Ҷумъа, 29.03.2024, 05:12
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Ҳамаҷонибагии Ислом
Ҳамаҷонибагии Ислом
04:12

Муқаддима

Ислом ба унвони як мактаби ҷомеъ ва комил, аз навъе ҷаҳонбинӣ ва низ навъе идеология, ки бар асоси ин ҷаҳонбинӣ бино шудааст бархўрдор мебошад. Ҷаҳонбинии исломӣ, яъне маҷмўъае аз бинишҳо, тафсирҳо ва таҳлилҳоест дар бораи ҷаҳон, ҷомеа ва инсон, ки ҷаҳон чунину асту чунон, ин чунин қонун дорад, он чунон пеш меравад, фалон ҳадафро таъқиб мекунад, оғоз дорад ва охир ва амсоли инҳо. Инсон бо фитрат ва табиате хосс офарида шуда, мухтор ва озод аст ва монанди инҳо. Ҷомеа, мустақил аз қонунҳои ҳоким бар афрод, қонуне ҷудогона дорад ва ғайра.

Аммо идеологияи исломӣ, як силсила арзишҳо, “бояд”-ҳо ва “набояд”-ҳо ва “шояд”-ҳо ва “нашояд”-ҳо дар сатҳи фард ё ҷомеа аст, ки бояд чунин буд, бояд он чунон шуд, бояд чунин ё чунон сохт, бояд фалон ҷиҳатро интихоб кард, бояд ба фалон сў рафт ва фалон ҳадафро таъқиб кард; масалан бояд озод ва озода зист, бояд шуҷоъ ва далер буд, бояд комил шуд, бояд ҷомеае бар асоси адолат сохт, бояд дар ҷиҳати қурб (наздикӣ) ба ҳақ (Худо) пеш рафт ва ғайра.

Сирри ин ки идеология бар ҷаҳонбинӣ такя дорад, ин аст ки ҳар мактаб ва идеология, ки як силсила дастурҳо ва фармонҳо ва “бояд”-ҳо ва “набояд”-ҳо меоварад, ин “бояд”-ҳо ва “набояд”-ҳояш ночор такя бар навъе фалсафа ва тафсиру таҳлил дар бораи ҳастӣ ва ҷаҳон ва ҷомеа ва инсон дошта бошад, ки чун ҳастӣ чунин аст ва ҷомеа ё инсон чунон аст, пас бояд ин чунин ё он чунон буд.

Инак дар ин баҳс мехоҳем перомуни яке аз мушаххасаҳои идеологии Ислом, ки ҳамаҷонибагии он аст баҳс ба амал оварем.
 Ҳамаҷонибагӣ аз ҷумлаи имтиёзоти ислом нисбат ба динҳои дигар аст ва ба таъбири дурусттар, аз ҷумлаи вижагиҳои сурати комил ва ҷомеи дини Худо нисбат ба суратҳои ибтидоӣ, ҷомеият ва ҳамаҷонибагист. Манобеъ ва сарчашмаҳои чаҳоргонаи исломӣ (китоб, суннат, иҷмоъ ва ақл) кофист, ки уламои уммат назари Исломро дар бораи ҳар мавзўъе кашф намоянд. Уламои исломӣ ҳеҷ мавзўъеро ба унвони ин ки ҳеҷ дастуре дар мавриди он аз ҷониби ислом содир нашуда бошад, талаққӣ накардаанд ва намекунанд.

Ин ҷо шояд ин суол матраҳ гардад, ки ҳамон тавр ки медонем он чӣ аз дастурот ва “бояд”-ҳо ва “набояд”-ҳои исломӣ, ки дар манобеъи чаҳоргона омадааст, маҳдуд аст ва бепоён нест ва аз сўе ҳам бо пешрафти замон ва тағйири паёпаи талаботи замон, мавзўъҳои нав ба наве пеш меояд (ки қатъан дар замони рисолат вуҷуд надошта), бо ин ҳол чигуна метавон иддио кард, ки манобеъи чаҳоргонаи исломӣ кофист, ки уламои уммат назари Исломро дар бораи ҳар мавзўъе кашф намоянд?

Қабл аз посух ба ин шубҳа аввалан ин нуктаро хотиррасон намоем, ки ҳамон тавр ки дар баҳси рози хатми нубувват гуфта гузаштем, аслан моҳияти дин, аз аввал то охири ҷаҳон, яке беш набуда ва ҳамаи паёмбарон башарро ба сўи як дин – ки муқтазои фитрат ва нидои табиати руҳонии башар аст ва тағйирпазир нест - даъват мекардаанд ва тафовут ва ихтилофи таълимоти паёмбарон бо якдигар, аз навъи ихтилофи барномаҳо буда ва ҳамаи онҳо аз як қонуни асосӣ ва нақшаи куллӣ илҳом мегирифтаанд. Дар воқеъ башар дар масири такомулии худ монанди қофилае буда, ки дар як роҳе ва ба сўи мақсади муайяне ҳаракат мекарда, вале роҳро намедониста. Ҳар чанде як бор ба касе бархўрд мекарда, ки роҳро медониста ва бо нишониҳое, ки аз ў мегирифта, даҳҳо километр роҳро тай мекарда то мерасида ба ҷое, ки боз ниёзманди роҳнамои ҷадид мешуда. Бо нишонӣ гирифтан аз ў, уфуқи дигаре барояш рўшан мешуда ва даҳҳо километри дигарро бо аломатҳое, ки гирифта тай мекарда то тадриҷан худ қобилияти бештаре барои фарогирӣ пайдо карда ва расида ба шахсе, ки “нақшаи куллӣ”-и роҳро аз ў гирифта ва барои ҳамеша бо дар даст доштани он нақша, аз роҳнамои ҷадид бениёз гардида. Аз лобалои дастурот ва “бояд” ва “набояд”-ҳои исломӣ, метавон ба нишониҳо ва мушаххассоти “нақшаи куллӣ”-и роҳ даст пайдо кард. Дастуроти исломӣ тарҳест куллӣ, ҷомеъ ва ҳамаҷониба, дарбардорандаи ҳамаи тарҳҳои ҷузъӣ ва коромад дар ҳамаи маворид. Он чӣ дар гузашта паёмбарон анҷом медодаанд, ки барномаи махсус барои як замон ва ҷомеаи хоссе аз ҷониби Худо ба шумор мерафта, дар давраи ислом олимон ва раҳбарони уммат бояд анҷом диҳанд, бо ин тафовут, ки олимон бо истифода аз манобеъи поённопазири ваҳйи исломӣ (манобеи чаҳоргона) барномаҳои хоссе танзим мекунанд ва онро ба марҳалаи иҷро мегузоранд.

Бо ин муқаддима акнун метавон ба шубҳаи боло посух гуфт. Посух он ки дуруст аст, ки ҳар мавзўи ҷадиде, ки пеш меояд, ҳукми он дар манобеъи исломӣ ба унвони ҷузъияш ворид нашудааст, зеро дар замони рисолат аслан он мавзўъ вуҷуд надошт, ки ҳукмаш баён гардад. Вале дастуроти исломӣ, ки гуфтем баёнгари мушаххассоти “нақшаи куллӣ”-и роҳ маҳсуб мешавад, холӣ аз баёни ҳукми куллии он мавзўъ нест. Масалан ҳукми истеъмоли духониёт (сигарет), ки дар замони паёмбар(с) аслан вуҷуд надошт, ба унвони ҷузъияш (яъне ба унвони сигарет буданаш) баён нашудааст (гўянд аввалин бор онро Христофор Колумб аз Амрикои марказӣ ба манотиқи Аврупо оварда ва баъд ба манотиқи дигар аз он ҷумла Осиё ворид шудааст). Вале уламои исломӣ ҳукми онро бо такя бар вуҷуди ҳукми куллии он дар манобеъи исломӣ баён кардаанд. Бархе аз уламо бо истинод ба қоидаи маъруфи “ло зарар”, ки баргирифташуда аст аз ҳадиси паёмбар(с) ва маънояш ин аст ки ҳар чӣ мўҷиби зарар бар инсон бошад, ҳаром аст ва низ бо такя бар ояти “Ва худро бо дастони хеш ба ҳалокат наяндозед”, баъди он ки табибон зарардор будани чокидани сигаретро таъйид намудаанд, бар ҳаром буданаш ҳукм додаанд.

Дар китоб (Қуръон) ва суннат метавон ба садҳо ишороте бархўрд намуд, ки ҳамагӣ дарбардорандаи қоидаҳое куллӣ мебошанд, ки ба мавориди ҷузъӣ қобили татбиқ ҳастанд. Чандтое аз онҳоро ба унвони мисол зикр мекунем:

1. “Ҳамонон, ки аз ин фиристода, паёмбари дарснахонда – ки номи ўро назди худ, дар Таврот ва Инҷил навишташуда меёбанд - пайравӣ мекунанд, (ҳамон паёмбаре, ки) ононро ба “кори писандида” фармон медиҳад ва аз “кори нописанд” бозмедорад ва барои онон “чизҳои покиза”-ро ҳалол ва “чизҳои нопок”-ро ҳаром мегардонад ва аз дўши онон “қайду бандҳо”-еро, ки барояшон будааст, бармедорад. Пас касоне ки ба ў имон оварданд ва бузургаш доштанд ва ёрияш карданд ва нуреро, ки бо ў нозил шудааст, пайравӣ карданд, онон ҳамон растгоронанд.[2] 

Дар ин ояти карима, ки бархе аз хусусиятҳои паёмбари акрам (с)-ро бармешумурад, ба чанд мушаххассот ва нишониҳои асосии шариъати исломӣ ишора шудааст, ки баёнгари ҳамаҷонибагии он ва сарчашма гирифтанаш аз муқтазои фитрат ва нидои табиати руҳонии башар мебошад. Дар воқеъ моҳияти дини воҳид ва муҳитарин нишониҳои он ки аз аввал то охири ҷаҳон паёмбарон башариятро ба сўи он даъват кардаанд, ҳаминҳост, яъне анҷоми “кори писандида”, худдорӣ аз “кори нописанд”, ҳалол будани “чизҳои пок”, ҳаром будани “чизҳои нопок”, раҳоӣ ва озодӣ аз “қайду бандҳои” дарунӣ ва берунӣ ва амсоли инҳо аз ҳақоиқе, ки муқтазои фитрат ва нидои сиришти инсонист. Танҳо ин ки он замон ки башар қобилияти дарёфти онро ба ин сурат, яъне ба сурати як “нақшаи куллӣ” надошт, паёмбарон яке баъди дигаре пушти сари ҳам меомаданд ва башариятро бо барномаҳое мутаносиб бо вазъи замон ва макони хеш (ки аз ҳамин нақшаи куллӣ ва қонуни асосӣ сарчашма мегирифт) роҳнамоӣ менамуданд то ин ки дар замони рисолати исломӣ, башар тавони дарёфти онро ба ин сурат пайдо кард. Ҳар мавзўи ҷадиде, ки падид меояд, ҳар чӣ ҳам, ки бошад, наметавонад аз доираи ин умури куллӣ берун бошад, яъне мисдоқест аз мисдоқҳои “кори писандида” ё “кори нописанд” ё “чизи пок” ё “чизи нопок”.

2. “Ба ростӣ Худованд ба “адл” ва “некўкорӣ” ва адои ҳаққи хешовандон фармон медиҳад ва аз “ношоистӣ” ва “кори нописанд” ва “саркашӣ” бозмедорад, ў шуморо андарз медиҳад, бошад, ки панд гиред.[3]

3. “(Эй паёмбар!) бигў: Зинатҳоеро, ки Худо барои бандагонаш падид оварда ва низ рўзиҳои покизаеро чӣ касе ҳаром гардонида? Бигў: Ин неъматҳо дар зиндагии дунё барои касонест, ки имон овардаанд ва рўзи қиёмат низ хосси онон мебошад. Ин гуна оятҳои худро барои гурўҳе, ки медонанд ба рўшанӣ баён мекунем. Бигў: Парвардигори ман фақат зишткориҳоро - чӣ ошкораш бошад ва чӣ пинҳон – ва гуноҳ ва ситами ноҳақро ҳаром гардонида аст ва низ ин ки чизеро шарики Худо созед, ки далеле бар ҳаққонияти он нозил накардааст ва ин ки чизеро намедонед ба Худо нисбат диҳед.[4]

4. “Ва касоне ки (нидои) парвардигорашонро посухи мусбат дода ва намоз барпо кардаанд ва корашон дар миёнашон “машварат” аст...[5]

5. “...ва (эй паёмбар!) дар корҳо бо онон (мўъминон) “машварат” кун...[6]

6. “Ва агар миёни мардум хостед ҳукм намоед, пас бо “адолат” ҳукм намоед.[7]

7. “Эй касоне ки имон овардаед, чун Худо ва паёмбар, шуморо ба чизе фаро хонданд, ки ба шумо “ҳаёт” мебахшад, ононро иҷобат кунед.[8]

8. “То охирин ҳадди имкон дар баробари душман “нерў” таҳийя кунед ва нерўманд бошед.[9]

Аммо дастуроте ба ин сурат (куллӣ) дар аҳодис фаровон зикр шудааст, ба унвони мисол чантои онро меоварем:

1. “Ҳама чиз ҷоиз аст то он ки дар мавриди он чиз наҳй ворид шавад.[10]

2. “Ончӣ, ки Худованд огоҳӣ аз (ҳукми) онро аз бандагон пўшида, он чиз (таклиф)  аз ўҳдаи онҳо бардошта шудааст.[11]

3. “Ҳар он чӣ ки дар мавриди он, ҳам эҳтимоли ҳалол будан вуҷуд дошта бошад ва ҳам эҳтимоли ҳаром будан (яъне банда надонад, ки ҳалол аст ё ҳаром ва ҳар ду эҳтимолро бидиҳад), он чиз барои ту ҳалол аст то он ки маърифати ҳақиқӣ пайдо бикунӣ, ки ҳаром аст, ки танҳо дар ин сурат аст, ки аз он худдорӣ менамоӣ.[12]

Се нуктаи муҳиммеро метавон аз забони ин аҳодис ба даст овард, ки ҳар се далолат бар ҷомеият ва ҳамаҷониба будани шариъати исломӣ мекунанд:

а) Аввал он ки чизе дар шариъати исломӣ бидуни таклиф боқӣ гузошта нашудааст, дар ҳар сурат мавзеи шариъат мушаххас аст (Ҳама чиз ҷоиз аст то он, ки…);

б) Дуввум он ки асл ва бинои аввалӣ дар ҳукми ҳар чизе аз дидгоҳи шариъати исломӣ, мубоҳ будан, ҳалол будан ва рухсат вуҷуд доштан дар анҷоми он аст. Ҳама чиз ба ҷуз он чӣ шариъат онро ҳаром дониста, ҳалол ва мубоҳ ба шумор меравад;

в) Севвум он, ки, аз дидгоҳи Ислом, шариъат маъмур нест ҳукми ҳалол будани ашёро баён кунад, балки танҳо ашёи ҳаромро баён хоҳад намуд, зеро доираи “ашёи ҳалол ва мубоҳ” бепоён аст, ба хилофи доираи “ашёи ҳаром ва мамнўъ”, ки хеле маҳдуд ва танг аст.

 

Ҷойгоҳи ақл дар шариъати исломӣ

Аммо дар бораи ҷойгоҳи ақл дар шариъати исломӣ (ки яке дигар аз манобеъ ва сарчашмаҳои аҳкоми шаръӣ маҳсуб гардида ва далели дигарест бар ҷомеият ва ҳамаҷонибагии он), ки фуқаҳои исломӣ миёни ақл ва шариъат робитаи ногусастанӣ қоиланд ва онро “қоидаи мулозима” меноманд, мегўянд:

Ҳар чиро ақл дарёбад, шариъат бар тибқи он ҳукм мекунад ва ҳар чӣ шариъат ҳукм кунад, мабнои ақлӣ дорад.

Ақл дар фиқҳи исломӣ, ҳам метавонад худ кашфкунандаи як қонун бошад ва ҳам метавонад қонунеро қайд бизанад ва ё ба он умумият бибахшад ва ҳам метавонад дар истинбот[13]аз соири манобеъ ва сарчашмаҳо мададкори хубе бошад.

Аммо ин ки худ кашфкунандаи як қонун аст, мисли кашфи ҳаром будани зулм. Зеро ақл тибқи қоидаи мулозима, ки мегўяд: “Ҳар чиро ақл дарёбад, шариъат бар тибқи он ҳукм мекунад” зишт ва қабеҳ будани зулмро ба таври мустақил ва бидуни такя бар баёни шариъат дарк карда ва бар асоси он ҳаром будани зулм дар шариъатро ҳам кашф мекунад.

Аммо ин ки ақл қонунеро қайд мезанад, мисли қайд задани ақл умумияти вуҷуби изолаи (аз байн бурдани) наҷосат аз масҷид ва ё вуҷуби намоз барои шахсе, ки ин ду воҷиби шаръӣ дар як вақти воҳид мутаваҷҷеҳи ў шудааст ва фурсати кофӣ назди ў барои анҷоми ҳар ду вуҷуд надорад. Тавзеҳ он ки шариъат барои ҳар мукаллафе воҷиб намуда, ки агар дар масҷид наҷосатеро мушоҳида намояд, фавран онро аз байн бибарад ва низ воҷиб аст бар ҳар мукаллафе намозҳои фарзиро дар вақтҳояш адо намояд. Фарз кунед шахсе барои адои фаризаи пешин ба масҷид меояд ва мушоҳида мекунад девори масҷид бо хун олуда аст. Агар барои анҷоми воҷиби изола иқдом намояд, намозаш қазо мешавад ва аз тарафе агар барои адои намоз бипардозад, анҷоми фаризаи изолаи наҷосат, ки бояд фавран барои он иқдом менамуд, фавт мешавад. Дар ин гуна маворид тибқи қоидаи “муҳимтар ва камаҳаммияттар” вазифаи мукаллаф он аст ки ин ду таклифро бисанҷад, ки кадом яке аз назари шариъат аҳаммияти бештаре дорад то муҳимтарро тарҷеҳ дода ва ба он иқдом намояд. Агар ҳар кадомеро, ки муҳимтар ёфта ва онро анҷом дод, тибқи қоидаи ақлӣ вуҷуби дигарӣ аз ўҳдаи мукаллаф соқит мешавад. Ва ба иборати дигар, умумияти вуҷуби он нисбат ба ин мукаллаф қайд мехўрад ва ўро шомил намегардад. Чаро? Ба хотири он ки ақл бор шудани таклиферо, ки анҷомаш аз тавони инсон хориҷ аст, бар ўҳдаи мукаллаф маҳол медонад. Дар ин ҷо ҳам ҳамин тавр аст. Мукаллафе, ки қодир нест магар барои анҷоми яке аз он ду таклиф, бадеҳист бо иқдом ба яке, анҷоми дигарӣ аз тавонаш хориҷ аст.

Аммо ин ки ақл ба қонуне умумият мебахшад, мисли он ҷоҳо, ки шариъат бар чизи муайяне (ба унвони ҷузъияш) ҳукме содир карда ва ба дунболи он, иллати тааллуқи ҳукми мазкур ба он чизро баён намуда бошад. Мисли ин ки гуфта бошад ман хамр (шароб)-ро ҳаром намудам ба ин иллат, ки масткунанда мебошад. Дар ин мисол ва амсоли он, ҳарчанд ҳукми мавриди назар бар рўи чизи мушаххас ва ҷузъие тааллуқ гирифта, вале аз он ҷо ки иллати ҳукм баён шуда, ақл метавонад ин ҳукмро дар ҳар мавриде, ки ин иллат дар он вуҷуд дошта бошад, сироят бидиҳад, яъне дар ҳар ҷое, ки ин иллат (масткунандагӣ) вуҷуд дошта, ҳукми ҳаром буданро ҳам сироят бидиҳад. Дар воқеъ дар ин мисол, ақл ин ҳукмро аз доираи як чизи мушаххас берун оварда ва ба он умумият бахшидааст.   
 Аммо ин ки ақл метавонад мададкори хубе дар амали истинботи аҳком аз соири манобеъ бошад, мисолаш фаровон аст ва аз ҳадди шумориш берун аст. Аслан тамоми кори иҷтиҳодии муҷтаҳидон дар инстинботи аҳком ба василаи ақл анҷом мепазирад. Илми усули фиқҳ, ки дар он перомуни қоидаҳои истинбот баҳс мешавад, рукни асосиаш ақл ба ҳисоб меравад.


[1]- Мачмўаи осор, ҷ. 2, с. 225 то 250.

[2]- Сураи Аъроф, ояти 157.

[3]- Сураи Наҳл, ояти 90.

[4]- Сураи Аъроф, оятҳои 31 то 33.

[5]- Сураи Шўро, ояти 38.

[6]- Сураи Оли Имрон, ояти 159.

[7]- Сураи Нисо.

[8]- Сураи Анфол, ояти 24.

[9]- Сураи Анфол, ояти 60.

[10]- Васоил, ҷ. 18, ҳадиси 60.

[11]- Васоил, ҷ. 18, ҳадиси 28.

[12]- Васоил, ҷ. 12, ҳадиси 1.

[13]- Истинбот дар истилоҳи фиқҳи исломӣ ба амале гуфта мешавад, ки мучтаҳид анчомдиҳандаи он аст, ва иборат аст аз истихроч ва берун овардани ҳукми фиқҳӣ аз манобеъ ва сарчашмаҳои он, ки иборат аст аз китоб, суннат , ичмоъ ва ақл.

Бахш: Симои идеологии Ислом | Просмотров: 835 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz