Барои чорпоёни хонагӣ мисли шутур, гов, говмеш, гӯсфанд, буз ва асп закот тааллуқ мегирад.
Дар шароити зерин барои ин чорпоён закот фарз аст:
1. Як соли қамарӣ бар онҳо гузашта бошад;
2. Дар тамоми сол бекор бошанд. Бинобар ин гов, асп ё шутуре, ки дар кори зироат ё борбарӣ аз онҳо истифода мешавад, закот надоранд;
3. Соима бошанд. Соима чорпоёне ҳастанд, ки дар аксари тӯли сол дар чарогоҳ ва саҳроҳо бошанд. Аммо чорпоёне, ки нисфи сол аз тариқи дастӣ алаф дода шаванд, ҳаргиз соима нестанд ва барояшон закот низ тааллуқ намегирад.