Душанбе, 26.10.2020, 10:25
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Ваҳҳобият ва масъалаи сохтани бино бар қубур (3)
Ваҳҳобият ва масъалаи сохтани бино бар қубур (3)
01:23
Баррасии ҳадисҳое, ки салафиҳо дар
ин мавзӯъ ба он истидлол кардаанд (1)

Салафиҳо дар ин мавзўъ барои исботи иддаои худ ба ду ривоят истидлол кардаанд: яке ҳадиси Абулҳайёҷ ва дигаре ҳадиси Ҷобир. Акнун навбати он аст, ки ин ду ривоят, аз назари санад ва далолат, мавриди баҳсу баррасии илмӣ қарор гиранд.

 

1. Ҳадиси Абулҳайёҷ:

Муслим бо санаде аз Абулҳайёҷ ривоят мекунад:

حدثنا يحيى بن يحيى وأبو بكر بن أبي شيبة وزهير بن حرب قال يحيى أخبرنا وقال الآخران حدثنا وكيع عن سفيان عن حبيب بن أبي ثابت عن أبي وائل عن أبي الهياج الأسدي قال: قال لي علي بن أبي طالب ألا أبعثك على ما بعثني عليه رسول الله صلى الله عليه و سلم؟ أن لا تدع تمثالا إلا طمسته ولا قبرا مشرفا إلا سويته.

Муслим аз се нафар ба номҳои: Яҳё ибни Яҳё, Абўбакр ибни Абўшайба ва Зуҳайр ибни Ҳарб нақл мекунад, ки Вакеъ аз Суфён аз Ҳабиб ибни Абўсобит аз Абўвоил аз Абулҳайёҷи Асадӣ нақл мекунанд, ки Алӣ ибни Абўтолиб ба Абулҳайёҷ гуфт: Туро ба сўи коре барангезам, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) маро ба он барангехт? Он ин ки тимсолеро магузорӣ магар ин ки онро маҳв кунӣ ва на қабри мушриферо магар ин ки онро тасвия кунӣ.[1]

а) Баррасии санади ривоят: Аз назари санад, афроде, ки ин ривоятро нақл кардаанд, мавриди тавсиқи ҳамаи уламои риҷолшинос намебошанд:

1. Ҳофиз Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар китоби “Таҳзиб‒ут‒таҳзиб” дар бораи Вакеъ аз Аҳмад ибни Ҳанбал нақл мекунад:

أخطأ وكيع في خمسمائة حديث.

Вакеъ дар панҷсад ҳадис иштибоҳ кардааст.[2]

Низ аз Муҳаммад ибни Насри Марвазӣ дар бораи Вакеъ нақл мекунад:

كان يحدث بالمعنى ولم يكن من أهل اللسان.

Ӯ (Вакеъ) ҳадисро ба маъно нақл мекард (ва матну алфози ҳадисро нақл наменамуд), дар ҳоле ки вай арабзабон ҳам набуд (то таъбироти ў дар ҳадис беишкол бошад).[3]

2. Ибни Ҳаҷар дар бораи Суфён аз Ибни Муборак нақл мекунад:

حدث سفيان بحديث فجئته وهو يدلسه فلما رآني استحيى.

Суфён ҳадис мегуфт то ногаҳон ман расидам, дидам, ки дар ҳадис тадлис[4] мекунад. Вақте маро дид хиҷолат кашид.[5]

3. Ибни Ҳаҷар дар бораи Ҳабиб ибни Абўсобит аз Ибни Ҳаббон нақл мекунад:

وقال بن حبان في الثقات كان مدلسا.

Ибни Ҳаббон дар китоби “Сиқот” (дар бораи Ҳабиб ибни Абўсобит) гуфтааст: Ӯ тадлискор буд.[6]

 

б) Баррасии ривоят аз назари маъно: Ҳоло, агар санади ривоятро ба ин далел, ки Муслим онро ривоят кардааст бипазирем, вале далолати ривоят чунин аст, ки муддаои салафиҳоро таъмин намекунад. Истидлоли салафиҳо бар муддаои худ аз ин ривоят, ба ин қисмат аз ривоят аст:

ولا قبرا مشرفا إلا سويته

 На қабри мушриферо магузорӣ магар ин ки онро тасвия кунӣ.

Дар ин ҷо бояд дар бораи маънои ду лафзи “مشرفا ” ва “سويته” диққат кунем:

а) Лафзи “مشرفا” (мушрифан) дар луғат ба маънои “олӣ” ва “баланд” омада. Гуфтаанд:

المُشرِف من الاماكن: العالي، المُطِلّ على غيره.

 “Мушриф”, макон баланд ва мусаллат бар дигарест.[7]

б) Аммо лафзи “سويته” (саввайтаҳу) дар луғат ба маънои “мусовӣ кардан” ва “баробар кардан” ва “чизи каҷеро рост кардан” аст. Гуфтаанд:

سَوَّى الشَّيْء: جعله سوياًّ. يقال: "سوّيتُ المعوجَّ فما استوى".

Савво аш‒шайъа: онро рост кард. Араб мегўяд: каҷро хостам рост кунам, вале соф нашуд.[8]

Бо таваҷҷўҳ ба ин, мақсуди ривоят чунин мешавад: Ҳазрати Алӣ ба Абулҳайёҷ дастур медиҳанд, ки ҳар қабри баланд ва олиеро дидӣ, онро мусовӣ ва баробар кун. Ба таъбири дигар: рўи онро соф, ҳамсатҳ ва якнавохт кун.

Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки суннати исломӣ дар бораи чигунагӣ ва кайфияти қабр ин аст, ки қабр миқдоре балантар бошад ва фуқаҳои исломӣ бар мустаҳаб будани баландии қабр аз замин ба миқдори як ваҷаб фатво додаанд. Дар китоби “Ал‒фиқҳ ало ал‒мазоҳиб‒ил‒арбаъа”, ки бо фатвои чаҳор имоми маъруф мутобиқ аст, ин чунин мехонем:

ويندب ارتفاع التراب فوق القبر بقدر شبر.

Мустаҳаб аст, ки хоки қабр ба андозаи як ваҷаб аз замин баландтар бошад.[9]

Лозим ба ёдоварист, ки худи шореҳони ҳадиси номбурда, ин ҳадисро ба маъное, ки мақсуди салафиҳо мебошад маъно накардаанд. Нававӣ, шореҳи Саҳеҳи Муслим дар шарҳи ин ҳадис мегўяд:

وَلَا قَبْرًا مُشْرِفًا إِلَّا سَوَّيْته. فِيهِ أَنَّ السُّنَّة أَنَّ الْقَبْر لَا يُرْفَع عَلَى الْأَرْض رَفْعًا كَثِيرًا، وَلَا يُسَنَّم، بَلْ يُرْفَع نَحْو شِبْر وَيُسَطَّح، وَهَذَا مَذْهَب الشَّافِعِيّ وَمَنْ وَافَقَهُ، وَنَقَلَ الْقَاضِي عِيَاض عَنْ أَكْثَر الْعُلَمَاء أَنَّ الْأَفْضَل عِنْدهمْ تَسْنِيمهَا وَهُوَ مَذْهَب مَالِك.

 “Ва ло қабран мушрифан илло саввайтаҳу”. Дар ин ривоят чунин ворид шудааст, ки суннат он аст, ки қабр аз замин зиёд баланд набошад ва ба шакли саноми (куҳони) шутур дарнаояд, балки як ваҷаб баланд ва мусаттаҳ бошад. Ин назари Шофеӣ ва касоне, ки бо ў мувофиқ ҳастанд мебошад. Қозӣ Иёз аз аксари уламо нақл кардааст, ки назди уламо беҳтар он аст, ки қабр ба шакли саноми шутур қарор дода шавад. Ин назари Молик мебошад.[10]

Ё масалан Ибни Ҳаҷари Қасталонӣ, шореҳи Саҳеҳи Бухорӣ мегўяд:

ولا يخالف ذلك قولَ علي رضي الله عنه امرني رسول الله صلى الله عليه وآله ان لا ادع قبرا مشرفا الا سوّيته لانه لم يرد تسويته بالارض وانما اراد تسطيحه ...

Гуфтаи Алӣ (разияллоҳу анҳу) бо ин маъно (ки мо гуфтем ва он мусаттаҳ кардани қабр аст) мунофоте надорад, ки фармуд: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба ман амр фармуд, ки ҳар қабри мушриферо баробар намоям. Зеро манзури Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ин нест, ки қабрро бо замин яксон кунанд, балки муроди он ҳазрат, соф ва мусаттаҳ кардани қубур мебошад.[11]
 Муҳимтар аз ҳама, агар фарз кунем, ки ҳазрати Алӣ ба Абулҳайёҷ дастур фармуда бошанд, ки ҳар қабреро бо замин яксон созад, вале ҳаргиз аз ин ҳадис вайрон кардани биноҳо ва сохтмонҳое, ки рўи қубур қарор доранд фаҳмида намешавад. Яъне он ҷаноб ҳаргиз нафармуданд: “Ҳар бино ва қуббаеро, ки дидӣ онро бо замин яксон кун”, балки мефармоянд: “Ҳар қабреро тасвия кун”. (Диққат шавад!)


[1] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Саҳеҳи Муслим, ҷ.2, саҳ.666).

[2] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Таҳзиб‒ут‒таҳзиб, ҷ.11, саҳ.110).

[3] ‒ Ҳамон манбаъ, ҷ.11, саҳ.114.

[4] ‒ Тадлис дар ҳадис, ба ҳар маъно тафсир шавад, ҳикоят аз ин мекунад, ки дар ин фард малакаи адолат ва ё ростгўӣ ва воқеъбинӣ вуҷуд надоштааст, ки ғайри воқеъро воқеъ ҷилва медод.

[5] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Таҳзиб‒ут‒таҳзиб, ҷ.4, саҳ.102).

[6] ‒ Ҳамон манбаъ.

[7] ‒ Ал‒мунҷид фил‒луға, саҳ.383.

[8] ‒ Ал‒мунҷид фил‒луға, саҳ.365.

[9] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Ал‒фиқҳ ало ал‒мазоҳиб‒ил‒арбаъа, ҷ.1, саҳ.837).

[10] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Шарҳ‒ун‒Нававӣ ало Муслим, ҷ.3, саҳ.392).

[11] ‒ Иршод‒ус‒сорӣ фи шарҳи Саҳеҳ‒ил‒Бухорӣ, Аҳмад ибни Муҳаммади Қасталонӣ, Дорус‒содир, соли 1304 ҳ.қ, ҷ.2, саҳ.477.

Бахш: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Просмотров: 879 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2020
Бесплатный хостинг uCoz