Панҷшанбе, 25.04.2024, 20:54
Кимёи саодат
Аслӣ | Сабти ном | Вуруд Хуш омадед Гость | RSS
Муҳтавои пойгоҳ
Мавзӯъҳо
Худошиносӣ [12]
Қуръони карим [6]
Суннат [6]
Ахлоқи исломӣ [10]
Ирфони исломӣ [3]
Нақди ақоиди ваҳҳобият [23]
Ислом ва сиёсат [14]
Ваҳдати исломӣ [24]
Машоҳири исломӣ [21]
Ислом ва занон [9]
Одоби исломӣ [1]
Пурсишу посухҳои ақоидӣ [19]
Пурсишу посухҳои фиқҳӣ [3]
Паёмбаршиносӣ [6]
Маодшиносӣ [2]
Омӯзиши намоз [18]
Аҳкоми рӯза [8]
Аҳкоми закот [10]
Аҳкоми никоҳ ва талоқ [3]
Дуо ва муноҷот [6]
Ҳадиси рӯз [16]
Сухани ин ҳафта [48]
Фалсафа ва ҳикмат [23]
Ҷаҳони исломӣ [75]
Симои идеологии Ислом [23]
Достонҳои ибратангез [9]
Таърихи исломӣ [4]
Тарбияти фазандон [2]
Аслӣ » 2008 » Ноябр » 21 » Ваҳҳобият ва масъалаи сохтани бино бар қубур (2)
Ваҳҳобият ва масъалаи сохтани бино бар қубур (2)
01:20

Уммати исломӣ ва бино бар қубур

Дидем, ки салафимаслакон иддао мекунанд, ки уммат ва уламои исломӣ бар адами бино бар қубур иҷмоъ доштанд. Маънои ин сухан он аст, ки уммат аз ҳамон оғози рисолат иттифоқи назар доштанд, ки набояд биное бар қубур сохт ва ҳар куҷо ҳам, ки пайдо шавад, бояд бо замин яксон намуд.Агар ин иддаои салафиро дуруст ангорем, маънояш ин мешавад, ки мусулмонон аз ҳамон оғози рисолат ҳар куҷо, ки биноеро бар қабре медиданд, онро бо замин яксон менамуданд.

Агар дидем чунин накарданд, яъне биноеро аз қабре нобуд нанамуданд ва ҳамагӣ сукутро ихтиёр карданд, маънояш ин аст, ки онҳо бар хато ва гумроҳӣ иҷтимоъ кардаанд. Ин бар хилофи ривоятест, ки мегўяд: “Уммати ман бар хато иҷтимоъ намекунанд” ва дар баъзе аз онҳо омадааст, ки уммат бар залолат ва гумроҳӣ иҷтимоъ нахоҳанд кард.

Ҳоло, бубинем, ки дар ин маврид, уммат дар тўли дувоздаҳ қарн, яъне то замони зуҳури ҷаноби Ибни Абдулваҳҳоб чӣ мавзее доштанд?

Ба шаҳодат ва гувоҳии таърих, рўзе, ки Ислом дар нимҷазираи Арабистон интишор ёфт ва нури он кам‒кам қисмати муҳимме аз Ховари Миёнаро дарбар гирифт, дар он рўзгор қубури паёмбароне, ки маҳалли дафни онон маъруф буд, сақфу соябон, балки қубба ва боргоҳ ҳам дошт ва ҳамакнун қисмате аз қубури онон ба ҳамон шакл боқист.

Дар худи Макка қабри Исмоил ва модари ў Ҳоҷар дар ҳиҷр қарор дошт,[1] қабри Доинёли паёмбар дар Шуш[2] ва Ҳуду Солеҳу Юнусу Зулкифл дар Ироқ ва қубури паёмбароне монанди Иброҳими Халил ва фарзандони ў Исҳоқу Яъқубу Юсуф, ки ҳамагиро ҳазрати Мўсо аз Миср ба Байтулмуқаддас овард, дар Қудс аст ва ҳамагӣ дорои аломат ва нишона ва бино мебошанд.[3]

Ҳамчунин ба шаҳодат ва гувоҳии кутуби таърих, рўзе, ки мусулмонон ин билодро фатҳ карданд, ҳаргиз аз мушоҳидаи ин осор нороҳат нашуданд ва фармони вайрону нобуд кардани ин қубур аз ҷониби ҳеҷ як аз хулафо ва ё фотеҳони исломӣ содир нагардид.

Агар он чи ки салафиҳо иддао мекунанд, ки уммат иҷмоъ бар ин амр доштанд, саҳеҳ бошад, нахустин саволе, ки барои ҳар яке аз мо матраҳ мешавад, ин аст, ки пас чаро мусулмонони садри Ислом ин қубурро солим ва тандуруст боқӣ гузоштанд ва дасте ба онҳо назаданд, балки баъзе аз онҳо вақте аз дунё чашм мепўшид, васият мекард, ки ўро дар канори зареҳи ин қубур дафн кунанд.

Яке аз уламои салафӣ ба номи Санъонӣ вақте бо чунин саволе рўбарў шуда ва барояш истидлол шуда, ки агар он чи ту мегўӣ рост бошад, пас чаро ин ҳама зареҳу қубур дида мешаванд, дар мақоми посух узре оварда, ки бадтар аз гуноҳ аст. Инак матни ишкол аз забони Санъонӣ:

فإن قلت هذا أمر عم البلاد واجتمعت عليه سكان الأغوار والأنجاد وطبق الأرض شرقا وغربا ويمنا وشاما وجنوبا وعدنا، بحيث لا تجد بلدة من بلاد الإسلام إلا وفيها قبور ومشاهد... بل هذه مساجد المسلمين غالبها لا يخلوا عن قبر أو قريب منه أو مشهد يقصده المصلون في أوقات الصلاة يصنعون فيها ما ذكر أو بعض ما ذكر. ولا يسع عقل عاقل أن هذا منكر يبلغ إلى ما ذكرت من الشناعة ويسكت عليه علماء الإسلام الذين ثبتت لهم الوطأة في جميع جهات الدنيا...

Агар гўӣ: Ин амр (яъне бинои қубур) дар тамоми билод шуюъ пайдо карда ва мардуми шарқу ғарбу Шому Яману Аданро фаро гирифта то ҷое ки ҳеҷ шаҳре аз шаҳрҳои исломиро пайдо намекунӣ магар ин ки дар он қубуру машоҳид ҳастанд.., то ҷое ки ҳатто аксари масоҷиди муслимин аз қабре ва ё машҳаде, ки намозгузорон дар вақтҳои намоз дар он вирду зикр мехонанд холӣ нест. Ақли ҳеҷ оқиле ҷоиз намешуморад, ки ин амр, як амри мункаре бошад ба ин андоза аз бадӣ, аммо бо вуҷуди ин, уламои Ислом дар баробари он сукут ихтиёр карда бошанд...[4]

Он гоҳ баъд аз зикри ин ишкол, саъй карда ба он посух диҳад. Узре оварда, ки воқеан, ҳамон тавр ки мегўянд, бадтар аз гуноҳ аст. Зеро ў аввалан гуфта, ки кори авом далел бар сиҳҳати амре намебошад, яъне иддао мекунад, ки ҳамаи ин умур, ки бармешуморад, кори одамони авом буд. Сониян, гуфта, ки уламо қалбан розӣ набуданд ва чун аз умаро ва давлатмардон метарсиданд, наметавонистанд адами ризояти қалбии худро иброз доранд.[5]
Санъонӣ зоҳиран мутаваҷҷеҳ нест, ки ин умур дар ҳамон оғози рисолат шуюъ дошт. Вақте он билод ба дасти мусулмонон фатҳ гардид, аввалан сипоҳиён, аз саҳобагони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) буданд. Онҳо авом буданд? Сониян, ин ки мегўяд уламо қалбан розӣ набуданд ва аз умаро метарсиданд, манзураш аз умаро ва давлатмардон чӣ касоне мебошанд? Оё ин давлатмардон одамони бад ва мунҳарифе буданд, ки Санъонӣ мегўяд уламо аз онҳо ҳарос доштанд? Зоҳиран худ таваҷҷўҳ надорад, ки ҳадафи ин иттиҳомаш ба куҷо равона аст. Умарое, ки он замон буданд, аз хулафои рошидин гирифта то хулафои Бани Умайя ва Бани Аббос мебошанд. Яъне ба назари ҷаноби Санъонӣ ин умаро, одамони золим ва ситамгаре буданд, ки уламо аз изҳори адами ризояти қалбияшон аз онҳо меҳаросиданд.


[1] ‒ Табарӣ дар таърихи худ мегўяд:

وعاش إسماعيل فيما ذكر مائة وسبعا وثلاثين سنة ودفن في الحجر عند قبر أمه هاجر ...

Зикр шудааст, ки Исмоил 137 сол умр дид ва (пас аз вафот) дар Ҳиҷр назди қабри модараш Ҳоҷар дафн карда шуд...” (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила, Таърихи Табарӣ, ҷ.1, саҳ.189).

[2] ‒ Ибни Касир дар китоби “Ал‒бидоя ван‒ниҳоя” мегўяд: “Ибни Ҷарири Табарӣ гуфта, ки мусулмонон (баъд аз фатҳи Шуш) дар он ҷо қабри ҳазрати Дониёлро пайдо карданд ва Абўмўсо номае ба халифаи дуюм навишта ва аз ў дархост кард, ки ўро дар ҳамин ҷо дафн кунад”. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила, Ал‒бидоя ван‒ниҳоя, ҷ.7, саҳ.88).

[3] ‒ Дар китоби “Таъриху Байтилмақдис” ривоятеро аз Абўҳурайра (разияллоҳу анҳу) нақл карда мегўяд:

عن أبي هريرة رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: لما أسري بي إلى بيت المقدس مر بي جبريل عليه السلام إلى قبر الخليل عليه أفضل الصلاة والسلام فقال: أنزل صلى ها هنا ركعتين فإن هاهنا قبر أبيك إبراهيم عليه السلام.
 Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд: Ҳангоме ки ба сўи Байтулмуқаддас ба исро ва меъроҷ бурда шудам, Ҷабраили амин (алайҳис‒салом) маро назди қабри Иброҳими Халил (алайҳис салом) бурд ва гуфт: Дар ин ҷо фуруд омада ва ду ракъат намоз гузор, қабри падарат Иброҳим (алайҳис салом) ҳамин ҷо аст”. (Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила, Таъриху Байтилмақдис, ҷ.1, саҳ.9).

[4] ‒ Нармафзори Ал‒мактаба ал‒шомила (Татҳир‒ул‒эътиқод мин адронил‒илҳод, ҷ.1, саҳ.38).

[5] ‒ Ҳамон манбаъ, ҷ.1, саҳ.39‒40.

Бахш: Нақди ақоиди ваҳҳобият | Просмотров: 1065 | Изофа кард: istaravshani | Рейтинг: 0.0/0 |
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные Корбарон.
[ Сабти ном | Вуруд ]
Сафҳаи вуруд
Тақвими мавзӯъҳо
«  Ноябр 2008  »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Ҷустуҷӯ
Марбут ба Ucoz.ru
Назарсанҷӣ

Ҳамагӣ: 1
Меҳмонон: 1
Корбарон: 0
Copyright MyCorp © 2024
Бесплатный хостинг uCoz