Ҷумъа, 19.04.2024, 09:16
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Аҳкоми рӯза ва рӯзадор
Аҳкоми рӯза ва рӯзадор
02:39

Рӯза бар се қисм аст:

1.      Рӯзаи фарз, мисли рӯзаи моҳи мубораки рамазон, рӯзаи қазо, рӯзаи каффора ва рӯзаи назр;

2.      Рӯзаи ҳаром, ки иборат аст аз рӯза гирифтан дар иди фитр ва ё иди қурбон;

3.      Рӯзаи нафл, мисли рӯза гирифтан дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе, рӯзҳои 13, 14 ва 15 ҳар моҳ, рӯзаи Арафа, шаша рӯз аз моҳи шаввол пас аз моҳи рамазон.

Рӯза барои кӣ ва бо чӣ шароите фарз аст?

Гуфт: Кӣ бояд рӯза бигирад?

Гуфтам: Ҳар касе, ки дорои шароити зерин бошад, рӯза барояш фарз аст:

1.      Ба синни балоғат расида бошад;

2.      Мусулмон бошад;

3.      Оқил бошад, яъне девона набошад;

4.      (Зан) аз ҳайзу нифос пок бошад.

Илова бар ин, шароити зерин ҳам лозим аст:

1.       Ният: (Рӯза бидуни ният дуруст нест ва бояд дар қалби хеш рӯзаро барои Худо қасд кунӣ);

2.       Вақт: (Вақти рӯза аз тулӯи субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст);

3.       Субути рамазон: рӯзаи моҳи мубораки рамазон, замоне фарз мешавад, ки оғози моҳи рамазон собит шавад. Паёмбари Акрам (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи) дар ин бора фармудааст:

 

صُومُوا لِرُؤْيَتِهِ، وَأَفْطِرُوا لِرُؤْيَتِهِ، فَإِنْ غُبِّىَ عَلَيْكُمْ فَأَكْمِلُوا عِدَّةَ شَعْبَانَ ثَلاَثِينَ.

 

Бо дидани моҳ рӯза бигиред ва бо дидани моҳ (шаввол) иди фитрро ҷашн бигиред. Агар моҳ ба сабаби абрӣ будани осмон, аз назари шумо пинҳон бошад, шумораи рӯзаҳои моҳи шаъбонро ба 30 рӯзи мукаммал расонед (ва сипас барои моҳи рамазон рӯза гиред).[1]

Киҳо метавонанд рӯза нагиранд?

Гуфт: Оё касоне ҳастанд, ки рӯза барояшон фарз набошад?

Гуфтам: Оре, чанд тоифа ҳастанд, ки метавонанд рӯза нагиранд:

1.       Беморе, ки яқин дорад, ки рӯза барои ӯ зарар дорад ва бо рӯза гирифтан, хатари шиддат ёфтани беморӣ ӯро таҳдид мекунад;

2.       Мусофире, ки сафараш мутобиқ ба андозаи шаръӣ 96 км бошад, ки вай дар хӯрдани рӯза иҷозат дорад. Лозим аст ёдоварӣ кунем, ки дар сафар пурра хондани намозҳои фарзи чаҳор ракъатӣ ҷоиз нест, вале рӯза гирифтан дар сафар беҳтар мебошад;

3.       Занон дар ҳолати ҳайз ва нифос бояд рӯза нагиранд;

4.       Агар рӯза гирифтани зани ҳомиладор ва ширдеҳ, ба ҷанин ва ё тифли ширхораш зараре эҷод кунад, метавонад аз рӯза гирифтан сарфи назар намояд;

5.       Пирамард ва ё пиразане, ки дигар тоқати таҳаммули рӯзадориро надошта бошанд.

Чизҳое, ки рӯзаро мешиканад

Гуфт: Кадом чизҳо рӯзаро мешиканад?

Гуфтам: Чизҳои зерин рӯзаро мешикананд:

1.       Фурӯ рафтани чизе аз роҳи даҳон ё гӯшу бинӣ ва дигар сӯрохиҳои табиии бадан ба шиками рӯзадор, аз ҷумла истеъмоли духониёт (албатта дар сурате ки ба қасд ва иродаи рӯзадор бошад, на маҷбуран), танқия (клизма) кардан, рехтани чизе дар гӯш, чашм ва бинӣ, ки асаре дар ҳалқ дошта бошанд, фурӯ бурдани ғизои боқимонда байни дандонҳо (ба истиснои чизҳое, ки ҳаҷмашон хеле майда бошад), фурӯ бурдани об ба таври хато (на фаромӯшӣ);

2.       Қасдан қай ва истифроғ намудан низ рӯзаро аз байн мебарад. Аммо қай ва истифроғ бидуни қасд, ба рӯза зараре намерасонад;

3.       Алоқаи ҷинсӣ;

4.       Инзоли манӣ (албатта дар сурате ки ба яке аз сабабҳои оддӣ қасдан сурат гирад, на инзоле, ки ба шакли эҳтилом бошад;

5.       Ҳайз ва нифос;

6.       Иртидод, яъне аз дини ислом баргаштан;

7.       Девона ва беҳуш гардидан.

● Бояд дар ёд дошт, ки хӯрдан ва ё ошомидан аз рӯи фаромӯшӣ рӯзаро ботил намекунад.


[1] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба аш‒шомила (Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ.7, саҳ.194).

Бахш: Аҳкоми рӯза | Просмотров: 1835 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 5.0/2 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz