Ҷумъа, 19.04.2024, 16:50
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Садақаи фитр
Садақаи фитр
02:40

Бидон, ки бо поён ёфтани моҳи мубораки рамазон, бар ҳар мусулмоне, ки дорои нисоби шаръӣ бошад, садақаи фитр воҷиб аст. Миқдори нисоби шаръӣ 200 дирҳам нуқра ва ё 20 мисқол тилло аст. Ҳамчунин агар ба қимати яке аз ин ду дорои пул бошад, бар ӯ низ садақаи фитр воҷиб мебошад.

Ҳамчунин касе, ки дорои нисоби шаръӣ нест, аммо манзил ва васоили изофӣ аз лавозими зиндагӣ дошта бошад, ки қимати онҳо ба андозаи нисоби шаръист, бар вай низ садақаи фитр воҷиб мебошад.

Пас бар чунин ашхосе лозим аст, ки аз тарафи худ ва фарзандони ноболиғашон барои ниёзмандон ва фуқарое, ки сазовори закот гирифтан мебошанд, садақаи фитр бипардозанд.

Фарзандони болиғ ва зан, худ масъули пардохтани садақаи фитр ҳастанд. Агар падар ё шавҳар аз тарафашон ин садақаро адо кунад, ҷоиз аст.

Садақаи фитр бо тулӯи субҳи содиқ дар рӯзи иди фитр воҷиб мегардад. Аз ин рӯ касе қабл аз ин вақт бимирад ва ё баъд аз ин вақт мусулмон шавад ва ё кӯдаке таваллуд ёбад, пардохтани садақаи фитр барояшон воҷиб нест.

Аммо пардохтани садақаи фитр дар рӯзи иди фитр қабл аз рафтан ба идгоҳ мустаҳаб ва некӯст.

Гуфт: Миқдори садақаи фитр чӣ қадр аст?
Гуфтам: Миқдори садақаи фитр 2 кг аз гандум ё 4 кг аз ҷав ва ё қимати инҳо мебошад. Масалан, агар 1 кг гандум 1 сомонӣ бошад, пас қимати садақаи фитр барои як нафар 2 сомонӣ буда ва барои як оилаи 5 нафарӣ садақаи фитр 10 сомонӣ мебошад.
Бахш: Аҳкоми рӯза | Просмотров: 954 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz