки дар давраи кўдакии башар (дар даврони қабл аз даврони рисолати исломӣ) “ваҳй” анҷом медодааст, дар давраи рушд ва булуғи ақл ва илм, бар ўҳдаи уламои уммат бор шудааст. Бар ин асос аст, ки дар ҳадис омадааст: “Уламо ворисони паёмбарон ҳастанд.ва ё “Олимони уммати ман монанди паёмбарони Бани Исроил ҳастанд.” Дар ҳеҷ дине ба андозаи ислом уламои уммат нақши асил ва муассире надоштаанд ва ин, аз вижагии хотамияти ин дин сарчашма мегирад. Вале бо вуҷуди ҳамаи инҳо, ислом ҳеҷ гуна имтиёзе барои уламои уммат, ки мунҷар ба навъе имтиёзи табақотӣ бишавад, қоил нашудааст. Ва ин бар хилофи суннат ва одати роиҷ дар миёни динҳои дигар аст. Дар динҳое мисли масеҳият ва яҳудият, олимони динӣ аз навъе “қадосат” бархўрдор ҳастанд, ки онҳоро комилан аз дигарон мутамоиз сохта ва барои онҳо бархе “имтиёзоти вижа” медиҳад ва ононро “сояҳои худо дар замин” медонад. Ислом бо сароҳати комил мухолифати хешро бо ин гуна имтиёз қоил шуданҳо эълом доштааст:
 Инон (яҳуд ва насоро) донишмандон ва роҳибони худ ва Масеҳ ибни Марямро ба ҷои Худо ба худоӣ гирифтанд, бо он ки маъмур набуданд ҷуз ба ин ки Худои ягонаро бипарастанд, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз ў нест...[3]


[1] - Сураи Тавба, ояти 122.

[2] - Васоил, ҷ. 27, с. 131.

[3] - Сураи Тавба, ояти 32.

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 764 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz